ҲАЗРАТИ ТАЛҲА ДАР ПАРТАВИ ҲАҚОИҚИ ҚУРЪОН, СУННАТ ВА ТАЪРИХ
Дастабандиҳо
Full Description
ҲАЗРАТИ ТАЛҲА ДАР ПАРТАВИ ҲАҚОИҚИ ҚУРЪОН, СУННАТ ВА ТАЪРИХ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Баргардон ва таҳияи С. Шарифов
2011 - 1432
﴿ سيرة طلحة بن عبيد الله رضي الله عنه ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: س. شريفاو
2011 - 1432
ҲАЗ РАТ И ТАЛҲА ДАР ПАРТАВИ ҲАҚОИҚИ ҚУРЪОН, СУННАТ ВА ТА ЪРИХ
Башарият аз асри Одам то замони феълӣ даъватгарон, муслиҳон ва пешвоёни зиёдеро шоҳид будааст, ки пешсафии онҳоро паёмбарон соҳиб гаштаанд. Агарчи паёмбарони илоҳӣ барои наҷоти башарият ва ихроҷи он аз торикиҳои куфру залолат заҳамоти ҷонкоҳеро ҳамеша мутаҳаммил шудаанд, Худованди мутаъол ба манзури муваффақияти онҳо боз ёрону мухлисони аз ҷон гузаштаеро дар канорашон қарор дода, ки дар ҳар шароите аз базли ҷону моли хеш барои ҳимоят ва нусрати паёмбарон ва дини илоҳӣ дареғ наварзидаанд. Тамоми паёмбарон каму беш ёру ёвароне дошта, ки ба вазоифи хеш амал намудаанд. Вале ҳамчунон ки Паёмбари мо, хотами паёмбарон ва дини Ислом, ки охирин ва беҳтарин дини илоҳӣ аст, саҳобаю ёрони Расули Худо (с) низ вафодортарин, мухлистарин ва фидокортарин ёрони он ҳазрат буданд. Ба гунае ки таърих аз тавсифи ҳаматарафаи садоқат, исор, фидокорӣ ва шуҷоъати онҳо оҷизу нотавон аст. Қуръони карим, суннати Расули акрам (с) ва таърихи Ислом бузургтарин гувоҳ бар ин иддаъои мост.
Аз миёни саҳоба низ рутба ва мақоми муҳоҷирин бар соирин арзишу бартарӣ дорад ва аз миёни муҳоҷирин низ рутбаи даҳ ёри биҳиштӣ, гули сари сабади бўстони муҳаммадӣ ба шумор мераванд, ки Исломи азизро бо фидокориҳо, ҳамосаҳо ва рашодатҳои хеш ҷони махсус бахшиданд ва уммати исломиро то қиёмат шоду мамнуни хадамоту заҳамоти хеш қарор додаанд. Огоҳӣ аз зиндагонӣ ва шахси яти инсонҳои бузург ва ин фариштагони заминӣ, дўстию муҳаббат бо онҳо ҷузви барномаи зиндагӣ ва камоли имонии як мўъмин ва ҷомеъаи исломист.
Ному насаби дилбохта ва ҷоннисори Ислом ҳазрати Талҳа (р) чунин аст:
Абўмуҳаммад Талҳа бинни Убайдуллоҳ бинни Усмон бинни Амру бинни Каъб бинни Саъд бинни Тайм бинни Мара бинни Каъб бинни Луӣ бинни Ғолиб Қурайшии Таймӣ. Ў ҳаштумин нафарест, ки мушарраф ба Ислом шуд ва яке аз панҷ нафарест, ки бино ба даъвати Абубакри Сиддиқ (р) ва бар дасти эшон Ислом овард ва яке аз даҳ нафаре низ ҳаст, ки Паёмбари акрам (с) дар дунё ба онҳо башорати биҳиштро дод. Ва ҷузъи он шўрои шашнафарист, ки ҳазрати Умари Форуқ (р) умури хилофатро пас аз худ ба онҳо вогузор кард, то онҳо тасмим бигиранд ва халифаро интихоб кунанд. Модари ў Саъба бинти Ҳузармӣ хоҳари ҳазрати Алоӣ ал Ҳузармӣ аст.
Дар Маккаи мукаррама яке аз ҳомиён ва мудофеъони қавии Паёмбари акрам (с) буд ва пас аз мусалмон шудан сахттарин таклифу шиканҷаҳоро аз ҷониби куффор мутаҳаммил шуд. Боре Навфал бинни Хаваилид, яке аз сарварони Қурайш ў ва ҳазрати Абубакри Сиддиқро бо ресмоне маҳкамбаста, онҳоро «Алқаринайн» (ду нафари наздик) гуфтааст. Агарчи дар канори Паёмбари акрам (с) афроди зиёде буданд, ки дар ҳассостарин шароит ҷону моли хешро фидои ў ва Исломи азиз кардаанд, вале шарафу имтиёзотеро, ки ҳазрати Талҳа дар ин маврид ба даст овардааст, шояд насиби ками онҳо шуда бошад.
Ифтихорот ва имтиёзоти бузурги ҳазрати Талҳа (р)
Дар ғазваи Уҳуд ҳангоме ки барои лаҳазоте мусалмонон дучори саросемагии шадиде шуданд, атрофи Паёмбари акрам (с) аз ҷамъи касири ёрони фидокор холӣ шуд. Аммо ҳазрати Талҳа (р) аз ҷумлаи афроде буд, ки бар Паёмбар (с) даст доду бар марг байъат намуд. Расули акрам(с)-ро ба ҳадде дифоъ кард, ки дасти Талҳа (р) фалаҷ гардид. Ҳафтоду панҷ асари захми тиру шамшер ба вай расид, бо вуҷуд Паёмбари акрам (с)-ро бар пушти хеш қарор дода, ба макони амн интиқол дод.
Оре, хотираи фидокорӣ ва ҷоннисориҳои ҳазрати Талҳа (р) дар рўзи Уҳуд ҳамвора дар зеҳни саҳобагон вуҷуд дошт, ба тавре ки ҳар гоҳ аз Уҳуд зикре ба миён меомад, ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) мегуфт: тамоми рўзи Уҳуд моли Талҳа (р) аст.
Талҳа(р) на танҳо барги заррини ифтихороти Уҳудро ба худ ихтисос дод, балки бо шуҷоъат, фидокорӣ ва ҳузури пуршўри хеш дар тамоми ҷангҳо дар канори Паёмбари акрам (с) машҳуд аст.
Ва биҳиштӣ будани саҳобагоне аз ҷониби Паёмбар (с) ба шарҳи зайл эълом шудааст: «Абубакр биҳиштӣ аст, Умар биҳиштӣ аст, Усмон биҳиштӣ аст, Алӣ биҳиштӣ аст, Талҳа биҳиштӣ аст, Зубайр биҳиштӣ аст, Абурраҳмон бинни Авф биҳиштӣ аст, Саъд бинни Абиваққос биҳиштӣ аст, Саъид бинни Зайд биҳиштӣ аст ва Абўубайда бинни Ҷарроҳ биҳиштӣ аст» («Машкут-ул-масобеҳ», саҳ.566).
Эҳсону саховатмандии бемонанд
Ҳазрати Талҳа (р) молу сарвати зиёде дошт, ки онро дар хидмати Ислому муслимин қарор дода буд. Бар асари касрати ҷуду сахо Расули акрам (с) лақабҳои пурифтихори «Талҳат-ул-ҷуд», «Талҳатул-хайр» ва «Талҳат-ул-фаёз»-ро ба вай иноят карда буд. Як бор заминеро ба маблағи ҳафтсад ҳазор дирҳам ба ҳазрати Усмон (р) фурўхт ва он шабро дар изтироб ба сар бурд. Ҳангоми субҳ тамоми маблағро миёни мустамандон ва фуқаро тақсим кард.
Сойиб бинни Зайд (р) дар бораи ҷуду бахшиши ҳазрати Талҳа (р) чунин мегўяд: «Ман дар са- фару сукунат бо Талҳа бинни Убайдуллоҳ борҳо ҳамроҳ будам ва касеро саховатмандтару ҷаводтар аз вай дар бадалу бахшиши либос, таъом ва дирҳам надидам».
Ҳамчунин Ҷобир бинни Абдуллоҳ (р) аз ў дар ин маврид чунин тавсиф мекунад: «Ман касеро надидам, ки монанди Талҳа бинни Убайдуллоҳ бидуни дархосту тақозои саволкунанда моли зиёдро ба мустамандон ва мустаҳиқин бидиҳад».
Фазоил ва маноқиби ҳазрати Талҳа (р)
Илова бар он чӣ аз ифтихорот ва имтиёзоти ҳазрати Талҳа (р) баён шуд, фазоилу маноқиби дигаре барои вай собитанд, ки мо дар ин ҷо ба таври мухтасар ба теъдоде аз онҳо ишора мекунем: Паёмбари акрам (с) фармуд: «Ҳар кас мехоҳад шаҳидеро мушоҳида кунад, ки бар пойҳояш роҳ меравад, пас Талҳа бинни Убайдуллоҳро мушоҳида кунад» («Асаду-л-ғоята», ҷилди 3, саҳ. 87).
Алӣ бинни Абўтолиб (р) мегўяд: «Бо гўшҳоям аз Расули акрам (с) шунидам, ки фармуд: Талҳа ва Зубайр ҳамсоягони ман дар биҳиштанд».
Ҷуду сахои ҳазрати Талҳа (р) ба қадре зиёд буд, ки махориҷу хазинаи зиндагии афроди мустаманди қабилаи Бани Таймро ўҳдадор шуда буд. Заминаи издивоҷи беваҳои ононро фароҳам месохта, хонаводаашонро кўмаку нусрат ва қарзи волидонро пардохт менамуд.
Ҳазрати Зубайр (р) мегўяд: «Дар рўзи ғазваи Уҳуд бо Расули акрам (с) ба сўйи кўҳи Уҳуд рафтем ва он ҳазрат хост болои харсанг барояд. Талҳа бинни Убайдуллоҳ дар канори харсанг истоду Расули Худо (с) пой болои пушти ў ниҳода, болои харсанг баромад».
Ҳазрати Талҳа (р) аз дидгоҳи ҳазрати Алӣ (р)
Агарчи дар филми «Парвонаҳо менависанд» кўшиш шудааст, то ҳазрати Талҳа (р) душмани
ҳазрати Алӣ (р) муъаррифӣ шавад ва буғзу кинаи бузургворони садри Ислом нисбат ба якдигар ба исбот расад, вале ин амр тўҳмату бўҳтони маҳз буда, бар хилофи далелҳои равшан ва сареҳи Қуръон, аҳодиси Расули Худо (с), ривоёти саҳеҳи таърихӣ ва иҷмоъи уммати исломист.
Дуруст аст, ки ҷанге миёни ин бузургон рўй дода, рў дар рўйи якдигар қарор гирифтанд, ки баррасии ин мавзўъ аз баҳси мо хориҷ аст. Вале бояд мутазаккир шуд, ки пас аз музокира ва маълум шудани ҳақиқат ҳазрати Талҳа (р) саҳнаи ҷангро раҳо карду озими Мадинаи мунаввара шуд. Қадру манзалати ў ҳамвора дар дили ҳазрати Алӣ (к) вуҷуд дошт ва ба он эътироф мекард. Ба мавориди зер таваҷҷўҳ кунед: Пас аз шаҳодати ҳазрати Талҳа (р) Умрон, фарзанди ў, назди ҳазрати Алӣ омад, ҳазрати Алӣ ўро шинохт ва бар ҷойгоҳи хеш шинонду гуфт: «Савганд ба Ху- до, ки ману падари ин аз зумраи касоне бошем, ки Худованд дар Қуръони карим дар бораи онҳо фармудааст. Мо буғзу кинаро аз дилҳои аҳли биҳишт берун меоварем ва онҳо бар тахтҳое рў ба рўйи якдигар нишаста шодмонанд». Он гоҳ шахсе ба номи Ибнулкуво аз мухолифони ҳазрати Талҳа (р) аз ин гуфтори ҳазрати Алӣ (р) изҳори таъаҷҷуб карду гуфт, Худованд аз ин одилтар аст. Он гоҳ ҳазрати Алӣ (р) бо тозиёнае, ки дар даст дошт, ба ў зад ва хитоб кард, бемодар, тую ёрони ту инро қабул надоред! («Табақот»-и Ибни Саъд, ҷилди 3, саҳ.225).
Ҳазрати Алӣ ( р ) пас аз шаҳодати ҳазрати Талҳа назди ў рафт. Аз маркаб фуруд омад ва ўро шинонд, гарду ғуборро аз сурат ва маҳосинаш пок кард ва бар ў тараҳҳум намуда, ба таъассуфу нороҳатӣ гуфт: «Эй кош, бист сол қабл мемурдам ва чунин амре пеш намеомад».
Ҳангоме ҳазрати Алӣ (р) ҳазрати Талҳа (р)-ро дар дарае шаҳид шуда мушоҳида кард, изҳор дошт: «Эй Абўмуҳаммад! Бар ман бисёр гарон аст, аз ин ки туро ба рўйи хок дар зери ситорагони осмон афтода мебинам, ба Аллоҳ изҳор медорам ғамҳою андўҳҳои худамро».
Вақте хабаришаҳодати ҳазрати Талҳа ба гўши ҳазрати Алӣ расид, изҳор дошт: «Қотили ўро муждаи дузах бидеҳ» («Ибни Саъд», ҷилди 3, саҳ.225).
Нисбати ҳазрати Талҳа (р) бо ҳазрати Ҳасан
ва Ҳусайн
Ҳазрати Талҳа дорои фарзандоне буд бо номҳои Муҳаммад, Умрон, Мўсо, Яъқуб, Исмоил, Исҳоқ, Закариё, Юсуф, Исо, Яҳё, Солеҳ, Оиша, Умми Исҳоқ, Саъ- ба ва Марям. Ҳазрати Ҳасан бинни Алӣ (р) бо Умми Исҳоқ, духтари ҳазрати Талҳа издивоҷ кард ва фарзанде дошт бо номи Талҳа.
Пас аз вафоти ҳазрати Ҳасан (р) ҳазрати Ҳусайн (р) бо Умми Исҳоқ издивоҷ кард ва духтаре ба номи Фотима аз вай дошт.
Бинобар ин ҳазрати Талҳа падари сабабии ҳазрати Ҳасан ва ҳазрати Ҳусайн мебошад.
Ҳазрати Ҳасан ба қадре бо вай муҳаббат дошт, ки номи фарзанди хешро Талҳа гузошт.
Шаҳодат
Пас аз ин ки дар ҷанги Ҷамал музокирае байни Талҳа, Зубайр ва Алӣ сурат гирифт, Талҳа ва Зубайр майдони ҷангро раҳо карда, аз ҷанг канорагирӣ карданд. Ҳангоме ки ҳазрати Талҳа маъракаи ҷангро тарк кард, мавриди нишони тири Марвон бинни Ҳакам қарор гирифт ва ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил гардид. Мўъҷизаи Расули акрам (с), ки солҳо қабл пешгўи карда буд, ки «ҳар кас мехоҳад шаҳидеро мушоҳида кунад, ки бар замин роҳ меравад, пас Талҳаро мушоҳида кунад», гувоҳи айнӣ ба худ гирифт.