×
Ахлоқи иҷтимоӣ зомини истеҳкоми ҷомеа 1. Парҳез аз шоеапардозӣ ва суханчинӣ 2. Миёни мусалмонон сулҳ барқарор намоед 3. Ухуввату бародарӣ 4. Парҳез аз масхара кардан ва айбҷӯии дигарон 5. Худдорӣ аз бадгумонӣ 6. Хештандорӣ аз таҷассус 7. Ғайбат гушти ҳаром аст! 8. Худбартарбинӣ ва нажодпарастӣ

    Ҳашт дарси ахлоқӣ дар сураи «Ҳуҷурот»

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Сомонаи Дониш: Donishtj.com

    2012 - 1433

    ﴿ثمانية دروس أخلاقية من سورة "الحجرات"﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع دانيش: Donishtj.com

    2012 - 1433

    Ҳашт дарси ахлоқӣ дар сураи «Ҳуҷурот»

    Ахлоқи иҷтимоӣ зомини истеҳкоми ҷомеа

    1. Парҳез аз шоеапардозӣ ва суханчинӣ

    2. Миёни мусалмонон сулҳ барқарор намоед

    3. Ухуввату бародарӣ

    4. Парҳез аз масхара кардан ва айбҷӯии дигарон

    5. Худдорӣ аз бадгумонӣ

    6. Хештандорӣ аз таҷассус

    7. Ғайбат гушти ҳаром аст!

    8. Худбартарбинӣ ва нажодпарастӣ

    «Мусалмон бародари мусалмон аст, на бар ӯ зулм мекунад, на ӯро расво мекунад ва на ба душмане таслим мекунад. Барои ҳалокати мусалмон ҳамин шар кофист, ки бародари мусалмонашро таҳқир кунад». (Муслим)

    Ахлоқи иҷтимоӣ зомини истеҳкоми ҷомеа

    Ҳар ҷомеа барои барқарории субот ва амният, ниёз ба усул ва қавонини ахлоқӣ дорад, ки шикастондани онҳо боиси пора шудани риштае мегардад, ки афроди ҷомеаро ба ҳам пайвастааст. Аз он ҷое, ки Ислом дар паи сохтани ҷомеаи намунавист то инсонҳо дар он зиндагии ором ва боитминон дошта бошанд, лизо Қуръони Карим маҷмуае аз қоидаҳои волои ахлоқиро дар ин замина гузоштааст ва Паёмбари Акрам (с) ҳадафи биъсати худро такмили ҳамин мадориҷи олии ахлоқӣ муаррифӣ мекунад.

    Сураи «Ҳуҷурот» порае аз ҳамин усулро баён медорад. Аллоҳи мутаъол дар ин сура бо камоли сароҳат ба мусулмонон мегӯяд, ки шеваи зиндагии шумо бо соири миллатҳо фарқ дорад. Мусалмон бояд намунаи ахлоқ бошад ва ҷомеаи исломӣ намоде аз адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми мутақобил.

    Хулосаи мафоҳиме, ки оёти сураи Ҳуҷурот баён медорад, инаст, ки мусалмонон бояд қалби пок, забони дур аз фаҳшу дашном ва ахлоқи писандида дошта бошанд. Бо роҳи барқарории сулҳ байни ҳам, онҳо амнияти ҷомеаро тазмин кунанд, фазои бародарии имониро ба вуҷуд оваранд ва аз ҳама пастиҳои ахлоқӣ, ки ин фазоро ба чолиш мекашонад, дурӣ намоянд. Инак бархе аз дарсҳои ин сураро пешкаши хонандагонамон мекунем, ки чунинанд:

    1. Парҳез аз шоеапардозӣ ва суханчинӣ

    Тарҷума: «Эй мӯминон! Агар фосиқе барои шумо хабаре овард, ба хубӣ баррасӣ кунед, то мабодо надониста бар гуруҳе осебе бирасонед ва бадин тартиб аз амали хеш пушаймон шавед».(Ҳуҷурот 6)

    Дастӯр чунин аст, ки ҳаргоҳ хабаре бар шумо бирасад, қабл аз пазируфтани он дар мавриди сиҳати он таҳқиқ намоед. Барои ҷилавгирӣ аз кашмакашҳо ва бурузи фитна миёни афрод, хонаводаҳо ва гуруҳҳо, набояд ба суханон ва хабарҳои бедалел арзиш қоил шуд, балки бояд шеваи муносиби манбаъи аслии онро дарёфт ва мавзуъро ба шакли мусолиматомез ҳаллу фасл кард. Чуноне, ки бисёр вақтҳо дида мешавад, ки бештари душманиҳо ба сабаби эътимод кардан ба хабарҳои дуруғ ва фитнаангез падид меоянд, ки сабаби аксуламалҳои шитобкорона шуда ва зиёни бузургеро мутаваҷҷиҳи ҳар ду тараф месозад ва дар натиҷа пушаймониро ба бор меоварад. Аз тарафе ҳам бояд мутаваҷҷиҳ буд, ки суханчинӣ асоситарин омили қатъи робитаҳо ва афрухта шудани оташи кинаҳо аст. Ба ҳамин иллат Расули Худо (с) мефармояд: «Сунахчин ба биҳишт дохил намешавад» (Бухорӣ).

    2. Миёни мусалмонон сулҳ барқарор намоед

    Тарҷума: «Ва агар ду гуруҳ аз мӯминон бо якдигар ҷангиданд, миёнашон сулҳ барқарор кунед ва агар яке аз онҳо ба дигаре таҷовуз намуд, бо гуруҳи мутаҷовиз биҷангед, то ба ҳукми Аллоҳ боз гардад». (Ҳуҷурот 9)

    Ҷанг миёни мусалмонон аз назари Худованд кори бисёр нописандидаест, ки аслан набояд рух диҳад. Чуноне, ки Расули Акрам (с) мефармояд: «Хун ва молу номуси ҳар мусулмон бар соири мусалмонон ҳаром аст» (Муслим). Аммо агар вақте миёни ҷамъе аз мусалмонон ҷанг ва хусумате бархост, боз ҳам Аллоҳ ононро ба ҳоли худ раҳо намекунад, балки ба соири мӯъминин мегӯяд, ки дар ин ҳолат набояд тамошогар бошанд, балки бояд тамоми талоши худро дар роҳи ҳалли мунозиъа ва муноқиша харҷ намоянд. Билохира агар ҳамаи кушишҳои худро барои барқарори сулҳ ба харҷ доданд ва ба он муваффақ нашуданд, бубинанд, ки ҳақ бо кадом тараф аст ва он гоҳ аз касе, ки бар ҳақ аст, ҳимоят намоянд ва бар алайҳи мутаҷовизин биҷанганд, то ба ҳукми Аллоҳ таъоло таслим гарданд.

    3. Ухуввату бародарӣ

    Тарҷума: «Дар ҳақиқат мӯъминон бо ҳам бародаранд, пас миёни бародаронатон сулҳ барқарор кунед ва аз Аллоҳ битарсед, бошад ки мавриди раҳмат қарор гиред». (Ҳуҷурот 10)

    Ин оя робитаи бародарии имониро миёни мусалмонон барқарор мекунад, ки аз усули иҷтимоии Ислом мебошад. Паёмбар (с) намунаи ин бародариро дар садри Ислом ба мусалмонон омӯхтанд, онгоҳ, ки Салмони Форсӣ, Суҳайби Румӣ, Билоли Ҳабашӣ, сардорони Қурайш, раҳбарони ансор, саҳронишинон ва бардаҳои озодшуда, ҳама дар камоли муҳаббат бародарвор зиндагӣ намуданд ва намунаи фаромушнашудание аз бародарӣ ва баробарӣ тақдим карданд. Расули гиромӣ (с) фармуданд: «Мисоли мӯъминон дар дӯстӣ ва меҳрубонию улфат миёин ҳам, монанди пайкарест, ки агар узве аз он ба дард ояд, тамоми аъзои он бо шаббедорӣ ва тав ҳамроҳияш мекунанд». (Муттафақун алайҳӣ). Ҳамчунин фармуданд: «Мусалмон бародари мусалмон аст; на бар ӯ зулм мекунад, на ӯро расво месозад ва на ба душман таслим мекунад. Барои ҳалокати мусалмон ҳамин бадӣ кофист, ки бародари мусалмони худро таҳқир кунад». (Муслим)

    4. Парҳез аз масхара кардан ва айбҷӯии дигарон

    Тарҷума: «Эй мӯъминон! Ҳеҷ гуруҳе набояд гуруҳи дигареро масхара кунад; шояд бисёри (ононе, ки масхара мешавад) аз онҳое, (ки масхара мекунанд) беҳтар бошанд. Ва занон низ набояд дигар занонро масхара намояд, шояд заноне, ки ба тамасхур гирифта мешаванд, аз заноне, ки масхара мекунанд, беҳтар бошанд. Ва ба айбҷӯӣ аз якдигар напардозед ва ҳамдигарро бо лақабҳои зишт садо назанед. Пас аз имон овардан, фисқ номи бадест ва касоне, ки тавба накунанд, ситамгаранд». (Ҳуҷурот 11)

    Дар инҷо Аллоҳ таъоло асбоберо, ки сарчашмаи тафриқаву ихтилофот мебошад, баён медорад. Аъмоли зиште монанди масхара кардан, таъна задан, айбҷӯӣ кардан ва дигаронро бо лақаб ва номҳои бад ёд кардан. Бисёр дида мешавад, ки ба сабаби ҳамин аъмоли зишт, кашмакашҳои бузурге буруз кардааст.

    Анвоъи масхара: мурод аз масхара кардан, фақат ба истеҳзо гирифтан бо забон нест, балки тақлиди садо ва роҳ рафтани касе, хандидан ва ишора кардан ба сухани касе, тақлиди наҳваи кор кардани касе, писханд ба сару сурат ва шаклу либоси касе, мутаваҷҷиҳ кардани мардум ба сӯи айби касе ба хотире, ки мардум бар ӯ биханданд ва ғайра, чӣ аз боби шӯхӣ ва саргармӣ бошад, ё ҷиддӣ. Ҳамаи инҳо дар ҳақиқат масхара кардан аст ва гуноҳ ба ҳисоб мераванд. Бисёр мояи нанг аст, ки касе бар асоси рангу рӯ, нажоду миллат, забону қавмият худро бар дигарон бартарӣ диҳад, ё ин, ки дигаронро хору пас бишуморад. Оё намеандешад, ки аслан ҳеҷ яке аз мо; падару модар, рангу нажод, кишвару зодгоҳ ва қавмияташро интихоб накардааст, балки ҳама бар асоси ҳикмати илоҳӣ бадин сурат офарида шудаем ва дар он чӣ нақши тақдир рақам зада, бар қолаби мо таҳмил гашта, пас ҷои фахр ё шарм дар куҷост?

    Ҳамин гуна яке дигар аз ин гуноҳони бузурге,ки дар ин ояи муборака ба он ишора шудааст, инаст, ки касе ба номе ё лақабе садо зада шавад, ки ӯро дӯст надошта бошад ва муҷиби иҳонати ӯ гардад. Масалан касеро фосиқ ва ё мунофиқ номидан, ё касеро лангу куру кар садо кардан ва ё касеро ба айбе, ки дар падару модар ё хонаводаи ӯ бошад лақаб додан ва билохира шахсе ё қабила ва хонаводаеро ба номе номбар кардан, ки дар он бадгӯӣ ва иҳонат ба онҳо бошад, ҳамаи ин мавридҳоро дини мубини Ислом мазмум ва ношоист мешуморад.

    5. Худдорӣ аз бадгумонӣ

    Тарҷума: Эй мӯъминон! Аз бисёре гумонҳои бад бипарҳезед, ки бешак бархе аз гумонҳо гуноҳ аст. Ва ба кунҷковӣ ва таҷассус (дар корҳои дигарон) напардозед ва аз якдигар ғайбат накунед. Оё ҳеҷ яке аз шумо дӯст дорад, ки гушти бародари мурдаашро бихурад? Бегумон аз ин кор нафрат доред ва тақвои Аллоҳро пеша кунед. Яқинан Аллоҳ тавбапазиру меҳрубон аст». (Ҳуҷурот 12)

    Дар ин оя, ибтидо аҳли имон аз гумонҳои зиёд манъ шудаанд. Иллаташ низ баён гардида аст, он инаст, ки бархе аз гумонҳо гуноҳ мебошад. Гумоне, ки гуноҳ аст инаст, ки инсон бидуни далел дар бораи дигарон гумон ва назари бад дошта бошад ва ё дар бораи касоне, ки зоҳири ҳолашон ба хубии онҳо далолат мекунад бадгумонӣ кунад. Ҳамчунин ин низ гуноҳ аст, ки дар қавлу феъли касе эҳтимоли хубӣ ва бадӣ яксон бошад ва мо асосро бар бадгумонӣ гузошта, дар бораи ӯ бадбин шавем.

    Касе, ки аз Аллоҳи мутаол метарсад, ҳатман ин эҳтиётро дар пеш хоҳад гирифт, чун гумони бад гуноҳ аст ва сарчашмаи гуноҳони бузургтаре чун туҳмат, таҷассус ва ғайбат мегардад ва ҳаргоҳ ин одатҳои бад дар миёни мусалмонон мунташир шавад, ҷанг, ихтилофот ва душманиҳо бештар мегарданд. Бадгумонӣ бузургтарин монеа дар ҳамкориҳои иҷтимоӣ, иттиҳод ва пайванди дилҳо мебошад, зеро он намегузорад, инсон ба дигаре эътимод ва пояи ҳамкорӣ бо ӯро бирезад ва бо кӯмаки ӯ ба ҳалли мушкилот бишитобад. Бадбинӣ сарчашмаи душманиҳо ва гоҳе мояи аслии ҷангҳо мебошад. Бисёре аз хонаводаҳо бар асари бадбинӣ аз ҳам ҷудо шудаанд. Афроди бадбин ғолибан аз сафои рӯҳӣ бебеҳра буда ҳамеша дар дили худ машғули ғайбати дигаронанд ва аз ҳамин рӯ баъзе аз уламои ахлоқ бадгумониро «ғайбати қалб» номидаанд.

    6. Хештандорӣ аз таҷассус

    Дар идомаи ояи боло, Аллоҳи мутаол мусалмононро аз таҷассус боз доштааст: «Ба кунҷковӣ ва таҷассус напардозед». Яъне дар умури пинҳонии дигарон ҷустуҷӯ накунед ва дар паи донистани айби дигарон мабошед ва дар ҳаёти шахсии дигарон таҷассус накунед. Хондани номаҳои шахсии мардум, гуш додан ба гуфтугӯҳои маҳрамона байни ду нафар, чашмандозӣ ба хонаи ҳамсоя ва кунҷковӣ дар бораи умури пинҳонии дигарон аз назари ахлоқӣ аъмоли бисёр зиштанд. Паёмбар (с) мефармояд:«Эй касоне, ки бо забон имон овардаед ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон нуфуз накардааст! Дар бораи корҳои пинҳонии мардум кунҷковӣ накунед, зеро касе, ки дар талоши ифшои айбҳои мусалмонон бошад, Аллоҳи мутаол айбҳои ӯро дунбола хоҳад кард ва касе, ки Аллоҳ айби ӯро дунбола намояд, ӯро дар хонааш расво месозад»(Абӯдовуд).

    7. Ғайбат гушти ҳаром аст!

    Ва дар охири ояи муборака Аллоҳи мутаол мӯъминонро аз гуноҳи бисёр бузург манъ фармудааст, ки имрӯз саргармӣ ва нақли бисёре аз маҷлисҳо мебошад ин амали зишт ҳамоно ғайбат ва бадгумонии мусалмонон ва обрурезию беҳурматии онон аст. Расули Акрам (с) ғайбатро чунин таъриф мекунад: «Ғайбат инаст, ки аз бародарат ба гунае ёд кунӣ, ки ӯ онро дӯст надошта бошад». Касе гуфт: агар он чизе, ки ман мегӯям, дар бародарам мавҷуд бошад, чӣ? Фармуданд: «Агар он маврид дар ӯ бошад, ӯро ғайбат намудаӣ ва агар дар ӯ набошад, бар ӯ буҳтон бастаӣ!». (Муслим). Ин амал гарчӣ бо суханони сареҳ бошад ё ба ишораву киноя, чӣ дар зиндагии касе бошад, ё пас аз марги ӯ. Дар ҳар ҳолат ҳаром аст ва ҳамчунин тасдиқи суханони ғайбаткунанда низ ғайбат ба шумор меравад. Ғайбат некиҳоро нобуд месозад, чуноне, ки Расул Акрам (с) аз Саҳобаи киром пурсиданд: «Медонед муфлис кист?» Гуфтанд: дар назди мо муфлис касест, ки пулу мол надошта бошад. Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Балки дар уммати ман муфлис касест, ки рӯзи қиёмат ӯро биёваранд дар ҳоле, ки намоз хонда ва рӯза гирифта ва закот додааст, локин якеро дашном дода ва бар дигаре туҳмат баста ва моли касеро хурда ва хуни касеро рехта ва дигареро бар ноҳақ зада, пас аз некиҳои ӯ гирифта ва байни онҳо тақсим мешавад ва агар ҳасаноташ тамом шуд, аз гуноҳони онҳо гирифта ба гуноҳони ӯ афзуда мешавад, он вақт ӯро дар оташ меандозанд». (Тирмизӣ)

    8. Худбартарбинӣ ва нажодпарастӣ

    Тарҷума: «Эй мардум! Мо шуморо аз марду зан офаридаем ва шуморо гуруҳ гуруҳ ва қабила қабила қарор додаем, то якдигарро бишиносед. Бешак гиромитарини шумо назди Аллоҳ ботақвотари шумост. Ҳамоно Аллоҳ доно ва огоҳ аст». (Ҳуҷурот 13)

    Ин ҷо равшан мегардад, ки нажод, қавм ва забон мояи ифтихор нест, балки он чӣ назди Аллоҳ арзиш дорад, тақво аст. Ранг, забон ва қавм фақат барои шинохти байни инсонҳост. Паёмбар (с) фармудаанд: «Эй мардум! Огоҳ бошед, ки Парвардигори шумо якест, падаратон якест. Ҳеҷ Арабе бар Аҷам ва ҳеҷ Аҷаме бар Араб, на сафеде бар сиёҳ ва на сиёҳе бар сафед бартарӣ надорад, магар бар асоси тақво». (Муслим).

    Сухани охир:

    Биёед бо амал намудан мутобиқи ин иршодоти гавҳарбор, дар дунё зиндагии саодатманд дошта ва дар охират бо чеҳраҳои шод ва қалбҳои ором ба пешгоҳи Аллоҳи мутаол ҳозир шавем ва дарин росто аз Расули маҳбубамон (с) пайравӣ намоем, ҳамчуноне, ки Ойша (р) дар мавриди ахлоқи ӯ мефармояд: «Ахлоқаш Қуръон буд».