Фоидаҳои рӯза
Дастабандиҳо
Full Description
Фоидаҳои руза
فوائد الصيام
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Абдушшариф Боқизода
2009 - 1430
فوائد الصيام
« باللغة الطاجيكية »
عبد الشريف باقي زادة
2009 - 1430
Руза ибодатест, ки фоидаҳои фаровоне дарбар дорад мо дар инҷо саъи мекунем бархе аз фоидаҳои рузаро зикр кунем:
1- Руза доштан амри Худоро ба ҷо овардан ва роҳи расидан ба тақвост, Худованд мефармояд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭼ البقرة: ١٨٣
" Эй касоне, ки имон овардаед, руза бар шумо фарз шуда ҳамон гуна, ки бар касоне, ки қабл аз шумо буданд фарз шуда буд, то парҳезгор шавед". Сураи Бақара: 183
2-Руза сипарест дар муқобили гуноҳон дар дунё ва ҳамчунин дар муқобили оташи ҷаҳаннам дар охират. Чунон, ки паёмбар (с) фармуда аст: "Руза сипар аст".
3-Руза сабаби бахшиши гуноҳони гузашта аст.
4-Беҳтарин васила барои канор гузоштан ва тарки анвоъи ботил мебошад, ба таври мисоли беҳтарин фурсат аст барои касоне, ки аҳли сигор ҳастанд, аз ин фурсат истифода
кунанд ва сигор каширо тарк кунанд.
5-Шаҳватро суст мекунад, ва инсонро бурдбор ва сабур ба бор меоварад, ва иродаашро тақвият мекунад.
6-Руза беҳтарин донишгоҳи худсозист, ки инсон дар он донишгоҳ ихлос, сабр, вақтшиноси, назм, тоъот, бахшиш ва ғайра омузиш мебинад.
7-Руза ба уммати исломи ҳамоҳанги ва иттиҳод, адл ва баробари ва ба касе бахшидан ва аз худ гузаштаги ва бахшиш ва ҳамдарди бо фуқаро ва мустамандон ёд медиҳад.
8-Руза дастгоҳи гуворишро аз кор пай дар пай роҳат мегардонад, ва ҳамчунин меъдаро шустушу дода ва онро тамиз мекунад.
9-Ҷисм ва баданро солиму тандуруст медорад.
10- Қалбро фориғ ва роҳат мегардонад ва онро ба корҳое, ки саодат ва растагории инсон дар он нуҳуфтааст аз зикр ва ибодат ва тиловати Қуръон, машғул месозад.
11 -Руза роҳҳои гардиши хун, ки роҳи вуруди шайтон аст танг мекунад, чунон ки паёмбар (с) мефармояд: (Шайтон монанди хун дар раги фарзандони одам ҷори аст).
Пас ба хотири руза аст, ки мебинем равон ором мегирад ва хотири инсон осуда мешавад, ва васвасаҳои шайтони кам мешавад ва гоҳи аз байн меравад.
Чизҳое, ки рузаро ботил мекунанд
Он чи ки рузаро ботил мекунад бар ду қисм аст:
(Якум 0н чи ки рузаро ботил мекунад ва фақат қазои онро воҷиб мегардонад:
1-Хурдан ва ошомидан ба таври амди, аммо агар касе аз руи фаромуши ва ё иҷбори чизе хурад ё нушад, рузааш саҳи аст. Паёмбар (с) фармудааст:
(Касе, ки рузадор бувад ва фаромуш кард онгоҳ чизе хурд ё нушид, рузаи худро комил кунад, зеро ки Худованд ба вай ғизо ва об додааст)
2-Агарки ба таври ихтиёри кай кунем зеро ки паёмбар (с)
фармудааст; (Касе, ки истифроғ бар у ғалаба кард бар вай қазо нест, аммо касе, ки худ амдан истифроғ кунад, бояд қазои он рузро бигирад).
3-Ҳайз ва нифос (хуни баъд аз вилодат) агар чи як лаҳза қабл аз ғуруби офтоб бошад, рузаро ботил мекунад.
4- Хориҷ сохтани мани (бо даст) рузаро ботил мекунад ва қазои он рузро воҷиб мегардонад, аммо агар эҳтилом шуд рузааш саҳеҳ, аст.
Дуввум - Он чи рузаро ботил менамояд ва қазо ва кафоратро воҷиб мегардонад:
Ҷимоъ, яъне наздики ва ҳамбистари кардан бо ҳамсар дар наҳори рамазон, ки дар ин сурат руза ботил мешавад ва қазову кафорат ҳар ду воҷиб мешавад.
Кафорат иборат аст аз, озод кардани ғуломи мусалмон, ё ду моҳ пушти сарҳам руза гирифтан, ё ба шаст нафар мискин ғизо додан.
(Ин кафорат бо тартиби боло пардохт мешавад).
Агар зан ва мард аз руи огоҳи ва бо ихтиёри худ ва амдан дар наҳори рамазон омезиши ҷинси карданд бар ҳар ду қазо ва кафорат лозим мегардад, аммо агар зан маҷбур бошад бар вай кафорат нест.