Шаҳодати бардурӯғ
Дастабандиҳо
Full Description
Шаҳодати бардурӯғ
شهادة الزور
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Муҳаммадиқболи Садриддин
تأليف: محمد إقبال صدر الدين
Шаҳодати бардурӯғ
Шаҳодати бардурӯғ ва ҳукми он дар шариъати исломӣ
Шаҳодати бардурӯғ ва хатари он.
Шаҳодати бардурӯғ яке аз палидтарин разолат дар асли худ ба шумор меравад. Фоҳиштарин гуноҳ дар зоти худ буда, аз бузургтарин ҳалоккунанда ва гуноҳи кабира мебошад.
Маънои шаҳодати бардурӯғ.
Шаҳодати бардурӯғ ин аст, ки шахс шаҳодат бидиҳад бар чизе, ки онро намедонад ва қасдан бардурӯғ дар коре шаҳодат медиҳад. Агар чи он шахси муҷрим он гуноҳ ё ҷиноятро анҷом дода бошад. Вале шоҳид дар ҳоле бо чашми худ надида бошад онро шаҳодат диҳад, ин ҳам шаҳодати бардурӯғ мебошад.
Барои он ки мо бе далел суҳбат накунем Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим ҷурми шаҳодати бардурӯғро бо ширк ба Аллоҳ, ки гуноҳи нобахшуданист тавъам ва якҷо зикр намудааст.
﴿فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ ٣٠﴾ [الحج : ٣٠]
“...Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед.”
(Сураи Ҳаҷ, ояти 30)
Дар тафсири ин ояти карима имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) мегӯянд: Хурайм ибни Фотики Асадӣ аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) чунин ривоят намудаанд: Расули Акрам (с) аз ҷояшон бархостанд ва рост истода чунин гуфтанд: Шаҳодати бардурӯғ ва ширк ба Аллоҳ бо ҳам баробар шуданд” Сипас ояти дар боло зикршударо қироъат намуданд.
Албатта намехоҳам сари ин масъала дохил шавам, вале барои ашхоси ноогоҳ ногузирам ин ҷо шарҳ бидиҳам то бидонанд ширк ба Аллоҳ чӣ аст ва оё касе ба Аллоҳ шарик оварад бахшида мешавад?
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ду ояти ҷудогона дар сураи Нисо яке ояти 48 ва дигаре cураи Нисо ояти 116 чунин мефармояд.
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱفۡتَرَىٰٓ إِثۡمًا عَظِيمًا ٤﴾ [النساء : ٤٨]
“Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст.”
(Сураи Нисо, ояти 48)
Ояти баъдӣ дар ин замина:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا ١١٦﴾ [النساء : ١١٦]
“Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намеомурзад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, меомурзад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст.”
(Сураи Нисо, ояти 116)
Умедворам ин масъаларо фаҳмидед, акнун худ хулоса кунед, ки шаҳодати бардурӯғ бо ширки ба Аллоҳ якҷо дар сураи муборакаи Ҳаҷ ояти 30 зикр гаштааст. Тибқи ҳадисе дар зер, дар тафсири оят овардам шаҳодати бардурӯғ ва ширк баробар шуданд. Дар ҳар ду оят ошкоро баён шудааст, ки ба ҷуз ширк ба Аллоҳ дигар гуноҳонро Аллоҳ мебахшад. Аммо шаҳодати бардурӯғ бо ширк ба Аллоҳ, ки он бутпарастӣ аст якҷо дар ояти 30 сураи Ҳаҷ зикр гардида, баён шудааст. Пас масъала аз он чи то ба ҳол фикр мекардем хеле хатарнок аст.
Гуноҳи бузурги нобахшудани будани шаҳодати бардурӯғро мушаххас намудем.
Боз дар ин масъала Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا ٧٢﴾ [الفرقان: ٧٢]
“Ва онон, ки бадурӯғ шаҳодат намедиҳанд ва чун бар нописанде (амали ношоиста) бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд”.
(Сураи Фурқон, ояти 72)
Дар тафсири ин оят ибни Касир (раҳ) чунин мегӯяд: Яке аз сифатҳои бандагони хосси Аллоҳ он аст, ки шаҳодати бардурӯғ намедиҳанд. (Чун бар чунин маъракаҳо ва маҳфилу додгоҳҳое, ки дар он шаҳодати бардурӯғ бояд диҳанд таваққуф намекунанд ва тез аз онҷо мегурезанд).
Боз муфассирин гуфтаанд: Бандагони хосси Аллоҳ онҳо ширк ва ибодати бут намекунанд, инчунин гуфтаанд: дурӯғ, фисқ, беҳуда ва ботил намегӯянд. Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ аз бандагони хосси Аллоҳ берун мегардад ва худро дар ҳолати хеле сангине, ки он ширки ба Аллоҳ аст, шомил мекунад.
Акнун меравем суроғи суннат, ки дар ин масъала чӣ мегӯяд.
Дар саҳеҳайн аз Абубакри Сиддиқ (раз), аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст: Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: Оё шуморо огоҳ накунам аз бузургтарин гуноҳони кабира? Гуфтем: Бале, эй Расули Аллоҳ огоҳамон кунед. Фармуданд: Ширк овардан ба Аллоҳ ва оқи падару модар. Ҳангоме, ки ин дуро гуфтанд такя намуда буданд ва нишастанд ва чунин гуфтанд: “Инчунин сухани дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғ”.
Ончунон ин сухани охирро такрор намуданд, ки гуфтем эй кош Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дигар такрор намекарданд ва ба худ раҳм мекарданд, зеро чеҳраашон тағйир карда буд аз такрори он. Яъне аз гуноҳи сангину вахим будани ин ҷиноят дарак медиҳад.
Ҳангоме, ки ду гуноҳи аввалиро гуфтанд Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи васаллам) бар такяи чизе нишаста буданд. Вале вақте сухани дурӯғ ва шаҳодати бардурӯғро хостанд бигӯянд нишастанд ва онро бо такрор гуфтанд, то асҳобро аз ин ҷинояти сангин огоҳ намоянд. Ин таъкид бар бузург будани ин гуноҳ ва ифодакунандаи ҳаром ва хеле зишт будани он дарак медиҳад.
Шаҳодати бардурӯғ яке аз бадтарин ҷиноятҳо ба шумор меравад ва кӯмак намудани золимонро далолат мекунад. Зеро он шахсе бар зидди ӯ шаҳодати бардурӯғ медиҳед мазлум аст ва шумо як шахсе мехоҳад бар ӯ зулм кунад бо шаҳодати бардурӯғи худ ин золимро кӯмак мекунед.
Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ инсони ҳақир ва пасте мебошад, ки нияти нопоке дорад ва дили сиёҳ. Охираташро ва қабрашро хароб кардааст бар ивази чанд маблағи ночизе.
Чунин шахс омода аст тамоми муқаддасоташро дар ивази дунё аз даст бидиҳад, вале ноогоҳ аз азоби охират ва зулме бар он шахси мазлум кардааст.
Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ бузургтарин хоин мебошад ва ӯро аз ҷониби Аллоҳ азоби дардноке интизор аст. Чунонеки Аллоҳ мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ مَن كَانَ خَوَّانًا أَثِيمٗا ١٠٧﴾ [النساء : ١٠٧]
“Аллоҳ хоинони гунаҳкорро дӯст надорад”.
(Сураи Нисо, ояти 107)
Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ аввалан бар худ зулм намудааст, вале бехабар аст. Зеро Аллоҳ ба ӯ дар ин дунё либоси хорӣ ору пастиро мепӯшонад, то дар ин дунё ба ӯ халқи Аллоҳ бингаранд. Сипас омода менамояд ӯро барои рӯзи қиёмат, то интиқоми он мазлумро аз ӯ бигирад.
Шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ медонад қабл аз шаҳодаташ, ки ончи мегӯям он дурӯғ аст. Медонад ин шаҳодатам бар зарари ин шахс анҷом меёбад, вале боз ҳам чизе ӯро водор ба ин шаҳодати дурӯғ мекунад?
Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّٰمِينَ لِلَّهِ شُهَدَآءَ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنََٔانُ قَوۡمٍ عَلَىٰٓ أَلَّا تَعۡدِلُواْۚ ٱعۡدِلُواْ هُوَ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [المائدة: ٨]
“Эй касоне, ки имон овардаед, барои Худо, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!”
(Сураи Моида, ояти 8)
Дар умум шоҳиди бардурӯғ муфсиди рӯй замин мебошад. Зеро пас аз он шаҳодати бардурӯғаш хонаҳои обод хароб, хонаводаҳо бе парастор, занҳо бе шавҳар, кӯдакон бе падар, фасоди ахлоқие ин шахс дар замин анҷом додааст, ҳеҷ душмане бо силоҳ онро анҷом дода наметавонад. Зеро қонунҳои вазъӣ ин амали шанеъ ва пасти ӯро пӯшиши қонунӣ медиҳанд. Обурӯи шахси мазлуми муъмин, ки хуни муъмин аст мерезад. Оё аз ин шахс карда фосиқтару муфсиду пастфитрате дар рӯи замин медонед?
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
﴿كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ مِن رِّزۡقِ ٱللَّهِ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ٦٠﴾ [البقرة: ٦٠]
“...Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба фасоду саркашӣ макунед!”
(Сураи Бақара, ояти 60)
Боз мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُصۡلِحُ عَمَلَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ٨١﴾ [يونس : ٨١]
“..Худо кори фасодкоронро ба салоҳ намеоварад!”
(Сураи Юнус, ояти 81)
Ибни Касир (раҳ) дар тафсири ин оят мегӯяд: Аллоҳ ҳақро ҳамеша пирӯз мегардонад бо суханони ошкору зебояш, агарчи муҷримону ҷинояткорон онро дӯст надоранду аз он рӯйгардон бошанд.
Боз дар сураи муборакаи Моида ояти 64 мефармояд:
﴿كُلَّمَآ أَوۡقَدُواْ نَارٗا لِّلۡحَرۡبِ أَطۡفَأَهَا ٱللَّهُۚ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادٗاۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ٦٤﴾ [المائدة: ٦٤]
“...Ҳар гоҳ, ки оташи ҷангро афрӯхтанд, Худо хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод кӯшиш мекунанд ва Худо муфсидонро дӯст надорад.”
(Сураи Моида, ояти 64)
Шариъати исломӣ барои шоҳидии бардурӯғ чӣ ҷазое муайян кардааст?
Дар шариъати ислом ҷазои муъаяне барои шоҳиди бардурӯғ муайян нагаштааст. Онро бояд қозӣ ва ё додгоҳ ва ё ҳоким бо дар назардошти ҷинояти дурӯғаш ва зараре ба шахси мазлум расонида аст муайян намоянд.
Фуқаҳои исломӣ бар ин назар ҳастанд, ки ҳатман бояд иқоб ва сарзаниш ба ин шахс сурат бигирад. Вале дар чигунагии ҳад ва ё ҷазо ихтилоф намудаанд.
Имом Абуҳанифа (раҳ) мегӯяд: Кифояткунанда аст шоҳиди бардурӯғро, ки дар назди оммаи мардум эълон ва расвояш кунанд, то барои дигарон дарси ибрат шавад. Чизи дигаре мазҳаби Аҳноф муайян накардаанд ин аст машҳур назди мо ва фатво бар ин аст.
Имом Муҳаммади Шайбонӣ ва имом Абуюсуф шогирдони имом Абуҳанифа (раҳ) танҳо инро изофа намудаанд: Шоҳиди бардурӯғро як зарбаи сахти дарднок зада мешавад ва ҳабсаш ҳам бояд кунанд.
(Шарҳи фатҳул қадир, Камол ибни Ҳаммом ҷилди 6. саҳ 83-84)
Мазҳаби Шофеъӣ ва Ҳанбалӣ ҳукмаш чунин аст: Ҳангоме собит гашт, ки ин шахс шаҳодати бардурӯғ додааст, дар бозор ва амокини серодам ё масҷиди ҷомеъ ё назди қабилааш бурда мешавад. Нидо мекунанд эй мардум огоҳ бошед ин шахс шоҳиди бардурӯғ аст ва ин амалро кардааст.
(Алмуҳаззаб бо шарҳаш “Алмаҷмуъ” ҷилди 22 саҳ 226. Инчунин дар Муғни муҳтоҷ ҷилди 6. Саҳ. 288)
Ибни Қудома (раҳ) мегӯяд: Ҳар вақте, ки собит гашт назди ҳоким марде, ки шаҳодати бардурӯғро қасдан додааст ӯро дар назди ҳама эълон мекунад ва танбеҳ ҳам дода мешавад ин аст қавли аксари аҳли илм. (Алмуғнӣ ҷилди 12. Саҳ. 154)
Мазҳаби Моликӣ (раҳ) бар ин назаранд: Зарур аст бар шахсе, ки шаҳодати бардурӯғ додааст иқоб карда шавад мисли задан, зиндонӣ кардан ва эълон намудан дар миёни омма. Изофа бар ин ҷазоҳо ҳаргиз шаҳодаташро дар ҳеҷ қазияи дигаре пазируфта нашавад ва шаҳодаташ дигар пазируфта нест. (Алмудавана ҷилди 4. Саҳ. 74)
Ибни Ҷаззӣ мегӯяд: Шахсе шаҳодати бардурӯғ дод ҷазояш зиндон аст ва бояд зада шавад, зеро гуноҳи кабира анҷом додааст. Дар назди омма гардонда мешавад ва эълон аз шахсияташ бояд сурат гирад. Ҳаргиз шаҳодаташ пазируфта намешавад, зеро тавбааш пеши мо маълум нест. (Китоби Қавонини Фиқҳӣ. Саҳ. 227)
Ончӣ овардам орои фуқаҳои мазоҳиби чаҳоргона буд.
Оё дар асри хулафои рошидин барои шоҳидони бардурӯғ ҷазое муайян шуда буд?
Фуқаҳо истинод бар амали Умар Ибни Хаттоб (раз) ва Алӣ ибни Абутолиб (раз) ва Шурайҳи қозӣ ин ҳукмҳоро карда буданд. Бо чанд намуна онро ба охир мерасонам.
Аз Аҳвас ибни Ҳаким аз падараш чунин ривоят шудааст: Умар ибни Хаттоб (раз) амр намудааст, ки рӯяшро сиёҳӣ шаканд ва дар миёни қабилаҳо давраш занонанд ва бигӯянд ин аст шаҳодатдиҳандаи бардурӯғ ва дигар шаҳодати ӯро қабул накунед.
(Ин ривоятро Абдурраззоқ дар Муснафаш ҷилди 8, Саҳ. 327 оварда аст)
Аз Шарик аз Осим аз Абдуллоҳ ибни Омир (раз) ривоят аст, ки чунин гуфт: Омаданд назди Умар ибни Хаттоб (раз) бо шахсе шаҳодати бардурӯғ дода буд. Ӯро назди мардум нигоҳ дошт як рӯз то шаб ва чунин гуфт: Ин фалон шахс аст, ки шаҳодати бардурӯғ додааст ӯро шиносед, сипас ӯро зиндонӣ кард.
Боз Абу Рабеъ аз Шарик аз Осим ривоят мекунад, ки пас аз муаррифӣ намуданаш миёни мардум бо тозиёна (дурра) ӯро дар миёни мардум зад.
Аз Алӣ ибни Абутолиб (раз) дар асар омада аст, ки Ҳазрат низ ҳукм намуданд бар шоҳиди бардурӯғ то элон карда шавад.
Ривоят аст аз Ҳасан Ибни Алӣ (раз) вақте шоҳиди бардурӯғро меоварданд. Ӯро аввал ба назди қабилаҳо давр мезанониданд ва эълон мекарданд ва мегуфтанд шиносед ин шахс шоҳиди бардурӯғ аст, то ӯро шиносанд, сипас ӯро раҳо мекарданд.
(Сунани Куброи Байҳақӣ китоби одоби қозӣ боби чӣ мекунанд ба шоҳиди бардурӯғ зери шумораҳои 20491, 20492, 20495, 20497)
Оё шоҳиди бардурӯғро тавбааш пазируфта мешавад?
Аз Умар ибни Хаттоб (раз) аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст, ки фармуданд: Ҳангоме, ки қадамҳои шоҳиди бардурӯғ истода (ва шаҳодати бар дурӯғ медиҳад) ҳақ аст, ки Аллоҳ ҷойгоҳашро дар оташи дӯзах муҳайё намудааст” (ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Ибни Моҷа), Имом Шавконӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадиси ибни Моҷа мегуяд: Ростӣ ҳақ аст, ки Аллоҳ ҷойгоҳашро дар ҷаҳаннам омода намудааст.
Ин ҷо ваъдаи сахт аст барои ин шоҳиди бардурӯғ. Зеро Аллоҳ воҷиб гардонидааст бар ӯ оташи ҷаҳаннамро. Пеш аз онки аз маконеки шаҳодат дода аст меравад. Хос зикр гардидани он макон барои он аст, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят аст. Вақте аз он ҷо рафт ва пушаймон гашт ва иқрор кард, ки ман дурӯғ гуфтам аз сари сидқ тавба кунад Аллоҳ ӯро мебахшад.
Фуқаҳо ва ихтилофашон барои қабул гаштани тавбаи шоҳиди бардурӯғ.
Ҷумҳури фуқаҳо бар ин назаранд, ки агарчи хеле гуноҳи вазнину кабира аст, вале агар тавбаи содиқона кунад ва ба кардааш пушаймон шавад тавбааш пазируфта мешавад.
Аммо мазҳаби имом Молик бар ин назаранд, ки тавбаи шоҳиди бар дурӯғ пазируфта намешавад, зеро эҳтимоли зиёд аст аз рӯи таҷриба, ки чунин ашхос боз мегарданд ба он шаҳодат додани бар дурӯғашон.
Албатта маълум аст, ки тавба шартҳои хоси худро дорад, ки он пушаймон шудан аз он кардааш, боз нагаштан ба он гуноҳ дубора. Агар он шаҳодате додааст иртибот ба ҳаққи шахсе бошад бояд ҳатман аз он шахс бахшиш пурсад ва тавонад ҷуброни он чизи гум шудаашро намояд. Хуб аст агар тавонад он шаҳодати додаи бардурӯғашро инкор кунад ва он зараре ба шахси нисбати он додааст бар гардонад ва ё ҷуброн кунад.
Мазҳаби Ҳанафӣ ва Шофеъӣ дар масъалаи тавбаи шоҳиди бар дурӯғ чунин аст. Ҳангоме, ки шоҳиди бардурӯғ тавба кунад ва аз кардаи худ пушаймон гардад. Содиқ буданаш дар тавбааш ошкор гардад, тавбааш қабул аст, тавбаи ӯ тибқи ин ояти сураи муборакаи Олӣ Имрон.
﴿إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ٨٩﴾ [ال عمران: ٨٩]
«Магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст!»
(Сураи Олӣ Имрон, ояти 89)
Инчунин тибқи ҳадиси Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) “Тавбакунандаи аз гуноҳ ба монанди шахсе ҳаст, ки ҳеҷ гуноҳ надорад”.
Зеро ӯ тавба кардааст аз гуноҳи кардааш ва ба монанди дигар гунаҳкороне тавба мекунанд, тавбааш пазируфта мешавад.
Вале муддати пазируфта шудани тавбаро як сол муайян намудаанд, зеро дар муддати кӯтоҳ содиқ будани шахс муайян карда намешавад. Бояд чаҳор фасли сол гузарад, то шахс дар ин муддат сидқаш фаҳмида шавад. (Китоби Мавсуъаи фиқҳӣ)
Хуб!!! эй шахсе, ки шаҳодати бардурӯғ додаӣ ва хонаи чӣ қадар мазлумро сухта ва чӣ қадар фарзандро ятиму занро бева кардаӣ. Аввал бузургии гуноҳатро баён кардам, сипас барои тавбаат ҳам далоили қабул шудани тавбаатро баён кардам. Агар пас аз ин ҳам боз ба ин ҷиноят даст бизанӣ ё одам нестӣ ва ё ҳеҷ дину муқаддасот надорӣ.
Намехоҳам дигар мақоларо ба дарозо бубарам мақоларо бо ин ояти гуҳарбори қуръонӣ ба поён мерасонам. Умед аст аз ин мақола баҳрае гирифта бошед ва шахсоне ба ин гуноҳ мубтало буданд аз он даст мекашанд ва тавбаи насуҳ мекунанду дигар бар намегарданд.
﴿مَّن كَانَ يُرِيدُ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا فَعِندَ ٱللَّهِ ثَوَابُ ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ سَمِيعَۢا بَصِيرٗا ١٣٤ ۞يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّٰمِينَ بِٱلۡقِسۡطِ شُهَدَآءَ لِلَّهِ وَلَوۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَوِ ٱلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَۚ إِن يَكُنۡ غَنِيًّا أَوۡ فَقِيرٗا فَٱللَّهُ أَوۡلَىٰ بِهِمَاۖ فَلَا تَتَّبِعُواْ ٱلۡهَوَىٰٓ أَن تَعۡدِلُواْۚ وَإِن تَلۡوُۥٓاْ أَوۡ تُعۡرِضُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا ١٣٥﴾ [النساء : ١٣٤، ١٣٥]
"Ҳар кас, ки подоши ин ҷаҳониро металабад, бидонад, ки подоши инҷаҳониву онҷаҳонӣ дар назди Худост. Ва ӯ шунаво ва биност! Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст, бошанд. Зеро Худо бар он ду (фақир ва ғанӣ) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз ҳавои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй гардонед. Чун забонбозӣ кунед ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!"
(Сураи Нисо, оятҳои 134,135)
Агар барои нотавон буданат шикоят доштӣ, ки аз рӯи нотавонӣ ин шаҳодати бардурӯғро додам, пас ин сухани Аллоҳ буд, ки айнан барои он ки шикоят аз тангдастиат накунӣ онро бароямон гуфтааст. То дигар ҳеҷ баҳонае наёбему даст ба чунин ҷинояти нобахшудани назанем. Умеди дуо дорам аз азизони хонанда Аллоҳ аз мо ва шумо розиву хушнуд бод, омин.