Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивуякум: Бинои ҷисмии кӯдак
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивуякум: Бинои ҷисмии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الواحد والثلاثون: عن البناء الجسمي للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Пешгуфтор
Табиист, ки бозӣ ва фаъолияти ҷисмӣ барои кӯдак як амри табииву фитрӣ аст, ки Худованд онро ба унвони табиъат дар вуҷуди ӯқарор додааст, то ин ки ҷисмаш ба таври табиӣ ва ба шакли нерӯманду намунае рушду нумӯ кунад. Зеро даврони туфулияти инсон дар миёни соири мавҷудоти зинда тӯлонитарин даврон мебошад ва аз ҷиҳати дигар рушди ақл ва соири аъзои бадан ба таври куллӣ дар ин даврон пайдо мешаванд, чун баъд аз даврони туфулият барои ҷисму бадан мушкил аст, ки ба сурати хубу ҷолиб рушди зиёд кунад ва пайванду, устухонҳо, сина ва амсоли онҳо ба наҳви шоистае қавию нерӯманд гарданд, зеро чунонки мулоҳиза мешавад, имкон надорад, ки инсон баъд аз сипарӣ кардани даврони кӯдакиву навҷавонӣ битавонад фарди варзишгару фаъол гардад ва бигӯяд: “Ман мехоҳам баъд аз гузашти марҳилаи кӯдакиву навҷавонӣ ва бидуни варзишу фаъолияти ҷисмӣ бадани худро бисозам ва фарди қавию нерӯманд гардам. Чун маълум аст, ки муваффақ гаштани ӯ ба ин гуфтааш бисёр заиф мебошад ва иддаое беш нест, ба он далел, ки бинои ҷисмӣ ва сохтори бадани кӯдак бояд дар ҳамон даврони кӯдакию навҷавонӣ сохтаву пардохта шавад, бар хилофи соири матолиб ва масоиле, ки дар робита бо кӯдак дар фаслҳои гузашта баён шуданд. Зеро дар онҳо агар билфарз падарону модарон ва соири мураббиёну сарпарастон набошанд, мусалламан дар оянда дастёбӣ ба он матолиб ва хостаҳои мавриди назар баъд аз эшон имконпазир мебошад.
Бояд донист, ки бозиву фаъолияти ҷисмӣ як амри фитрӣ аст ва донишмандону уламои гузашта бозӣ ва фаолияти кӯдакро дар сохтмони бинои ҷисмии ӯ бисёр боаҳамият дониста, ба он таваҷҷӯҳи хоссае намудаанд. Чунонки Имом Муҳаммади Ғаззолӣ гуфтааст: “Баъд аз он ки кӯдак аз мактабу дарси муаллим фориғ шуд, лозим аст, ки ба ӯ иҷозат дода шавад, ки озодона ва ба хубӣ бозии муносиб бикунад, то аз хастагии дарси муаллим бадар ояд. Он ҳам дар фазое, ки бозӣ ва муҳити бозӣ барои ӯ хастакунанда набошад, зеро манъ намудани кӯдак аз бозию тафриҳ ва ӯро мудом водор намудан ба таълими фавқи тоқат қалбро мемиронад, ҳуш ва заковати кӯдакро аз кор мебарорад ва зиндагиро бар ӯ танг менамояд, то он ҷое ки кӯдак худаш мустақиман роҳи чораеро меҷӯяд, то аз ин тангиҳо раҳоӣ ёбад”.[1]
Ба ҳамин хотир аст, ки машғул нашудани кӯдак ба варзиши ҷисмӣ ва фаъолияти фикрӣ аҳёнан сабаби ба вуҷуд омадани хатарҳое мешавад, ки дере намекашад, дарҳол ва ё дар оянда паёмадҳои ногувори онҳо дар вуҷуди кӯдак ба ҳар шакле аз қабили заиф шудан ва аз по даромадани ҷисм ва ё ба сурати носозгории ҳолатҳои дохилӣ ва равонии ӯ зоҳиру намоён мегардад. Бинобар ин, дарёфтем, ки кӯдак ба маҳзи ин ки по ба синни булуғ гузошт, даврони кӯдакии ӯ поён ёфт ва вориди марҳалаи ҷадиде аз зиндагиаш шуд, вазифаҳои хоси шаръӣ ба ӯ мутааллиқ мешаванд. Дар ин даврон, дар баробари гуноҳони кабираю сағира, мавриди муҳосаба қарор мегирад ва навиштани кирдору гуфтори хуб ё бади ӯ оғоз мешавад. Медонем, ки ин вазифаҳо ниёзманд ба бинои қавӣ ва ҷисми таҷрибадидаву варзида мебошад. Табиист, ки намоз, рӯза, ҳаҷ ва ҷиҳод, ки сутунҳои асосии дин ҳастанд, дарвоқеъ ниёзманд ба фарди мӯъмини нерӯманд ва фаъол мебошанд. Пас, бар мо лозим аст, ба хубӣ биандешему аз худ бипурсем, ки оё роҳҳо ва қавоиду завобите, ки мо метавонем ба василаи онҳо ҷисми кӯдакро устувор созем, кадоманд? Ин бинову сохтори мутмаин чӣ гуна ҳосил мешавад? Албатта бо ҷуръат метавон гуфт, шакке нест бо нигаристан ба аҳодису сирати шарифа ва тариқаи рафтори Пайғамбар (с) бо кӯдакон, дар робита бо эҳтимом варзидан ба бинои ҷисми онон ба чор аркони асосӣ даст меёбем, ки бо пайравӣ аз онҳо бинои ҷисмии устувору нерӯманди кӯдак ҳосил мешавад. Дар поён ин чор асос ба тафсил баён хоҳанд шуд.
Асоси аввали ҷисмӣ, ҳаққи кӯдак дар омӯзиши шиноварӣ, тирандозӣ ва саворӣ
Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ба фарзандони худ шиноварӣ, тирандозӣ, саворӣ ва савор шудан бар аспро биомӯзед”. Аз ҳамин ҷо, ҳаққи кӯдак дар таълими варзишҳои хоссе, ки Пайғамбар (с) фақат онҳоро зикр кардааст, ошкор мегардад ва ин воқеиятро мерасонад, ки варзиш чӣ қадар дар зиндагии кӯдак, чи дарҳол ва чи дар ояндаи ӯ нақши босазоеро иҷро мекунад ва дар касби эътимоду такя ба нафс муассир мебошад. Зеро вақте кӯдак ба синни булуғ расида, бузург мешавад, дар баробари тарсҳову изтиробҳои нафсию равонӣ таҳаммули бештаре меёбад. Аз ҷиҳати дигар, ин навъ варзишҳо бар хилофи варзишҳои дигар дар ғайри даврони кӯдакиву навҷавонӣ он тавре, ки мебояд омӯхта намешавад ва шахс дар онҳо яқину баҳраи комил ба даст намеорад.
Бинобар ин, он чи дар ин робита истифода мешавад, ин аст, ки Расули Худо (с) ба варзиш ва фаъолияти ҷисмиву фикрии кӯдакон таъкид мефармуданд. Чун худ дар даврони кӯдакӣ бо Банӣ Наҷҷор аз қавмҳои модарашон шино мекарданд ва бо кӯдакон бозӣ мекарданд, ҳамчунин кӯдаконро бар тирандозӣ ташвиқ менамуданд.
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) дар рӯзи ҷанги Уҳуд ба Саъд хитоб намуда фармуданд: «Тир андоз, падару модарам фидоят эй писари озода ва пурҳарорат!».[2]
Боз омадааст, ки Расули Худо (с) аз назди иддае аз ҷавонон гузаштанд, ки тирандозӣ мекарданд, фармуданд: «Эй Бани Исмоил, тирандозӣ кунед, падаратон ҳам тирандоз буданд».[3]
Асоси дуюми ҷисмӣ, доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни кӯдакон
Табиист, ки доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни кӯдакону навҷавонон дар созмондиҳии ҷисми кӯдак асос ва пояи фаъоле ба ҳисоб меояд ва василаест ҷиҳати водор сохтани ӯ ба рӯй овардан ба варзишу бозӣ ва таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан ба саломатии бадани худ. Чунонки аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) Абдуллоҳ, Убайдуллоҳ ва бисёре аз бани Аббосро зимни таъриф ва ситоиш дар як саф қарор медоданд, сипас мефармуданд: «Аз шумо ҳар касе давида аввалин шуда ба назди ман бирасад, барои ӯ чунину чунон ҷоиза аст».[4] Онҳо ба тарафи он ҳазрат (с) давида аз ҳамдигар сабқат меҷустанду худро бар рӯи пушт ва синаи эшон меандохтанд ва он ҳазрат (с) низ онҳоро дар оғӯш мегирифтанду мебӯсиданд.
Чунонки мулоҳиза мешавад, Пайғамбари акрам (с) бар ҳамаи онон муҳаббат меварзиданду ҳар кадоми эшонро мебӯсиданд ва дар ин кор танҳо бар фарди пирӯз басанда намекарданд, балки ба ҳамаи онон таваҷҷӯҳ доштанд. Ба хотири парҳез аз эҷоди ҳасодату кинаварзӣ дар байни эшон ҳеҷ гуна истисное қоил намешуданд.
Асоси сеюми ҷисмӣ, бозӣ кардани афроди бузургсол бо кӯдакони хурдсолу навҷавон
Акнун теъдоде аз аҳодисро баён мекунем ва аз ин аҳодис бароямон маълум мешавад, ки роҳбари ҷаҳони башарият Пайғамбари акрам (с) бо кӯдакон бозӣ мекарданд ва нисбат ба онон муҳаббат меварзиданд. Ин ба он хотир буд, то волидайн ва мураббиёну сарпарастонро тарбия ва огоҳ созанд ба ин ки аз Ӯ пайравӣ намоянд ва бо кӯдакони худ бозӣ кунанд. Чунонки Абуаюби Ансорӣ гуфтааст: “Ба назди Расули Худо (с) рафтам, дидам Ҳасану Ҳусайн (р) дар болои даст ва ё дар оғӯши он ҳазрат (с) бозӣ мекарданд. Ман пурсидам: “Эй Расули Худо (с), ин ду кӯдакро зиёд дӯст медоред!?” Фармуданд: «Чӣ гуна ононро дӯст надорам, дар ҳоле ки эшон дар дунё ду гули ман ҳастанд, ки онҳоро мебӯям».[5]
Боз Саъд ибни Абуваққос (р) гуфтааст: “Ба назди Расули Худо (с) рафтам, дидам Ҳасану Ҳусайн (р) бар рӯи синаву шиками он ҳазрат (с) бозӣ мекунанд. Гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Оё ин ду кӯдакро дӯст медоред?” Фармуданд: «Чаро ононро дӯст надорам, дар ҳоле ки эшон ду гули ман ҳастанд!».[6]
Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ҳасану Ҳусайн (р)-ро дидам бар дӯши Пайғамбар (с) буданд, гуфтам: “Бардорандаи хубе доред!” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ин ду ҷойгоҳи хубе доранд».[7]
Оиша (р) мегӯяд: “Дар ҳоле ки гурӯҳе аз ҳабашиён дар масҷид бозӣ мекарданд ва ман бозии эшонро тамошо мекардам, дидам Пайғамбар (с) маро бо ридои худ мепӯшониданд, то ин ки он ҳазрат (с)-ро хаста мекардам.[8] Пас шумо низ қадри духтари навҷавонеро, ки ҳарису алоқаманд ба бозии машрӯъ мебошад, бидонед”.
Оиша (р) инчунин гуфтааст: “Иддае аз ҳабашиён дар рӯзи ид дар ҳузури Пайғамбар (с) бозӣ мекарданд, пас маро барои тамошо кардан фаро хонданд. Ман низ аз пушт, аз рӯи шона ва гардани он ҳазрат (с) бозии эшонро менигаристам, то ин ки аз тамошо кардан хаста мешудам ва рӯи худро бармегардондам”.[9]
Бар асоси ин аҳодису ривоёти зикршуда маълум гардид, ки Пайғамбари акрам (с) бозиҳои гуногунеро бо Ҳасану Ҳусайн (р) анҷом медоданд. Ин амал ба хубӣ ишора бар он мекунад, ки Пайғамбари акрам (с) мусалмононро водор намудаанд ба ин ки онон низ бо кӯдакони худ бозиҳои мухталиф ва муносиб бо рушди фикрию ҷисмии эшон анҷом диҳанд. Ҳамчунин маълум шуд, ки Пайғамбари акрам (с) Ҳасану Ҳусайн (р)-ро дар вақти бозӣ кардан бо он ҳазрат (с) мавриди ситоишу ташвиқи худ қарор медоданд, то ин ки бар шодиву нишоти рӯҳию равонии онон биафзоянд ва ба бозии худ идома диҳанд, бидуни ин ки эҳсоси хастагиву нотавонӣ намоянд. Дар канори ин бозӣ нисбат ба онон ба муҳаббату шафқат низ мепардохтанд, то ин кор дар як замон ғизои ҷисмӣ ва рӯҳии эшон гардад...
Асоси чоруми ҷисмӣ, бозӣ кардани кӯдакон
бо якдигар
Чи басо худи волидайн ба корҳои мухталиф саргарму машғуланд ва дар ин ҳолатҳо ин имконро барои кӯдаки худ фароҳам созанд, ки онҳо бо бародарони худ, ё бо фарзандони ҳамсояву ҳаммаҳалла ва ё бо фарзандони наздикону хешовандон бозӣ кунанд. Ва ба хотири тарс аз ин ки мабодо фарзандашон ҳангоми бозӣ кардан бо дигар кӯдакон бадзабониву дашномгӯӣ ва ё ахлоқи зишту нописандро, аз қабили хашм ва аксуламалҳои номуносиб, ёд бигирад, мехоҳанд фарзандашон бо кӯдакони поку боадаб бозӣ кунад.
Бояд донист, ки Пайғамбари акрам (с) дар бисёр ҷойҳо кӯдаконро медиданд, ки машғули бозианд, эшонро аз он манъ намекарданд ва онро амри зишту нописанд намешумориданд. Чунончи Ҷобир (р) мегӯяд: “Мо чанд нафар кӯдак дар хидмати Расули Худо (с) будем ва моро барои хӯрдани хӯрок фаро хонданд. Дар ин ҳангом, Ҳусайн ибни Алӣ (р) дар сари роҳ бо гурӯҳе аз кӯдакон бозӣ мекард. Расули Худо (с) фавран ва бошитоб пеши он гурӯҳ рафта, дасташонро ба ин сӯву он сӯ барои гирифтани Ҳусайн мекашиданд ва ба ӯ механдиданд, то ин ки Ҳусайнро гирифтанд ва як даст дар зери шонааш ва дасти дигари худро дар байни сару ду гӯшаш қарор доданд. Сипас, ӯро дар оғӯш гирифтанду бӯсиданд ва баъд гуфтанд: «Ҳусайн аз ман аст ва ман низ аз Ҳусайн ҳастам. Худованд дӯст дорад касеро, ки он дуро дӯст медорад, Ҳасану Ҳусайн ду набера аз набераҳои ман ҳастанд».[10]
Қаблан дар боло дар ҳадиси «Саҳеҳайн» аз Анас (р) баён гардид, ки Анас (р) гуфт: “Ҳангоме, ки ман бо чанд кӯдак бозӣ мекардам, Расули Худо (с) омаданд ва маро ба дунболи кори зарурӣ фиристоданд...”то охири ҳадис.
Ҳамчунин аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфт: “Дар ҳоле ки ман бо гурӯҳе аз кӯдакон бозӣ мекардам, Расули Худо (с) омаданд ва ман дар пушти дар худро аз ӯ пинҳон намудам. Аммо Расули Худо (с) маро фаро хонда гирифтанд ва сипас назди Муъовия (р) фиристоданд. Ман низ рафтам ва баргашта гуфтам: «Машғули хӯрок хӯрдан аст».[11]
Пайғамбари акрам (с) дар даврони кӯдакияш бо дигар кӯдакон бозӣ мекарданд ва дар ривояте омадааст: “Дар ҳоле ки бо кӯдакон бозӣ мекарданд, Ҷабраил (а) назди Ӯ омад ва Ӯро гирифту синаашро шикофт...” то охири ҳадис.[12]
Дар боло баён намудем, ки ду нафар навҷавон ба назди Пайғамбари акрам (с) омаданд, то эшонро ба ҷабҳаи ҷангу ҷиҳод бо куффор бифиристанд. Пайғамбари акрам (с) яке аз он дуро пазируфта, ба ҷабҳаи ҷиҳод фиристоданд, аммо дигареро ба сабаби камсинну сол буданаш напазируфтанд ва нафиристоданд. Вай эътироз кард, ки чаро Пайғамбари акрам (с) ӯро пазируфтанду маро, напазируфтанд, дар сурате ки агар бо ӯ гӯштӣ мегирифтам, ҳатман ӯро бар замин мезадам. Пас он ду дар ҳузури Пайғамбари акрам (с) гӯштӣ гирифтанд ва ӯро бар замин зад. Дар натиҷа, Пайғамбари акрам (с) ҳар дуи ононро пазируфта ба майдони ҷангу ҷиҳод бо куффор фиристоданд.
Аммо бозӣ кардани духтарбачаҳо бо писарбачаҳо фарқкунанда мебошад ва дар он ҷое ки уламо бозӣ кардани духтаронро бо арӯсакҳову муҷассамаҳои духтаронаро ҷоиз донистаанд (ва дар ин маврид ривоятҳое нақл шуда, ки метавон онҳоро дар китобҳои мӯътабар дар ин маврид ёфт).
Дар ривояте омадааст, ки Оиша (р) гуфтааст: “Духтароне ошно ва ҳамсинну солам назди ман меомаданд ва бо ман ба шодиву хушӣ мепардохтанд, (вақте ки Расули Худо (с)-ро медиданд, аз рӯи шарму ҳаё) худро пинҳон мекарданд, аммо Пайғамбари акрам (с) ононро мефиристоданд, то бо ман ҳамнишин шаванд ва ба шодиву сурур бипардозанд”.[13]
Яке аз бозиҳои мамнӯъ ва ҳаром
ҳадаф қарор додани ҳайвон аст
Саъид ибни Ҷубайр гуфтааст: “Ҳамроҳи Ибни Умар ва Ибни Аббос (р) дар яке аз роҳҳои Мадина бо ҳам роҳ мерафтем, ногаҳон ба чанд нафар навҷавоне бархӯрд кардем, ки як мурғи хонагиро ба унвони ҳадаф насб намуда, баста буданд ва ҳар як ба сӯи он тир мепарониданд. Ибни Умар аз кори онон бисёр хашмгин шуда, гуфт: “Кӣ чунин кореро кардааст?” Онҳо пароканда шуданд. Ибни Умар гуфт: “Расули Худо (с) нафрин кардаанд касеро, ки ҳайвонро ин гуна ҳадаф қарор диҳад”.[14]
Тазаккур ва ҳушдор ба падару модар
ва мураббиён
Лозим аст ин нуктаро ба падару модарон тазаккуру ҳушдор диҳем, ки кӯдакони худро қабл аз ғуруби офтоб ба хона фаро хонда, нагузоранд дар берун аз хона, дар кӯчаҳову хиёбонҳо монда бозӣ кунанд. Зеро дар баъзе аҳодис ва ривоёт омадааст, ки шайтонҳо ва мавҷудоти зараррасон дар чунин вақтҳо дар гардишу пароканда мебошанд (ва мумкин аст ин кор барои онон пешомадҳои ногувореро ба бор дошта бошад). Бинобар ин, ҳеҷ монеае нест, ки волидайн ин гуна аҳодису ривоётро ба кӯдакони худ биомӯзанд ва ононро бифаҳмонанд, то бидонанд, ки ин монеа шавӣ аз ҷониби Расули Худо (с) тавсия мебошад ва бояд онро риоят намуд.
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
«(Ҳангоми ғуруб) Кӯдакони худро нигоҳ доред (ва нагузоред берун бираванд) то (муддате аз) аввали шаб бигзарад, чун дар он муддат шайтонҳову мавҷудоти зараррасон дар ҳоли омаду рафт мебошанд».[15]
Дар ривояти дигар омадааст:
«Ҳангоме ки торикии шаб фаро расид, кӯдакони худро нигоҳ доред (ва нагузоред берун бираванд), чун дар он вақт шайтонҳову мавҷудоти зараррасон пароканда мебошанд ва вақте муддате аз шаб гузашт, ононро ба ҳоли худ бигзоред».[16]
Хотимае дар бораи фоидаҳои варзиш
барои кӯдакон
Бо вуҷуди ин ки бозӣ кардан барои афроди болиғ ва бузургсол ба хотири пур кардани вақтҳои фароғатию бекорӣ аст, аммо барои кӯдакону навҷавонон як амали бисёр муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ мебошад, зеро кӯдак дар вақти машғул шуданаш ба бозӣ, ба таври куллӣ аз ҷиҳати ақлу ҷисм тағйир меёбад ва робитаи вазифаҳои иҷтимоӣ ва ҷанбаи аксуламаливу ақлии ӯ ба ҳадди камол мерасад.
Ҳамчунин, бозӣ дар муҳити табиӣ ва ҳамзамон бо роҳнамоии падарон дар рафти он, дар тағйири ҷисмиву рӯҳии кӯдак нақши қобили таваҷҷӯҳе дорад. Зеро гумоне нест, ки бозиву фаъолияти бадании кӯдак дар даврони пеш аз рафтан ба мадраса замони бисёр муҳиме аст барои рушди ақлии ӯ, чун дар ҳамин даврон аст, ки нерӯи ҷисмонии кӯдак ба василаи бозӣ кардан, фаъолияти баданиву фикрӣ поярезӣ шуда, шакл мегирад ва низ ба ҳадди матлубе мерасад.
Илова бар ин, кӯдак дар вақти бозӣ кардан огоҳиҳову таҷрибаҳои гузаштаи худро такрор мекунад, то ин ки битавонад онҳоро ба хубӣ аз худ карда, дар хотираш нигаҳ дорад ва ба сурати ҷузъе аз шахсияти ӯ дароянд, ба наҳве, ки дар оянда ӯро барои ҳамоҳангӣ ба саволу ҷавобҳои наве, ки дар аснои бозӣ карданаш ба онҳо мепардозад, омодаву муҳайё созад. Ба ҳамин хотир аст, ки имрӯз бар ин асос, ки бозӣ мӯҷиби талаф кардани вақт ва аз даст додани фурсат мебошад, назар карда намешавад, балки бар асоси омодагӣ ба он назар карда мешавад. Аз ин рӯ, бояд донист, падароне, ки кӯдакони худро аз бозӣ кардан дар муҳити хона ва ё бо кӯдакони ҳамсояҳо маҳрум сохта, монеъи он мешаванд, дарвоқеъ ононро аз ниёзмандиҳои асосиву бисёр зарурии худ барои рушду нумӯ маҳрум месозанд...!!
Варзиш дорои фоидаҳову арзишҳои зиёде мебошад
1. Арзиши ҷисмӣ: Табиист, ки бозию варзиш илова бар коре нишотовар ва хушҳолкунанда будан, барои рушди ҳаматарафаи кӯдакону навҷавонон низ як амри зарурӣ мебошад. Ҳамчунин, онон дар вақти бозӣ кардан маҳорату қобилияти кашф кардани ашёро пайдо мекунанд ва тариқаи фароҳам намудани онҳоро меомӯзанд.
2. Арзиши тарбиявӣ: Бозӣ ва фаъолияти ҷисмиву фикрӣ замони муносибро дар пеши рӯи кӯдак боз мекунад ва ба он тавсия мебахшад, то ин ки бисёре аз олоту абзори мухталифи бозию варзиширо бишиносад, аз қабили шинохтани шаклҳои мухталиф ва рангҳову муҷассамаҳои гуногун. Чи басо кӯдак дар баъзе ҳолатҳо маълумоту таҷрибаҳоеро дар вақти бозӣ дарёфт мекунад, ки наметавонад онҳоро дар ҳеҷ манобеи дигаре ба даст биоварад.
3. Арзиши иҷтимоӣ: Кӯдак бар асари бозӣ кардан дармеёбад, ки чӣ гуна робитаҳои иҷтимоиро бо дигарон поягузорӣ кунад, то бо муваффақият тарзи иртибот ва рафтору кирдор бо эшонро биомӯзад. Ҳамчунин, ба хубӣ шеваи бозӣ кардани дастаҷамъӣ бо бузургсолон ва шеваи гирифтану доданро ёд бигирад.
4. Арзиши ахлоқӣ: Кӯдак дар вақти бозӣ кардан маънои калимаҳоеро аз қабили хато, савоб ва ё дурусту нодурустро ёд мегирад ва ба порае аз меъёрҳои ахлоқӣ, монанди адолат, садоқат, амонатдорӣ, ҳифзи нафс, рӯҳи варзиш ва муқаррароти варзишгарӣ пай мебарад ва ба хубӣ онҳоро меомӯзад.
5. Арзиши навоварӣ: Кӯдак аз роҳи бозию варзиш метавонад мизони қудрат, тавоноии ибтидоӣ, навоварии хешро бисанҷад ва афкору андешаҳояшро дар маҳаки озмоиш қарор диҳад.
6. Арзиши зотӣ: Кӯдак ва навҷавон аз тариқи бозию варзиш чизҳои бисёреро дар робита бо ботини худ кашф мекунад, монанди пай бурдан ба тавоноиҳову маҳоратҳои хеш ҳангоми бархӯрд бо дӯстонаш, тарзи муоширату ҳамнишинӣ ҳамроҳ бо муқоисаи худ бо онон, ҳамчунин, ба бисёре аз мушкилоти худ ва шеваи рӯбарӯ шуданаш бо онҳо ошно мегардад.
7. Арзиши тандурустӣ: Бозӣ ва варзиш василаи бисёр муассире аст барои рафъи афсурдагӣ, заъфи ҷисмӣ, канор гузоридани тирагиҳое, ки бар асари маҳдудиятҳову қайду бандҳои мухталифе, ки барои кӯдак ба вуҷуд омада, бар ӯ таҳмил мешаванд. Ҳамчунин дармеёбем, ки кӯдакони аз хонаводаҳои бо маҳдудиятҳову қайду бандҳо ва авомиру навоҳӣ дар онҳо ҳукмфармо, вақте ки берун меоянд, аз кӯдакони дигари бештар алоқаманд ба бозиву варзиш, фарқ мекунанд. Ҳамчунин, бозиву ҳаракатҳо ва варзиш беҳтарин василае аст барои ташаккули солимии ҷисмӣ ва ақлии ӯ ва дуруст дарк кардани бархӯрдҳои зиндагӣ.
[1]. Нақл аз «Эҳёу улуми-д-дин».
[2]. Ба ривояти Ибни Ҷарир дар китоби худ «ал-Осор» аз Алӣ (р).
[3]. Ба ривояти Саъд ибни Мансур аз Абулолия ва ба ривояти Бухорӣ аз Салама ибни Акваъ (р).
[4]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р).
[5]. Ба ривояти Табаронӣ аз Абуаюб (р).
[6].Ба ривояти Баззор аз Саъд ибни Абиваққос (р).
[7]. Ба ривояти Абуяъло аз Умар ибни Хаттоб (р) ва ба нақл аз «Маҷмаъу-з-завоид» ва ба ривояти Баззор бо санади заъиф.
[8]. Ба ривояти Шайхайн азОиша (р).
[9]. Ба ривояти Насоӣ азОиша (р).
[10]. Ба ривояти Табаронӣ аз Ҷобир (р).
[11]. Ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 1.. – С. 338.
[12]. Ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 3.. – С. 288.
[13]. Ба ривояти Шайхайн.
[14]. Ба ривояти Аҳмад дар «Муснад».
[15]. Ба ривояти Ҳоким аз Ҷобир (р) ба таври марфӯъ.
[16]. Ба ривояти Аҳмад, Бухорӣ, Муслим, Абудовуд ва Насоӣ аз Ҷобир (р) ба таври марфӯъ.