×
Бародарон ва хоҳароне, ки бидуни мутолиъа ва таҳқиқ ақоиди нодурусти уламои рофизиро қабул кардаед ва ҳозир ба канор гузоштани ақоиди ғалати падарону аҷдоди худ нестед! 1200 сол аз ғайбати имоми дувоздаҳум гузашт, аммо имоми ғоиб наёмад, шак накардед?

    Натарсед, шак кунед

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Умар Форуқ

    Сомонаи: Суннӣ ниюз

    www.sunni-news.net

    2011 - 1432

    ﴿يا مجتمع الشيعة: تحققوا ولا تخافوا الريب﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    عمر فاروق

    موقع سني نيوز

    www.sunni-news.net

    2011 - 1432

    Ба номи Аллоҳ, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест

    Бародарон ва хоҳароне, ки бидуни мутолиъа ва таҳқиқ ақоиди нодурусти уламои рофизиро қабул кардаед ва ҳозир ба канор гузоштани ақоиди ғалати падарону аҷдоди худ нестед!

    1200 сол аз ғайбати имоми дуводаҳум гузашт, аммо имоми ғоиб наёмад, шак накардед?

    Бар хилофи усули шиъа (ки таъйини имом аз ҷониби Аллоҳ аст), Хумайнӣ ва Хоменаиро ба унвони имом интихоб карданд, шак накардед?

    Бо номи хумс, ҷайби шуморо холӣ карданд, бо номи сиға ба номӯси шумо таҷовӯз карданд, ба исми ҳубби аҳли байт шуморо ба худзанӣ, кордзанӣ во доштанд, боз шак накадед?

    Ба ҷои даъват ба якто парастӣ шуморо даъват ба қабрпарастӣ карданд, шак накардед?

    Шуморо ба анвоъи хурофот гирифтор карданд, то ҷое, ки хоки Карбалоро хурдед ва бар сару сурати худ гил молидед, оё шак накардед?

    Ва бо вилояти мутлақи фақеҳ худро молики ҷону номуси шумо карданд, боз ҳам шак накардед?

    Оё ин кофӣ нест андаке дар мавриди ақоиди худ, шак кунед?

    Шояд аз шак кардан метарсед?

    Шояд метарсед, агар дар ақоиди худ шак кунед, ба ҷаҳаннам биравед?

    Агар ин тавр фикр мекунед, бидонед, ки сахт дар иштибоҳ ҳастед. Худованд ба хотири шак кардани баҷо касеро азоб намекунад, аммо қатъан касонеро, ки ба онҳо қудрати тафаккур дода, вале онҳо аз ин қувват истифода накардаанд, муохаза хоҳад кард. Худованд касонеро, ки имкони таҳқиқ доштаанд, аммо ба ҷои таҳқиқ аз ақоиди нодурусти падарону аҷдодони худ пайравӣ карданд, муохаза хоҳад кард ва дар охират ҳам чунин афроде пушаймон хоҳанд шуд, чуноне, ки Қуръон мефармояд:

    ﴿يَوۡمَ تُقَلَّبُ وُجُوهُهُمۡ فِي ٱلنَّارِ يَقُولُونَ يَٰلَيۡتَنَآ أَطَعۡنَا ٱللَّهَ وَأَطَعۡنَا ٱلرَّسُولَا۠ ٦٦ وَقَالُواْ رَبَّنَآ إِنَّآ أَطَعۡنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَآءَنَا فَأَضَلُّونَا ٱلسَّبِيلَا۠ ٦٧﴾ [الأحزاب 66-67]

    «Рӯзе, ки чеҳраҳояшонро дар оташ зерурӯ мекунанд, мегӯянд, эй кош мо Худоро фармонбардорӣ мекардем ва Паёмбаронро итоъат мекардем ва мегӯянд, Парвардигоро! Мо руасо ва бузургони хешро итоъат кардем ва моро гумроҳ карданд» Аҳзоб 66-67

    Асҳоби Расули Худо (с), ки ба иттифоқи мусалмонон беҳтарин уммат ҳастанд, аксарашон қабл аз Ислом пайрави ақоиди ғалати мушрикон буданд, аммо ҳамин афрод вақте, ки суханони Расули Аллоҳ (с)-ро шуниданд, дар ақоиди ғалати худ шак карданд ва ин шак боис шуд, дар ақоиди худ таҳқиқ кунанд ва саранҷом Исломро бо яқини комил пазируфтанд ва баъд аз пазируфтани Ислом бо кушишҳо ва фидокориҳои худ, ба мақоме расидаанд, ки Аллоҳ дар мавриди онҳо ояти 100-и сураи тавбаро нозил кард ва ризояти худро аз онҳо эълом кард:

    ﴿وَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلۡأَوَّلُونَ مِنَ ٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ وَٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُم بِإِحۡسَٰنٖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُ وَأَعَدَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي تَحۡتَهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ١٠٠﴾ [التوبة 100]

    «Ва пешгомони нахуст, аз Муҳоҷирин ва Ансор ва касоне, ки бо накукорӣ аз онон пайравӣ карданд, Худо аз эшон хушнуд ва онон (низ) аз ӯ хушнуданд ва барои онон боғҳое омода карда, ки аз зери (дарахтони) он наҳрҳо равон аст, ҳамеша дар он ҷовидонанд, инаст ҳамоно комёбии бузург» Тавба 100

    Бале! ақоиди тақлидии куркурона аз ақоиди ғалати бузургон, пушаймонӣ ва оқибати шакки баҷо дар ақоид ва таҳқиқу баррасӣ дар мавриди он, ризояти Аллоҳи субҳонаҳу ва таъолост.

    Пас натарсед ва дар ақоиде, ки мухолифи ақли салими башарӣ ва Қуръону Суннати саҳеҳи Расули Аллоҳ (с) аст, шак кунед. Дар ақоиди худ таҳқиқ кунед ва тақлиди куркуронаро канор бигузоред ва бидонед, ки Аллоҳ ҳеҷ инсонеро ба хотири таҳқиқ дар бораи ақоиди худ, муохаза намекунад, ҳатто агар инсон дар таҳқиқоти худ, дучори иштибоҳ шавад, ҳеҷ уқубате аз тарафи Аллоҳ шомил ӯ нахоҳад шуд.