×
Ислом дини Парвардигори оламиён аст

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ислом дини Парвардигори оламиён аст

Парвардигори ту кист?

Ин бузургтарин ва муҳимтарин саволе аст, ки инсон бояд посухи онро бидонад.

Парвардигори мо ҳамон зоте аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фурӯд овард, ки ба василаи он меваҳо ва гиёҳу дарахтон барои мо ва ҳайвонот рӯёнид.Ӯст, ки мо, падарони мо ва тамоми ҳастиро офарид, ва Ӯст, ки шабу рӯзро офарид ва Ӯст, ки шабро барои хоб ва роҳат ва рӯзро барои дарёфти ризқу рӯзӣ қарор дод.Ӯст, ки моҳу хуршед, ситора ва баҳрҳоро барои мо мусаххар гардонид, ҳамон гуна, ки ҳайвонотро барои мо ром гардонид то аз гушту шир ва пашмҳои онҳо баҳра бибарем.

Сифоти Парвардигори ҷаҳониён чист?

Худованд аст, ки тамоми ҳастиро офарид ва Ӯ Таъоло аст, ки бандагонро ба роҳи ҳақ ҳидоят мекунад ва рӯзӣ медиҳад, чораи тамоми офариниш ба дасти Ӯст, молики тамоми ҳастӣ дар ин дунё ва охират аст.Ӯ Таъоло зиндае аст, ки намемирад ва намехобад, Ӯст Парвардигоре, ки ҳар мавҷуди зинда ба фармони Ӯ пойдор аст, Ӯ Таъоло аст, ки раҳматаш ҳама чиро фаро гирифтааст ва чизе дар замин ва осмон аз Ӯ пинҳон намемонад.Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯ шунаво ва биност, болои осмонҳо ва бениёз аз махлуқоташ аст, тамоми офариниш ниёз ба Ӯ Таъоло дорад. Ӯ Таъоло дар ҳеҷ чизе аз офариниш ҳулул намеёбад, ҳамон гуна, ки ҳеҷ яке аз махлуқот дар Ӯ ҳулул намеёбад, Ӯ Таъоло поку муназзаҳ ва баландмартаба аст.Парвардигор аст, ки ин ҷаҳонро бо тамоми ин низом ва системаҳои дақиқаш офарида аст, чунончи сохтори бадани инсон ва ҳайвон, ё манзумаҳои кайҳон ва ончи атрофи мо аст, ба монанди моҳу хуршед ва ситораҳо ва дигар аҷзои он.

Ҳар чӣ ғайр аз Ӯ Таъоло парастида мешавад на суде барои худ мерасонад ва на зарар, пас чигуна барои касоне ки уро мепарастанд суд мебахшад ва ё зарарро аз онҳо дур мекунад?

Ҳаққи Худованд бар мо чист?

Ҳаққи Худованд бар бандагонаш ин аст, ки танҳо Ӯро бипарастанд ва касеро ба Ӯ шарик қарор надиҳанд, касе ва ё чизеро ғайр аз Ӯ, чи инсон бошад ва ё сангу дарахт, моҳу хуршед ва ё ситора ва ғайраро напарастанд, балки ибодатро хоси Парвардигори оламиён қарор бидиҳанд.

Ҳаққи мардум бар Парвардигорашон чист?

Ҳаққи мардум бар Худованд ин аст, ки чун агар Ӯро ибодат кунанд, Ӯ Таъоло ба онҳо зиндагии шоиста ва пур аз амн ва оромишу хушнудӣ ва ворид шудан ба биҳишти пур аз неъмат ва ҳамешагӣ ато фармояд. Агар нофармонӣ кунанд ва аз фармудаҳои Ӯ Таъоло сарпечӣ кунанд, дар зиндагии пур аз шақовату бадбахтӣ хоҳанд буд, агарчи гумон кунанд дар хӯшбахтӣ ва осоиш ҳастанд ва дар охират вориди оташ ва дучори азоби ҳамешагие мешаванд, ки роҳи бурунрафт дар он дигар вуҷуд надорад.

Мо чаро офарида шудаем ва ҳадаф аз вуҷуди мо чист?

Худованди карим огаҳ намудаанд, ки моро барои ҳадафи бузурге офаридааст, ки фақат Ӯро бипарастем ва чизеро дар ибодат бо Ӯ шарик қарор надиҳем ва маъмур шудаем, ки заминро бар асоси некӣ ва ислоҳ, обод намоем. Пас ҳар кӣ ҷуз Ӯ Таъолоро ба унвони Парвардигор ва офаридагор ибодат кунад, ҳадаф аз офариниши худро надонистааст ва ба ончи аз ҷониби Парвардигораш маъмур шудааст анҷом надодааст, ҳамон гуна, ки касе дар замин фасод кунад вазифаи худ, ки аз ҷониби Парвардигор мукаллаф шудаастро нашинохтааст.

Худовандро чигуна ибодат намоем?

Худованди бузург инсонро наёфарид то як зиндагии беҳуда ва дур аз аҳдофи муайян дошта бошад, балки аз миёни башар паёмбаронеро, ки соҳиби ахлоқи нек ва қалби пок ҳастанд барои онҳо баргузид, то ба василаи онҳо тамоми ончи, ки бандагон бояд бидонанд, чун шинохти Парвардигор, зинда шудан пас аз марг ва рӯзи ҷазоро равшан намуд.Паёмбарон ба қавмҳои худ чигунагии парастиши Худованд, тарз ва замони ибодат ва подоши он дар дунё ва охиратро баён намуданд, ҳамон гуна, ки онҳоро аз ҳалол ва ҳаром ва тарзи зиндагии дурусти хонаводагӣ огаҳ намуда ба сӯи ахлоқи нек ва дурӣ аз кирдори бад даъват менамуданд.

Кадом дин назди Худованди Мутаъол мавриди қабул аст?

Дини мавриди қабул назди Парвардигор дини Ислом аст, ҳамон дине, ки тамоми паёмбарон онро ба мардум расонидаанд ва Ӯ Таъоло низ дар рӯзи қиёмат ҷуз Ислом дини дигаре намепазирад. Пазируфтани ҳар дине аз ҷониби бандагон ҷуз дини Ислом ботил ва суде барояшон нахоҳад дошт, балки афзун бар ин сабаби бадбахтии онҳо дар дунё ва охират хоҳад буд.

Пояҳои ин дин (Ислом) ва рукнҳои он чист?

Худованд ин динро барои бандагонаш осон гардонидааст ва бузургтарин рукни он маъбуди барҳақ ва Парвардигори оламиён донистани Худованд ва имон овардан ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон ва ба рӯзи охират ва қадар аст, ва гувоҳӣ додан бар инки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва инки Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, барпо доштани намоз ва додани закот дар ҳоли расидани мол бар нисоб ва рӯза доштани моҳи Рамазон ва дар ҳоли тавоноӣ сафари Ҳаҷ кардан ба сӯи Каъба аст, ки онро Иброҳими Халил ба фармони Парвардигораш бино кардааст.Дурӣ кардан аз ҳаромкардаҳои Худованд, ба монанди: ширк, қатл, зино ва хурдани моли ҳаром. Пас агар шумо ба Аллоҳ имон овардед, фармудаҳои Ӯ Таъолоро анҷом додед ва аз ҳаром дурӣ ҷустед, шумо дар ин дунё мусалмон ва дар охират аз ҷумлаи касоне хоҳед буд, ки Худованд барояшон неъмат ва ҷовидонӣ дар биҳиштро муҳаё кардааст.

Оё Ислом дини як қавм ё нажоди хос аст?

Ислом дини Аллоҳ ва барои тамоми мардумон аст, дар ин дин касе ҷуз бо парҳезгорӣ ва амали нек бар касе бартарӣ надорад ва мардум ҳама дар ин дин баробар ҳастанд.

Мардум паёмбарон (Салому дуруди Аллоҳ бар онон бод)-ро чигуна мешиносанд?

Шинохти паёмбарон бо чанд роҳ ба даст меояд, аз ҷумла:

Ончи аз ҷониби Худованд ва барои ҳидояти мардум мегуянд мавриди қабули ақл ва фитрати солим аст, ақл ба ростии он гувоҳӣ медиҳад ва ҷуз паёмбарон касе ҳаммонанди онро намегӯянд.

Ончи паёмбарон мегӯянд барои беҳбудии дин ва дунёи мардум, салоҳи кори онҳо, бунёди тамаддун ва ҳифзи дину ақл ва молу номуси онон аст.

Паёмбарон (Салому дуруди Аллоҳ бар онон бод) барои роҳнамоии мардум ба сӯи некӣ ва ҳидоят музд ва подоше намехоҳанд, балки танҳо подоши худро аз Аллоҳ мехоҳанд.

Ончи паёмбарон овардаанд ва мегӯянд ҳақ ва яқин аст, ки шак ва иштибоҳ дар он роҳ намеёбад, ҳар паёмбаре рисолати паёмбарони пешин ва қабл аз худро тасдиқ намуда ва ба ончи онҳо даъват кардаанд, даъват мекунад.

Худованд барои исбот ва тасдиқи рисолати онҳо нишонаҳои ошкор ва мӯъҷизоти устувор ба дасти худи онҳо анҷом медиҳад то далели равшан барои сидқ ва нубуввати онҳо бошад. Дар миёни паёмбарон бузургтарин муъҷиза Қуръони Карим аст, ки барои хотамуланбиё Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст.

Қуръони карим чист?

Қуръони карим китоби Парвардигори ҷаҳониён аст, ки ба воситаи Ҷабраил (Алайҳис-салом) ба Паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст. Ҳар ончи Худованд шинохти он бар бандагонашро воҷиб донистааст, чун шинохти Худованд, фариштагон, китобҳо, паёмбарон, тақдир ва неку бади он, дар он зикр гардидааст.Қуръони Карим фарогири ибодатҳои фарзӣ ва муҳарамот, ки аз онҳо бояд барҳазар буд, ахлоқи ҳамида ва накуҳида ва тамоми умури марбут ба дину дунё ва охирати мардум аст. Қуръони Карим ҳамон мӯъҷизае аст, ки Худованд барои овардани ҳаммонанди он мардумро ба мубориза даъват намудааст. Қуръони Карим то рӯзи қиёмат ба ҳамон забон ки нозил шудааст, маҳфуз мемонад, як ҳарф аз он кам ва ё калимае аз он таҳриф нахоҳад шуд.

Далели растохез ва ҳисоби рӯзи қиёмат чист?

Оё замини хобидаро намебинед, ки ҳеҷ нишоне аз ҳаёт дар он нест, аммо чун об бар он нозил шавад гиёҳони зебое аз он мерӯяд? Пас Он касе, ки тавонист замини мурдаро зинда кунад, қодир аст мурдаро низ дубора зинда кунад.Он касе ки инсонро аз нутфае, аз оби паст офарид, қодир аст ӯро дар рӯзи қиёмат зинда созад ва мавриди ҳисоб қарор диҳад ва ба ӯ подоши муносиб диҳад, агар амалаш нек бошад подоши нек ва агар бад бошад подоши бад.Он касе ки замин ва осмону ситораҳоро офарид, тавоност, ки дубора инсонро биофаринад, зеро офариниши дубораи инсон осонтар аз офариниши осмонҳо ва замин аст.

Қиёмат чигуна рӯзе хоҳад буд?

Худованд инсонҳоро аз қабрҳо бармехезонад ва бар асоси аъмолашон бозхост мекунад, касе имон овард ва паёмбаронро тасдиқ кард ба биҳишти ҷовидонӣ, ки бузургии он ба зеҳни инсон намерасад ворид мешавад, ва ҳар касе куфр варзад ба оташе андохта мешавад, ки азоби ҳамешагии он берун аз тасаввури инсон аст. Чун инсон вориди биҳишт ё дӯзах шавад дигар маргро намечашад, ё то абад дар хушӣ ва неъмат хоҳад буд, ё дар азоб.

Агар шахсе бихоҳад Ислом бипазирад бояд чи кор кунад? Оё расм ва оини вижае аст, ки бояд анҷом диҳад ва ё афроди муаяйн ба ӯ иҷозат диҳанд?

Агар касе донист, ки Ислом дини ростин ва аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст, пас бояд ҳарчи зудтар онро бипазирад, зеро шахси хирадманд чун ҳақ барояш ошкор шуд бояд ба сӯи он бишитобад ва онро ба таъхир наандозед.Барои касе, ки мехоҳад Ислом бипазирад расм ва оини хосе вуҷуд надорад, ҳамон гуна, ки ҳузури афроди муаяйн аз шартҳои он нест, аммо агар дар ҳузури шахси мусулмон ё дар марказҳои исломӣ сурат бигирад беҳтар аст, вагарна басанда аст, ки бигӯяд: "Гувоҳӣ медиҳам, ки нест илоҳи барҳақ магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст" ва бо донистани маънои он ва имон овардан ба он мусалмон мешавад. Сипас дигар аҳкоми исломро меомӯзад то битавонад ончи Аллоҳ барояш воҷиб гардонидааст анҷом диҳад.

Ислом дини Парвардигори оламиён аст

Парвардигори ту кист?

Сифоти Парвардигори ҷаҳониён чист?

Ҳаққи Худованд бар мо чист?

Ҳаққи мардум бар Парвардигорашон чист?

Мо чаро офарида шудаем ва ҳадаф аз вуҷуди мо чист?

Худовандро чигуна ибодат намоем?

Кадом дин назди Худованди Мутаъол мавриди қабул аст?

Пояҳои ин дин (Ислом) ва рукнҳои он чист?

Оё Ислом дини як қавм ё нажоди хос аст?

Мардум паёмбарон (Салому дуруди Аллоҳ бар онон бод)-ро чигуна мешиносанд?

Қуръони карим чист?

Далели растохез ва ҳисоби рӯзи қиёмат чист?

Қиёмат чигуна рӯзе хоҳад буд?

Агар шахсе бихоҳад Ислом бипазирад бояд чи кор кунад? Оё расм ва оини вижае аст, ки бояд анҷом диҳад ва ё афроди муаяйн ба ӯ иҷозат диҳанд?