×
Рӯзадорӣ фоидаҳои ҷисми ва руҳии фаровоне дорад, шифобахши ҷисм ва тавонбахши ҷон аст, пок кунандаи инсон аз тамоми палидиҳои ҳайвони аст, ва дар сохтани фарди солеҳ ва муҷтамаъи ба сомон бисёр муаcсир мебошад. Аз ҷумлаи фоидаҳои рӯзадори аз нигоҳи тиб дар ҷисми инсон аст, мисли меъдаи инсон ки аз пуркортар аъзои ҷисми инсон аст, ва тақрибан дар ҳама соатҳо машғул ба кор кардан аст, ҳарончизе ки инсон мехураду менушад меъда ба ҳазму таҳлил ва ҷазбу дафъи он соъатҳои дароз машғул аст.

    Фоидаҳои рузадори

    ﴿ فوائد الصيام﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи Мисбоҳиддини Ҳомид

    2010 - 1431

    ﴿ فوائد الصيام﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: مصباح الدين حميد

    2010 - 1431

    Фоидаҳои рузадори

    Рузадори фоидаҳои ҷисми ва руҳии фаровоне дорад, шифобахши ҷисм ва тавонбахши ҷон аст, пок кунандаи инсон аз тамоми палидиҳои ҳайвони аст, ва дар сохтани фарди солеҳ ва муҷтамаъи ба сомон бисёр муаcсир мебошад.

    * Аз ҷумлаи фоидаҳои рузадори аз нигоҳи тиб дар ҷисми инсон аст, мисли меъдаи инсон ки аз пуркортар аъзои ҷисми инсон аст, ва тақрибан дар ҳама соатҳо машғул ба кор кардан аст, ҳарончизе ки инсон мехураду менушад меъда ба ҳазму таҳлил ва ҷазбу дафъи он соъатҳои дароз машғул аст.

    Рузадори боъис мешавад ки меъда истироҳат кунад ва аз фарсудагиву нотавони дар амон бимонад, ва неруву қувати тозае бигирад.

    Ва аз дигар ҷиҳат захираҳои чармие ки дар деворҳои меъда қарор мегиранд ва сабаби дучоршавии бемориҳои меъда мешавад таҳлил шуда аз байн мераванд.

    Дар ривоятҳои зиёде аз олимони гузаштаи ислом омадааст ки "Меъдаи одами хонаи бемориҳои уст ва парҳез аз ғизо дармони он аст".

    Ва ногуфта намонад ки фоидаҳои рузадори аз нигоҳи тибб дар сурате хубтар ба даст меояд ки рузадор баъд аз рузадорияш дар хурдану ошомидан аз ҳад нагузаронад, чунки пурхури яке аз сабабҳои расидани зиёнҳо бар дастгоҳи ҳазму таҳлили меъда мегардад.

    Бо пешрафти илми тибб баъзе аз олимон ва мутахасисони тибб ба чунин натиҷа расиданд ки имсок аз хурдан ва ошомидан аз бузургтарин тариқаҳои дармон аст, бо рузадори ва имсок аз хурдану ошомидан имкон дорад ки бисёре аз бемориҳоро дармон бахшид, ва ин ҳам албатта дар сурате ба ҷо меояд ки ҳангоми саҳар ва ифтор дар хурдан ва ошомидан аз ҳад таҷовуз нашавад.

    Албатта дар ин мақолаи мухтасар фоидаҳои тиббие ки аз рузадори бардошта мешавад ғунҷонидан имкон надорад, ба ҳамин хотир аз алоқамандон хоҳиш мешавад ки китобҳоеро ки дар ин мавзуъ таълиф шудаанд муроҷиъа намоянд.

    * Ин чунин аз фоидаҳои рузадори онаст ки рузадори яке аз омилҳои асосии боздоранда инсонро аз гуноҳон мебошад.

    Рузадори ва махсусан руза доштани моҳи шарифи Рамазон ки бар ҳама мусулмонон фарз аст омили муассире барои қуват бахшидани руҳияи тақво ва парҳезгори аст, чуноне ки Худованд ёдовар мешавад (لعلكم تتقون) "Шояд парҳезгор шавед" бубинед Худованд ин ибодатро омили муҳими тақво ва парҳезгори мешуморад.

    Тақво ва парҳезгори дар тарбияту созандаги ва шахсияти исломии як мусалмон нақши бисёр муҳимме дорад, ва барои расидан ба ҳамин асари пурарзиш аст ки беҳтарин ибодатҳо дар моҳи Рамазон ва дар ҳоли рузадори дури аз гуноҳ аст.

    Рузадор бо баҷо овардани ин фармони Илоҳи ки шарти камоли рузадори аст руҳияи тақво ва парҳезгориро дар худ зинда мекунад, ва ин муроқибати самарабахш дар моҳи мубораки Рамазон дар ҳоли рузадори бисёр осонтар аст, чунки гуруснаги ва ташнаги ва дигар маҳдудиятҳои рузадори алангаи саркаши ғаризаҳои ҳайвони ва шаҳвониро то ҳади бузурге хомуш месозад, ва агарчи то як вақти муаян ҳам бошад гиребони ақл ва ҷонро аз чанголи шаҳват раҳо месозад, ва барои рузадор заминае омода барои тамрини тақво ва парҳезгори фароҳам мешавад, ва бо муроқибати доими ва тамринҳои паёпай дар як моҳ неруи боздоранда аз гуноҳ ба вуҷуд меояд, ва хислати худдори рушд мекунад, ва ин шахс бо гузаронидани ин барномаи як моҳа тавфиқ меёбад, ки пас аз моҳи руза низ парҳезгор боқи бимонад.

    * Нақши рузадори дар тақвият бахшидани ирода

    Инсон бо рузадорияш ки бозистодан аз хурдану ошомидан ва худори кардан аз амалҳои дигар аст, дар воқеъ бо хоҳишоти нафси хеш меҷангад, ва дар баробарии шаҳватҳову ғаризаҳояш муқовимат мекунад, ин гуна тамринҳо коркарди ирода ва тасмимро дар инсон неруманду устувор месозад, ва ҷони инсонро аз чанги ҳукумронии ҳавасҳо ва хоҳишоти нафсони мераҳонад.

    Агар рузадорон бо истимрор ва кушиш аз фурсати рузадорияшон ин баҳраро бигиранд то ки бар нафси хеш ҳоким гарданд ва лаҷоми онро ба даст бигиранд аз нерумандтарини мардум хоҳанд гашт.

    * Рузадори ва сабр

    "Сабр" аз хусусиятҳое мебошад ки дар ахлоқи исломи бар он бисёр таъкид шуда аст.

    Рузадори хусусан дар рузҳои гарм ва тулонии тобистона ки фишори ташнаги тоқатфарсо мешавад барои инсон сабру муқовимат мебахшад ва таҳамулпазирии ранҷу сахтиро барои инсон осон месозад.

    Дар баъзе тафсирҳо омадааст ки маънои "Сабр" дар ин оят "واستعينوا بالصبر و الصلوة" руза мебошад ва маънои оят чунин аст ки "Аз сабр (монанди рузадори) ва намоз ёри биҷуед".

    * Руза ва қаноъатманди

    Руза фаризае аст ки фарди мусалмонро аз ғарқ шудан дар дунёпарасти ва ҳирсу тамаъ барои лазатҳои моди ва мусобиқа барои танпарвари мераҳонад, ва бар у меомузад ки дар фикри дигарон бошад, ва бар хоҳишҳои ҷисмонии хеш ҳукмрон гардад, ва уро аз исроф боз медорад ва ба суи сарфу харҷ ба миқдори ниёзманди бурда мерасонад.

    Рузадори ба фарди мусалмон меомузад, ки инсон метавонад бо кам ҳам зиндаги кард, ва барои зистан лозим нест ки бо тамоми кушишҳо ҳамаи лазатҳоро фароҳам сохт.

    * Ҳамдарди бо фақирон

    Рамазон моҳи шиносои ва наздики бо фақирон мебошад. Аз натиҷаҳои бузургтарини рузадори барангехтани эҳсосу ҳамдарди нисбат ба фақирону тангдастон аст.

    Ононе ки зиндагии осуда доранд ва ранҷу фақири ва тангдастиву гуруснагиро начашидаанд, мумкин аст ки аз ҳоли фақирону тангдастон ғофил бимонанд, ва рузадори василаест ки ононро аз ғафлат мераҳонад ва ранҷи тангдастону фақиронро ба ёди онон меорад, то ба дастгирии фақирон ҳимат гузоранд ва ба дарди дили онон бирасанд.

    Аз як ҷиҳат эҳсону таъомдиҳи ба фақирон дар моҳи Рамазон бисёр тавсия шудааст, ва аз суи дигар гуруснаги ва ташнагии руза инсони сарватмандро ба ёди фақирон мерасонад, бо ҳамин сабаб сарватманд ба фақир наздик мешавад ва эҳсосҳои уро дарк мекунад, ин аст барномаҳои созандагии исломие ки агар мусулмонон онро воқеан ба ҷо биёранд ҳамаги аз неъматҳои илоҳи баҳраманд хоҳанд гашт.

    * Дар ин моҳ мусулмонон ба зиёд хондани Қурон супориш шудаанд, барои ҳамин мусулмонон дар моҳи Рамазон бояд аз моҳҳои дигар бештар Қурон бихонанд, ва ин як василаест ки ҷомеаи исломи бо Қурон шиносои бештаре пайдо кунанд, ва барои пешрафт дар роҳи Худо ва ислом ва суханони Худованд омурзиш бигиранд, Рамазон моҳи ибодату бандаги ва розу ниёз бо Худованди бузург аст.

    Рамазон Моҳи дуъо аст, муъминон дар ин моҳ ва махсусан дар шабҳои Қадр дар дуъо ва ниёиш бояд муболаға кунанд.

    Рамазон моҳи омурзишу тавба ва бозгашт ба суи Худо аст, ононе ки дар зиндагии худ олудагиҳои зиёде ба гуноҳон доштанд, метавонанд бо рузадори ҷони худро аз гуноҳон шустушуи кунанд, ва аз Худои хеш талаби омурзиш кунанд, ва метавонанд бо ҳамин тариқа барои ҳамеша аз каҷиҳо ва гумроҳиҳо даст бардоранд ва дар роҳи рост мустақим шаванд.

    Гуноҳони рузадорони воқеъи дар ин моҳ бахшида мешавад, ва ин хушхабари бузурге аст ба онҳое ки гуноҳони зиёде доранд, то ки онҳо аз раҳмати Худо ноумед набошанд, ва аз баракатҳои ин моҳ истифода баранд, ва ба суи Худо боз гарданд, ва аз гуноҳон даст бишуянд, ва гузаштаро ҷуброн намоянд.

    Хулоса ин ки Рамазон, рузадори воқеъиро аз олудагии гуноҳон пок месозад ва аз азоби илоҳи ки бо сабаби гуноҳонаш бояд мечашид наҷот мебахшад, ва аз торикиҳо ба суи нур мекашонад, ба нури тақво, ба нури фазилатҳои ахлоқи, ба нури тавба ва бозгашт ба суи Худо, ба нури раҳмати Худо.

    Худованд ҳамаи моро аз аҷру савоби моҳи шарифи Рамазон бе насиб нагардонад. Омин