Собит шудани даромадани моҳи Рамазон ё ин ки пурра гаштани иддаи зан ва адади матлуб дар шоҳиди бо дидани моҳтоб ва ҳукми шоҳидии зан
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Собит шудани даромадани моҳи Рамазон ё ин ки пурра гаштани иддаи зан ва адади матлуб дар шоҳиди бо дидани моҳтоб ва ҳукми шоҳидии зан.
﴿ ثبوت الشهر برؤية الهلال أو إكمال العدة والعدد المطلوب في الشهود وحكم شهادة المرأة ﴾
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Сомонаи Ибни Боз: www.binbaz.org.sa
Мутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид
2010 - 1431
﴿ ثبوت الشهر برؤية الهلال أو إكمال العدة والعدد المطلوب في الشهود وحكم شهادة المرأة ﴾
« باللغة الطاجيكية »
موقع ابن باز: www.binbaz.org.sa
ترجمة: مصباح الدين حامد
2010 - 1431
Собит шудани даромадани моҳи Рамазон ё ин ки пурра гаштани иддаи зан ва адади матлуб дар шоҳиди бо дидани моҳтоб ва ҳукми шоҳидии зан.
Суол: Бо чи чиз дохил шудани моҳи Рамазон исбот мешавад? ва моҳро чи гуна шинохта мешавад?
Ҷавоб: Дохил шудани моҳи Рамазон бо иттифоқи тамоми аҳли илм, бо дидани моҳтоб исбот мешавад, чуноне ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Руза бидоред бо диданаш (Моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (Моҳтоб) ва агар (осмон) абрнок шуд ҳисобро бо си (руз) пурра кунед" (ривояти Муслим ва Насои) ва дар лафзи дигар омадааст ки "Руза бидоред бо диданаш (Моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (Моҳтоб) ва агар (осмон) абрнок шуд пас си руз руза бидоред" (Ривояти ибни Ҳиббон) ва дар лафзи дигар омадааст ки "Ҳисоби моҳи Шаъбонро бо си руз пурра созед" (ривояти Бухори)
Мақсад ин аст ки бо дидани моҳтоб руза дошта мешавад, ва бо дидани моҳтоб ифтор карда мешавад, ва агар бо сабабе моҳтобро дида нашавад пас воҷиб аст ки моҳи Шаъбонро бо си руз тамом кунед сипас руза бидоред ва воҷиб аст ки Рамазонро низ си руз руза бидоред сипас ифтор намоед, бо он шарт ки моҳтобро бо сабабе дида натавонед, ва дар сурати дидани моҳтоб пас мувофиқи он (диданаш) руза бидоред ва ифтор кунед.
Пас бар мусулмонон воҷиб аст ки бо дидани моҳтоб руза бидоранд, ва дидани моҳтоби моҳи Рамазон рузи сиюми моҳи Шаъбон анҷом меёбад, ва моҳи Шаъбон ноқис мешавад, сипас руза дори шуруъ мешавад, ва инчунин агар шаби сиюми моҳи Рамазон моҳтобро дида шавад ифтор хоҳанд кард бо пурра шудани бисту нуҳ руз, аммо дар сурате ки бо сабабе моҳтобро дида натавонанд пас моҳи Шаъбонро си руз пурра карда сипас руза медоранд, ва моҳи Рамазонро низ си руз пурра руза хоҳанд дошт, чигунае ки дар ҳадисҳо омадааст ҳамон хел бояд амал шавад: "Руза бидоред бо диданаш (Моҳтоб) ва ифтор кунед бо диданаш (Моҳтоб) ва агар (осмон) абрнок шуд ҳисобро бо си (руз) пурра кунед" ин ҳадис ҳам моҳи Рамазонро дар бар гирифтааст ва ҳам моҳи Шаъбонро, ва дар лафзи дигар омадааст:"….. ва агар (осмон) абрнок шуд пас си руз руза бидоред"
Ва дидани моҳтоби дохил шудани моҳи Рамазон бо дидани як шоҳид исбот мегардад, ва мувофиқи гуфтаи ҷумҳури уламо бояд шоҳид адл бошад, чуноне ки аз ибни Умар рз ривоят шудааст гуфт: ….Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод)- ро хабар кардам ки ман моҳтобро дидам, Паёмбар руза дошт ва мардумро амр кард ки руза бидоранд" (ривояти Абудовуд)
Ва дар ҳадиси дигар аз Паёмбар св ривоят шудааст ки "Бодянишине дар наздаш шаҳодат дод ки моҳтобро дидааст Паёмбар св ба у гуфт: Оё шаҳодат медиҳи ки Худо якка ва ягона аст ва ман паёмбари у ҳастам? Бодянишин гуфт: бале, сипас Паёмбар амр кард ки руза бидоред" (ривояти Тирмизи)
Ҳангоме ки шоҳиди адл моҳтоби даромадани моҳи Рамазонро бубинад руза доштан воҷиб мегардад, аммо барои баромадани моҳи Рамазон бояд ду шоҳиди адл моҳтобро бубинанд сипас тамомшавии моҳи Рамазон исбот мегардад, ва ҳамчунин дигар моҳҳо низ бо дидани ду шоҳиди адл моҳтобро исбот мешаванд, чунки аз Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) исбот шудааст ки фармуд: "Агар ду шоҳиди адл шоҳиди доданд ки моҳтобро дидаанд пас руза бидоред ё инки ифтор кунед" (ривояти Аҳмад ва Насои)
Инчунин аз Ҳорис ибни Аҳтаб ривоят шудааст ки гуфт: "Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) аз мо аҳд гирифт ки бо дидани моҳтоб ибодат (руза бидорем) кунем ва агар моҳтобро надидем ва ду шоҳиди адл шаҳодат доданд пас такя ба шаҳодати онҳо руза бидорем" (ривояти Абудовуд)
Хулосаи ҳамаи гуфтаҳо онаст ки барои баромадани ҳамаи моҳҳо бояд ду шоҳиди адл шаҳодат бидиҳанд, аммо барои даромадани моҳи Рамазон шаҳодати як шахси одил кифоят мекунад, чуноне ки дар ду ҳадиси гузашта зикр шуда буд.
Олимон ихтилоф карданд ки оё барои даромадани моҳи Рамазон шоҳидии зан баробари шоҳидии мард аст ё не?
Баъзе аз олимон гуфтанд ки агар зан одилу сиқа (боваринок дар диндорияш) бошад шоҳидияш баробари шоҳидии мард мебошад, ва баъзе олимон гуфтанд ки шоҳидии зан дар дидани моҳтоби дохил шавии моҳ қабул нест, чунки ин кор махсуси мардҳо мебошад ва мардҳо бар ин кор донотару таҷрибадортар мебошанд.