×
Туфайл ибни Амри Давсӣ, яке аз бузургони маъруфи қабилаи Давс аст, ки дар давраи ҷоҳилият аз шӯҳрат ва номоварии хоссе дар байни мардум бархурдор буд. Ва ӯ яке аз саҳобагони бузургворе буд, ки дар аввалҳои даъвати Паёмбар (с) исломро қабул кард.

    Зиндагиномаи ҳазрати ТУФАЙЛ ИБНИ АМРИ ДАВСӢ (Худованд аз ӯ рози бод)

    سيرة طفيل بن عمر الدوسي رضي الله عنه

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таълиф: Абдурраҳмон Раъфатпошо

    تأليف: عبد الرحمن رأفت الباشا

    —™

    Тарҷумаи форсӣ аз: Абдулҳақ АТИД

    ترجمة إلى الفارسية: عبد الحق عطيد

    Баргардон ва таҳияи матни тоҷикӣ аз

    Абдулҳалим ОРИФӢ

    إعداد حروف الطاجيكية: عبد الحليم عارفي

    Туфайл ибни Амри Давсӣ, яке аз он сарон ва бузургони маъруфи қабилаи Давс аст, ки дар давраи ҷоҳилият аз шӯҳрат ва номоварии хосе дар миёни мардум бархурдор буданд.

    Суфраи ин марди далер ва саховатпеша барои ҳамагон паҳн ва дарвозааш ба рӯи мусофирон ва меҳмонон ҳамеша боз буд.

    Вай ба гуруснагон таъом ва ба бепаноҳон паноҳ ва ба мустамандон кӯмак медод ва дар паҳлӯи ин ҳама сифатҳои нек адиби номвар ва шоири баландовоза ва соҳиби эҳсоси дақиқ буд. Ҳарфҳояш ширини ва ҳаловати хос дошт. Дар баробари некон сухани нарм ва дар баробари бадхоҳон табъи дурушт ва сухани талх дошт.

    Туфайл диёри худ Тиҳомаро ба қасди сафар ба Макка тарк гуфт. Дар он вақт муборизаи шадиде дар миёни ҳазрати Расули Худо ва мушрикони Макка дар ҷараён буд ва ҳар яке аз тарафайн саъй бар он доштанд, то барои худ пайравонро ҷалб ва барои ҳизби хеш мардумонро касб намоянд.

    Ҳазрати Расулуллоҳ (с) мардумро ба имони ба Худо ва дини ҳақ даъват мекард ва куффори Қурайш бо ҳама имконот ва василае, ки доштанд, саъй менамуданд то мардумро аз сар ниҳодан ба дини ҳақ боз доранд. Туфайл дарёфт, ки ба сурати нохудогоҳ вориди ин саҳнаи корзор шудааст. Чун вай ба қасди ин мактаб наёмада буд ва аз мавзӯи Муҳаммад ва кашмакаши вай бо Қурайш огоҳӣ надошт.

    Ва аз ин ҷост, ки дар миёни Амри Давсӣ дар иртибот ба ин мубориза достон аст, фаромӯш ношуданӣ ва мо акнун ба ин достони вай, ки хеле шигифтангез аст, гӯш фаро медиҳем:

    Туфайл саргузашти ислом овардани худро чунин ҳикоят мекунад:

    - Вақте ба Макка расидам, ҳамин ки сарони Қурайш аз қудумам ба ин шаҳр иттилоъ ёфтанд ба истиқболам шитофта ва хушомадед гуфта ва мақдамамро гиромӣ доштанд ва беҳтарин ҷойро барои буду бошам тахсис доданд.

    Ва баъд сарони Қурайш пиромунам ҷамъ шуданд ва гуфтанд: Эй Туфайл, ту ба диёри мо ташриф овардӣ, вале ҳуш дор аз ин шахсе, ки иддаъои нубувват намудааст. Ин шахс ҳамаи умури моро дарҳам барҳам сохта ва ҷамъияти моро парешон намуда ва ваҳдати моро аз байн бурдааст. Ва мо аз он бим дорем, ки ҳарфҳои ин шахс дар ту асар карда ва сабаби аз байн бурдани раёсати ту шуда ва дар миёни қавми ту тафриқа иҷод кунад ба гунае, ки ҳарфҳои вай сабаби дарди сарҳои шадид дар миёни мо гардидааст. Ва бо дар назардошти ин хатарҳо набояд ба ҳарфҳои вай гӯш дод ва суханони вайро бовар кард, чун ҳарфҳояш сеҳр дорад ва дар шунаванда чунон асар мегузорад, ки писарро аз падар ва бародарро аз бародар ва занро аз шавҳар ҷудо менамояд.

    Туфайл изофа мекунад:

    -Ишон пайваста ин гуна ҳарфҳоро бо обу тоби хос ба ман ҳикоят намуданд ва афъол ва кирдорашро тавре бароям бозгӯ карданд, ки ногузир тасмим гирифтам, ки ба ин шахс наздик нашавам ва ҳарфе аз вай нашнавам ва сухане бо вай нагӯям.

    Чун субҳ шуд ва ба Масҷидулҳаром рафтам, то Каъбаро тавоф кунам ва аз бутҳои он табаррук ҷӯям, лизо пунбаро бар гӯшам ниҳодам, то мабодо ҳарфе аз Муҳаммад ба гӯшам расад ва дар ман асар гузорад.

    Чун дохили масҷид шудам, дидам, ки Муҳаммад машғули намоз хондан аст ва шеваи намоз хондани вай аз мо фарқ дорад ва ибодати вай комилан бар хилофи ибодати мост. Ин манзари вай маро хуш омад ва ибодаташ дар ман эҳсоси тозае офарид ва худро чунон ёфтам, ки дорам оҳиста – оҳиста ба вай наздик мешавам, то он ки комилан худро дар ҷавори вай ёфтам ва иродаи Худованд ба он рафта буд, ки баъзе ҳарфҳои вай дар гӯшам раҳ ёбад. Ин ҳарфи вай мавриди писандам воқеъ шуд ва бо худ гуфтам: Эй Туфайл модарат дар азоят нишинад! Туро чӣ шудааст? Ту марде ҳастӣ шоир ва адиб ҳусну қубҳи калом бар ту нек маълум аст, туро чӣ шудааст, ки ба ҳарфҳои ин шахс гӯш фаро намедиҳӣ, то бишнавӣ, ки вай чи мегӯяд… Агар ҳарфҳояш мавриди писандат воқеъ шуд, даъваташро бипазир ва агар ҳарфҳояш зишт буд, ӯро ба ҳоли худаш гузор ва ба роҳи худ бирав!

    Туфайл гуфт: Баъд диранг кардам, то он ки Ҳазрати Расули Худо намози худро адо кард ва ба сӯи хонааш равон шуд. Ман дар пайи ӯ ба роҳ афтодам то он ки чун дохили хонааш гардид, ман низ аз ақиби вай дохили хонааш шудам ва гуфтам: Эй Муҳаммад, қавмҳоят ба ман аз ту чунин ва чунон гуфтанд ва то ҳаде туро бароям бад муаррифӣ намуданд, ки тасмим баон гирифтам, ки пунбае дар гӯши худ ниҳам ва ҳарфҳои туро нашнавам. Вале иродаи Худованд баон рафта буд, ки андаке аз ҳарфҳоят ба гӯшам расид ва ман ҳарфҳоятро ширин ёфтам. Ту даъвататро ба ман тақдим намо, бубинам, ки даъвати ту аз мо чи мехоҳад. Ҳазрати Расули Худо даъвати худро ба вай тақдим дошт ва он гоҳ сураи Ихлос ва сураи Фалақро ба вай қироат намуд, қасам ба Худо, ки ман ҳеҷ гоҳ ҳарфе ба чунин ширинӣ ва ҳаловат, то он дам аз ҳеҷ кас нашунида будам ва ҳеҷ амреро одилонатар аз адолати вай наёфтам. Дар чунин фурсат дасти худ ба вай дароз намудам ва калимаи шаҳодат Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммадур Расулуллоҳ бар забон овардам ва ба ин тартиб ба дини муқаддаси Ислом мушарраф шудам.

    Баъд муддатеро дар Макка ба сар бурдам ва дар давоми он худро ба амри Ислом ошно сохтам ва бахше аз сураҳо ва оёти Қуръонро ҳифз кардам. Вақте тасмими бозгашт ба диёр ва қавми худро гирифтам, гуфтам: Эй Расули Худо, ман шахсе ҳастам, ки хешовандон ва қавмам ҳарфҳоямро мешунаванд, мехоҳам ба назди онҳо баргардам ва ишонро ба Ислом даъват кунам. Бароям аз Худованд бихоҳ, ки нишона бароям бибахшад, то маро дар амри ин даъват ёрӣ диҳад. Ҳазрати Расули Худо (c) фармуданд: Худоё барояш нишона ато кун.

    Ман Маккаро ба қасди диёри хеш тарк кардам ва чун ба навоҳии диёри худ ва ҷойҳое, ки наздик ба қабилаам буд, расидам, нуре мисли чароғ дар пеши чашмам тобид, бо худ гуфтам: Худоё ин нишонаро дар ғайр аз чеҳраам қарор деҳ, чун аз он тарсам, ки қавмам ин нишонаро гумони уқубати Аллоҳ бар ман, ки дар натиҷа тарки дини аҷдодиам бошад, надонанд.

    Ҳамин буд, ки Худованд ин нурро дар сари тозиёнаам гузошт, ки ба шакли қандил дар нӯги тозиёнаам медурахшид, дар ҳоле, ки ман аз фарози баланде поин меомадам, мардум ин шӯъларо ба чашми сар тамошо мекарданд.

    Падарам, ки марди кӯҳансоле буд, ба истиқболам омад, ба вай гуфтам: Падар, худро аз ман дур дор, ту падари ман ва ман писари ту нестам.

    Гуфт: Фарзандам чаро, чӣ пеш омадааст?

    Гуфтам: Ба далели ин, ки ман мусалмон шудаам ва пайравии дини Муҳаммад (с) намудаам. Падарам гуфт: Ҷони падар, дини ман дини туст. Гуфтам: Бирав ғусл кун ва либоси тоза бипӯш ва баъд наздам биё, то туро дарс ва таълимоти дини ҷадид биёмӯзам. Ҳамон буд, ки падарам рафт ва ғусл кард ва либоси тоза ба тан намуд ва баъд омад ва исломи худро арз дошт ва мусалмон шуд.

    Баъд ҳамсарам омад ва ба ӯ гуфтам. Худро аз ман дур дор, ман ба ту ва ту ба ман пайванде надорӣ.

    Ҳамсарам гуфт: Чаро? Падар ва модарам фидоят, чаро чӣ пеш омадааст?

    Гуфтам: Ислом дар миёни ману ту ҷудоӣ афгандааст, ман мусалмон шудам ва пайравии дини Муҳаммад намудаам.

    Ҳамсарам гуфт: Дини ман дини туст, гуфтам: Бирав ва бо об Зушари ғусл кун. (Зушари номи бути қабилаи Давс аст ва дар пиромуни он обе аз кӯҳ фурӯ мерезад).

    Ҳамсарам гуфт: Падар ва модарам фидоят. – Оё аз ин бим надорӣ, ки Зушари ба атфоламон осебе нахоҳад расонд?

    Гуфтам: Худованд ту ва Зишароро ҳалок созад… ба ту гуфтам, ки дар он ҷо бирав ва дур аз мардум ғусл намо ва ман кафолат медиҳам, ки ин санги безабон ва гунг наметавонад ба касе зиён ва осебе расонад. Вай рафт ва ғусл кард ва баъд омад ва Исломро ба вай арза намудам, вай низ мусалмон шуд.

    Баъд ҳама афроди қабилаи Давсро ба ин оини ҷадид даъват намудам. Ҳамаи ишон дар қабули ин оин диранг ва монеъагӣ намуданд. Магар Абуҳурайра, ки бидуни ҳеҷ навъ шакку тардид ин оинро пазируфт ва мусалмон шуд.

    Туфайл изофа намуда мегӯяд: Баъд ҳамроҳ бо Абуҳурайра ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) ба Макка омадам. Ҳазрати Паёмбар (с) бароям гуфт:

    Туфайл чӣ фаъолиятҳое анҷом додӣ?

    Гуфтам: Дилҳои мардумро пардаи ҷаҳл фаро гирифта ва дар куфри шадид ба сар мебаранд ва фисқу исён бар қабилаи Давс ғалаба ёфтааст.

    Ҳазрати Расули Худо (с) аз ҷой бархост ва вузу намуд ва намоз хонд ва даст ба сӯи осмон баланд кард. Ҳазрати Абуҳурайра гуфт: Ҳазрати Расули Худо даст ба сӯи осмон баланд кард, аз он тарсидам, ки бар алайҳи қавмам дуъои бад мекунад ва ҳама ҳалок мешаванд

    Бо худ гуфтам: Вой бар ин қавми ман

    Аммо Ҳазрати Расули Худо (с) ба дуои хайр оғоз намуда гуфт: Аллоҳуммаҳдӣ Давсан … Аллоҳуммаҳди Давсан, Аллоҳумаҳдӣ Давсан.

    Худоё, қабилаи Давсро ҳидоят фармо, Худоё, қабилаи Давсро ҳидоят фармо, Худоё, қабилаи Давсро ҳидоят фармо.

    Ва баъд рӯ ба сӯи Туфайл намуд ва гуфт:

    Ба сӯи қавми худ баргард ва бо онҳо бо нармӣ муомила намо ва ишонро ба дини Ислом даъват кун.

    Туфайл мегӯяд: Ман то вақте ки Ҳазрати Расули Худо ба сӯи Мадина ҳиҷрат кард ва ҷанги Бадр ва Уҳуд ва Хандақро пушти сар ниҳод, пайваста дар миёни қавми худ будам ва онҳоро ба Ислом даъват мекардам. Ва вақте ба ҳузури Паёмбар (c) омадам, аҳли ҳаштод хона аз Давс маро ҳамроҳӣ намуданд, ки ҳамаи онҳо ба Ислом рӯ оварда ва исломдориашон хуб шуда буд. Ҳамон буд, ки Ҳазрати Расули Худо аз мо сахт хушҳол ва масрур гардид ва аз ғаниматҳои Хайбар, ки ба дасти мусалмонон фатҳ шуда буд, барои мо саҳми зиёде дод. Гуфтам:

    Эй Расули Худо, дар ҳар ҷанг, ки ба роҳ меандозӣ, моро дар дасти рости худ қарор деҳ ва калимаи «Мабрур»-ро шиори мо гардон… (Мабрур – тоаташ пазируфта шуда) Туфайл мегӯяд: Аз он рӯз ба баъд ҳамроҳ бо Расули Худо будам, то он ки Худованд ба дасти мубораки вай Маккаро фатҳ кард ва баъд гуфтам: Эй Расули Худо (с) маро ба Зулкаффайн бифирист, то онро оташ занам… Ҳазрати Расул (с) ба вай иҷоза дод. Ҳамон буд, ки вай ҳамроҳ бо дастаи амалиётӣ аз қавми худ ба қасди ин матлаб ба роҳ афтод. Чун ба он ҷо расид ва хост, ки Зулкаффайнро оташ занад, занону мардон ва кӯдакони зиёде перомунаш ҷамъ шуданд ва интизори онро доштанд, ки ҳатман зарар ва осебе аз сӯи ин бут ба вай хоҳад расид. Аммо Туфайл ба ин бут рӯй овард ва дар дили он оташро барафрӯхт ва ин абётро замзама мекард.

    Эй Зулкаффайн, ман аз парастандагони ту нестам. Таваллуди мо пеш аз таваллуди туст.

    Ман оташро дар дили ту барафрӯхтам.

    Ҳамин ки оташ ин бутро дар худ фурӯ кашид ва онро сӯзонд, ҳамроҳ бо он бақоёи ширк нобуд шуд ва ҳама қабилаи Давс ба Ислом гаравид ва исломдориашон беҳбуд ёфт.

    Баъд аз он Туфайл ибни Амри Давсӣ пайваста дар хидмати Ҳазрати Расули Худо буд, то он ки Ҳазрати Паёмбар (с) ба ҷавори раҳмати ҳақ пайваст.

    Баъд аз вафоти Ҳазрати Паёмбар вақте хилофат ба ёри маҳбубаш Абубакри Сиддиқ такя кард, Туфайл худ ва шамшер ва фарзандашро дар ихтиёри халифаи Расули Худо гузошт. Вақте ҷангҳо ба роҳ афтод, Туфайл ҳамроҳи фарзандаш Амр дар пешопеши лашкари ислом ба ҷанги Мусайлимаи Каззоб берун шуд. Ва дар асное, ки вай ба сӯи Ямома равон буд, хоб дид ва онро ба ёронаш ҳикоят намуд ва гуфт: Ман хобе дидам ва онро бароям таъвил кунед!

    Ёронаш гуфтанд: чӣ хоб дидаӣ?

    Гуфт: Хоб дидам, ки сарам тарошида ва паррандае аз даҳонам берун шуд ва зане маро дар шиками худ фурӯ бурд ва фарзандам Амр дар ҷустуҷӯи ман талош меварзид, аммо дар миёни ман ва вай ҳоиле ба вуҷуд омад ва маро ёфта натавонист. Ёронаш гуфтанд: Хоби нек аст… Туфайл гуфт:

    Аммо ман ин хобро таъвил намудаам ва он ин ки: Тарошидани cарам ба мафҳуми он аст, ки сарам қатъ мешавад.

    Ва аммо ин парранда, ки аз даҳонам берун шудааст, рӯҳи ман аст ва аммо ин зан, ки маро дар шиками худ фурӯ бурд, иборат аз замин аст, ки онро бикананд ва маро дар он дафн созанд ва орзуям ин аст, ки маргам ба шаҳодат буда бошад.

    Ва аммо ин ки фарзандам дар паи ҷустуҷӯи ман аст, мафҳуми инро дорад, ки вай низ дар паи ҷустуҷӯи шаҳодат аст, ки ман дар талаби он ҳастам ва иншоаллоҳ баъд аз ман вай ин дараҷаро дархоҳад ёфт.

    Дар ҷанги Ямома ҳазрати Туфайл, ин саҳобии бузург шаҳомат ва қаҳрамонии аҷибе аз худ нишон дод ва саранҷом дар майдони корзор ба дараҷаи рафъи шаҳодат ноил гардид.

    Аммо фарзандаш Амр пайваста меразмид, то он ки захмҳои зиёд бардошт ва дасти росташ қатъ шуд ва ба Мадина бозгашт. Ва падар ва дасти рости худро дар Ямома пушти сар ниҳод.

    Ва дар даврони хилофати Ҳазрати Умари Форуқ, вакте Амр ибни Туфайл ба ҳузури халифа даромад, барои халифа таом оварданд ва мардумон дар назди вай нишаста буданд.

    Халифа касонеро, ки наздаш омада буданд, ба таъом даъват намуд. Ҳама бар суфраи нон ҷамъ шуданд, ба истиснои Амр ибни Туфайл, ки худро гӯша гирифт. Ҳазрати Умари Форуқ ба ӯ гуфт: Чаро гӯша гирифтӣ ва бар сари суфраи нон намеоӣ?

    Шояд ба хотири надоштани даст эҳсоси хиҷолат намудаӣ.

    Гуфт: Бале, эй амирулмӯъминин.

    Халифа гуфт: Қасам ба Аллоҳ, ки аз ин нон нахоҳам чашид, то ба дасти қатъшудаат онро бо ҳам наёмезӣ. Қасам ба Худо, дар миёни ҷамъи мо ба ҷуз ту ҳеҷ як нахоҳад буд, ки бархе аз аъзояш дар биҳишт бошад. Ҳадафаш ин буд, ки дасти қатъшудаи вай дар биҳишт аст.

    Орзуи шаҳодат пайваста дар фикру ҳуши Амр буд ва аз замоне, ки падарашро аз даст дод, ин орзуро дар хаёли худ мепарваронид, то он ки дар ҷанги Ярмук ҳузур ёфт ва баъд аз муқовимат ва пойдории камназире ба дараҷаи рафъи шаҳодат ноил гардид. Ва муждаеро, ки падараш ба вай дода буд, дарёфт.

    Худованд Туфайл ва фарзандаш Амрро ғарқи раҳмати бепоёни худ созад.