ФАЛСАФАИ НАМОЗИ ҶАМОАТ
Дастабандиҳо
Full Description
ФАЛСАФАИ НАМОЗИ ҶАМОАТ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Муҳаммадзарифи АБДУЛМАҶИД
2010 - 1431
صلاة الجماعة
« باللغة الطاجيكية »
محمد ظريف عبد المجيد
2010 - 1431
ФАЛСАФАИ НАМОЗИ ҶАМОАТ
Бе шубҳа, намоз як ибодати решадор ва амиқе мебошад, ки дар ҳамаи адён буда ва шояд кам дине вуҷуд дошта бошад, ки намоз дар он ба гунае набошад. Худованд дар Қуръони карим ва паёмбараш Муҳаммад (с) дар аҳодиси худ ба намоз, ки як асли бо арзиш ва ибодати муҳим мебошад, таъкиди фаровон намуда, аз тарки он мусулмононро бисёр сахт барҳазар доштаанд. Намоз сутун ва пояи дини муқаддаси Ислом буда, калиди биҳишти ҷовидонӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷумлаи шоистатарин амалҳо дар даргоҳи илоҳӣ мебошад.
Дар рӯзи ҷазо аввалин пурсиш аз намоз шурӯъ мешавад.
Худованд (ҷ) дар Қуръони карим мефармояд: "ман туро баргузидам, пас ба ваҳй гӯш кун: ман Худовандам ва маъбуде ҷуз ман вуҷуд надорад, пас маро парастиш кун ва намозро барои зикри ман барпо дор".
Худованд (ҷ) ин амри муҳимро дар ҳама ҳол, чӣ дар хона ва чӣ дар сафар, чӣ дар ҳолати сулҳ ё пайкор ва ахиран дар ҳама рӯйдодҳои зиндагӣ мавриди таъкид қарор додааст. Ислом вазифаи ҳар мусулмонро танҳо дар ин хулоса накардааст, ки дур аз ҷамоат ва муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунад, ба танҳоӣ ба анҷоми намоз пардозад, балки ба таври ҷиддӣ ба гузоридани намози ҷамоат, ба вижа дар масҷидҳо фаро хондааст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам (с) фармуданд: "савоби намозе, ки бо ҷамоат хонда мешавад, аз савоби намози танҳогузор бисту ҳафт маротиба зиёдтар мебошад".
Ҳузур дар намозҳои ҷамоат ҳамбастагӣ ва пайванди намозгузоронро бештар мекунад ва фавоиди зиёде дорад, ки бархе аз он ба сурати зайл аст:
а) Мусулмон вақте вориди масҷид мешавад, аз ҳар гуна бандагие ғайр аз бандагии Худованд озод буда, ба ғайр аз Худованд ба дигар кас вобастагӣ надорад. Танҳо барои Ӯ рукӯъ ва саҷда мекунад, танҳо дар муқобили Ӯ сар хам менамояд, зеро Худованд(ҷ) фармудааст: "масҷид ба Худо тааллуқ дорад, пас бо Худо ҳеҷ каси дигарро нахонед".
Дар баробари ин дар рафти намози ҷамоат ҳар муқтадӣ метавонад ба ислоҳсозӣ қиём намояд, чунончи вақте дар рафтору гуфтор ва ё дар вақти хондани намоз иштибоҳе аз имом сар занад, метавонад, балки масъул аст, ки иштибоҳи ӯро ислоҳ ва роҳнамоӣ кунад.
Дар ин маврид пиру ҷавон фақиру сарватманд ҳама яксон мебошанд.
б) Дини Ислом пайравони худро рӯзе 5-маротиба даъват мекунад, то дар ҷойи махсус ҷамъ шуда, фаризаи илоҳиро бо ҷамоат адо намоянд. Вақте мусулмонон ба масҷид меоянд, бо бародарони динии худ шинос шуда, аз аҳволи якдигар бохабар мегарданд ва дар байнашон меҳру муҳаббат афзоиши бештаре меёбад. Баробарии намозгузоронро дар сафҳо дида, ба хотири кас ин ояти карима мерасад, ки: "ҳамаи мусулмонон бародаранд".
Оре, баробарии сафҳои намоз ба бародарӣ ва якдилии намозгузорон ишора карда, ваҳдату ягонагиро дар байни мардум истеҳком мебахшад.
в) Вақте мусулмонон дар як саф дӯш ба дӯш ба ҳам пайваста бе тақсимнамоии намозгузорон ба табақаву нажод барои адои намоз меистанд, пас кадом баробарӣ аз ин комилтару болотар аст? Сарватмандон дар паҳлӯи фақирон, донишмандон дар паҳлӯи деҳқонон бе ҳеҷ гуна имтиёз дар як саф ба намоз меистанд. Дар ҳеҷ масҷиди исломӣ ин гуна қонун вуҷуд надорад, ки саффи аввал махсуси нафарони баландмартаба, саффи дуввум барои сарватмандон ва саффи саввум барои муаллимон ё донишомӯзон бошад, балки ҳамаи мусулмонон дар саффи намоз баробару бародари якдигар мебошанд ва ҳар нафар бе душворӣ инро эҳсос мекунад.
Ба сурати куллӣ, намози ҷамоат дар Ислом илова бар арзиши фикрию маънавӣ боз боиси мустаҳкамии пайвандҳо ва ваҳдати ҷомеаи башарӣ шуда, сабаби барчида шудани ихтилофоти табақотӣ ва нажодӣ мегардад.