Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми дувум: Эҳтизор
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми дувум: Эҳтизор
علامات القيامة الكبرى
القسم الثاني
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар
تأليف: عمر سليمان الأشقر
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми дувум: Эҳтизор
Фасли дуввум: Эҳтизор
Мабҳаси аввал: Дар бораи ҳозир шудани фариштагони марг
Ҳаргоҳ аҷали шахсе фаро расад ва зиндагияш дар ҳоли ба охир расидан бошад, Худованд фариштае, ки маъмури гирифтани арвоҳ аст, барои гирифтани руҳе ки мудаббир ва ҳаракатдиҳандаи ҷисм аст, мефиристад.
﴿وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۖ وَيُرۡسِلُ عَلَيۡكُمۡ حَفَظَةً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ تَوَفَّتۡهُ رُسُلُنَا وَهُمۡ لَا يُفَرِّطُونَ ٦١﴾ [الانعام: ٦١]
“Худованд бар бандагони худ комилан ғолиб аст. Ӯ муроқибоне ( аз фариштагон барои ҳисобот ва навиштани амалҳои шумо) бар шумо мефиристад ва мегуморад, (ва онон ба кори худ бо диққати тамом то дами марги якояки шумо машғул мегарданд) Ва чун марги яки аз шумо фаро расид, фиристодагони мо (аз миёни фариштагони дигар ба суроғи ӯ меояд ва) ҷони ӯро мегиранд ва (фариштагони гуруҳи аввал ва фариштагони гуруҳи дуввум ҳеҷ кадом дар маъмурияти худ) кутоҳи намекунанд".
Сураи Анъом, ояти 61
Имом Муслим аз Баро ибни Озиб (р.з) ривоят мекунад, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди марги муъмин ва кофир чунин мефармояд:
"إِنَّ الْعَبْدَ الْمُؤْمِنَ إِذَا كَانَ فِي انْقِطَاعٍ مِنْ الدُّنْيَا وَإِقْبَالٍ مِنْ الْآخِرَةِ نَزَلَ إِلَيْهِ مَلَائِكَةٌ مِنْ السَّمَاءِ بِيضُ الْوُجُوهِ كَأَنَّ وُجُوهَهُمْ الشَّمْسُ مَعَهُمْ كَفَنٌ مِنْ أَكْفَانِ الْجَنَّةِ وَحَنُوطٌ مِنْ حَنُوطِ الْجَنَّةِ حَتَّى يَجْلِسُوا مِنْهُ مَدَّ الْبَصَرِ ثُمَّ يَجِيءُ مَلَكُ الْمَوْتِ عَلَيْهِ السَّلَام حَتَّى يَجْلِسَ عِنْدَ رَأْسِهِ فَيَقُولُ أَيَّتُهَا النَّفْسُ الطَّيِّبَةُ اخْرُجِي إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ اللَّهِ وَرِضْوَانٍ قَالَ فَتَخْرُجُ تَسِيلُ كَمَا تَسِيلُ الْقَطْرَةُ مِنْ فِي السِّقَاءِ فَيَأْخُذُهَا. ....
وَإِنَّ الْعَبْدَ الْكَافِرَ إِذَا كَانَ فِي انْقِطَاعٍ مِنْ الدُّنْيَا وَإِقْبَالٍ مِنْ الْآخِرَةِ نَزَلَ إِلَيْهِ مِنْ السَّمَاءِ مَلَائِكَةٌ سُودُ الْوُجُوهِ مَعَهُمْ الْمُسُوحُ فَيَجْلِسُونَ مِنْهُ مَدَّ الْبَصَرِ ثُمَّ يَجِيءُ مَلَكُ الْمَوْتِ حَتَّى يَجْلِسَ عِنْدَ رَأْسِهِ فَيَقُولُ أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْخَبِيثَةُ اخْرُجِي إِلَى سَخَطٍ مِنْ اللَّهِ وَغَضَبٍ قَالَ فَتُفَرَّقُ فِي جَسَدِهِ فَيَنْتَزِعُهَا كَمَا يُنْتَزَعُ السَّفُّودُ مِنْ الصُّوفِ الْمَبْلُولِ".
“Бандаи муъмин вақте дар ҳолати куч бастан аз ин дунё ва рӯй овардан ба ҷаҳони охират мешавад, фариштагони нурони ва бо чеҳраи дурахшон монанди офтоб аз осмон назди ӯ меоянд. Онҳо кафанҳое аз кафани биҳиштро бо худ ҳамроҳ доранд ва хушбӯйиҳое аз атрҳои биҳиштро низ бо худ меоваранд ва дар интиҳои назари ӯ менишинанд. Баъд фариштаи марг меояд, бар рӯйи болини ӯ менишинад, Ва бар инсони муъмини дар ҳоли сакарот буда хитоб намуда мегуяд: Эй соҳиби нафси покиза – дар ривояти дигар – мутмаъина (ором) ба суи мағфират ва хушнудии Худованд берун биё! Пас он руҳ монанди қатраи даҳони машки об аз ҷасади муъмин берун меояд ва фаришта онро мегирад.
Ва ҳар гоҳ инсони кофир ё фоҷир дар ҳолати рафтан аз ин дунё ва рӯй оваранда ба ҷаҳони охират қарор мегирад, фариштагони тундху ва дурушт бо чеҳраҳои сиёҳу тарснок, ки бо либосҳои сиёҳранг ва дурушт назди вай меоянд ва дар интиҳои назари ӯ менишинанд. Баъд фариштаи марг меояд, ва дар рӯйи болини ӯ менишинад, Ва бар инсони кофир ва фоҷири дар ҳоли сакарот буда хитоб намуда мегуяд: Эй нафси хабис ба сӯйи нороҳати ва хашми Худованд берун биё, Он нафсу руҳ дар ҷасади кофир пахш мешавад. Фариштаи марг онро монанди дарахте, ки шохаҳои пароканда дорад ва аз даруни пашми тар кашида мешавад, берун меорад, Ва ҳамзамон бо берун баровардани руҳ рагу рудаҳо пора пора мешаванд".
Мурда дар ҳолати баровардани руҳ ва сакароти марг бо чи ҳолате ру ба ру мешавад? Ҳарчанд мо наметавонем онро мушоҳида кунем ва бибинем, вале тавони дидани осорашро дорем. Худованд авзоъ ва аҳволи ононро ингуна ба тасвир мекашад:
﴿فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ٨٣ وَأَنتُمۡ حِينَئِذٖ تَنظُرُونَ ٨٤ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُبۡصِرُونَ ٨٥﴾ [الواقعة: ٨٣، ٨٥]
“Пас чаро ҳангоме ки ҷон ба гулугоҳ мерасад (тавоноии баргардонидани онро надоред?) ва шумо бар ин ҳол менигаред, Мо ба ӯ наздиктарем аз шумо, ва локин шумо намебинед".
Сураи Воқиъа, оятҳои 83- 85
Ин оят ҳоли касеро ба тасвир мекашад, ки руҳ то ҳулқумаш боло омадааст ва атрофиёнаш сакароти маргашро мушоҳида мекунанд, вале тавони дидан ва мушоҳида кардани фариштагони амршуда ба қабзи руҳро надоранд.
“Мо ба ӯ наздиктарем аз шумо, ва локин шумо намебинед”.
Сураи Воқиъа, ояти 85
﴿وَهُوَ ٱلۡقَاهِرُ فَوۡقَ عِبَادِهِۦۖ وَيُرۡسِلُ عَلَيۡكُمۡ حَفَظَةً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ تَوَفَّتۡهُ رُسُلُنَا وَهُمۡ لَا يُفَرِّطُونَ ٦١﴾ [الانعام: ٦١]
“Худованд бар бандагони худ комилан ғолиб аст. Ӯ муроқибоне (аз фариштагон барои ҳисобот ва навиштани амалҳои шумо) бар шумо мефиристад ва мегуморад, ( ва онон ба кори худ бо диққати тамом то дами марги якояки шумо машғул мегарданд) Ва чун марги яки аз шумо фаро расид, фиристодагони мо (аз миёни фариштагони дигар ба суроғи ӯ меояд ва) ҷони ӯро мегиранд ва (фариштагони гуруҳи аввал ва фариштагони гуруҳи дуввум ҳеҷ кадом дар маъмурияти худ ) кутоҳи намекунанд".
Сураи Анъом, ояти 61
Дар ояти дигар мефармояд:
﴿كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ ٢٦ وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ ٢٧ وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ ٢٨ وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ٢٩ إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ ٣٠﴾ [القيامة: ٢٦، ٣٠]
“Чунин нест, ки гумон мебаранд, ҳангоме ки ҷон ба гулугоҳ бирасад (аз тарафи ҳозирин ва атрофиён саросема ва даступои ӯ, ва оҷизона ва маъюс) гуфта мешавад: Оё касе ҳаст, ки (барои наҷоти ӯ) дуъое нависад, Ва (муҳтазар) яқин пайдо мекунад, ки замони фироқ фаро расидааст, соқи пой бар соқи пои дигар мепечад ва пойҳо ҷуфти якдигар мегарданд, Дар он рӯз равона кардани (ҳамагон) ба суи Парвардигорат хоҳад буд".
Сураи Қиёмат, оятҳои 26-30
Ончи ки ба "тароқи" мерасад, руҳ аст, Ва "тароқи" "тарқуҳ" аст. Ва "тарқуҳ" бар устухони миёни сина ва гулу итлоқ мегардад.
Ва дар ҳадисҳо сароҳатан баён шудааст, ки фариштаи марг бахшиш ва хушнудии аз ҷониби Худовандро бар бандаи муъмин башорат медиҳад, Ва кофир ё фоҷирро аз нороҳати ва хашму ғазаби Худованд хабардор месозад. Ҳадисҳо ва оятҳои зиёде ин матлабро собит месозанд.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ تَتَنَزَّلُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَبۡشِرُواْ بِٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ ٣٠ نَحۡنُ أَوۡلِيَآؤُكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَشۡتَهِيٓ أَنفُسُكُمۡ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَدَّعُونَ ٣١ نُزُلٗا مِّنۡ غَفُورٖ رَّحِيمٖ ٣٢﴾ [فصلت: ٣٠، ٣٢]
“Касоне ки мегӯянд: Парвардигори мо танҳо Худо аст ва сипас (бар ин гуфтаи худ, ки иқрор ба ягонагии Худованд аст меистанд ва онро бо анҷом додани қонунҳои шариъат амали мекунанд ва бар ин парастиши Худованди ягона то зиндаанд) побарҷо ва мондагор мемонанд (дар ҳангоми охирин лаҳзаҳои зиндагӣ) фариштагон ба наздашон меоянд (ва бад-онон мужда медиҳанд) ки натарсед ва ғамгин набошед ва шуморо ба биҳиште ки ба (воситаи паёмбарон) ба шумо (муъминон) ваъда дода мешуд, башорат бод. (ва фариштагон ба онҳо хабар медиҳанд, ки) мо ёрони шумо дар зиндагии дунё ва охират ҳастем ва дар охират барои шумо ҳарчи бихоҳед бароятон фароҳам аст. Инҳо ба унвони пазирои аз суи Худованди омурзгор ва меҳрубон аст”.
Сураи Фуссилат, ояти 30-32
Бинобар ақидаи бисёри аз муфассирон, монанди: Муҷоҳид, Саддӣ, ва ғайри онҳо, ин фуруд омадани фариштагон ва гуфтугу бо инсонҳои муъмин ҳангоми эҳтизор ва сакароти марг сурат мегиред.
Бегумон инсон дар ҳолати эҳтизор бо шароити бисёр сахте рубару хоҳад шуд, Аз ояндае ки воқеъ мешавад бисёр ҳаросон ва бимнок аст, Ҳамонтавре ки аз бозмондагонаш ва қавмҳояш итмиъноне надорад, дар ин ҳолат фариштагон назди муъмин дар ҳоли эҳтизор меоянд, то ӯро аз хатарҳои гумоншуда ва ғаму андуҳ нисбат ба оянда эмин созанд ва хавфу ҳузнашро дур кунанд. Ба ӯ хитоб намуда мегӯянд: Дар мавриди барзах ва қиёмати оянда тарсу ҳаросе ба дил роҳ надеҳ ва бар бозмондагон андуҳе бар душ нагузор, биҳишт ва розигии Худованд бар ту муборак бод: "Фариштагон ба наздашон меоянд (ва бад-онон мужда медиҳанд) ки натарсед ва ғамгин набошед ва шуморо ба биҳиште ки ба (воситаи паёмбарон) ба шумо (муъминон) ваъда дода мешуд, башорат бод”.
Сураи Фуссилат, ояти 30
То замоне ки банда бо худояш муҳаббат кунад ва ӯро дӯсти худ бидонад, Худованд ҳамвора бо вай муҳаббат мекунад ва ёвари ӯ хоҳад буд, хусусан дар шароити сахту мушкил ва аз сахттарин шароит ва душвортарин марҳилаҳои зиндагӣ, марҳилаҳои эҳтизор ва сакароти марг аст. " (ва фариштагон ба онҳо хабар медиҳанд, ки ) мо ёрони шумо дар зиндагии дунё ва охират ҳастем ва дар охират барои шумо ҳарчи бихоҳед бароятон фароҳам аст." (Сураи Фуссилат ояти 31)
Аммо фариштагон, кофирон ва инсонҳои фоҷирро дар шароити сахт ва ҳолати мухолифи ҳолати муъмин мулоқот хоҳанд кард, Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ تَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡ قَالُواْ فِيمَ كُنتُمۡۖ قَالُواْ كُنَّا مُسۡتَضۡعَفِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ قَالُوٓاْ أَلَمۡ تَكُنۡ أَرۡضُ ٱللَّهِ وَٰسِعَةٗ فَتُهَاجِرُواْ فِيهَاۚ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَسَآءَتۡ مَصِيرًا ٩٧﴾ [النساء : ٩٧]
“Бегумон касоне ки фариштагон (барои гирифтани руҳшон дар охирин лаҳзаҳои зиндагӣ) ба суроғашон мераванд ва (мебинанд, ки ба сабаби мондан бо кофирон дар сарзамини кофирон ва ҳиҷрат накардан ба сарзамини имон) ба худ зулм кардаанд, Ба эшон мегӯянд: куҷо будед, (ки инак бедину бадбахт шудаед? Узрхоҳон) гӯянд: Мо бечорагоне дар сарзамини (куфр) будем (ва чунон ки бояд, ба анҷоми дастурҳои дин нарасидем! Фариштагон ба эшон) Гӯянд: Магар замини Худо васеъ набуд, то дар он (битавонед бори сафар бандед ва ҷои дигаре куч кунед? Ҷойгоҳи онон дӯзах аст ва чи ҷойгоҳи баде ва саранҷоми баде аст”.
Сураи Нисо, ояти 97
Бар асоси ривояти Имом Бухорӣ аз ҳазрати ибни Аббос ояти зикршуда дар бораи гуруҳе нозил шудааст, ки мусулмон шуданд, вале ҳиҷрат накарданд, то инки марг ба суроғашон омад, ё дар сафи душманон кушта шудаанд. Фариштагон дар ҳолати эҳтизор ва сакарот онҳоро таҳдид менамоянд ва тавбих мекунанд ва хабари дӯзахи буданашонро ба онҳо иттилоъ медиҳанд.
Худованд ҷон гирифтани мушрикони ҷанги Бадрро ба воситаи фариштагон ингуна ба тасвир мекашад:
﴿وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ يَتَوَفَّى ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَضۡرِبُونَ وُجُوهَهُمۡ وَأَدۡبَٰرَهُمۡ وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ٥٠ ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيكُمۡ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيۡسَ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ ٥١﴾ [الانفال: ٥٠، ٥١]
“Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!» Ин ба ҷазои аъмоле буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам раво намедорад."
Сураи Анфол ояти 50-51
Аллома ибни Касир дар тафсири ояти зикршуда мефармояд: Эй Муҳаммад! Агар ҳолати қабзи арвоҳи кофиронро медиди, як ҷараёни ваҳшатнок ва ваҳмноку бадеро мушоҳида мекарди, Чун фариштагон руй ва пушти кофиронро мавриди зарб қарор медоданд ва ба онҳо хитоб намуда мегуфтанд: Ин азоби дӯзахро бичашед.
Муфассири бузург аллома ибни Касир мефармояд: Ҳарчанд ин оятҳо дар мавриди ҷанги Бадр ҳастанд ва дар ҳамон иртибот нозил шудаанд, вале шомили ҳамаи кофирон дар тамоми замону макон мешаванд. Ба ҳамин далил хитоби оят махсуси мушрикони аҳли Бадр нест, балки бо хитоби ом ҳоли ҳамаи кофиронро ба тасвир мекашад.
“Агар бубинӣ он замонро, ки фариштагон ҷони кофиронро меситонанд ва ба рӯю пушташон мезананд ва мегӯянд: «Азоби сӯзонро бичашед!» Ин ба ҷазои аъмоле буд, ки пеш аз ин карда будед ва Худо ба бандагонаш ситам раво намедорад."
Сураи Анфол ояти 50-51
Оятҳои бешумори дигаре ҳастанд, ки ин дидгоҳи ибни Касирро таъйид мекунанд.
Худованд мефармояд:
﴿فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بَِٔايَٰتِهِۦٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ يَنَالُهُمۡ نَصِيبُهُم مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا يَتَوَفَّوۡنَهُمۡ قَالُوٓاْ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالُواْ ضَلُّواْ عَنَّا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ ٣٧﴾ [الاعراف: ٣٧]
“Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти ӯро дурӯғ пиндорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ, ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд мепурсанд: «Он чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед, акнун куҷоянд?» Гӯянд: «Табоҳ шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шаҳодат диҳанд, ки кофир будаанд.”.
Сураи Аъроф, ояти 37
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۢ ۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٢٨﴾ [النحل: ٢٨]
“Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде намекардем». Оре, Худо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст”.
Сураи Наҳл, ояти 28
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱرۡتَدُّواْ عَلَىٰٓ أَدۡبَٰرِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡهُدَى ٱلشَّيۡطَٰنُ سَوَّلَ لَهُمۡ وَأَمۡلَىٰ لَهُمۡ ٢٥ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لِلَّذِينَ كَرِهُواْ مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ سَنُطِيعُكُمۡ فِي بَعۡضِ ٱلۡأَمۡرِۖ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِسۡرَارَهُمۡ ٢٦ فَكَيۡفَ إِذَا تَوَفَّتۡهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَضۡرِبُونَ وُجُوهَهُمۡ وَأَدۡبَٰرَهُمۡ ٢٧﴾ [محمد : ٢٥، ٢٧]
“Шайтон аъмоли касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят ҳаройна муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва боз гаштанд, (ба куфру гумроҳияшон) дар назарашон биорост ва орзуяшонро дароз кард.
Ва ин (аз дин баргаштанашон) ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд, мегуфтанд: “Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем”. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.
Чӣ гунаанд он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?"
Сураи Муҳаммад, оятҳои 25-27
Мабҳаси дуввум: Сакароти марг
Марг дорои шароит ва ҳолатҳои хоссе аст, ки ҳар инсоне вақти эҳтизор ё ҷон додан бо онҳо рубуру хоҳад шуд. Худованд мефармояд:
﴿وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ ١٩﴾ [ق: ١٩]
“Ба ростӣ, ки беҳушии марг (ва сахтиву душвории марг) фаро мерасад. (Ва воқеиятро ҳамроҳ меорад ва даричаи қиёматро ба руятон боз мекунад, Ҳодисаҳо ва саҳнаҳои дунёи навро кам кам бароятон нишон медиҳад, Дар ин ҳангом инсонро фарёд мезананд, ки) Ин аст он чӣ, ки аз он канора мегирифти ва мегурехтӣ."
Сураи Қоф, ояти 19
Манзур аз сакароти марг, душвори ва мушкилиҳои он аст. Имом Роғиб дар китоби Муфрадоти Қуръон мегӯяд: Масти ҳолате аст, ки миёни инсон ва ақлаш монеъ эҷод мекунад. Вожаи масти ғолибан барои шароб истифода мешавад, Вале бар ғазаб, ишқ, дард, хоб, фикр ва беҳушие ки аз дарду нороҳати пайдо мешавад низ гуфта мешавад ва манзур аз сакароти марг, беҳушии аз дарду ранҷ ва қабзи руҳ ба амал омада аст.
Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ ба ин ҳолат (сакароти марг) рубару шуда ва дарди онро таҳаммул намудааст. Дар ривоятҳо омадааст, ки дар беморие ки паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вафот карданд зарфи оберо дар назди расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) монданд ва расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дасти муборакашро дар об дохил менамуд ва бар пешонии худ мемолид ва мефармуд:
"لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ إِنَّ لِلْمَوْتِ سَكَرَاتٍ "
"Худованд ягона аст, бешак марг сахтиҳое дорад"
Ҳазрати Оиша (р.з) дар бораи бемории марги расули худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: Ҳеҷ нороҳатиеро сахттар аз нороҳатии паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бемории маргаш надидам.
Ҳазрати Оиша (р.з) дар ҳолати сакароти марг пеши падараш Абубакр (р.з) рафт, ҳангоме ки бемори ва сакароти марг шиддат гирифт, ин чанд мисраъро гуфт:
لعمرك ما يغني الثراء عن الفتي إذا حشرجت يوماً وضاق بها الصدر
Қасам мехурам, замоне ки руҳ ба ҳулқуми инсон бирасад ва синааш танг шавад, Сарвату мол барои ҷавон суде надорад.
Ҳазрати Абубакр (р.з) бо шунидани ин байт сарашро бардошт ва ба суи Оиша (р.з) хитоб намуда гуфт: Чунин нест, инхел нагу, балки сухани оромбахш илоҳиро бароям замзама кун, ки мегӯяд:
﴿وَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ ١٩﴾ [ق: ١٩]
“Ба ростӣ, ки беҳушии марг (ва сахтиву душвории марг) фаро мерасад. (Ва воқеиятро ҳамроҳ меорад ва диричаи қиёматро ба руятон боз мекунад, Ҳодисаҳо ва саҳнаҳои дунёи навро кам кам бароятон нишон медиҳад, Дар ин ҳангом инсонро фарёд мезананд, ки) Ин аст он чӣ, ки аз он канора мегирифти ва мегурехтӣ."
Сураи Қоф, ояти 19
Бе ягон шакку шубҳа кофиру фоҷир зиёдтар аз муъмин дар сакароти марг дарду ранҷро мутаҳаммил мешавад. Дар сатрҳои гузашта гушае аз ҳадиси Баро ибни Озиб, ки ба ин мавзӯъ ишора дошт, нақл кардем: Руҳи кофиру фоҷир, вақте ки фариштаи марг ба ӯ хитоб намуда мегӯяд: Берун биё ва ба суи хашму ғазабу нороҳатии Худованд бирав, Дар бадан об мешавад ва фариштаи марг онро монанди дарахти хордоре ки шохаҳои зиёд дорад, аз миёни пашмҳои таршуда берун оварда шавад, берун меоварад, ки ҳангоми берун омаданаш тамоми рагҳо ва асабҳоро пора пора мекунад.
Қуръони карим сахти ва нороҳатии кофиронро ҳангоми ҷон додан ингуна ба тасвир кашидааст:
﴿وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ قَالَ أُوحِيَ إِلَيَّ وَلَمۡ يُوحَ إِلَيۡهِ شَيۡءٞ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثۡلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُۗ وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِي غَمَرَٰتِ ٱلۡمَوۡتِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ ٩٣﴾ [الانعام: ٩٣]
“Кист ситамгортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо (бар Муҳаммад) нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоикаҳо бар онҳо даст кушудаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти ӯ сарпечӣ мекардед.”
Сураи Анъом, ояти 93
Мисдоқи ин оят – ҳамонгуна, ки ибни Касир мефармояд – ба вуқуъ хоҳад пайваст: Ҳангоме ки фариштаи азоб занҷир, иқоб, тавқ, дӯзах, оби гарму сӯзон ва хашму ғазаби Худоро бар кофир мужда медиҳад, руҳи ӯ дар ҷасадаш пароканда мешавад ва аз берун омадан саркашӣ мекунад, Фариштагон кофиронро мавриди зарбаҳои шаллоқ қарор медиҳанд, то инки руҳи ӯ аз ҷасад берун биёяд.
Фаришта бар кофирон хитоб намуда мегӯяд:
﴿أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ ٩٣﴾ [الانعام: ٩٣]
Ибни Касир родмарди тафсир ояти
﴿وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ ٩٣﴾ [الانعام: ٩٣]
- ба задани фариштагон тафсир мекунад, Ҳамонгуна ки дар ду ояти поён ба ҳамон маъно ба кор рафтааст.
﴿لَئِنۢ بَسَطتَ إِلَيَّ يَدَكَ لِتَقۡتُلَنِي مَآ أَنَا۠ بِبَاسِطٖ يَدِيَ إِلَيۡكَ لِأَقۡتُلَكَۖ ٢٨﴾ [المائدة: ٢٨]
“Агар ту бар ман даст дароз кунӣ, ки маро бикушӣ, ман бар ту даст дароз намекунам, ки туро бикушам.”
Сураи Моида, ояти 28
﴿وَيَبۡسُطُوٓاْ إِلَيۡكُمۡ أَيۡدِيَهُمۡ وَأَلۡسِنَتَهُم بِٱلسُّوٓءِ ٢﴾ [الممتحنة : ٢]
“...ва ба озоратон дасту забон мекушоянд.”
Сураи Мумтаҳина, ояти 2
Баъзе аз инсонҳо дар бораи сахтии сакарот дар ҳолати эҳтизор сухан гуфтаанд: Аз ҷумлаи он бузургворон Амр ибни Ъос (р.з) аст, Вақте эшон мубтало ба бемории марг шуданд, фарзандаш ба ӯ хитоб намуда гуфт: Падарҷон! Ту мегуфти: Эй кош инсони оқил ва хирадмандеро дар ҳоли сакарот медидам то мушоҳидаҳояшро бароям хабар медод, он инсони оқил ту ҳасти, пас ҳоло мушоҳидаҳоятро бароям бигу. Амр ибни Ъос (р.з) гуфт:
لیتنی کنت قبل ما قد بدا لی فی تلال الجبال ارعی الوعولا
Эй кош қабл аз ошкор шудани ин ҳолат дар баландии кӯҳҳо гусфанд мечаронидам, то он тангнафасие ки ҳоло мечашам эҳсос мекардам.
Шаҳодат сабаби сабукии сакарот мешавад
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо хабар додааст, ки инсони шаҳид дар ҷанг аз шиддати сакароти маргаш кам мешавад. Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки Паёмбари худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"مَا يَجِدُ الشَّهِيدُ مِنْ الْقَتْلِ إِلَّا كَمَا يَجِدُ أَحَدُكُمْ مِنْ الْقَرْصَةِ"
“Шаҳид дарди куштанро монанди газидани мурча эҳсос мекунад”.
Мабҳаси севум: Инсон вақти сакарот орзуи баргаштан ба дунёро мекунад
Вақте марги инсон фаро мерасад, орзу мекунад, ки ба дунё баргардад, кофир ба хотири онки мусулмон шавад ва гуноҳкор ба хотири инки тавба кунад, чунин орзуеро дар дил мепарваронанд. Худованд мефармояд:
﴿حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ ٩٩ لَعَلِّيٓ أَعۡمَلُ صَٰلِحٗا فِيمَا تَرَكۡتُۚ كَلَّآۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَآئِلُهَاۖ وَمِن وَرَآئِهِم بَرۡزَخٌ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٠٠﴾ [المؤمنون : ٩٩، ١٠٠]
“(Кофирон ба роҳи хатои худ идома медиҳанд) Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро (ба дунё) бозгардон. Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! (роҳи бозгаште вуҷуд надорад) Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.
Сураи Муъминун, оятҳои 99–100
Имон вақти фаро расидани марг пазируфта намешавад ва тавба замоне ки руҳ ба ҳулқум расид ва вақти баромаданаш фаро расид, фоидае надорад.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّمَا ٱلتَّوۡبَةُ عَلَى ٱللَّهِ لِلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِن قَرِيبٖ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَتُوبُ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا ١٧ وَلَيۡسَتِ ٱلتَّوۡبَةُ لِلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّئَِّاتِ حَتَّىٰٓ إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ إِنِّي تُبۡتُ ٱلۡـَٰٔنَ وَلَا ٱلَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمۡ كُفَّارٌۚ أُوْلَٰٓئِكَ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا ١٨﴾ [النساء : ١٧، ١٨]
“Ҷуз ин нест, ки қабули тавба барои касонест, ки ба нодонӣ муртакиби коре зишт мешаванд ва зуд тавба мекунанд (ва аз кардаи худ пушаймон мешаванд). Худо тавбаи инҳоро мепазирад ва Худо донову ҳаким аст.
Тавбаи касоне, ки корҳои зишт мекунанд ва чун марги яке аз онҳо фаро расад, мегӯяд, ки акнун тавба кардам ва низ онҳо, ки кофир бимиранд, пазируфта нахоҳад шуд. Барои инҳо азобе дардовар муҳайё кардаем."
Сураи Нисо, оятҳои 17–18
Ҳофиз ибни Касир ривоятҳоеро ки Худованд тавбаи бандаро пеш аз расидани руҳаш ба ҳулқумро қабул мекунад, нақл кардааст:
(إِنَّ اللَّهَ يَقْبَلُ تَوْبَةَ الْعَبْدِ مَا لَمْ يُغَرْغِرْ)
"Худованд то қабл аз расидани руҳ ба ҳулқум тавбаи бандаро мепазирад."
Ҳар кас пеш аз марг тавба кунад, тавбааш бо таъбири оят қариб аст, Аммо бояд асоси он тавба ихлос ва ростӣ бошад. Бинобар ин банда бояд пеш аз фаро расидани марг тавба кунад, чунки дар ҳолати сакарот имконияти тавба вуҷуд надорад.
Шоъир мегӯяд:
قـدم لنـفسك توبة مرجـوة قبل الممات وقبل حبس الالسن
بادر بهـا غلق النفـوس فإنها ذخر وغنـم للمنيب المحسـن
Қабл аз марг ва банд шудани забон тавбаи мақбул ва пазируфташударо ба ҷой овар. Қабл аз банд шудани нафас барои тавба кардан шитоб кун.
Чун шитоб кардан дар тавба барои инсони некукор ва бозгарданда ба суи парвардигор захира ва ғанимате аст.
Мабҳаси чаҳорум: Хушҳоли ва шодии муъмин бо дидори Парвардигораш
Вақте фариштагони Худованд бо мужда аз тарафи Худованди маннон ба суи бандаи муъмин мешитобанд, осори фараҳу хушҳоли бар чеҳраи муъмин зоҳир мешавад. Вале осори ғаму андуҳ ва нороҳати ва хастаги бар рӯйи кофир ҳувайдо мегардад. Бинобар ин бандаи муъмин дар ҳолати эҳтизор ва сакароти марг, дидори Худоро орзу мекунад, Вале инсони кофиру фоҷир дидори Худои қаҳҳорро дӯст намедорад.
Аз ҳазрати Анас ибни Молик (р.з) ривоят аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"مَنْ أَحَبَّ لِقَاءَ اللَّهِ أَحَبَّ اللَّهُ لِقَاءَهُ وَمَنْ كَرِهَ لِقَاءَ اللَّهِ كَرِهَ اللَّهُ لِقَاءَهُ, قَالَتْ عَائِشَةُ أَوْ بَعْضُ أَزْوَاجِهِ إِنَّا لَنَكْرَهُ الْمَوْتَ قَالَ لَيْسَ ذَاكِ وَلَكِنَّ الْمُؤْمِنَ إِذَا حَضَرَهُ الْمَوْتُ بُشِّرَ بِرِضْوَانِ اللَّهِ وَكَرَامَتِهِ فَلَيْسَ شَيْءٌ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا أَمَامَهُ فَأَحَبَّ لِقَاءَ اللَّهِ وَأَحَبَّ اللَّهُ لِقَاءَهُ وَإِنَّ الْكَافِرَ إِذَا حُضِرَ بُشِّرَ بِعَذَابِ اللَّهِ وَعُقُوبَتِهِ فَلَيْسَ شَيْءٌ أَكْرَهَ إِلَيْهِ مِمَّا أَمَامَهُ كَرِهَ لِقَاءَ اللَّهِ وَكَرِهَ اللَّهُ لِقَاءَهُ".
“Ҳаркас ки дидори Худоро дӯст дорад, Худованд ҳам дидори ӯро дӯст дорад ва ҳаркас дидори бо Худоро макруҳ бидонад, Худованд низ аз дидори ӯ хушҳол нест."
Ҳазрати Оиша (р.з) ё яке аз ҳамсарони паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Эй расули Худо! Мо мурданро намеписандем. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Чунин нест, чун муъмин бо фаро расидани маргаш муждаи ризогӣ ва кароматро дарёфт мекунад, оянда ва дидори мужда барои ӯ аз ҳар чизе маҳбубтар ҳастанд, Бинобар ин муъмин дар он ҳангом дидор бо Худоро меписандад ва Худованд низ лиқои ӯро мехоҳад. Вале инсони кофир вақти эҳтизор ҳангоме аз азоби Худованд ва ъуқубати Ӯ бохабар мегардад, пеш аз ҳама чиз ояндаашро бад медонад ва нисбат ба ояндааш нохушоянд аст, лизо дидори бо Худоро намеписандад ва Худованд низ дидори ӯро намехоҳад."
Ин аст, ки бандаи муъмин аз ҷанозахонон мехоҳад ҳарчи зудтар ӯро ба хок бисупоранд, то зудтар аз неъматҳои Худованд баҳраманд гардад. Вале инсони бад амал аз рафтан ба суи қабристон ҳарос дорад ва бар сару рӯйи худ мезанад.
Дар саҳеҳ Бухорӣ ва сунани Насои, ҳазрати Абусаъиди Худрӣ (р.з) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ингуна ривоят мекунад:
"أَنَّ رسولالله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ إِذَا وُضِعَتْ الْجِنَازَةُ وَاحْتَمَلَهَا الرِّجَالُ عَلَى أَعْنَاقِهِمْ فَإِنْ كَانَتْ صَالِحَةً قَالَتْ قَدِّمُونِي وَإِنْ كَانَتْ غَيْرَ صَالِحَةٍ قَالَتْ يَا وَيْلَهَا أَيْنَ يَذْهَبُونَ بِهَا يَسْمَعُ صَوْتَهَا كُلُّ شَيْءٍ إِلَّا الْإِنْسَانَ وَلَوْ سَمِعَهُ صَعِق".
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Ҳаргоҳ ҷаноза гузошта шавад ва мардон онро ба души худ бигиранд, агар некукор бошад мегӯяд: Манро зудтар ба пеш бибаред ва агар бадкор бошад мегӯяд: Вой бар ман, манро куҷо мебаред? Ҷуз инсон тамоми мавҷудот ин садоро мешунаванд ва агар инсонҳо онро шунаванд беҳуш мешаванд.”
Мабҳаси панҷум: Ҳозир шудани шайтон ҳангоми марг
Вақте инсон ба марг наздик мешавад, шайтон бисёр орзу мекунад, ки худро ба назди ӯ бирасонад, то инки наҷот наёбад ва аз доми гумроҳияш нараҳад. Дар саҳеҳ Муслим аз ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р.з) ривоят шудаааст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"إِنَّ الشَّيْطَانَ يَحْضُرُ أَحَدَكُمْ عِنْدَ كُلِّ شَيْءٍ مِنْ شَأْنِهِ حَتَّى يَحْضُرَهُ عِنْدَ طَعَامِهِ فَإِذَا سَقَطَتْ مِنْ أَحَدِكُمْ اللُّقْمَةُ فَلْيُمِطْ مَا كَانَ بِهَا مِنْ أَذًى ثُمَّ لِيَأْكُلْهَا وَلَا يَدَعْهَا لِلشَّيْطَانِ فَإِذَا فَرَغَ فَلْيَلْعَقْ أَصَابِعَهُ فَإِنَّهُ لَا يَدْرِي فِي أَيِّ طَعَامِهِ تَكُونُ الْبَرَكَة".
“Шайтон ҳар лаҳза назди инсон меояд, ҳатто дар вақти таъом хурданаш ҳозир мешавад. Ҳаргоҳ луқмаи таъом аз дасти касе ба замин афтод, бояд олудагии онро пок намуда боқияшро бихурад ва онро барои шайтон нагузорад ва ҳаргоҳ шумо аз хардани таъом фориғ шудед, ангуштонро ба воситаи забон пок кунед, чунки шумо намедонед баракати таъом дар кадом қисмати он нуҳуфта аст.”
Олимон мегӯянд: Шайтон дар ин вақти ҳассос (вақти сакароти марг ё ҷон кандан) дар шакли падар, модар ё ба шакли як инсони меҳрубону бораҳм дар меояд ва дар шакли шахси хайрхоҳ ӯро ба яҳудият ва насроният ё ҳар дине ки муъоризи дини Ислом аст, даъват мекунад. Ин ҳамон лаҳзае аст, ки Худованд бадсириштонро ба бероҳаги мекашонад. Худованд мефармояд:
﴿رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةًۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ ٨﴾ [ال عمران: ٨]
“(Чунин фарзонагони хирадманде мегӯянд): Парвардигоро! Дилҳои моро (аз роҳи ҳақ) мунҳариф магардон баъд аз онки моро (ҳаловати ҳидоятро чашонида ва ба суи ҳақиқат) роҳнамои сохти ва аз ҷониби худ раҳмате бар мо ато кун, бегумон бахшоишгар Туи Ту”.
Сураи Оли Имрон ояти 8
Абдуллоҳ ибни имом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд: Вақти вафоти падарам наздаш ҳозир будам, ӯ гоҳе беҳуш мешуд ва гоҳе ба ҳуш меомад ва бо дасташ ишора карда: не дур бош, не дур бош, мегуфт. Аз ӯ пурсидам: Падарҷон ин чи ҳаракат аст, ки мекунед? Фармуд: Шайтон дар назди ман истодааст ва сари ангуштонашро газида мегуяд: Эй Аҳмад аз ман наҷот ёфти, Ман мегуям: Ақиб бирав, ақиб бирав.
Қуртубӣ мегӯяд: Аз шайх, имом Абуаббос, Аҳмад ибни Амри Қуртуби шунидам, ки мефармуд: назди Абуҷаъфар, Аҳмад ибни Қуртубӣ дар Қуртуба ҳозир будам ва ӯ дар ҳолати эҳтизор буд. Ҳозирин ба ӯ мегуфтанд: Бигу Ло илоҳа илло Аллоҳ , ӯ мегуфт: не, не, Вақте ба ҳуш омад ин ҳолашро барояш хабар кардем, фармуд: Ду шайтон, яке дар тарафи ростам ва дигари дар тарафи чапам истода буданд. Яке мегуфт: бо дини яҳуди дунёро падруд бигу, зеро дини яҳуди аз беҳтарин динҳо аст. Ва дигари мегуфт: Ба суи дини насроният бишитоб, зеро насроният беҳтарин дин аст. Ва ман дар ҷавоби онҳо мегуфтам: Не, не.
Чигунае ки ибни Таймия мефармояд: Чунин ҳодиса барои ҳар инсоне зарури нест, балки бар баъзе аз инсонҳо арз мешавад ва барои бархи дигар машруъият надорад, вале дар майдони воқеъият пеш омаданашро барои бархе аз инсонҳо шунидаам. Ҳамаи инҳо аз фитнаҳои зиндаги ва марг ҳастанд, ки мукаллаф шудаем дар намоз аз онҳо ба Худо паноҳ бибарем.
Шайх ибни Таймия мефармояд: Шайтон вақти марг ва эҳтизор бештар аз ҳар вақт ба бероҳа кардани инсон ҳарис ва тамаъ дорад, Чунки ин вақт, вақти ҳоҷат ва ниёз аст. Имом барои исботи ин матлаб аз ҳадиси " Амалҳо ба хотимааш вобастаги дорад" далил мегирад.
Расули Худо ( Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
"إنَّ الْعَبْدَ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّةِ حَتَّى مَا يَكُونُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا إلَّا ذِرَاعٌ, فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الْكِتَابُ فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ فَيَدْخُلُهَا وَإِنَّ الْعَبْدَ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ حَتَّى مَا يَكُونُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا إلَّا ذِرَاعٌ, فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الْكِتَابُ فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّةِ فَيَدْخُلُهَا".
“Инсон ҳамвора амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, То инки миёни ӯ ва биҳишт масофа бисёр кам мешавад ва ба як зироъ мерасад, Онгоҳ тақдири ӯ бар ӯ сабқат мегирад ва амали аҳли дӯзахро анҷом дода вориди дӯзах мешавад. Ва бисёри вақтҳо инсон ҳамеша амалҳои аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то инки масофа миёни ӯ ва дӯзах бисёр кам мешавад, ногоҳ тақдир бар ӯ сабқат мегирад ва ӯ анҷом додани амалҳои аҳли биҳиштро шуруъ мекунад ва вориди биҳишт мешавад.”
Мабҳаси шашум: Омилҳои анҷоми бад
Баъзеҳо ки дар зоҳир мусулмонанд ва мувофиқи қонуни шариъат ва аҳкоми исломӣ амал мекунанд – ба Худо паноҳ мебарем – анҷоми хатарноке доранд. Ин анҷоми бад барои баъзеҳо ҳангоми сакароти марг эҷод мешавад ва зоҳир мегардад.
Сиддиқ Ҳасанхон дар бораи анҷоми бад чунин мегӯяд: Хотимаи бад иллатҳо ва сабабҳое дорад, ки муъмин бояд аз онҳо ҳазар дошта бошад. Сипас дар идомаи суханаш баъзе аз онҳоро чунин баён мекунад:
1- Фасоди ақидавӣ, фасод дар ақида агарчанде бо ниҳояти зуҳду салоҳ ҳам бошад, аз ҷумлаи омилҳои хотимаи бад аст. Агар шахсе дорои ақидаи фосид бошад ва бар ақидааш мутмаин бошад ва эҳтимоли шакку тардидеро дар он роҳ надиҳад, Дар лаҳзаҳои сакароти марг бутлони ақидааш ошкор мегардад ва итминон пайдо мекунад, ки эътиқоди ӯ ботил буда ва мустанад ба ҳеҷ асле нест. Бинобарин ботил шудани баъзе аз ақидааш муҷиби аз байн рафтани бақияи ақидаҳояш ҳам мегардад. Чун қабзи руҳи ӯ дар ин шароит пеш аз дарк ва бозгашт ба асли имон муҷиби анҷоми бад мешавад ва аз дунё беимон меравад. Дар натиҷа аз ҷумлаи касоне мешавад, ки Худованд дар бораашон мефармояд:
﴿وَبَدَا لَهُمۡ سَئَِّاتُ مَا كَسَبُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٤٨﴾ [الزمر: ٤٧]
“Ва аз ҷониби Худо чизе (аз шиканҷа ва азоб)барои эшон ҷилвагар ва падидор мешавад, ки фикраш намекарданд”. (Сураи Зумар ояти 47)
Ва дар ояти дигар Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ هَلۡ نُنَبِّئُكُم بِٱلۡأَخۡسَرِينَ أَعۡمَٰلًا ١٠٣ ٱلَّذِينَ ضَلَّ سَعۡيُهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ يَحۡسَبُونَ أَنَّهُمۡ يُحۡسِنُونَ صُنۡعًا ١٠٤﴾ [الكهف: ١٠٣، ١٠٤]
“Бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд? Онон касонеанд, ки талош ва такопуяшон (ба сабаби нодуруст будани ақида ва бовариашон) дар зиндагии дунё беҳуда меравад (ва бефоида мешавад) ва худ гумон мебаранд, ки бо беҳтарин ваҷҳ кори нек мекунанд”. (Сураи Каҳф ояти 103 -104)
Дар ҳақиқат чунин аст, Ҳар кас эътиқоде бар хилофи воқеъият дошта бошад, ин ақидаро ё баргирифта аз фикру андешаи худи ӯст ва ё ин ақидаи нодурустро аз касе гирифтааст, ки дорои чунин мушкили ва дарде аст. Пас ҳар касе ингуна ақида дошта бошад дар рубаруи амри хатарноке қарор дорад, ки зуҳду тақво ба ӯ фоидае намерасонад. Балки замоне зуҳду тақво ба фоидаи инсон аст, ки бар асоси Қуръон ва суннати паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бошад. Чунки асоси ақидаи инсон танҳо аз ин ду сарчашмаи поку зулол бунёдгузори мешавад.
2- Исрор бар гуноҳон: Ҳар касе ки бар анҷоми гуноҳон исрор ва пофишори кунад, муҳаббати гуноҳ дар дили ӯ ҷой мегирад ва ҳар чизеро ки инсон дар тули умри худ бо он зиста ва унсу улфат гирифтааст, ҳангоми марг ва сакарот дар зеҳнаш боқи мемонад ва ба ёдаш меояд. Агар муҳаббати инсон ва гароиши ӯ дар зиндагӣ ба суи тоъат бошад, вақти мурдан зикру ёди бандаги ва тоъат дар хотири ӯ тоза шуда мавҷ мезанад ва агар муҳаббату гароиши ӯ ба суи гуноҳон бошад, зикру ёди гуноҳ ва маъосӣ дар лаҳзаҳои марг дар хотираш тоза мегардад. Баъзе вақтҳо дар поёни зиндагӣ пеш аз тавба, шаҳват ва гуноҳе аз гуноҳони гузашта ба суроғаш меояд ва қалбашро асир мекунад ва байни ӯ ва парвардигораш монеъа эҷод менамояд. Чигунае ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадисе мефармояд: Гуноҳ дар охирин лаҳзаҳои зиндагӣ сабаби гумроҳи ва бадбахтиаш мешавад:
"المعاصي بريد الكفر"
"Гуноҳон пуле ба суи куфр ҳастанд"
Касе ки аслан муртакиби гуноҳ нашавад ё муртакиб шуда бошад ва тавба кунад, аз чунин хатар дур ва эмин мемонад. Аммо касе ки зиёд муртакиби гуноҳ мешавад ва ҳатто гуноҳонаш аз тоъаташ бештар аст ва муваффақ ба тавба кардан ҳам нагардидааст, балки бар гуноҳон исрор варзидааст, ба шиддат дар хатари анҷоми бад қарор мегирад, Чунки муҳаббати зиёд ва гароиш ба суи гуноҳ сабаби нақш бастани гуноҳ дар зеҳни инсон мешавад ва ҳангоми марг ва сакарот ҳам бар чунин ҳолат боқи мемонад ва дар ниҳоят ба бадтарин анҷом рубару мегардад.
Мавзӯъҳои гузаштаро бо як мисол мешавад тавзеҳ ва шарҳ дод, Бешак инсон дар олами руъё (хоб) авзоъ ва аҳволеро мушоҳида мекунад, ки дар тули умр бадон унсу улфат гирифтааст. Масалан: Агар касе умрашро дар илму китобхони гузаронида бошад, аҳволи илму олимонро дар хоб мушоҳида мекунад ва агар касе умрашро дар дӯзандагӣ гузаронда бошад, дар хобаш умури алоқаманд ба дӯзандагиро мебинад. Чунки дар олами хоб ҳамон чизе мояд, ки инсон дар тули умр ба он дил баста бошад. Марг ҳарчанд, ки аз хоб сахттар аст, аммо муқаддима ва сакароти он монандии зиёде ба хоб дорад, Бинобарин муҳаббати зиёди гуноҳон сабаби ба ёд овардани он ва нақшу бозгашти он дар дили инсон ва пайдоиши он дар нафси инсон вақти сакароти марг мебошад, ки агар руҳ дар чунин ҳолат гирифта шавад ба анҷоми баде мубтало хоҳад шуд ва ин хотимаи баде аст.
Имом Заҳабӣ дар китоби Кабоир (гуноҳони бузург) мегӯяд: Муҷоҳид гуфтааст: Ҳар кас, ки мемирад, дӯстону ҳамнишинони зиндагиаш дар олами мисол назди ӯ ҳозир карда мешаванд, марде ки дар зиндагӣ бо шатранҷ бози мекард, ҳангоми сакароти марг, атрофиёнаш калимаи шаҳодатро барояш замзама мекарданд ва талқин менамуданд, вале ӯ мегуфт: шоҳ (шоҳ мот) ва ӯ дар ҳамин ҳолат ҷон дод. Чун дар зиндагӣ ба лафзҳои шатранҷ унсу улфат гирифта буд, дар сакароти марг ба ҷои калимаи тавҳид лафзҳои бозиро бар забон ҷори мекард.
Монанди ин ҳолат барои шахси дигаре пеш омад, ки дар зиндагӣ бо шаробнӯшон ҳамнишини дошт, вақте дучори сакароти марг гардид, яке аз наздиконаш ба наздаш омад то ба ӯ калимаи шаҳодатро талқин кунад ва ӯ ба ҷои калимаи шаҳодат гуфт: Бинуш ва ба ман низ бинушон, Ва баъд аз он ҷон дод. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил азим.[1]
3- Баромадан аз роҳи рост: Чунки ҳар касе дар оғози зиндагияш соҳиби роҳи росту саҳеҳу мустақим бошад ва баъд аз он дар ин роҳи дуруст тағйирот пайдо шавад ва аз роҳи рост барояд ва гумроҳ шавад, ниҳояташ ба бади меанҷомад. Монанди иблис, ки дар оғози зиндагӣ бузург ва имоми фариштагон буд ва дар ибодат аз ҳама беҳтару хубтар буд, вале ҳангоми дастури Худо бар саҷда ва таъзими Одам саркаши кард ва аз роҳи росту мустақим баромада гумроҳ шуд. Ё монанди Балъми Боъур ва Барсисо, ки дар аввали зиндагӣ обид, зоҳид ва бо тақво буданд, Худованд ба Балъами Боъур муъҷиза дод, вале ӯ ҳангоми пайравӣ, аз ҳавасҳои шайтониаш пайравӣ кард ва ба суи дунё гаравид ва аз ҷумлаи гумроҳон қарор гирифт. Ва Барсисо ҳангоми даъвати шайтон лаббайка гуён ба суи шайтон шитофт ва ба саффи пайравони шайтон мулҳақ гашт, то ҷое ки дар торикии куфр ғутавар шуд, ки шайтон ба ӯ хитоб намуда гуфт: Ман аз ту безорам ва аз Худои бузург метарсам. Шайтон аз ӯ халоси ва раҳоии ҷуст, чунки аз он ҳарос дошт, ки дар азоби гумроҳии ӯ шарик ва ҳамдам бошад, вале изҳори безори барои шайтон суде надошт, Чунки Худованд мефармояд:
﴿فَكَانَ عَٰقِبَتَهُمَآ أَنَّهُمَا فِي ٱلنَّارِ خَٰلِدَيۡنِ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَٰٓؤُاْ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٧﴾ [الحشر: ١٧]
“Саранҷоми кор (аҳриман ва касе, ки гумроҳаш кардааст) ба онҷо меанҷомад, ки ҳар ду дар оташи дӯзах ҷовидона мемонанд, ва ин ҷазои ситамгорон аст.” (Сураи Ҳашр ояти 17)
4- Заъифимони: Агар имон заъиф бошад, дӯстии Худованд низ дар инсон заъиф мегардад ва муҳаббати дунё дар дилаш қувват мегирад ва бар инсон ғолиб мешавад, ба гунае ки ҷое дар дили ӯ барои муҳаббати Худованд боқи намемонад. Муҳаббати Худованд чунон заъиф мегардад, ки наметавонад бо нафс мухолифат ва таъсире дошта бошад. Ингуна имони заъиф ҳеҷгуна нақше дар пешгирии гуноҳон ва баргаштан ба суи ибодат ва бандагӣро надорад. Дар натиҷа соҳиби ингуна имон дар дарёи шаҳавот ва гуноҳон ғарқ мешавад ва торикии гуноҳон бар дил анбошта мегардад ва ҳамеша нури имонро ба хомушии бештар мубтало мекунад. Вақте ки сакароти марг фаро мерасад муҳаббати Худованд дар дил бисёр заъиф мегардад, чунки худро дар ҳоли ҷудои аз дунё мебинад, дар ҳоле ки дунё барояш бисёр маҳбуб ва писандида аст ва муҳаббати дунё чунон бар ӯ ғалаба намудааст, ки хоҳиши тарки онро надорад ва аз ҷудоии он эҳсоси нороҳати мекунад ва муҳаббати заъфи имон ба буғзу бадбинии Худованд табдил мегардад. Агар руҳи ӯ дар чунин ҳолати хатарнок қабз шавад, ниҳояташ ба бади меанҷомад ва барои ҳамеша нобуд мегардад.
Омиле ки ба чунин хотимаи бад оварда мерасонад, муҳаббати дунё ва гароиш ба суи он ва хушҳол шудан ба василаи он ва заъфи имон, ки якҷоя бо заъфи муҳаббати Худованд аст, мебошад. Ин дарде аст, ки гиребони бисёре аз халоиқро гирифтааст, Чун ҳар чизе ки дар ҳоли сакарот ғалаба кунад, ончиз дар дил нақш мебандад ва шахсро ба худ машғул месозад, ба гунае ки ба чизи дигар намеандешад.
Охир ҷое барои чизи дигар боқи намондааст, Ва агар руҳ дар чунин ҳолат қабз шавад, таваҷҷуҳи қалбиаш ба суи дунё бармегардад ва бад он су руй меорад ва миёни ӯ ва парвардигораш монеъа эҷод мегардад.
Ривоят аст, ки вақте Сулаймон ибни Абдулмалик ба қасди ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо вориди Мадина шуд, пурсид: Оё дар Мадина касе ҳаст, ки гуруҳе аз саҳобаро дида бошад? Гуфтанд: Оре, Абуҳозим чанд тан аз саҳобаро дидааст ва ҳануз дар қайди ҳаёт аст.
Ба суи ӯ қосиде фиристод, Вақте Абуҳозим омад, Сулаймон гуфт: Эй Абуҳозим! чаро мо маргро нописанд ва макруҳ талаққи мекунем?
Абуҳозим гуфт: Шумо дунёро обод ва охиратро вайрон кардаед ва дар ҳақиқат рафтан аз ҷои обод ба ҷои вайрона нописанд ва макруҳ мебошад.
Сулаймон гуфт: Сухани бисёр беҷое аст, баъд гуфт: Эй кош медонистам, ки назди Худованд чи ҷойгоҳ ва мартабае дорам?
Абуҳозим гуфт: Амалҳои худро бо Қуръон тарозу ва вазн кун.
Сулаймон гуфт: Он тарозуро дар куҷои Қуръон меёбам?
Абуҳозим гуфт дар ин оят:
﴿إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ ١٣ وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ ١٤﴾ [الانفطار: ١٣، ١٤]
“Албатта некон дар миёни неъматҳои фаровони биҳишт хоҳанд буд, Ва албатта бадкорон дар миёни оташи сӯзони дӯзах ба сар хоҳанд бурд”.
Сураи Инфитор оятҳои 13-14
Сулаймон гуфт: Пас раҳматҳои Худованд куҷо ҳастанд?
Абуҳозим гуфт: Раҳматҳои Худованд ҳамроҳи некукоронанд.
Сулаймон гуфт: Эй кош медонистам кайфияти ҳозир шуданам дар пешгоҳи Худованд чигуна хоҳад буд.
Абуҳозим гуфт: Некукор монанди касе аст, ки ба сафар рафтааст ва ба хонааш бармегардад ва бадкор монанди касе аст, ки аз хидмати соҳибаш фирор карда ва бо маҷбури ба суи ӯ баргардонида мешавад.
Сулаймон ба гиря афтод, ба гунае ки садояш баланд шуд ва гиряаш шиддат ёфт, баъд гуфт: Манро васият кун.
Абуҳозим гуфт: Дар ҷое ки наҳйи худованд аст ҳозир нашав ва дар ҷое ки раҳмату шафқати Худованд аст ҳаргиз аз онҷо дур мабош.
Сиддиқ Ҳасанхон аз Имом Ғазоли дар китоби "Эҳёи улуми дин" нақл карда мегӯяд: Хотима ва ниҳояти бад ду марҳила дорад, ки яке аз он ду аз дигари бузургтар аст. Аммо марҳилаи бузургтар ва азим он аст, ки ҳангоми сакароти марг ва зоҳиршавии аҳволи он шакку инкор ғолиб бошад ва руҳ дар ҳамин ҳолат қабз шавад, ин ҳолат барои ҳамеша миёни ӯ ва Худованд монеъа эҷод мекунад ва натиҷаи он дурии абади аз раҳматҳои Худованд ва азоби абади мебошад.
Марҳилаи дуввум, ки камтар аз марҳилаи аввали аст, иборат аст аз инки вақти марг муҳаббати чизе аз умури дунё ё лаззате аз лаззатҳои он бар дил ғалаба пайдо кунад, онгоҳ он чизи болаззат дар дил нақш мебандад ва инсонро ба гунае ба худ машғул месозад, ки чизи дигаре дар дили ӯ ҷой намегирад, пас ҳаргоҳ қабзи руҳ дар ҳоли муҳаббати дунё иттифоқ афтад, муомила фавқуодда ва хатарнок аст, чунки инсон дар ҳамон ҳолате ки зиндаги карда ҳаёташро сипари кардааст ҷон месупорад ва ба шиддат ҳасрат мехурад.
Албатта агар имон қавӣ бошад ва муҳаббати Худованд аз дер замоне дар дил гиреҳ хурда ва бо амалҳои солеҳу дуруст омехта бошад, ин ҳолат аз дил маҳв мегардад. Вале вазни имонаш дар ҳадди як мисқол бошад, Худованд пас аз андак вақте ӯро аз дӯзах берун меоварад ва агар камтар аз як мисқол бошад ба муддати дарозтаре дар дӯзах боқи мемонад.
Ба ҳар ҳол, агар имон ба андозаи як мисқол бошад, ҳатман аз дӯзах берун оварда мешавад, гарчанде ҳазорҳо сол дар онҷо боқи монад. Ва ҳар касе дар бораи зот, сифатҳо ва афъоли Худованд бар хилофи онки дар ҳақиқат вуҷуд дорад, муътақид бошад ва ин эътиқод хоҳ гирифташуда аз тақлид бошад ё натиҷаи фикру иҷтиҳод бошад, барои бартараф шудани ин хатар фоидае надорад. Танҳо чизе ки инсонро аз ин хатар наҷот медиҳад, эътиқоди ҳақ ва баргирифта аз Қуръон ва суннати паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Инсони беақлу аҳмақ аз ин хатар тарсу ҳаросе надорад ва дар борааш фикр намекунад.[2]
Мабҳаси ҳафтум: Мухайяр будани паёмбарон ҳангоми марг
Худованд аҷру подоши бузурги паёмбаронро ҳангоми фаро расидани маргашон барояшон нишон медиҳад, Сипас онҳоро барои мондан дар дунё ё раҳсипор шудан ба сарои абадӣ мухайяр месозад. Бидуни шак ҳар паёмбаре неъматҳои доимии Худовандро бар дунё тарҷиҳ медиҳад.
Паёмбари бузурги мо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ аз ин суннат истисно нашудааст, балки ҳаммонанди дигар паёмбарони гузашта ихтиёр дода шуд, вале он бузургвор мулоқоти Худованди маннонро ихтиёр фармуданд.
Дар саҳеҳ Бухорӣ аз ҳазрати Оиша (р.з) ривоят шудааст, ки Расули худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
"إِنَّهُ لَمْ يُقْبَضْ نَبِيٌّ قَطُّ حَتَّى يَرَى مَقْعَدَهُ مِنْ الْجَنَّةِ ثُمَّ يُحَيَّا أَوْ يُخَيَّرَ فَلَمَّا اشْتَكَى وَحَضَرَهُ الْقَبْضُ وَرَأْسُهُ عَلَى فَخِذِ عَائِشَةَ غُشِيَ عَلَيْهِ فَلَمَّا أَفَاقَ شَخَصَ بَصَرُهُ نَحْوَ سَقْفِ الْبَيْتِ ثُمَّ قَالَ اللَّهُمَّ فِي الرَّفِيقِ الْأَعْلَى فَقُلْتُ إِذًا لَا يُجَاوِرُنَا فَعَرَفْتُ أَنَّهُ حَدِيثُهُ الَّذِي كَانَ يُحَدِّثُنَ".
“Руҳи ҳеҷ паёмбаре қабз намешавад, магар инки ҷойгоҳи ӯ дар биҳишт ба ӯ нишон дода мешавад ва баъд ба ӯ ихтиёр дода мешавад. (Ихтиёр дода мешавад, ки руҳаш қабз шавад ё чанд вақти дигар дар дунё боқи монад) Ҳазрати Оиша дар идомаи ҳадис мефармояд: Вақте фариштаи марг назди Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фуруд омад ва сари мубораки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) руйи зонуи ман буд, Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чанд лаҳзае беҳуш шуданд ва сипас дар ҳоле ба ҳуш омад, ки ба сақфи хона чашм духта буд ва мефармуд: Парвардигоро ба суи рафиқи аъло.[3] Онгоҳ ба худ андешидам, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) акнун моро тарҷиҳ намедиҳад (ихтиёр намекунад) ва мутаваҷиҳ шудам, ки ин ҳамон ҳадисе аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи мухтор гузоштани паёмбарон вақти марг барои мо баён карда буд. Ҳазрати Оиша (р.з) мефармояд: Ин охирин сухане буд, ки аз забони Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) берун омад.
Ва дар ривояти дигар чунин омадааст: Шунидам, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бемории вафоташ мефармуд: Бо касоне ки мавриди лутфу раҳмати Худованд, аз паёмбарон, содиқон, шаҳидон ва некукорон, қарор гирифтаанд, ҳашр гардем ва инҳо беҳтарин ҳамроҳон ҳастанд.
﴿مَعَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّۧنَ وَٱلصِّدِّيقِينَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَٱلصَّٰلِحِينَۚ وَحَسُنَ أُوْلَٰٓئِكَ رَفِيقٗا ٦٩﴾ [النساء: ٦٩]
Ҳазрати Оиша (р.з) мефармояд: Бо шунидани ин оят ман гумон кардам, ки ӯ ихтиёр дода шудааст.
(Давом дорад)