Аҳодиси Набави дар мавзуи умра аз китоби "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"
Дастабандиҳо
Full Description
863. Аз Абўњурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Аз як умра то умраи дигар сабаби каффораи гуноњони байни ин ду умра аст ва барои њаљљи мабрур савобе ба љуз аз љаннат нест.»
864. Ривоят аст, ки касе аз Ибни Умар (р) аз њукми умра намудан пеш аз њаљ пурсид. Гуфт: Боке надорад. Ва илова намуд, ки Паёмбари Худо (с) аз анљом додани маросими њаљ умра намуданд.
865. Ривоят аст, ки касе аз Ибни Умар (р) пурсид: Паёмбари Худо (с) чанд бор умра анљом доданд?
Гуфт: Чањор умра, ки яке аз инњо дар моњи Раљаб буд. Шахси соил мегўяд: Ба Оиша (р) гуфтам: Эй модарам, оё намешунавед, ки Абўабдуррањмон чї мегўяд?
Гуфт: Чї мегўяд?
Гуфтам: Мегўяд, ки Паёмбари Худо (с) чањор умра анљом доданд, ки яке аз онњо дар моњи Раљаб буд.
Гуфт: Худованд ба Абўабдуррањмон рањмат кунад, Паёмбари Худо (с) њељ умраеро анљом надодаанд, магар он ки Абўабдуллоњ ибни Умар (р) бо эшон будааст, вале Паёмбари Худо (с) дар моњи Раљаб умрае анљом надодаанд.
866. Ривоят аст, ки касе аз Анас (р) пурсид: Паёмбари Худо (с) чанд умра анљом додаанд?
Гуфт: Чањор умра, умраи Њудайбия дар моњи Зулќаъда, ки мушрикин монеъи рафтанашон ба (Маккаи мукаррама) гардиданд, умраи дигар дар соли оянда дар њамон моњи Зулќаъда, ки бо мушрикин мусолања намуданд ва умраи Љиърона, ки фикр мекунам, дар њамин умра ѓаноими Њунайнро таќсим намуданд.
Гуфтам: Чанд њаљ намуданд?
Гуфт: Як њаљ.
867. Ва дар ривояти дигаре аз вай омадааст, ки гуфт: Як умраи Паёмбари Худо (с) њамон умра буд, ки (мушрикин) монеъи рафтани эшон шуданд ва умраи Њудайбия дар соли баъдї ва умрае дар Зулќаъда ва умраи дигар бо њаљљи худ анљом додаанд.
868. Аз Бароъ ибни Озиб ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) пеш аз он ки њаљ намоянд, ду бор дар моњи Зулќаъда умра намуданд.
869. Аз Абдуррањмон ибни Абўбакр (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) ба ў амр намудаанд, ки Оиша (р)-ро пушти сари худ кунад ва ўро аз танъим умра бидињад. Ва аз Суроќа ибни Молик ибни Љуъшум (р) ривоят аст, ки бо Паёмбари Худо (с) дар назди Љамраи Аќаба дар њоле ки рамї менамуданд, мулоќот намуд ва аз эшон пурсид:
- Оё ин амр (фасхи њаљљи умра) хос барои шумо аст?
Фармуданд: «На! Балки барои абадї аст!»
870. Њадиси Оиша (р) дар мавриди њаљ чандин бор такрор гардид ва ќаблан ба таври комил зикр гардид.
871. Ва аз Оиша (р) ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо (с) дар мавриди умра барояш гуфтанд, ки: «… вале савооби умра ба андозаи харљ ва масраф ва ё ба андозаи машаќќатест, ки мутањаммили он мегардї» (яъне њар ќадар масорифи умра ва ё машаќќату мушкилоти шахси умракунанда бештар бошад, ба њамон андоза савобаш бештар аст).
872. Ривояте аст, ки Асмоъа бинти Абўбакри Сиддиќ (р) њангоми гузаштан аз минтаќаи Њаљун бар Паёмбари Худо (с) дуруд фиристода мегуфт: «Бо эшон дар њамин љо манзил намудем.»
Ва дар ин ваќт сабукбор будем ва маркабњои каме доштем, зот ва тўшаи андак буд, ман ва хоњарам Оиша ва Зубайр ва фалон ва фалон умра намудем.
Баъд аз тавоф ба хонаи Каъба ва саъй байни Сафо ва Марва худро њалол сохтем ва охири он рўз нияти њаљ намудем.
873. Аз Абдуллоњ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) дар ваќти бозгаштан ах љињод ё њаљ ва ё умра ба њар баландї, ки мерасиданд, се бор таќвим мегуфтанд ва ин дуоро мехонданд: «Ло илоња иллаллоњ вањдању ло шарика лањ лањул мулку ва лањул њамд ва њува ало кули шайъин ќадир, ойибуна, тоибуна, обидуна, сољидуна лираббано њомидуна, садаќаллоњу ваъдању ва насара абдању ва њазамал ањзоба вањдању.»
874. Аз Ибни Аббос (с) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме ки Паёмбари Худо (с) ташриф оварданд, бачањои бани Абдулмуталлиб ба истиќболашон рафтанд, Паёмбари Худо (с) якеро пеши рўй ва дигареро пушти сари худ савор намуданд.
875. Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) њангоми бозгашт аз сафар шаб ба хонаи худ дохил намешуданд, балки пеш аз завол ё баъд аз завол меомаданд.
876. Аз Љобир (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) аз ин ки шахс дар ваќти бозгаштан аз сафар шаб ба хонааш дохил гардад, нањї фармудаанд.
877. Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) чун аз сафар баргашта, кўчањои Мадинаро медиданд, аз шавќи Мадинаи мунаввара шутур ва ё маркаберо, ки савор буданд, ба љавлон андохта, тез меронданд.
878. Аз Абўњурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: «Сафар як навъи азоб аст, монеъи хўрдан ва нўшидан ва хобби инсон мешавад. Касе ки корашро анљом дод, бикўшад, то зудтар ба хонаводааш баргардад.»