Неъмати дарки даҳ шаби ахири Рамазон
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Неъмати дарк намудани даҳ шаби охири Рамазон[1]
Ҳамоно ҳамду ситоиш шоистаи Аллоҳ аст, Ӯро шукр мегӯему аз Ӯ ёрӣ меҷӯем ва аз Ӯ талаби бахшиш ва мағфирати гуноҳонро менамоем, ва низ аз шарри гуноҳон ва аъмоли бади хеш ба Ӯ паноҳ мебарем. Ҳар касеро Аллоҳи мутаол ҳидоят кунад, ҳеҷ кас наметавонад ӯро гумроҳ созад ва ҳар касеро гумроҳ созад, ҳидоятгаре нахоҳад ёфт. Гувоҳӣ медиҳам, ки илоҳу маъбуди барҳаққе ба ҷуз Аллоҳи мутаол нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.
Аммо баъд:
Эй бандагони Аллоҳ, тақвои Парвардигорро ҳамон тавре, ки шоистаи Ӯст пеша созед ва Ӯро дар зоҳиру ошкори аъмоли хеш муроқиби худ бидонед.
Эй мусулмонон !
Дарёфтану дарк намудани мавсими хайрот аз неъматҳои бузурги Аллоҳи мутаол аст, ва ҳамчунин дарк намудани вақтҳое, ки дар онҳо аҷру подоши амали нек чанд баробар мешавад – нишондиҳандаи он аст, ки Аллоҳи мутаол барои бандаи Хеш хайру хубиро муҳайё намудааст, ки ҳар андозае умри инсон тӯлонӣ гардад боз ҳам кӯтоҳ аст, ва дар мавсими хайроту баракот зиёд будани аҷру подош ба маънои он аст, ки: умри банда тӯлонӣ шуда ва амалаш ба таъхир афтодааст.
Замонҳое, ки Аллоҳи мутаол барои [ибодату анҷоми аъмоли неки] бандагонаш интихоб кардааст, дорои тартиби мутафовите мебошанд, ки ҳар як аз дигаре бартар аст; ва ончӣ мавриди таваҷҷӯҳу эътибор мебошад ин аст, ки дар охир аъмол комил бошанд ва камбудиҳое, ки дар оғоз ҳаст эътиборе надорад, чунки меъёри санҷиш ва ҳукм бар аъмол бар ҳасби хотимаи онҳост.
Ва ҳар кас Рамазонро дарк кард, ва Аллоҳи мутаол ӯро муваффақ ба рӯзаву намоз дар он намояд, ҳамоно ба ӯ фурсате дода шудааст, ки бисёре аз бандагон аз он маҳрум гаштаанд, аммо агар фурсати дарк намудани даҳ шаби охири ин моҳ ба ӯ дода шуд, ба дурустӣ, ки ба неъмати хоссе даст ёфтааст, ки аз даст додани он сабабгори ҳасрату надомат мегардад, ва бо аз даст додани он инсон нороҳату ғамгин хоҳад шуд, чунки ба банда мӯҳлате дода шудааст то дар он бар [шумораи] хайру некиҳои хеш бияфзояд, ва аз гуноҳони хеш талаби мағфират намояд, ва кӯтоҳиҳои [анҷомдодаи] хеш дар гузаштаро ҷуброн намояд, ва аъмоли хайреро, ки он дараҷа ва ҷойгоҳашро дар биҳишт боло мебарад, анҷом диҳад. Расули Худо (с) фармуданд: «Нотавону хор бод касе, ки моҳи Рамазон фаро расад ва ӯ [бидуни ин ки тавба кунаду омӯрзиш бихоҳад] онро сипарӣ кунад ва бахшида нашавад». (Ривояти Тирмизӣ)
Ва даҳ шаби охири Рамазон тоҷи ин моҳ ва хулосаву асоси он мебошад, ки ибодат дар онҳо бартару болотар аз тамоми шабҳои сол мебошад, ва дар ин даҳа шаби Қадр вуҷуд дорад; ва мустаҳаб аст ки дар он Қуръон бештар тиловат шавад. Ибни Раҷаб (раҳ) мегӯяд: «Вақтҳои писандида – монанди моҳи Рамазон, махсусан шабҳое, ки дар онҳо шаби Қадр ҷустуҷӯ мешавад, дар он шабҳо мустаҳаб аст,ки вақтро ғанимат шумурда, Қуръон зиёд тиловат шавад».
Шабе, ки Аллоҳи мутаол тамоми Қуръони маҷидро бар осмон аввал фуруд оварад,
{إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ}
Тарҷума: «Мо [Қуръонро] дар шаби Қадр нозил кардем».
Шаби мубораке, ки хайри он зиёд мебошад, Аллоҳи мутаол фармуд:
{وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ}
Тарҷума: «Ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист?», шабе ки дорои мақоми басо волову ҷойгоҳи бузурге мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ}
«Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем».
Шабе, ки ибодат кардан ва касби аҷру подош, дар он бартару беҳтар аз ибодати ҳазор моҳ дар ғайр аз он аст, як тасбеҳ гуфтан дар он чунон аҷру подоше дорад, ки наметавон миқдору андозаи онро тахмин зад ва ё аҷру подоши онро дарк намуд, ва як ракъат дар он ба монанди ибодати чандин сол мебошад, ва ҳар кас дар он тавфиқ амали некро пайдо намуд ба ростӣ, ки ба баракати бисёр бузурге даст ёфтааст, гӯё ки умри тӯлонӣ ба ӯ дода шудааст, ки дар он машғул ба тоату ибодат будааст.
Шабест, ки Аллоҳи мутаол дар он умури бандагони Хешро файсала додааст ва ҳукми Хешро бар онҳо нозил медорад, ва дар он тақдир як соли комил аз умри онҳоро менависад, ва ба фариштагони нависандаи он ҳукм мекунад, ки тақдири як сол то интиҳои онро дар Лавҳи маҳфуз бинависанд, аз ончӣ, ки шомили умри бандагон ва ризқу рӯзии онҳо мегардад, Аллоҳи мутаол мефармояд:
{يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ * أَمْراً مِّنْ عِندِنَا}
Тарҷума: «Дар он [шаб] ҳар [гуна] коре [ба таври] устувор файсала меёбад, [ин] корест [ки] аз ҷониби мо [сурат мегирад]».
Шабе, ки сабаби баракати он, нузул фариштагон бар замин зиёд мешавад,
{تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمْرٍ}
Тарҷума: «Дар он [шаб] фариштагон бо Рӯҳ (Ҷабраил (а)) ба фармони Парвардигорашон барои ҳар коре [ки муқаррар шудааст] фуруд оянд».
Ва ҳамроҳи фариштагон баракату раҳмат фуруд меояд, ҳамон тавре, ки ҳангом тиловати Қуръон ва ҳалқаҳои ёди Аллоҳ фуруд меоянд, ва болҳои хешро барои толиби илм ҷиҳати бузургдошти ӯ ва ризоят аз амалаш паҳн менамоянд.
Зинда доштани шаби Қадр ҳамроҳ бо тасдиқ ва имон доштан ба аҷру подоши он: баробар бо бахшида шудани тамоми гуноҳон мебошад. Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар кас шаби Қадрро бо имон ва тасдиқи он зинда нигоҳ дорад гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида хоҳад шуд» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) ва зинда нигоҳ доштани он бо намоз хондан, дуо, зикр, ёди Аллоҳ ва истиғфор мебошад, ва ҳар кас аз хайру баракати шаби Қадр маҳрум бимонад пас ӯ аз ҷумлаи маҳрумон аст. Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Дар он – яъне Рамазон– шабест, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст, ҳар кас аз хайри он маҳрум гардад ба дурустӣ, ки маҳрум аст». (Ривояти Аҳмад)
Ва ба хотири ҷойгоҳи волои қадр, Расулуллоҳ (с) талош ба ёфтану дарки он карда, ёрони худро бар он ташвиқ менамуд ва эҳтимоли вуҷуди он дар шабҳои витру тоқ бештар аст. Ва аз [нишонаҳои] шиддати талоши Расули Худо (с) барои дарку ёфтани шаби қадр ин аст ки эшон як бор даҳ рӯзи ахири даҳ шаби аввалро дар масҷид эътикофнишинӣ карданд,сипас даҳ шаби мобайн ва дар охир фаҳмиданд,ки шаби қадр дар даҳ шаби ахири Рамазон қарор дорад, пас даҳ шаби ахирро низ эътикоф нишастанд. (Ривояти Муслим)
Ва Расулуллоҳ (с) дар ин даҳ шаб бисёр ибодат мекарданд ва дар ин даҳ шаб сахт талош бар ибодат доштанд, бештари шабро бар намоз хондан, зикру дуо ва истиғфор сипарӣ менамуданд. Оиша (р) мегӯяд: «Расулуллоҳ он гуна ки дар даҳ шаби ахир талош бар ибодат доштанд, дар шабҳои дигар ин гуна набуданд». (Ривояти Муслим)
Ва ӯ (с) дар ин даҳ шаб корҳои дунявиро кам намуда, аз [муошират бо] мардум дурӣ менамуд ва аҳли байти худро бедор менамуданд, то аз баракоту хайроти ин шабҳо баҳраманд гарданд. Оиша (р) мегӯяд: « Бо фарорасии даҳ шаби ахир Расулуллоҳ шабзиндадорӣ намуда, хонадонашро бедор мекарданд ва аз занони худ низ дурӣ менамуданд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Ва эшон (с) ҳар сол даҳаи ахири моҳи Рамазонро дар масҷиди хеш эътикоф менамуд, то шаби қадрро дарёбад, дар ҳоле ки он Ҳазрат (дуруду саломи Худо бар ӯ бод) бо ҳузури қалб ва муҳаббат тамом ҳамеша дар ҳоли ибодат буданд. Оиша (р) мегӯяд: «Расулуллоҳ (с) ҳар сол даҳ шаби ахири Рамазонро эътикоф менишастанд, то ин ки вафот карданд ва баъд аз эшон ҳамсаронашон эътикофнишинӣ мекарданд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Ва ҳангоми эътикоф, эшон аз масҷид берун намерафтанд, магар барои бароварда сохтани ниёзи зарурии як инсон, ва сарашонро аз масҷид дохили ҳуҷраи Оиша мекарданд, то ӯ онро шона намуда, мураттаб бикунад, бидуни он ки аз масҷид берун биравад. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Ва ҳадафи Расули Худо (с) аз эътикофнишинӣ, дурӣ аз корҳои дунявӣ, осудагии хотир, муноҷот бо Парвардигор ва зикру ибодати Ӯ буд.
Ва ҳар ибодате, ки дар Рамазон машрӯъ шудааст, машрӯъияти он то охирон шаби ин моҳ идома дорад ва дар даҳ шаби охир бо ҷиддияти бештаре бартару волотар мегардад. Пас, бар шахси мусулмон зарур аст ки бар даҳ шаби ахири он ҳаристар бошад ва бо рӯза гирифтан дар рӯзҳои он ва намозу қиём дар шабҳояш, махсусан бо ҷамоат, аҷру савоби волоеро ба даст оварад, чунки «Ҳар кас бо имом намоз хонда, намозашро ба поён расонад, барои ӯ подоши [ибодати] як шаби пурра навишта хоҳад шуд». (Ривояти Аҳмад)
Инчунин машрӯъ аст ки дар ин даҳ шаб чунин амалҳо анҷом дода шаванд: зикру дуои бисёр, ҳамроҳ бо пайваста тиловат кардани Қуръон, некӣ ба халқ бо анвоъи садақот, додани ифтор ба рӯзадорон, бартараф намудани ҳоҷати ниёзмандон, дидори хешовандон ва некӣ ба волидайну ҳамсоягон, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, инчунин савобу подоши умра намудан дар моҳи Рамазон баробар бо подоши як ҳаҷ ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) аст.
Ва қабл аз ҳамаи инҳо пойбанд будан ба тавбаи ростин ва пойдорӣ бар бозгашту фурӯтании қалб ба Холиқи худ ва талош бар тазкияву поксозии нафс бо мақсади ислоҳ ва пок намудани он, чаро ки ибодати зиёд бо фасоди қалб фоидае надорад ва ранҷондани ҷисм дар тоат ва хаста намудани он, замоне, ки ботин пок ва қалб солим набошад, ҳеҷ суде надорад.
Ба ростӣ, ки дар миёни гузаштагони некӯкор обидоне буданд, ки бисёр рукӯъу суҷуд мекарданд ва пойбанд ба рӯзаву намози шаб буданд, инчунин касоне буданд, ки камтар ибодат мекарданд, вале ҳамаи онҳо ба саломати қалбҳои худ таваҷҷӯҳ мекарданд ва танҳо фикру зикри онон таҳаққуқу амалишавии тавҳиди Аллоҳ ва истодан дар баробари Ӯ буд. Ибни Раҷаб (раҳ) мегӯяд: «Бештарин амали нафлии Расулуллоҳ (с) ва ёрони наздику хосси эшон дар ростои таҳорату покӣ - саломати қалбҳо ва қуввати тааллуқу робитаи он нисбат ба Парвардигорашон буд, то аз Ӯ битарсанд ва ба Ӯ муҳаббат варзанд ва Ӯро мавриди таъзиму иҷлол қарор диҳанд ва ончӣ назди Ӯстро биталабанд ва аз ғайри Ӯ дурӣ варзанд».
Ва фазилати ин даҳ шаб фақат махсуси намозгузорон нест, зеро зани ҳайзбинанда ва зане, ки нав кӯдак таваллуд кардааст, бар онон низ ҳар ибодате, ки дар он таҳорату покӣ шарт нест, машрӯъу ҷоиз аст, монанди зикру дуо, аз ёд хондани Қуръон ва дигар ибодат.
Ва баъд эй мусулмонон:
Умри инсон сармояи гаронқимати ӯст ва нафасе, ки дар вуҷуди ӯ дар ҷараён аст, агар берун равад, дубора барнамегардад ва ғафлату кӯтоҳӣ кардан дар як лаҳза аз вақти гаронмоя, чизе ба ғайр аз бохту пушаймонӣ ба ҳамроҳ надорад. Пас, дар шабу рӯзи худ дар ин даҳ шаб кӯтоҳӣ накун ва ҳарису серталаб бар ин бош ки Аллоҳи мутаол туро танҳо дар ҳоли ибодат бинад, пас, агар аз анҷоми тоати нотавон мондӣ, кӯшиш кун ки туро дар ҳолати маъсияту гуноҳ набинад, ва барҳазар бош аз анҷом додани гуноҳони кабира ва саҳлангорию бепарвоӣ дар анҷом додани гуноҳони сағира, инчунин барҳазар бош аз кӯтоҳӣ кардан дар анҷоми воҷиботу авомири илоҳӣ ва бузургтарини воҷибот баъд аз тавҳид - адои намоз дар вақташ мебошад ва аъзои бадани хешро дар ҳамаи лаҳзаҳо аз даст задан ба аъмоли ҳарому ношоиста нигаҳ дор ва дар хондани зикру дуо ва намози нофила бисёр кӯшиш кун ва каломи Парвардигоратро дӯст бидор ва онро зиёд тиловат намо.
Ва саъй кунед дуоҳое, ки аз суннати Расули акрам ҳастандро бештар бихонед, чаро ки умед ба мустаҷоб гардидани онҳо бештар аст.
Ва ҳар кас дар ибтидои ин моҳ ғафлату кӯтоҳӣ намудааст, пас,[бидонад ки] дарвозаи баҳрамандӣ ва ҷуброни ончӣ аз даст рафтааст, ҳанӯз кушода аст. Пас, аз Аллоҳ талаби истиъонату ёрӣ намо ва оҷиз намон ва кӯтоҳию танбалӣ ва ба таъхир андохтани умурро аз худат дур нигоҳ дор ва ба сӯи амали нек дар ончӣ аз ин моҳ боқӣ мондааст, шитоб кун, зеро шояд битавонӣ бо ин кор ончӣ аз умратро, ки аз дасташ додаӣ, ҷуброн намоӣ.
أعوذ بالله من الشيطان الرجيم
{وَسَارِعُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ
عَرْضُهَا السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ}
Тарҷума: «Ва ба сӯйи омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште бишитобед, ки густура [паҳно]-и он [ба андозаи] осмонҳо ва замин аст [ва] барои парҳезгорон муҳайё шудааст».
Аллоҳи мутаол ба ману шумо дар ин Қуръони азимушшаън баракат ато фармояд.
Хутбаи дуюм
Аллоҳро бар эҳсону хубиҳояш ҳамду сано мегӯям ва Ӯро бар тавфиқу неъматҳояш шукргузорам ва барои таҷлил аз бузургии Ӯ, гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ба ҷуз Аллоҳ нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст ва дуруду саломи бекарони бар ӯ ва саҳобагони киромаш бод.
Аммо баъд, эй мусулмонон:
Ҳар кас ирода кард, ки суннати эътикофро зинда нигоҳ дорад, пас, бояд одоби ин маконро дар ҳифзи забону чашм риоя намояд ва дасти худро аз азияту озори дигарон боздорад ва вақти хешро ғанимат шумурда, қалбашро аз ҳама чиз холӣ намояд ва ба ибодат, зикру дуо ва истиғфор рӯ оварад ва аз ҳар сухани беҳудае дурӣ кунад, зеро ҳадаф аз эътикофнишинӣ – эътикоф кардани қалб назди Аллоҳ мебошад ва ин ки ҳамаи вуҷудаш ба сӯи Ӯ бошад ва бо Ӯ хилват кунад ва аз машғул шудан бо бандагон дурӣ намояд ва танҳо бо розу ниёз кунад, то ин ки банда шаби қадрро ҳамроҳ бо ҳузури қалб ва таваҷҷӯҳи комил дарёбад, дар ҳоле ки ӯ машғули анвоъи ибодот будааст.
Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Қуръон бихонед, ки рӯзи қиёмат он дар ҳоле меояд, ки барои хонандагонаш шафоат мекунад" (Ривояти Муслим)
Ва Худоро бисёр зикр кун ки зикр сабаби зафару пирӯзӣ аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{وَاذْكُرُوا اللَّهَ كَثِيرًا لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ}
Тарҷума: "Ва Аллоҳ таолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед"
Ва моҳи Рамазонро бо истиғфору талаби қабул гардидани аъмол ба охир бирасон ва аз қалби худ кибру ғурурро дур кун, ки он аъмоли некро ботил мекунад.
Пас, бидонеду огоҳ бошед...
[1] Ин хутба дар рӯзи 21-уми Рамазони соли 1443- и дар Масҷиди Набавӣ хонда шудааст