×
Мақола дар бораи Салоҳ ва парҳезгории волидайн ва таъсири он дар тарбияи фарзанд, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳаштум: Салоҳ ва парҳезгории волидайн ва таъсири он дар тарбияи фарзанд

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الثامن: تقوى الوالدين و صلاحهم و تأثيره في تربية الأولاد

    < الطاجيكية >

    Ҳақназаров Тоҳир

    حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳаштум: Салоҳ ва парҳезгории волидайн ва таъсири он дар тарбияи фарзанд

    Ҳеҷ шакке нест, ки барои тарбияву парвариши фарзан­дон падару модар нахустин сармашқ ва намунаи нек ва шо­иста мебошанд. Аз ин рӯ салоҳу парҳезгорӣ, дурусткориву некравишии онон бар парвариши ҷисму фикри фарзандони худ бисёр муассир мебошад, зеро дарвоқеъ фарзандон ба та­носуби тақвову парҳезгории волидайни худ ва мутобиқи пайравӣ намуданашон аз барномаи илоҳӣҳамроҳ бо исор ва ҳамкорӣ нисбат бар ҳамдигар парвариш меёбанд, аз дасту­роти Худованд итоат ва фармонбардорӣ мекунанд ва ин ҳа­мон чизе аст, ки ояти шарифа бар он таъкид намудааст:

    ﴿ذُرِّيَّةَۢ بَعۡضُهَا مِنۢ بَعۡضٖۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ٣٤﴾ [ال عمران: ٣٤]

    «Онон фарзандоне буданд, ки (чи аз назари тақвову фа­зилат ва чи аз назари наслу хонавода) бархе аз бархе ди­гаранд…».[1]

    Аммо бо вуҷуди чунин қоида ва робитае боз гоҳе муло­ҳиза мешавад, ки ба хотири ҳикмате, ки танҳо Худованд бар он огоҳ мебошад ва барои ин, ки қалбҳо пайваста дар ҳоли парҳезгориву бедорӣ бимонанд, иддае бо камоли зори­ву тазаррӯъ дар пешгоҳи Эзид таъоло хоҳони фарзанди со­леҳу некӯкоре мешаванд. (Дар ҳоле ки худи волидайн дар парвариши саҳеҳи фарзанд ва ба унвони фарзанди солеҳу некӯкор тарбия ёфтани ӯ омили бисёр муассир мебошанд).

    Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, салоҳу парҳезгории воли­да­йн дар тарбияи фарзандон комилан муассир мебошад. Чу­нонки омадааст: Ҳазрати Хизр (а) бидуни музду чашмдоште девореро, ки мутааллиқ ба ду кӯдаки ятим буд, сохт ва таъ­мир намуд. Ҳазрати Мӯсо (а) аз ӯ пурсид: Чаро дар ивази сохтани он девор музде нагирифтӣ? Дар ҷавоб гуфт:

    ﴿وَكَانَ أَبُوهُمَا صَٰلِحٗا ٨٢﴾ [الكهف: ٨٢]

    «(Чун) падарашон марди солеҳу порсое буд».[2]

    Илова бар он фариштагон низ барои марди мӯъмин, фарзандони солеҳ ва падару модараш ва дигар афроди некӯ­кор дуои хайр ме­кунанд ва хоҳони бартарии мақоми онон мегарданд:

    ﴿رَبَّنَا وَأَدۡخِلۡهُمۡ جَنَّٰتِ عَدۡنٍ ٱلَّتِي وَعَدتَّهُمۡ وَمَن صَلَحَ مِنۡ ءَابَآئِهِمۡ وَأَزۡوَٰجِهِمۡ وَذُرِّيَّٰتِهِمۡۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٨﴾ [غافر: ٨]

    «Эй Парвардигори мо! Онҳоро ба бӯстонҳои ҳамешасабз дарор, ки ба онҳо ваъда кардаӣ ва низ аз падаронашон ва за­нонашон ва фарзандонашон ҳар кӣ некӯкор бошад, (ба ҷан­нат бидарор), ба дурустӣ ки Ту ғолиби фарзонаӣ».[3]

    Табиӣ аст, ки ҳар гоҳ тарбияву парвариши фарзандон бар асоси тоати Худо ва даъват ба сӯи Худо бошад, албатта дар биҳишти ҷовидон ҳамдигарро мулоқот хоҳанд кард. Ху­дованд мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَآ أَلَتۡنَٰهُم مِّنۡ عَمَلِهِم مِّن شَيۡءٖۚ كُلُّ ٱمۡرِيِٕۢ بِمَا كَسَبَ رَهِينٞ ٢١﴾ [الطور: ٢1]

    «Ва онон, ки имон оварданд ва фарзандонашон дар имон дар паи онҳо рафтанд, фарзандонашонро ба онҳо ме­расонем ва онҳоро аз ҷазои амалашон чизе нуқсон наме­кунем. Ҳар касе ба он чи амал кард, дар гарави он бошад».[4]

    Ба ҳамин хотир аст, ки яке аз солеҳон хитоб ба фар­занди худ гуфта: Эй писарам! (Ман ба умеди он, ки фар­дои қиёмат туро бубинам,) бисёр намоз мехонам.

    Ривоят мекунанд, ки Саҳли Тастурӣ (р) аҳд мекард, дар мавриди фарзанде, ки Худованд дар оянда ба ӯ ато мефар­мо­яд, қабл аз таваллудаш аъмоли нек анҷом диҳад, ба умеди он, ки Худованд ба воситаи фарзанди солеҳе, ки барои ӯ ба дунё меоварад, мавриди икром ва мағфирати Худо қарор диҳад ва пайваста мегуфт: «Ман аҳду паймонеро устувор медорам, ки Худованд онро дар олами кӯдакӣ бо ман бастааст ва ман фарзандонамро аз ҳамин ҳозир, (ки ҳанӯз ба дунё наомада­анд) то замоне, ки Худованд ононро ба ман ато мефармояд ва ба олами шуҳуду зуҳур хориҷ мекунад, нигаҳбонӣ ва му­ҳофизат менамоям.[5]

    Пас ин худ далеле аст, ки салафи солеҳ бар вуҷуди фар­занд бисёр ҳарис ва алоқаманд будаанд.

    Байҳақӣ (р) дар китоби «Ал-Эътиқод»[6] аз Ибни Аббос (р) нақл намуда, ки гуфт: «Ҳангоме ки ояти «Ва ан лайса ли-л-инсони илло мо саъо» нозил шуд, Худованд баъди он ин оят­ро нозил фармуд: «…алҳақно биҳим зурриятаҳум…», яъне фарзандонашонро (ба василаи имон дар биҳишт) ба эшон ме­расонем. Ибни Аббос гуфтааст: Худованд фарзандони шахси мӯъминро ҳамроҳи ӯ дар биҳишт дар дараҷаи ӯ қарор меди­ҳад, агарчи дар амал аз ӯ поёнтар бошанд, сипас ин оятро хонд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَآ أَلَتۡنَٰهُم مِّنۡ عَمَلِهِم مِّن شَيۡءٖۚ كُلُّ ٱمۡرِيِٕۢ بِمَا كَسَبَ رَهِينٞ ٢١﴾ [الطور: ٢1]

    «Ва онон, ки имон оварданд ва фарзандонашон дар имон дар паи онҳо рафтанд, фарзандонашонро ба онҳо ме­расонем ва онҳоро аз ҷазои амалашон чизе нуқсон наме­кунем. Ҳар касе ба он чӣ амал кард, дар гарав бошад».[7]

    Бинобар ин Худованд мефармояд: Мо фарзандони со­леҳро ҳамроҳи падару модари некӯкори худ дар биҳишт ҷой медиҳем бе он ки Мо аслан аз амали онон чизе бикоҳем ва аз андӯхтаи падарону модарон чизе бардорем ва ба фарзан­донашон бидиҳем ва ё ба ин васила бар ҳасаноти фарзандон бияфзоем.

    Ибни Шоҳин нақл кардааст: «Дар ҳоле ки Паёмбари ак­рам (с) бо як нафар машғули муноҷот буд, Ҳориса ибни Нӯъ­мон (р) назди ӯ омад, бидуни ин ки салом кунад, нишаст. Он як нафар, ки Ҷабраил буд, гуфт: «Агар ин шахс салом мекард, ҷавоби саломашро медодем». Он Ҳазрат (с) ба Ҷабраил фар­муданд: «Оё ин шахсро мешиносӣ?» Ҷабраил гуфт: «Оре, ин шахс яке аз он ҳаштод нафаре аст, ки дар рӯзи ҷанги Ҳунайн сабру пойдорӣ намуданд, Худованд онон ва фарзандонашонро дар биҳишт ҷой дод (биҳиштро насиби онҳо гардонид)».

    Саъид ибни Мусайяб гуфтааст: «Вақте намоз мегузорам, фарзандамро ба ёд меоварам ва ба намоз хондани худ меафзо­ям. Чун дар ривояте омадааст, ки Худованд дар миёни ҳафт фарзанди шахс фарзанди солеҳро ҳифз мефармояд».

    Оятҳои зер ҳамин гуфтаро таъйид мекунанд, ки мефармояд:

    ﴿إِنَّ وَلِـِّۧيَ ٱللَّهُ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡكِتَٰبَۖ وَهُوَ يَتَوَلَّى ٱلصَّٰلِحِينَ ١٩٦﴾ [الاعراف: ١٩6]

    «Ба дурустӣ, корсози ман он Худо аст, ки Китобро фуруд овард ва ӯ некӯкоронро корсозӣ мекунад».[8]

    [1]. Сураи Оли Имрон, 3: 34.

    [2]. Сураи Каҳф, 18: 82. Ибни Касир ривоят карда, ки ҷадди ҳафтум солеҳ буда ва Худо ба туфайли ӯ набераро нафъ бахшид. Фахри Розӣ дар тафсири худ дар шарҳи ин оят мефармояд: Ин далолат бар он дорад ,ки салоҳу некии падарон иноят ба ҳоли писаронро ба бор меоварад (21/162).

    [3]. Сураи Ғофир, 40: 8.

    [4]. Сураи Тур, 52: 21.

    [5]. Ҳошияи Ибни Обидин ҷ. 1.. – С. 53.

    [6]. Таълифи Ҳофиз Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (ваф. 458 ҳ.).

    [7]. Сураи Тур, 52: 21.

    [8]. Сураи Аъроф, 7: 196.