×
Худованд барои бандагонаш роҳҳоеро муяссар кардааст, то инки барои худ аҷру савоб ҷамъовари намоянд, пас инсон бояд аз ин роҳҳо истифода барад.

    Чигуна савобҳои худро зиёд намоем

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    2012 - 1433

    ﴿كيف نجمع الحسنات﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Чигуна савобҳои худро зиёд намоем

    Худованд барои бандагонаш роҳҳоеро муяссар кардааст, то инки барои худ аҷру савоб ҷамъовари намоянд, пас инсон бояд аз ин роҳҳо истифода барад.

    Ибни Аббос (р.з) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Худованд некиҳо ва бадиҳоро навиштааст, сипас онро баён намудааст.

    Ҳар ки қасди анҷоми кори неке кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комил менависад. Ва агар қасди анҷоми кори некеро кунаду онро анҷом диҳад, барояш аз даҳ то ҳафтсад ва ё аз он ҳам зиёдтар савоб менависад. Агар банда кори бадеро қасд кунаду онро анҷом надиҳад, Худованд барояш як савоби комилро менависад ва агар қасд кунаду онро иҷро намояд, барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад» (Бухори ва Муслим).

    Аз ин ҳадиси шариф чаҳор масъаларо хулоса баровардан мумкин аст: Якум анҷом додани кори неку, Дуюм қасд кардан барои анҷоми кори неку, Саввум анҷом додани кори бад, Чаҳорум қасди анҷом додани кори бад ва ҳар яке аз ин масоил ба худ ҳукми хоссе дорад.

    Пас ҳар касе кори некеро анҷом диҳад, аз даҳ то ҳафтсад маротиба зиёдтар подош мегирад, ва дар баъзе ҳолатҳо аз ин ҳам зиёдтар.

    Аммо ҳар касе кори некро ният намуда анҷом надиҳад, як савоб мегирад.

    Дар баробари ин агар кори бадро қасд кунаду анҷом надиҳад, барояш гуноҳе навишта намешавад, аммо агар он кори бадро анҷом дод, барояш як гуноҳ навишта мешавад.

    Пас ҳар яки мо ва шумо барои аҷру савоб ҷамъ намудан аз ин лутфу бахшиши Худованд истифода барем.