×
Ин мақола гирифташуда аз китоби "Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро", ки муаллифаш Д. Умар Сулаймон Ашқар аст, мебошад, ва ин қисми китоб дар бораи Рӯҳ ва нафс аст.

    Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ҳафтум: Рӯҳ ва нафс

    القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم السابع: صفة الروح والنفس

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар

    تأليف: عمر سليمان الأشقر

    —™

    Таҳия: Мусъаб Ҳамза

    إعداد: مصعب حمزة

    Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ҳафтум: Рӯҳ ва нафс

    Мабҳаси аввал: Таъриф ва баён

    Барои касе ки дар умури инсон баъд аз марг пажуҳише анҷом диҳад, зарур аст тасвире аз руҳро ки баъд аз марг хушҳол мешавад ё азоб мебинад тарсим намояд. Яъне инки чи будани руҳро баён кунад, оё руҳ кайфияте дорад? Оё руҳ ҷузъи бадан аст ё чизе ҷудо аз ҷисму бадан? Агар чизе ғайр аз ҷисм аст дар куҷо сакан гузидааст? Оё рӯҳ махлуқ ва ҳодис аст? Оё рӯҳ воҳид аст ё мутааддид ва мутакассир? Оё арвоҳ мемиранд ва марги онҳо чи гуна аст? Маҳали онҳо дар барзах куҷо аст? Оё дар олами барзах ба ҳаводис ва рӯйдодҳои ҷаҳон илм ва огоҳӣ доранд?

    Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳе, ки тадбиркунанда дар умури ҷисму бадан мебошад ҳамон рӯҳе аст, ки бо марги инсон аз ҷасад берун меравад ва ҳангоми ҳаёт дар даруни вай дамида шуда ва ҳамон нафсе аст, ки дар охирин рамақи ҷон ба парвоз дармеояд. (Рисолатул ақли ва руҳ. Маҷмуаи Аррасоил алмунирия: 2\36)

    Қатъан ононе, ки рӯҳ ва нафсро ду мавҷуди ҷудо аз ҳам медонанд, роҳи савобро пеш нагирифтаанд ва дучори иштибоҳ шудаанд. Бо каме тааммул дар нусуси гузашта мутаваҷҷеҳ мешавем, ки нафс ҳамон чизе аст, ки фариштагон дар вақти марг онро мегиранд ва ба осмонҳо мебаранд ва боз онро ба ҷасад бармегардонанд ва аз он савол мешавад ва ӯ ҳам хӯшҳол мегардад ва азоб мебинад, бино ба ин аҳодиси Ҳазрати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳамон рӯҳе аст, ки ҳангоми берун рафтан аз ҷасад чашм ба суи у назар намуда фуру баста мешавад.

    Ва ин офарида ё махлуқе, ки зиндагӣ бадон мунаввар аст ва бо фуқдони он зиндагӣ низ аз байн меравад, ҳамон рӯҳ ё нафс аст. Албатта истеъмоли рӯҳ ё нафс ё исмҳои дигар барои ин мавҷуд мониъе надорад.

    Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳ ва нафс аз маонии мутааддиде таъбир мекунанд, рӯҳ ба ҳавое ки вориди бадан мешавад ё аз он хориҷ мешавад итлоқ мегардад. Ҳамчунин рӯҳ ба бухоре, ки аз лулаҳои холии қалб берун меояд ва ба сурати моддаи тақрибан сиёҳранг дар рагҳо ҷараён пайдо мекунад истеъмол мешавад, ки пизишкон онро рӯҳ мегуянд ва ба рӯҳ ҳайвоне шуҳрат дорад. Ин ду мафҳум бо мафҳуми аз рӯҳ, ки ҳангоми марг аз бадан берун меравад ва онро нафс ҳам меноманд, фарқ дорад. Манзур аз нафс зот ва айн аст ва бархе мавоқиъ барои хун ҳам истиъмол мешавад, масалан фуқаҳо мегуянд: бархе аз мавҷудот хуни ҷорӣ надоранд ва бархеи дигар хуни онҳо ҷорӣ аст. Ин ду мафҳум аз нафс бо маънои рӯҳ яке нестанд. (Рисолаи Алақл ва руҳ)

    Илова бар ин калимаи рӯҳ ба ҳазрати Ҷибраил (а) низ гуфта мешавад:

    ﴿نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ ١٩٣﴾ [الشعراء : ١٩٣]

    “Ҷибраил онро фуруд овардааст”.

    (Сураи Шуаро ояти 193)

    Бар Қуръон низ итлоқ мегард:

    ﴿وَكَذَٰلِكَ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ رُوحٗا مِّنۡ أَمۡرِنَاۚ ٥٢﴾ [الشورى: ٥٢]

    “Ҳамон гуна, ки ба пайғамбарони пешин ваҳй кардаем, ба ту низ ба фармони Худ ҷонро ваҳй кардаем”.

    (Сураи Шуро ояти 52)

    Шореҳи “Ақидаи Таҳовия” чунин назар медиҳад, ки рӯҳ ва нафс ҳар чанд, ки ба ин латифаи рабония итлоқ мегарданд аммо нафс ба таври ағлаб вақте ба кор меравад, ки рӯҳ муттасил ба бадан бошад ва вақте аз бадан ҷудо шавад аксаран ба он рӯҳ гуфта мешавад. (Шарҳи Ақидаи Таҳовия, 444)

    Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳ ба лиҳози инки тадбиркунанда дар умури ҷисму бадан мебошад, нафс гуфта мешавад ва ба ин лиҳоз, ки латиф аст рӯҳ номида мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки бодро рӯҳ меноманд ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    (الرِّيحُ مِنْ رُوحِ اللَّهِ)

    "Бод аз рӯҳи Худованд аст". Яъне аз рӯҳе, ки Худованд онро халқ намудааст” (Рисолатул ақли ва рӯҳ. Маҷмуаи Аррасоил алминбария: 6\37)

    Мабҳаси дуввум: Оё рӯҳ кайфияти маълуме дорад?

    Аз ин ҷиҳат, ки рӯҳ назире дар олами ҳастӣ надорад мо наметавонем онро табйин ва авсофашро таъриф кунем. Бинобар ин ҳикмат аст, ки Худованд барои баёни он аз гузораҳҳое чун боло рафтан ва поён омадан ва дидан ва шунидан ва сухан гуфтан истифода мекунад.

    Албатта чунин сифоте махсуси аҷсоми физикӣ ҳастанд, суъуд ва нузул ва самъ ва басари рӯҳ барои мо маъруф ва маълум намешавад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо хабар медиҳад, ки рӯҳ ба сӯи осмонҳо суъуд мекунад ва баъд ба тарафи қабр бармегардад. Ҳамчунин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаааст, ки рӯҳ хӯшҳол мешавад ва азоб мебинад ва бетардид ин неъмат багунае нестанд, ки мо ба кайфияти он илм ва огоҳӣ пайдо кунем.

    Мабҳаси сеюм: Истиқлоли рӯҳ аз бадан

    Гурӯҳе аз мутакаллимини мубтадиъ аз Ҷаҳмия ва Муътазила бар ин боваранд, ки рӯҳ ҷузъе аз аҷзои бадан ё сифате аз сифоти бадан аст. Монанди қавли касоне, ки мегуянд: Рӯҳ ҳамон нафс ва рӯҳе аст, ки дар бадан ҷараён дорад ва бархе дигар мегуянд: Рӯҳ иборат аст аз ҳаёт, мизоҷ ё худи бадан ва ҷисм. (Маҷмуи фатовои Шайхулислом Ибни Таймия)

    Машоиёни аз фалосифа бар ин боваранд, ки нафс баъд аз ҷудо шудан боқӣ мемонад аммо нафсро ба сифоти ботиле сифат медиҳанд ва мегуянд: Рӯҳ вақте аз бадан ҷудо мешавад ба ақл мубаддал мегардад. Ақл ҳам назди онҳо муҷарради аз модда ва пайвандҳои моддӣ аст ва модда ҳам ҷисм аст ва ақл назди онон вуҷӯде мустақил ва ҷудо аз бадан дорад ва муттасиф ба ҳаракат ва сукун намешавад ва қатъан аҳволи он таҷдид намегардад.

    Ҳар ду гурӯҳ дар мавриди рӯҳ роҳи иштибоҳеро паймудаанд. Мутакаллимини мубтадиъаи мазмум, ки қоил ба ҳаёт ва мизоҷ ва бадан будани рӯҳ ҳастанд, бисёре аз онҳо мункири азоб шуданд ва мегуянд: Дар олами барзах рӯҳе вуҷуд надорад то азоб бубинад ё аз неъматҳо баҳра бибарад, то дар ниҳоят нусуси воридшуда дар ин мавридро рад мекунанд.

    Фалосифае, ки гумон мекунанд рӯҳ баъд аз ҷудо шудан аз бадан ба ақл табдил мешавад, мегуянд: Рӯҳ вақте аз бадан ҷудо шуд ҳеҷ ҳолате аз аҳвол барояш таҷаддуд намеёбад, яъне афъол ҳодисае монанди дидан ва шунидан ва донистан ва сурур ва нороҳатӣ ва ғайра аз он сар намезанад ва эҷод намешавад, балки барои ҳамеша бар як ҳолат боқӣ мемонад, ҳамон гуна, ки назди онҳо ақл ва нафс дорои чунин ҳолат ва кайфияте ҳастанд.

    Гурӯҳи дигаре аз фалосифа рӯҳро бо сифоти воҷибулвуҷуд муттасиф мекунанд ва мегуянд: Рӯҳ на дохили бадан аст ва на хориҷ аз он, на муғоир бо бадан аст ва на дохил дар он, на мутаҳаррик аст на сокин, на суъуд мекунад ва на поён меояд ва ҷисм ва арз ҳам нест. (Маҷмуаи фатовои Шайхул Ислом)

    Иллати асосии иштибоҳи ин ду гурӯҳ эътимод кардан бар ақл ва поярезӣ кардани мақоиси дунявӣ дар масоили ғайбӣ ва ухравӣ мебошад, ки бо чунин чизҳое қобили миқёс ва тафаккур нестанд. Гурӯҳи аввал мункири вуҷӯди рӯҳи мустақил аз бадан ҳастанд ва ин дар воқеъ такзиб ва нафйи нусуси мутавотир аст ва инкори заруриёти динӣ ба ҳисоб меояд ва гурӯҳи дуввум яъне фалосифаи машоийин ва касоне, ки ҳомии дидгоҳи онон ҳастанд. Ҳарчанд ба истиқлоли рӯҳ аз бадан имон доранд аммо чун рӯҳро аз ҷинси бадан намедонанд ва онро мухолифи ҳамаи мавҷудоти зоҳирии дигар мепиндоранд, ба чунин ҳолот ва ҳаракоте, ки дар нусус нақл шудааст бовар надоранд. (Маҷмуаи фатовои Шайхул Ислом 3\31)

    Бинобар асли тадвиншудаи онҳо таъриф ва тасвири рӯҳ бар асоси он хеле сахт ва душвор ва ҳатто номумкин аст. Таъбирот ва қиёси онҳо қодир ба тасвир кашидан аз рӯҳ нест ва бетардид Худованд касонеро, ки аз Худо ва Расул иҷобат карданд ва ба гуфтаҳои Худо ва Паёмбараш имон оварданд ҳидоят намудааст ва онон бар ин ақидаанд, ки рӯҳ ҷисме аст ба эътибори моҳият аз ин ҷисми моддӣ ва маҳсус мутағойир аст ва он ҷисме аст нуронӣ, улувӣ, хафиф ва мутаҳаррик ва монанди ҷараёни об дар гулоб ё равған дар зайтун ва оташ дар зуғол ва дар аъзо монанди об дар дарахт ҷараён дорад.

    Пас то замоне, ки ин бадан тавони таҳаммули рӯҳро дошта бошад рӯҳ дар он зиндагӣ мекунад ва осор ва натоиҷро ҳам аз роҳи бадан ба бор меоварад ва ҳаракот эҷод менамояд, вале агар бадан фосид шуд ва тавони таҳаммулро надошт рӯҳ ба парвоз дармеояд ва аз қабули чунин осор ва ҳаракате сар боз мезанад ва ба сӯи олами барзах ба парвоз дармеояд.[1]

    Дар аснои мабоҳиси гузашта далоили зиёдеро аз Қуръон мабнӣ бар инки рӯҳ мавҷуде мустақил ва ҷудо аз бадан аст баён кардем:

    ﴿وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٩٣﴾ [الانعام: ٩٣]

    “Фариштагон дастҳои худро (ба сӯи онон) дароз кардаанд (ва бар биногушашон тапонча ва бар пушташон тозиёна мезананд ва мегуянд: агар метавонед аз ин азоби илоҳӣ) хештанро бираҳонед”

    (Сураи Анъом ояти 93)

    ﴿وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ يَتَوَفَّى ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَضۡرِبُونَ وُجُوهَهُمۡ وَأَدۡبَٰرَهُمۡ ٥٠﴾ [الانفال: ٥٠]

    “Агар бубини (эй Паёмбар ҳавл ва ҳаросу азоб ва иқоберо, ки ба кофирон даст медиҳад) бадон гоҳ, ки фариштагон ҷони кофиронро мегиранд ва сару сурат ва пушту рӯи ононро (аз ҳар сӯ) мезананд ва (ба эшон мегуянд): азоби сӯзон (аъмоли бади худ) ро бичашед”.

    (Сураи Анфол ояти 50)

    ﴿ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلۡأَنفُسَ حِينَ مَوۡتِهَا وَٱلَّتِي لَمۡ تَمُتۡ فِي مَنَامِهَاۖ فَيُمۡسِكُ ٱلَّتِي قَضَىٰ عَلَيۡهَا ٱلۡمَوۡتَ ٤٢﴾ [الزمر: ٤٢]

    “Худованд арвоҳро ба ҳангоми марги инсонҳо ва дар вақти хоби инсонҳо бармегирад. Арвоҳи касонеро, ки фармони марги ононро содир карда аст нигоҳ медорад”.

    (Сураи Зумар ояти 42)

    ﴿فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ٨٣ وَأَنتُمۡ حِينَئِذٖ تَنظُرُونَ ٨٤﴾ [الواقعة: ٨٣، ٨٤]

    "Пас чаро ҳангоме, ки ҷон ба гулӯгоҳ мерасад, (тавони бозгардондани онро надоред?!) ва шумо дар ин ҳол менигаред".

    (Сураи Воқеа ояти 83 - 84)

    ﴿كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ ٢٦ وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ ٢٧ وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ ٢٨ وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ٢٩ إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ ٣٠﴾ [القيامة: ٢٦، ٣٠]

    “Чунин нест, ки гумон мебаранд. Ҳангоме, ки ҷон ба гулӯгоҳ бирасад. (Аз тарафи ҳозирон ва атрофиён саросема ва даступочаи ӯ, оҷизона ва маъюсона) гуфта мешавад: оё касе ҳаст, ки (барои наҷоти ӯ) афсун ва таъвизе бинависад?! Ва (муҳтазар) яқин пайдо мекунад, ки замони фироқ фаро расида аст. Соқи пое ба соқи пое мепечад ва пойҳо ҷуфти якдигар мегардад. Дар он рӯз рондани (ҳамагон) ба сӯи Парвардигорат хоҳад буд”.

    (Сураи Қиёмат ояти 26 - 30)

    Чизе, ки гирифта мешавад ва ба ҳалқум мерасад ва фариштагон онро мегиранд бояд ҳақиқат дошта бошад ва аз бадан мустақил бошад.

    Ривоётеро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) доир бар инки фариштаи марг рӯҳро қабз мекунад ва фариштагон онро дар кафане аз кафанҳои биҳишт ё дӯзах мегузоранд ва сипас ба сӯи осмонҳо боло бурда мешавад, агар некукор ва солеҳ бошад дарҳои осмон ба рӯяш боз мешаванд ва агар бадкор бошад дарҳо баста мешаванд. Сипас рӯҳ ба ҷасад баргардонда мешавад, мавриди савол қарор мегирад, хушҳол мешавад ва азоб мебинад ва арвоҳи шуҳадои муъминон бар дарахтони биҳишт овезон карда мешаванд ва вақти қабзи рӯҳ чашмҳо онро дунбол мекунанд. Ин нусус ва нусуси фаровони дигар, ки ба таври маҷмуъ далолаткунанда бар ин матлаб ҳастанд, ки рӯҳ мавҷуди мустақил ва ҷудо аз аҷсод аст ва баъд аз муфориқат барои ҳамеша боқӣ ва мондагор мемонанд.

    Мабҳаси чорум: Маҳали истиқрори рӯҳ дар бадан

    Рӯҳ дар сар то сари бадани инсон ҷараён дорад. Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳ ба ҳеҷ ҷои бадан ихтисос надорад, балки монанди ҳаёт ва зиндагӣ дар тамоми бадан ҷараён дорад. Чун зиндагӣ машрут ба рӯҳ аст, то замоне рӯҳ дар ҷасад бошад ҷасад зинда аст ва ҳаргоҳ аз ҷасад ҷудо шуд зиндагӣ ва ҳаёт низ ҷасадро раҳо месозад. (Рисолаи Алақл ва рӯҳ, Маҷмуаи Расоили мунирия (3\47)

    Мабҳаси панҷум: Рӯҳ махлуқ аст

    Гурӯҳе аз фалосифа бар ин ақидаанд, ки рӯҳ ғайри махлуқ ва қадим ва азалӣ аст, аммо аз зоти илоҳӣ ҷудо аст. Хулоса дар мавриди рӯҳ ҳамон ақидаро багрузидаанд, ки дар мавриди ақл ва нафс гирифта буданд.

    Гурӯҳҳои дигаре, ки рӯҳро фаришта медонанд аз пайравони ҳамин ниҳла ҳастанд.

    Гурӯҳи дигаре аз занодиқаи ин уммат ва гумроҳони аз мутакаллимин ва мутасаввифин ва аҳли бидъат бар ин ақидаанд, ки рӯҳ аз зоти Худованд аст. Бинобар гуфтаи Ибни Таймия ин гурӯҳ аз гурӯҳи гузушта хеле бадтар ва хатарноктар ҳастанд, зеро ин гурӯҳ инсонро ба ду бахш, лоҳутӣ, ки рӯҳ аст ва носутӣ, ки ҷасад аст, тақсим кардаанд. (Маҷмуи фатовои Шайхул Ислом: 4\222)

    Воқеият ин аст, ки рӯҳ бино ба далоили фаровон махлуқ ва мубтадиъ аст:

    1- Иҷмоъ:

    Шайхул Ислом Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳи инсон ба иттифоқи уммат ва аимаи салаф ва қотибаи аҳли Суннат ва Ҷамоат махлуқ ва мубтадиъ аст. Бузургони фаровоне чун Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ, имоми маъруф ва машҳуд, ки дар замони худ аз ҳар касе ба ихтилоф ва иҷмоъи уммат огоҳтар ва хабиртар буд, ин иҷмоъро нақл кардааст.

    Ҳамчунин Абумуҳаммад ибни Қутайба дар китоби “Аллуқат” перомуни махлуқ будани рӯҳ мефармояд: Ҳамаи мардум иттифоқ доранд, ки Худованд офаридагори биҳишт ва ба вуҷӯд оварандаи насими (рӯҳ) аст.

    Дар ин маврид аз Абуисҳоқ пурсиданд, эшон ҳам дар ҷавоб фармуд: Касе ки ба роҳи рост ҳидоят ёфта бошад, дар ин маврид шакке надорад. Сипас дар идома мефармояд: Рӯҳ ҷузъи махлуқот аст, гурӯҳҳои фаровоне аз уламо ва машоих дар ин бора сухан гуфтаанд ва дидгоҳи мухолифи махлуқ буданро рад ва ботил сохтаанд.

    Ҳофиз Абуабдуллоҳ ибни Манда дар ин бора китобе ба номи “Рӯҳ ва нафс” ба риштаи таҳрир дароварда ва аҳодис ва осори зиёде дар ростои масъалаи мавриди баҳсро баён фармудааст. Илова бар эшон теъдоди зиёде аз аима монанди: Имом Муҳаммад ибни Марвазӣ, Шайх Абуяъқуби Хаззор, Абуяъқуб Аннаҳр Ҷаврӣ, қозӣ Абуяъло дар ин бора китоби ҷудо будани рӯҳ аз ҷасад қаламфарсоӣ кардаанд ва ба шиддат бар мухолифини ин ақида тозидаанд, махсусан ба сӯи касоне, ки дар бораи ҳазрати Исо (а) муътақид ба ваҳдати рӯҳ ва ҷисм будаанд бо шиддат инкори худро равона сохтаанд, Ва махсусан дар бораи рӯҳи ғайри ӯ, чигунае ки имом Аҳмад дар китобаш (Рад бар зиндиқҳо ва ҷаҳмиҳо) зикр кардааст. (Маҷмуи фатовои Шайхул Ислом: 4\216)

    2 - Китоб ва Суннат

    Далоили фаровоне аз китоби Худо ва суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мабнӣ бар махлуқ будани рӯҳ зикр шудаанд, масалан:

    ﴿قُلِ ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ ١٦﴾ [الرعد: ١٦]

    “Бигу! Худо офаринандаи ҳама чиз аст”.

    (Сураи Раъд ояти 16)

    Шориҳи Ақидаи Таҳовия бо истинод ба ин оят мефармояд: ин оят ом аст ва тамоми ашёъро дар бар мегирад.

    ﴿هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡ‍ٔٗا مَّذۡكُورًا ١﴾ [الانسان: ١]

    “Оё (ҷуз ин аст, ки) муддати замоне бар инсон (дар шиками модар, ба гунаи нутфа ва ҷанин) гузаштааст ва он чиз қобили зикр ва шоистаи таваҷҷуҳ набудааст?!”.

    (Сураи Инсон ояти 1)

    ﴿قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞ وَقَدۡ خَلَقۡتُكَ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ تَكُ شَيۡ‍ٔٗا ٩﴾ [مريم: ٩]

    “Фармуд: (матлаб) ҳамин гуна аст (ки паём дода аст). Парвардигори ту гуфтааст ин кор барои ман (ки Худоям ва аз ҳеҷ, ҳама чизро офаридаам ва аз ҷумла худи) туро, ки қаблан ҳеҷ набуди, ҳастӣ бахшидаам, осон аст”.

    (Сураи Марям ояти 9)

    Қатъан инсон иборат аз рӯҳ ва бадан аст ва дар ояти 9 сураи Марям Худованд маҷмуи рӯҳ ва бадани ҳазрати Закариёро мавриди хитоб қарор додааст. Ибни Таймия мефармояд: Инсон иборат аст аз маҷмуи рӯҳ ва бадан, ҳатто ихтисоси инсон бештар ба рӯҳ аст то ҷасад, чун бадан мураккаби рӯҳ аст. Ҳамон гуна, ки Абудардо мегуяд: Яқинан рӯҳ маркаби баданам аст, агар бо он ба нармӣ рафтор кунам маро ба мақсаде мерасонад ва агар дар ҳақи он шиддат ба харҷ диҳам маро ба мақсад намерасонад.

    Ибни Манда ва дигарон аз ҳазрати Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд, ки то миёни рӯҳ ва бадан ихтилоф бошад хусумат ҳам то рӯзи қиёмат идома хоҳад дошт, рӯҳ ба ҷисм мегуяд: Ту буди, ки корҳои бадро анҷом доди ва бадан ҳам дар ҷавоб ба рӯҳ мегуяд: Ту маро ба анҷоми корҳои бад амр карди. Онгоҳ Худованд фариштаеро ба манзури ҳалли ихтилоф миёни рӯҳ ва бадан мефиристад, фаришта чунин қазоват мекунад: Мисоли (рӯҳ ва бадан) монанди ду инсон аст, ки яке аз онҳо фоқиди даст ва по ва замингир аст ва дигаре нобино, ин ду вориди боғе мешаванд ва дар он боғ яке, ки фоқиди дасту по аст меваеро болои дарахте мебинад ва хитоб ба дигари мегуяд: ман меваеро мебинам аммо тавони ба онҷо баромаданро надорам. Нобино мегуяд: Ман метавонам ба ин дарахт боло равам, аммо меваро намебинам. Шахси замингир мегуяд: Манро бар пушти худ савор кун то он меваро бичинам. Нобино ӯро бар пушти худ савор мекунад ва ӯ бино ба ҳидоят ва роҳнамоии замингир меваро аз болои дарахт мечинад. Онгоҳ фариштаи қозӣ мегуяд: Кадом як аз ин ду нафар муҷрим ҳастанд? Рӯҳ ва бадан мегуянд: Ҳар ду муҷрим ҳастанд. Фаришта мегуяд: Пас шумо дуто низ ҳамин ҳолатро доред ва ҳарду муҷрим ҳастед. (Маҷмуи фатовои Шайхул Ислом: 4/222)

    3 - Дар ростои ин баҳс ривоёти зиёде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мабнӣ бар инки арвоҳ қабз мешаванд ва дар кафанҳо ва хушбӯҳое, ки фариштагон ба ҳамроҳи худ доранд, гузошта мешаванд. Сипас ба сӯи осмонҳо бурда мешаванд ва дар ниҳоят азоб дода мешаванд ё аз неъматҳо баҳра меҷӯянд. Ҳамаи ин авзоъ ва аҳвол барои мавҷудоти махлуқ ва ҳодис ба кор мераванд на қадим ва азалӣ.

    4 - Агар арвоҳ махлуқ ва мутараббӣ намебуданд ҳаргиз ба рубубияти Парвардигор эътироф намекарданд, аммо замони тааҳҳуд гирифтан аз арвоҳи инсонҳо Худованди муттаол хитоб ба арвоҳ фармуд:

    ﴿وَإِذۡ أَخَذَ رَبُّكَ مِنۢ بَنِيٓ ءَادَمَ مِن ظُهُورِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَأَشۡهَدَهُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَلَسۡتُ بِرَبِّكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ شَهِدۡنَآۚ أَن تَقُولُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّا كُنَّا عَنۡ هَٰذَا غَٰفِلِينَ ١٧٢﴾ [الاعراف: ١٧٢]

    (Эй Паёмбар! Барои мардум баён кун) ҳангоме ки Парвардигорат фарзандони Одамро аз пушти одамизодагон (дар тули асрҳо ва қарнҳо) падидор кард ва (ақл ва идрок ба онон дод то аҷоиб ва ғароиби гетиро дарёбанд ва аз рӯи қавонин ва суннани муназзам ва шигифтангез, ҳастии Худои худро бишносанд ва билохира бо хондани далоили шинохти яздон дар китоби боз ва густардаи ҷаҳон, ингор Худованди субҳон) эшонро бар худашон гувоҳ гирифтааст (ва хитоб ба онон фармудааст) ки: оё ман Парвардигори шумо нестам? Онон (ҳам) ба забони ҳол посух дода ва) гуфтаанд: оре”.

    (Сураи Аъроф ояти 172)

    Бинобар ин чун Худованд рабби арвоҳ аст, бояд арвоҳ мутарабӣ ва махлуқ бошанд.

    5 - Агар арвоҳ махлуқ набошанд, насоро дар ибодати Исо ва улуҳият пиндоштанаш мавриди маломат қарор намегиранд.

    6 - Агар руҳ ҳодис ва махлуқ намебуд дохили дӯзах намешуд ва азоб намедид ва аз Худованд маҳҷуб намешуд ва дар бадан пинҳон намегашт ва дар ихтиёри фариштаи марг қарор намегирифт, тавсиф намешуд, мавриди муҳосаба қарор намегирифт, ибодат намешуд, наметарсид ва намеҳаросид, ҳоло онки арвоҳи муъминон медурухшанд ва арвоҳи кофирон монанди зуғол сиёҳ мешаванд. (Маҷмуаи фатово: 4\220)

    Мабҳаси шашум: Шубҳаи қоилин ба махлуқ набудани рӯҳ

    (Шубҳаи аввал)

    Муътақидон ба ғайри махлуқ будани рӯҳ ба далоили зер истинод мекунанд, масалан ояти:

    ﴿وَيَسۡ‍َٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِۖ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنۡ أَمۡرِ رَبِّي وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ إِلَّا قَلِيلٗا ٨٥﴾ [الاسراء: ٨٥]

    (Аз ту эй Муҳаммад!) дар бораи рӯҳ мепурсанд (ки чист). Бигу: рӯҳ чизе аст, ки танҳо Парвардигорам аз он огоҳ аст (ва хилқате асроромез ва сохтмоне муғоир бо сохтмони модда дорад ва уъҷубаи ҷаҳони офариниш аст. Бинобар ин ҷои шигифт нест агар ба ҳақиқати пай набаред). Чаро, ки ҷуз дониши андаке ба шумо дода нашудааст, (ба илми шумо инсонҳо бо таваҷҷуҳ ба густураи кулли ҷаҳон ва илми ло ятаноҳии Худованди субҳон қатрае ба дарё ҳам нест”.

    (Сураи Исро ояти 85)

    Ин шубҳа бо чанд далел рад мешавад:

    Аввал: Манзур аз рӯҳ дар оят рӯҳи инсон нест, балки рӯҳ исми фариштае аст, чун Худованд мефармояд:

    ﴿يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ ٣٨﴾ [النبا: ٣٨]

    “Дар он рӯзе, ки Ҷибраил ва фариштагон ба саф меистанд”

    (Сураи Набаъ ояти 38)

    ﴿تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ ٤﴾ [المعارج: ٤]

    “Фариштагон ва Ҷибраил ба сӯи Ӯ (пар мекашанд ва) боло мераванд”.

    (Сураи Маориҷ: 4)

    “Фариштагон ва Ҷибраил дар он шаб бо иҷозаи Парвардигорашон паёпай (ба кураи замин ва ба сӯи парастишгарон ва ибодаткунандагони шабзиндадор) меоянд барои ҳар гуна коре”.

    (Сураи Қадр ояти 4)

    Ин тафсир ва тавҷеҳ назди уламои салафи уммати исломӣ маъруф ва машҳур будааст.

    Дуввум: Агар рӯҳро ҳамон рӯҳи одамӣ тафсир кунем, ҳамон тавр, ки ҷамъе аз уламои салаф ба он қоил ҳастанд, боз ҳам дар оят далиле бар махлуқ будани рӯҳ ва инки ҷузъе аз зоти Худованд аст, вуҷуд надорад. Ҳамон тавр, ки мегуянд: ин порча аз ҷинси он либос аст, балки ҳадафи оят ин аст, ки рӯҳ ба Худо мунтасаб аст чун бар асоси дастури Худованд эҷод шудааст. Амр дар Қуръон бархе маворид дар сурати масдар ва дар мавоқеи дигар ба унвони мафъул истиъмол мешавад ва дар ҳар ду сурат ба мафҳуми дастур додашуда ба кор меравад:

    ﴿أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ ١﴾ [النحل: ١]

    “Фармони Худо расидааст, пас (масхаракунон нагуед, ки агар рост мегуед, ки қиёмате ҳаст аз Худо бихоҳед ҳарчи зудтар азоби онро бинамоёнад! Истиҳзокунон) онро ба шитоб мехоҳед”.

    (Сураи Наҳл ояти 1)

    Мумкин аст калимаи “мин من” дар ояти 58 сураи Исро барои ибтидои ғоят бошад. Албатта ҳамон тавр, ки “من” барои интиҳои ғоят ба кор меравад, дар маъно баёни ҷинс ҳам истеъмол мешавад, масалан ҷумлаи “باب من الحدید дарвозае аз оҳан” барои баёни ҷинс ва ҷумлаи “خرجت من مکة аз Макка берун шудам” барои интиҳои ғоят ба кор рафтаст. Бинобар ин ҷумлаи “من امر ربی” дар ҷинсият ва ҷузъияти насс нест, балки мафҳум интиҳои ғоятро баён мекунад, яъне рӯҳ аз амри Худованд шакл гирифта ва аз вай содир шудааст. Имом Аҳмад ҳам вақте дар тафсири оят мефармояд: “Рӯҳ ҳам аз амри Парвардигор аст”, ба ин мафҳум ишора дорад.

    Ояти 13-и сураи Ҷосия ва 53-и сураи Наҳл ин матлабро барои маонии “من” таъйид мекунад, Худованд мефармояд:

    ﴿وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا مِّنۡهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ ١٣﴾ [الجاثية: ١٣]

    “Ва ончи, ки дар осмонҳо ва ончи, ки дар замин аст ҳамаро аз ноҳия худ, мусаххари шумо сохтааст”.

    (Сураи Ҷосия ояти 13)

    ﴿وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ٥٣﴾ [النحل: ٥٣]

    “Ончи аз неъматҳо доред ҳама аз сӯи Худо аст”.

    (Сураи Наҳл: 53)

    Агар тамоми чизҳои мусаххаршуда ва неъматҳо дар ҳоле, ки аз ҷониби Аллоҳ ҳастанд, вале бахше азони зоти поки муқаддас намебошанд, метавон бо сароҳат эълом кард, ки Исо (а) ҳар чанд рӯҳи Худост, вале ҳаргиз бахше аз зоти Худованд набуда ва нест. (Барои огоҳии бештар ба китоби Маҷмуи фатово 4\226 нигоҳ кунед)

    Шубҳаи дуввум:

    ﴿وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي ٢٩﴾ [الحجر: ٢٩]

    “Ва аз рӯҳи мутааллиқ ба Худ дар ӯ дамидам. (барои бузургдошт ва дурудаш).

    (Сураи Ҳиҷр ояти 29)

    “Ва мо аз рӯҳи мутааллиқ ба Худ дар вай дамидем”.

    (Сураи Анбиё ояти 91)

    Мегуянд: Худованд дар ин ду оят рӯҳро ба худаш нисбат додааст, пас рӯҳ аз Худо аст ва бахше аз зоти Ӯ мебошад.

    Шориҳи Таҳовӣ дар мавриди ин ишкол мефармояд: Бояд бидонем, ки изофа кардан ва нисбат додан ба Худованд ду навъ ҳастанд:

    Навъи аввал: Сифоте ҳастанд, ки қоим ба зоти худ нестанд, монанди: илм, қудрат, калом, самъ ва басар ва ғайра, изофаи чунин сифоте изофаи сифат ба мавсуф аст, масалан илми Худо ё қудрати Худо ва сифоти дигар.

    Навъи дуввум: Нисбат додан ва изофа кардани аъён ва аҷсоме, ки мунфасил аз зоти Худованд ҳастанд, монанди: изофа кардани хона, шутур, банда ва расул дар оёти зайл ба зоти Худованд:

    ﴿نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا ١٣﴾ [الشمس: ١٣]

    “Фиристодаи Худо (Солеҳ) ба эшон гуфт: коре ба шутури Худо надошта бошед ва ӯро аз навбати обаш бознадоред”.

    (Сураи Шамс ояти 13)

    ﴿تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ ١﴾ [الفرقان: ١]

    “Воломақом ва ҷовид касе аст, ки фурқон, (яъне ҷудосозандаи ҳақ аз ботил) ро бар бандаи худ (Муҳаммад) нозил кардааст”.

    (Сураи Фурқон ояти 1)

    ﴿وَطَهِّرۡ بَيۡتِيَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلۡقَآئِمِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ ٢٦﴾ [الحج : ٢٦]

    “Ва хонаамро барои тавофкунандагон ва қиёмкунандагон ва рукуъкунандагон ва саҷдабарандагон (аз вуҷуди бутон ва мазоҳири ширк аз ҳар гуна олудагии зоҳирӣ ва маънавии дигар) тамйииз ва покиза гардон”.

    (Сураи Ҳаҷ ояти 26)

    Ин изофа, изофаи махлуқ ба холиқ ва ҳадафи он танҳо ташриф ва тахсис аст.

    Мабҳаси ҳафтум: Анвоъи нафс

    Худованд ба мо хабар додааст, ки нуфус ба се даста тақсим шудаанд:

    1 - Нафси Аммора

    2 - Нафси Лаввома

    3 - Нафси Мутмаина

    ﴿إِنَّ ٱلنَّفۡسَ لَأَمَّارَةُۢ بِٱلسُّوٓءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّيٓۚ ٥٣﴾ [يوسف: ٥٢]

    “Чаро, ки нафси (саркаш табиатан ба шаҳавот мегарояд ва зиштиҳоро тазйин менамояд ва мардумонро) ба бадиҳо ва нобакориҳо мехонад, магар нафси касе, ки Парвардигорам ба ӯ раҳм намояд (ва ӯро дар канафи ҳимояти худ мусавван ва маҳфуз фармояд).

    (Сураи Юсуф ояти 53)

    ﴿وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ ٢﴾ [القيامة: ٢]

    “Ва ба нафси сарзанишгар савганд! (ки пас аз марг зинда мегардид ва растохез ҳақ аст).

    (Сураи Қиёмат ояти 2)

    ﴿يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ ٢٧ ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةٗ مَّرۡضِيَّةٗ ٢٨ فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي ٢٩ وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي ٣٠﴾ [الفجر: ٢٧، ٣٠]

    “Эй инсони осудахотир (ки дар партави ёди Худо ва парастиши Аллоҳ, оромиш ба ҳам расонидаи ва ҳам инак бо кулаи боре аз андухтаи тоат ва ибодот, дар инҷо оромидаи)! Ба сӯи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле, ки ту (аз кардаи худ дар ҷаҳон ва аз неъмати охирати Яздон) хушнуди, ва (Худо ҳам) аз ту хушнуд (аст). Пас дар зумраи бандагони (хоси) Ман дарой. Ва ба биҳишти ман дохил шав”.

    (Сураи Фаҷр ояти 27\30)

    Албатта манзур ин нест, ки ҳар инсон се нафсро доро бошад, балки манзур ин аст, ки ин се, сифот ҳолоте ҳастанд, ки мумкин аст бо дар назар гирифтани шароит барои зоте ориз шаванд, масалан ҳаргоҳ ҳавасҳои нафс бар инсон ғалаба кунанд ва нафс муртакиби гуноҳ ва маосӣ шавад, нафси аммора дуруст мешавад ва агар баъд аз гуноҳ тавба ва пушаймонӣ сурат гирад, нафси лаввома эҷод мешавад, чун инсонро бар анҷоми гуноҳ маломат мекунад ва дар иртикоби гуноҳ ва анҷоми ҳасанот дучори шак ва тардид мешавад. Аммо нафси мутмаина дар сурате аст, ки муҳаббат ба хайр ва майл ба ҳасанот ва дурӣ аз шар ва бадиҳо ба малака ва ахлоқи росихе дар бадан табдил шуда бошанд. (Шарҳи Таҳовия)

    Шориҳи Таҳовия баъд аз баёни анвоъ ва ақсоми нуфус мефармояд: Ҳақиқатан ин нафсҳо барои як инсон ориз мешаванд, яъне нафси инсонӣ дорои се ҳолат мебошад, ибтидо инсонро ба анҷоми гуноҳ дастур медиҳад сипас агар имон биояд нафси лаввома дуруст мешавад ва баъд аз иртикоби гуноҳ инсонро муҳокама ва сарзаниш мекунад ва агар имон қувват бигирад ба нафси мутмаина мубаддал мегардад. (Шарҳи Таҳовия: 445)

    Мабҳаси ҳаштум: Оё нафс мемирад?

    Ибни Таймия мефармояд: Бидуни тардид арвоҳ махлуқ ҳастанд ва адами фано бар онҳо ориз намешавад, вале маргашон бо ҷудоӣ аз баданҳо сурат мегирад ва ҳангоми дамидани нафхаи дуввум арвоҳ ба баданҳо бозмегарданд. (Маҷмуи Фатово 4\279)

    Шориҳи Таҳовия ин масъаларо матраҳ намуда мегуяд: Мардум дар бораи инки оё рӯҳ мемирад ё не ихтилофи назар доранд. Гурӯҳе бар ин ақида ҳастанд, ки арвоҳ мемиранд, чун онҳо нуфус ҳастанд ва ҳар нафсе чашандаи марг аст, пас рӯҳ мемирад. Агар фариштагон аз марг наҷот пайдо накунанд рӯҳ ҳаргиз наҷот пайдо нахоҳад кард. Гурӯҳи дигаре ҳам бар ин боваранд, ки арвоҳ намемиранд, чун арвоҳ барои бақо ва давом офарида шудаанд ва бадан ва ҷисм барои марг ва нобудӣ. Бино бар ин асл мегуянд: Аҳодисе, ки далолат бар дар неъмат ё азоб будани арвоҳ доранд, ҳикоят аз он доранд, ки арвоҳ аз байн намераванд.

    Дидгоҳи саҳеҳ дар ин бора ин аст, ки гуфта шавад: Мурдани арвоҳ ва нуфус яъне муфориқат ва ҷудоии онҳо аз бадан, агар манзур аз мурдани арвоҳ ва нуфус ҳамин қадар яъне хуруҷ аз абдон бошад, пас онҳо таъми маргро мечашанд ва “Ҳар нафс чашандаи марг аст” дар ҳаққи онҳо низ ҷорӣ аст. Вале агар манзур аз мурдани арвоҳ фано ва маъдум шудан ба таври куллӣ бошад дуруст нест, чун рӯҳ дар биҳишт ва чаҳаннам мондагор аст ва аз неъмат ва ё азоб баҳраманд мешавад, ҳамон гуна, ки Худованд дар Қуръон мефармояд:

    ﴿لَا يَذُوقُونَ فِيهَا ٱلۡمَوۡتَ إِلَّا ٱلۡمَوۡتَةَ ٱلۡأُولَىٰۖ ٥٦﴾ [الدخان: ٥٦]

    “Онон ҳаргиз дар онҷо марге ҷуз ҳамон марги нахустин (ки дар дунё чашидаанд ва баъд аз он зинда шудаанд) нахоҳанд чашид ва Худованд ононро аз азоби дӯзах дур ва маҳфуз доштааст”.

    (Сураи Духон ояти 56)

    Ва манзур аз ин марг ҳамон муфориқат ва ҷудоӣ аз абдон ва аҷсод аст. (Шарҳи Таҳовия, 446)

    Мабҳаси нуҳум: Ҷойгоҳи рӯҳ дар олами барзах

    Арвоҳи бандагон дар олами барзах ба лиҳози ҷойгоҳ ва манозил мутафовитанд. Бо таваҷҷуҳ ба нусуси воридшуда дар Қуръон ва Суннат мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ҷойгоҳ ва манзили инсон бино ба тақсими зайл аст:

    1 - Арвоҳи анбиё

    Арвоҳи паёмбарон дар беҳтарин манозил ва дар аълои ъилийин назди Парвардигор сакан мегузинанд. Ҳазрати Умулмуъминин Оиша (р) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар поёни умраш шунид, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (اللَّهُمَّ الرَّفِيقَ الْأَعْلَى)

    “Парвардигоро! Назди рафиқи аъло меравам” (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби рақоиқ)

    2 - Арвоҳи шаҳидон

    Арвоҳи шаҳидон зинда ҳастанд ва дар назди Парвардигор ризқу рӯзӣ мехуранд, Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمۡوَٰتَۢاۚ بَلۡ أَحۡيَآءٌ عِندَ رَبِّهِمۡ يُرۡزَقُونَ ١٦٩﴾ [ال عمران: ١٦٩]

    “Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд мурда нашумор, балки онҳо зиндаанд ба онҳо назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешавад (ва чигунагии зиндагӣ ва навъи хуроки онҳоро Худо медонаду бас).

    (Сураи Оли Имрон ояти 169)

    Масруқ аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) дар бораи ин оят савол кард, ибни Масъуд гуфт: Арвоҳи шаҳидон дар шиками парандагони сабзранге ҳастанд ва рӯи қандилҳои (лустрҳои) арш овезон мешаванд ва ба ҳар ҷои биҳишт парвоз мекунанд ва дар фазои биҳишт ба парвоз дармеоянд. (Мишкотул масобиҳ, 2\351)

    Албатта ин арвоҳи баъзе шаҳидон ҳастанд на ҳамаи онҳо, чун арвоҳи баъзе аз шаҳидон ба хотири қарзе, ки бар гардан доранд аз рафтан ба биҳишт манъ мешаванд. Дар Муснад аз Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш ривоят шудааст, ки марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Агар ман дар роҳи Худо кушта шавам чи подоште ба ман хоҳад расид? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (الْجَنَّةُ فَلَمَّا وَلَّى قَالَ إِلَّا الدَّيْنُ سَارَّنِي بِهِ جِبْرِيلُ عَلَيْهِ السَّلَام آنِفًا)

    “Биҳишт, вақте он мард рафт, Паёмбар фармуд: Албатта қарз ва бадиҳӣ монеи рафтан ба биҳишт аст, ҳамин ҳоло Ҷибраил (а) ин матлабро ба ман дар миён гузошт” [2]

    3 - Арвоҳи инсонҳои муъмин ва солеҳ

    Ба шакли парандагоне дармеоянд ва бар дарахтони биҳишт овезон мешаванд. Ҳадисе аз Абдурраҳмон ибни Каъб ибни Молик (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (إِنَّمَا نَسَمَةُ الْمُسْلِمِ طَيْرٌ تَعْلُقُ فِي شَجَرِ الْجَنَّةِ حَتَّى يُرْجِعَهَا اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ إِلَى جَسَدِهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ)

    “Арвоҳи муъминон ба сурати парандагоне, ки бар дарахтони биҳишт овезонанд дармеоянд то инки дар рӯзи қиёмат Худованд онҳоро ба аҷсодашон бармегардонад”[3]

    Тафовут миёни арвоҳи шаҳидон ва арвоҳи муъминон дар ин аст, ки арвоҳи шаҳидон дар даруни парандагон ҳастанд ва дар боғҳои биҳишт озодона ба парвоз дармеоянд ва ба қандилҳо (лустрҳо) овезон шуда ба арш паноҳ мебаранд. Вале арвоҳи муъминон дар даҳони парандагон қарор мегиранд ва танҳо аз самараҳои дарахтони баҳраманд мешаванд ва наметавонанд дар тамоми нуқоти биҳишт ба гаштугузор бипардозанд.

    Инки рӯҳи муъмин ба парандаи муаллақ дар биҳишт табдил мешавад бо ҳадиси Абуҳурайра мунофот надорад, ки дар он ҳадис нақл шудааст:

    (مَا أَطْيَبَ هَذِهِ الرِّيحَ الَّتِي جَاءَتْكُمْ مِنْ الْأَرْضِ فَيَأْتُونَ بِهِ أَرْوَاحَ الْمُؤْمِنِينَ فَلَهُمْ أَشَدُّ فَرَحًا بِهِ مِنْ أَحَدِكُمْ بِغَائِبِهِ يَقْدَمُ عَلَيْهِ فَيَسْأَلُونَهُ مَاذَا فَعَلَ فُلَانٌ؟ مَاذَا فَعَلَ فُلَانٌ؟ فَيَقُولُونَ دَعُوهُ، فَإِنَّهُ كَانَ فِي غَمِّ الدُّنْيَا. فَإِذَا قَالَ: أَمَا أَتَاكُمْ؟ قَالُوا ذُهِبَ بِهِ إِلَى أُمِّهِ الْهَاوِيَةِ)

    “Ҳангоми баланд шудани рӯҳи муъмин тавассути фариштагон ба осмонҳо, сокинони осмон мегуянд: Аҷаб рӯҳи пок ва хушбӯеро аз замин овардаед. Сипас рӯҳро назди арвоҳи муъминон мебаранд ва онҳо ҳам аз омаданаш хеле хурсанд ва хушҳол ҳастанд, зиёдтар аз хушҳолии касе ки гумкардааш ба суяш бармегардад. Пас аз ӯ мепурсанд: Фалони чи кор кард? Фалони чи кор кард? Пас мегӯянд: Ӯро бигзор, зеро ӯ дар ғами дунё буд. Пас мегӯяд: Ӯ вафот кард, оё ба назди шумо наомад? Мегӯянд: Ӯ ба дӯзах бурда шуд. (Насои, китоби “Ҷаноиз” боби “Мо ялқо биҳи алмуъмину минал каромати ъинда хуруҷи нафсиҳ” 4\8)

    Зеро рӯҳи муъмин дар биҳишт бо арвоҳи муъминони дигар мулоқот мекунад.

    4 - Арвоҳи гунаҳкорон

    Дар мабоҳиси гузашта нусусе баён шуд, ки далолат бар дар азоб будани гунаҳкорон мекард, аз ҷумлаи онҳо ҳадисе буд мабнӣ бар инки ҳар кас муртакиби дурӯғе шавад, ки осораш офоқро фаро гирад, ба василаи чангакҳои оҳанин азоб дода мешавад, ин ин чангакҳо дар манаҳи ӯ гузошта шуда ва аз пушти гардан берун оварда мешаванд ва касе, ки дар асари хоб ва ғафлат намози воҷибро тарк кунад сараш ба василаи санге куфта мешавад ва мардон ва занони зинокор дар ҳуфрае (чуқурие) монанди танур, ки даҳонаш танг ва қисмати поёнаш васеъ ва оташи даруни он равшан ва шуълавар аст, азоб дода мешаванд ва инсони риёкор дар дарёи хун шиногар мешавад ва дар соҳил касоне ҳастанд, ки ӯро бо санг сахт мавриди зарб қарор медиҳанд.

    Ҳамчунин ривоёте доир ба муаззаб будани касоне, ки аз пешоб парҳез намекунанд ва ё кори ношоистаи суханчиниро муртакиб мешаванд ва аз амволи ғанимат ва байтул мол истифода мекунанд, баён гардид.

    5 - Арвоҳи кофирон

    Дар ҳадиси ҳазрати Абуҳурайра (р) баъд аз баёни ҳоли муъмин тавзеҳоте перомуни аҳволи кофирон ва азобе, ки онҳо мавқеи хуруҷи рӯҳ бо он мувоҷеҳ мешаванд ва азобе, ки баъд аз берун рафтани рӯҳ ба онҳо мерасад, баён шуд ва дар ҳамон баҳс баён кардем, ки бӯи фавқулодаи баде аз рӯҳашон ба машом мерасад, то ба дарби замин мерасанд. Нигоҳбонони замин хитоб ба фариштагон мегуянд: Ин бӯи бад моли чи касе аст? (Насои, китоби “Ҷаноиз” боби “мо ялқо биҳи алмуъмину минал каромати ъинда хуруҷи нафсиҳ” 4\8)

    Мабҳаси даҳум: Ишкол ва ҷавоб

    Ишкол ворид мешавад мабнӣ бар инки нусуси мазкур ҳикоят аз он доранд, ки арвоҳ ба аҷсод баргардонида мешаванд ва сипас мавриди савол (Накир ва Мункар) қарор мегиранд ва баъд аз он муъминон дар неъмат ва кофирон дар азоб хоҳанд буд. Ҳоло шумо чигуна мегуед, ки арвоҳи муъминон дар биҳишт ва арвоҳи кофирон дар оташ барои ҳамеша сакан мегузинанд?

    Ибни Ҳазм дар садади ин баромадааст то аҳодиси далолаткунанда бар баргардондани арвоҳ ба абдон дар қабрро заиф ҷилва диҳад, аммо чунин нест, чун танҳо ҳадиси Зозон аз Бароъ заиф аст, дар ҳоле ки аҳодиси фаровони дигаре вуҷуд доранд, ки саҳеҳ ҳастанд ва ҳамон гуна, ки ибни Таймия мефармояд ҳатто дар бозгашти рӯҳ ба ҷасад ба тавотур ҳам расидаанд.

    Аллома ибни Таймия дар бораи татбиқи ин аҳодис мефармояд: Арвоҳи муъминон дар биҳишт ҳастанд, вале бархе мавоқеъ ба сӯи бадан бармегарданд, ҳамон тавр, ки дар олами зоҳирӣ рӯҳ дар бадан аст, вале баъзе мавоқеъ дар хоб ба осмон уруҷ мекунад. Ҳамон гуна, ки Имом Аҳмад ва бузургони дигари ҳадис мегуянд: Аҳодиси оми фаровоне далолаткунанда бар сакан гузидани рӯҳ дар биҳишт ҳастанд ва барои исботи дидгоҳи худ ба аҳодиси хоссе дар мавриди хоб истинод мекунанд. (Маҷмуи Фатово: 5\446)

    Сипас Имом аҳодисеро баён мефармояд, ки дар гузашта онҳоро нақл кардаем, махсусан ба ҳадиси Абуҳурайра (р), ки Ибни Ҳиббон онро ривоят карда истинод мекунад, дар он ҳадис ҳол ва вазъияти муъмин ва кофир баён шудааст, ки маскани худро дар биҳишт ва ҷаҳаннам мебинанд, сипас дар идома мефармояд:

    (ثُمَّ يُفْسَحُ لَهُ فِي قَبْرِهِ سَبْعُونَ ذِرَاعًا وَيُنَوَّرُ لَهُ فِيهِ وَيُعَادُ الْجَسَدُ لِمَا بُدِئَ مِنْهُ وَتُجْعَلُ رُوحه نَسَمَ طَيْرٍ يَعْلُقُ فِي شَجَرِ الْجَنَّةِ)

    “Баъд ба миқдори ҳафтод зироъ қабраш тавсеа дода мешавад ва мунаввар мегардад ва ҷасадаш ба ҳолати аввалӣ баргардонида мешавад ва рӯҳи ӯ бо арвоҳи покиза, ки дар сурати паранда муаллақ ба биҳишт аст, дар дарахти биҳишт овезон мегардад”.

    Бар асоси аҳодиси мазкур баъд аз бурдан ба осмонҳо ба баданҳо баргардонда мешаванд, сипас мавриди савол қарор мегиранд ва баъд аз он ба сурати парандагоне, ки бар дарахтони биҳишт овезон ҳастанд дармеоянд ва то рӯзи ҳашр дар ҳамин ҳолат боқӣ хоҳанд монд, ҳарчанд арвоҳ дар биҳишт ҳастанд вале бо ҷасад иртибот доранд, ҳамон тавр, ки дар ҳолати хоб дар малакути осмон ба парвоз дармеоянд ва муталлиқ ба ҷасад ҳастанд. Фаҳми ин матлаб вобаста ба ин аст, ки бидонем рӯҳ бо аҷсод ва бо мавҷудоти шинохташудаи дунявӣ тафовут дорад. Ибни Таймия баъд аз баёни ин матлаб, ки арвоҳи муъминон дар биҳишт хоҳанд буд, мефармояд: Бо ин вуҷуд ҳаргоҳ Худованд ирода кунад арвоҳ бо бадан робита барқарор мекунанд ва рӯҳ дар ин лаҳза монанди нозил шудани фаришта, зуҳури шуъоъ дар замин ва бедор шудан аз хоб мебошад. (Маҷмуи Фатово: 24\325)

    Мабҳаси ёздаҳум: Азоби барзах барои рӯҳ аст ё бадан?

    Фирқаҳои исломӣ дар ин бора дидгоҳҳои мутафовите доранд:

    1 - Аҳли суннат ва ҷамоат бар ин ақидаанд, ки азоб барои рӯҳ аст, хоҳ муттасил ба ҷасад бошад ё мунфасил. Шайхул Ислом Ибни Таймия назарияпардози Аҳли суннат мефармояд: Азоб ва неъматҳо ба иттифоқи мазоҳиби Аҳли суннат ва ҷамоат барои нафс ва бадан ҳастанд, нафс дар ҳолати иттисол ва инфисол аз бадан аз неъмат ва неқмат (азоб) баҳра мегирад. Бинобар ин нафс ва бадан дар ҳолати инфисол ва иттисол метавонанд аз ин ду ҳолат бархурдор бошанд, ҳамон гуна, ки рӯҳ ба танҳои чунин ҳолате дорад.

    2 - Ағлаби мутакаллимин аз Муътазила ва ғайра мутлақан мункири азоб ва неъмат дар олами барзах ҳастанд, онҳо мегуянд: Рӯҳ мустақил ва ҷудо аз бадан вуҷуд надорад, зеро назди онҳо рӯҳ ҳамон ҳаёт аст, ки бо марг тамом мешавад ва баъд аз марг чизе аз он боқӣ намемонад.[4] Бинобар ин то мабъус шудан азоб ва подоше вуҷуд надорад. Баъзе аз Муътазила ва Қозӣ Абубакр аз Ашоъира бар ҳамин бовар ҳастанд, вале бидуни тардид дидгоҳи ботиле аст ва Абулмаолӣ Ҷувайнӣ бо он мухолифат кардааст ва ҷамъи касире аз уламои Аҳли Суннат ва Ҷамоат бақои рӯҳ баъд аз марг ва муаззаб ва дар неъмат буданашро нақл кардаанд.

    3 - Дидгоҳи фалосифа: Онҳо бар ин ақидаанд, ки азоб ва неъмат танҳо барои рӯҳ аст ва бадан на азоб мебинад ва на хушҳол ва масрур мешавад. Ибни Майсара ва ибни Ҳазм аз уламои Аҳли суннат ва ҷамоат низ бар ин ақида ҳастанд.

    4 - Баъзе аз мутакаллимин бар ин ақидаанд, ки дар қабр танҳо бадан азоб мебинад ё неъмат дода мешавад. Гурӯҳе аз Аҳли Ҳадис аз ҷумла Ибни Зоъун низ ҳамин дидгоҳро баргузидаанд. (Маҷмуи Фатовои Шайхул Ислом: 2\262-282)

    Мабҳаси дувоздаҳум: Оё рӯҳ аз дунё хабар дорад?

    Дар аҳодиси саҳеҳ собит шудааст, ки мурда дар қабр садои кафшҳои ташйиъкунандагони худро мешунавад. Аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (إِنَّ الْعَبْدَ إِذَا وُضِعَ فِي قَبْرِهِ وَتَوَلَّى عَنْهُ أَصْحَابُهُ إِنَّهُ لَيَسْمَعُ قَرْعَ نِعَالِهِمْ)

    “Бетардид вақте инсон дар қабр гузошта мешавад ва ташйиъкунандагон бармегарданд, садои роҳ рафтани ононро мешунавад” (Муслим, китоби Ҷаннат: 4\2203, шумораи 2874)

    Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз гузаштани се рӯз аз ҷанги Бадр бар қабри кушташудагони мушрикини Бадр истода чунин фармуд:

    (يَا أَبَا جَهْلِ بْنَ هِشَامٍ يَا أُمَيَّةَ بْنَ خَلَفٍ يَا عُتْبَةَ بْنَ رَبِيعَةَ يَا شَيْبَةَ بْنَ رَبِيعَةَ أَلَيْسَ قَدْ وَجَدْتُمْ مَا وَعَدَ رَبُّكُمْ حَقًّا فَإِنِّي قَدْ وَجَدْتُ مَا وَعَدَنِي رَبِّي حَقًّا، فَسَمِعَ عُمَرُ قَوْلَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَ يَا رسولالله كَيْفَ يَسْمَعُوا وَأَنَّى يُجِيبُوا وَقَدْ جَيَّفُوا؟ قَالَ: وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ مَا أَنْتُمْ بِأَسْمَعَ لِمَا أَقُولُ مِنْهُمْ وَلَكِنَّهُمْ لَا يَقْدِرُونَ أَنْ يُجِيبُوا ثُمَّ أَمَرَ بِهِمْ فَسُحِبُوا فَأُلْقُوا فِي قَلِيبِ بَدْرٍ)

    “Эй Абуҷаҳл фарзанди Ҳишом, эй Умая ибни Халаф, эй Утба ибни Рабиа! Оё ваъдаи Парвардигорро ҳақ ва рост наёфтед? Яқинан ман ваъдаи Парвардигори худро ёфтам. Ҳазрати Умар (р) ин сухани Паёмбари Худоро шунида арз кард: Эй Паёмбари Худо чигуна мешунаванд ва читавр метавонанд посух бидиҳанд ҳоло онки онон ба ҳалокат расидаанд ва мурдаанд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Савганд ба ҳамон Худое, ки ҷони ман дар қабзаи Ӯст гуфтаҳои моро беҳтар аз онон намешунавед, вале бо ин тафовут, ки онҳо тавони ҷавоб доданро надоранд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур дод то онҳоро дар ҳуфрае (чуқурие) таги хок кунанд” (Бухорӣ, китоби ҷаноиз)

    Аллома Ибни Таймия баъд аз зикри маҷмуае аз ривоёти далолаткунанда бар шунидани мурдагон, мегуяд: Ин нусус ва амсоли онҳо ба равшанӣ ҳикоят аз ин доранд, ки мурдагон дар маҷмуъ суханони зиндагонро мешунаванд. Албатта лозим нест, ки ин шунидан барои ҳамеша бошад, балки дар баъзе авқот мешунаванд ва дар баъзе авқоти дигар қодир ба шунидан нестанд, ҳамон гуна, ки инсони зинда дар бархе авқот суханони мухотабро мешунавад ва дар авқоти дигар ба далели вуҷуди монеъ аз суханони мухотаб чизеро намефаҳмад. (Маҷмуаи Фатово: 5\364)

    Гурӯҳе мегуянд: Мурдагон қодир ба шунидан нестанд, чун Худованд хитоб ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    "Бегумон ту наметавони мурдадилон (зинданамо) ро шунаво бигардони".

    (Сураи Намл ояти 80)

    Ибни Таймия дар ҷавоби онҳо мефармояд: Самоъи (шунидани) собит дар ҳақи амвот, самоъи идрок аст, ки ҳеҷгуна асаре бар он мураттаб намешавад ва ончи, ки дар ояти мазкур нафй шудааст ҳамон шунидани қабул ва имтисол аст, чун Худованд кофиронро монанди майите, ки фарёдро намешунавад қарор додааст ва онҳоро ба ҳайвоноте ташбеҳ мекунад, ки фарёдро мешунаванд вале чизеро аз фарёд дарк ва фаҳм намекунанд. Пас ҳарчанд майит суханонро мешунавад ва маъноро дарк мекунад, вале қодир ба посухгӯи ва имтисоли амр ва наҳй нест ва дастур ва наҳй ҳеҷ асар ва арзише барои ӯ надорад, ҳамон гуна, ки кофир фарёд ва хитоби доъиро мешунавад вале ҳеҷ асаре бар он фарёд мутараттиб намешавад. Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ عَلِمَ ٱللَّهُ فِيهِمۡ خَيۡرٗا لَّأَسۡمَعَهُمۡۖ وَلَوۡ أَسۡمَعَهُمۡ لَتَوَلَّواْ وَّهُم مُّعۡرِضُونَ ٢٣﴾ [الانفال: ٢٣]

    “Агар Худованд (дар онон омодагии пазириши ҳақ медид ва заминаи қабули хайр ва) некӣ дар эшон суроғ медошт, (ҳарфи ҳақро ба ҳар сурат буд) ба гӯшашон мерасонид”.

    (Сураи Анфол ояти 23)

    Нусуси фаровоне аз аҳодиси саҳеҳ далолат бар ин доранд, ки мурдагон ҳамроҳ бо шунидан ҳарф ҳам мезананд, чун Накир ва Мункар аз мурдагон савол мекунанд ва муъминон бо посухи саҳеҳ ва дуруст муваффақ мешаванд ва кофирон ба хотири оҷиз мондан аз ҷавоби дуруст ба сӯи залолат ва гумроҳӣ кашонида мешаванд. Илова бар посух гуфтан ба саволҳои Накир ва Мункар дар мавориди дигар ҳам сухан мегуянд. Албатта сухан гуфтан ва шунидани амвот бо шунидан ва сухане, ки мо дар дунё бо он ошно ҳастем мутафовит аст, чун ҳама ин корҳо тавассути рӯҳ ва бо иртибот ба бадан анҷом мегирад. Дар мабоҳиси гузашта баён кардем, ки бархе аз мардум сухани мурдагонро шунидаанд ва чандин бор аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки эшон каломи мурдагонро шунидааст.

    [1] Ин таърифи Ибни Қайими Ҷавзӣ буд, ки дар китоби “Рӯҳ” онро баён кардааст ва Имом Исфароинӣ дар китоби “Ал-анвор ал-баҳия” (2\29) ин матлабро нақл карда ва ба Ибни Қайим нисбат додааст, ва Таҳовӣ бо ҳамин иборат онро нақл кардааст, (Шарҳи Таҳовия 433). Ибни Қайим баъд аз баёни таъриф мефармояд: Ин қавли дуруст аст ва ҳар қавли дигаре ба ҷуз ин нодуруст ва ғайри саҳеҳ аст. Нусуси фаровоне аз Қуръон ва Суннат ва иҷмои асҳоб ва адиллаи ақлӣ ва фитрӣ онро таъйид мекунанд. Сипас 115 далелро зикр мекунад ва ба радди дидгоҳи Ибни Сино ва Ибни Ҳазм ва дигарон мепардозад.

    [2] Албонӣ дар таълиқе бар шарҳи Таҳовия дар мавриди ин ҳадис мефармояд: Ҳадис саҳеҳ аст ва чандин ҳадис дар ин маъно ривоят шудаанд.

    [3] Шайх Носируддини Албонӣ ин ҳадисро дар радифи аҳодиси саҳеҳ овардааст.

    [4] Ҳама мункири азоби қабр ҳастанд вале миоди ҷисмониро инкор намекунанд.