×
Аз ҳуқуқҳои Худованд: Ягона донистани Ӯ дар тамоми навъҳои ибодатҳо аст.

    Аз ҳуқуқҳои Худованд

    من حقوق الله تعالى توحيده في العبادات

    < الطاجيكية >

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    إعداد: مصعب حمزة

    —™

    Аз ҳуқуқҳои Худованд

    Аз ҳуқуқҳои Худованд: Ягона донистани Ӯ дар тамоми навъҳои ибодатҳо аст, Худованд мефармояд:

    ﴿وَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ ١٦٣﴾ [البقرة: ١٦٣]

    «Худои шумо Худоест яктост. Худое ғайри Ӯ нест бахшоянда ва меҳрубон!»

    Сураи Бақара 163

    Ва касеро дар амалҳои қалби ва забони ва аъзоҳо бар Ӯ шарик наовардан,

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡٔٗاۖ ٣٦﴾ [النساء: ٣٦]

    «Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ масозед».

    Сураи Нисо 36

    Ширки акбар савоберо дар инсон боқи нахоҳад монд,

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَقَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٦٥ ﴾ [الزمر: ٦٥]

    «Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, амалҳоятон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд».

    Сураи Зумар 65

    Ин хитоб ба суи Паёмбар (с) мебошад пас ҳоли дигарон бо ин хитоб чигуна бошад?

    Худованд гуноҳи ширкро намебахшад магар бо тавбааш, Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱفۡتَرَىٰٓ إِثۡمًا عَظِيمًا ٤٨﴾ [النساء: ٤٨]

    «Албатта Худо гуноҳи касонеро, ки ба Ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст».

    Сураи Нисо 48

    Боз мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ مَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡ ٣٤﴾ [محمد: ٣٤]

    «Худо касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад бахшид».

    Сураи Муҳаммад 34

    Ва ҳар ки бо куфр бимирад пас ӯ дар оташ аст, Худованд мефармояд:

    ﴿وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢١٧﴾ [البقرة: ٢١٧]

    «Аз миёни шумо онҳое, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират нобуд шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!».

    Сураи Бақара 217

    Ва боз мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٌ أُوْلَٰٓئِكَ عَلَيۡهِمۡ لَعۡنَةُ ٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ ١٦١﴾ [البقرة: ١٦١]

    «Бар онон, ки кофир буданд ва дар кофирӣ мурданд, лаънати Худо ва фариштагону ҳамаи мардум бод!»

    Сураи Бақара 161

    Ва шояд кофир дар ҳаёташ ба мардум фоидае бирасонад, локин ин арзони доштани кавниест ба монанди дигар манфиъатҳое, ки Худованд фоидаи онҳоро арзони доштааст, мисли манфиъати офтобу моҳтоб ва шамолу абрҳо, балки фоидаи инҳо барои мардум зиёдтар мебошад.

    Гирифташуда аз китоби "Фаслҳо дар ақида" Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

    Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ