Шарм ва ҳаё аз нигоҳи ислом
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Шарм ва ҳаё аз нигоҳи ислом
الحياء في الإسلام
<الطاجيكية>
Абдураҳмон. А
عبد الرحمن. أ
Шарм ва ҳаё аз нигоҳи ислом
Паёмбари Худо дар ҳадиси шариф мефармояд:
عن أبي مسعود عقبة بن عمرو الأنصاري البدري – رضي الله عنه - قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "إن مما أدرك الناس من كلام النبوة الأولى: إذا لم تستح فاصنع ما شئت" رواه الإمام بخاري .
Аз АбуМасъуд: Уқба писари Амри ансории бадри ривоят шуда, ки гуфт: Расули Акрам (с) фармуданд: "Яқинан аз ончи ки мардум аз сухани Паёмбарони пешин дарёфтаанд ин аст, ки: Ҳаргоҳ шарм надошти ончи хости анҷом бидеҳ". Ҳадисро имом Бухори ривоят карда аст.
Дар ин ҳадиси шариф Паёмбари Худо ишора намуданд ки ин сухани дар боло зикр шуда яке аз фармудаҳои Паёмбарони гузашта аст, ки насл ба насл ва забон ба забон гуфта шуда ва то ба ман расида аст. Ва маънояш чунин аст ки: Шарму ҳаё дар тамоми шариъатҳо писандида ва мавриди ситоиш буда аст, пас ҷумла ба чунин маъност ки: Агар шарму ҳаё надошта боши, ки туро аз муҳаррамот манъ намояд, ҳарчи мехоҳи анчом бидеҳ, зеро барои худ бадбахтиро оварда азоби бадеро омода месози.
Аллоҳ таъоло низ дар китоби покаш мефармояд:
﴿ٱعۡمَلُواْ مَا شِئۡتُمۡ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ ٤٠﴾ [فصلت: ٤٠]
“Ҳарчи мехоҳед бикунед, ҳамоно ӯ (Аллоҳ таъоло) ба ончи мекунед биност”.
Сураи Фуссилат 40
Дар тафсири Анворул Қуръон дар шарҳи ин оят омада аст: "Пас шуморо дар баробари ончи мекунед ҷазои муносиб медиҳад, Заҷҷоҷ мегуяд: Лафзи (иъмалу: Ба маънои ҳарчи мехоҳед бикунед) лафзи амр аст ва маънои таҳдиди сахтро медиҳад". (Тафсири Анворул Қуръон\ҷ5\ сураи Фуссилат).
Ҳаё хулқест ки Паёмбари Худо дар ҳадисҳои зиёде фазилаташро баён карда аст, аз он ҷумла Паёмбари Худо мефармояд:
عن عمران بن حصين عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "الحياء لا يأتي إلا بخير" متفق عليه.
Имрон писари Ҳусайн аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуданд: “Шарму ҳаё ҷуз хайру хуби чизеро пеш намеорад”. (Бухори ва Муслим)
Аз Абдуллоҳ писари Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
عن عبد الله بن عمر – رضي الله عنهما – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال: "فإن الحياء من الإيمان". رواه البخاري ومسلم .
“Яқинан ҳаё аз имон аст”. (Бухорӣ ва Муслим)
Дар ҳадиси дигаре ки имом Муслим онро ривоят карда аст Паёмбари Худо (с) мефармояд:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال: "الحياء خير كله". رواه مسلم.
“Ҳаё, ҳамааш хайр ва хуби аст”. (Муслим)
Ибни Аббос (р) дар ҳадиси дигаре аз Паёмбари Худо(с) ривоят карда аст, ки фармуданд:
عن ابن عباس – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "الحياء والإيمان في قرن, فإذا نزع الحياء تبعه الآخر".
“Ҳаё ва имон ҳамроҳанд, ҳаргоҳ ҳаё рафт имонҳам ба дунбол он меравад”.
Ҳаё бар ду навъ аст:
Якум: Ҳаёи табиъи ки ҳамроҳи табиъати инсон мебошад ва ин дар ҳақиқат беҳтарин ахлоқе аст, ки Аллоҳ таъоло ба банда ато мефармояд, зеро ҳаёи табиъист ки инсонро аз бадиҳо ва ахлоқи паст нигоҳ медорад ва ӯро соҳиби ахлоқи хуб мегардонад.
Дуюм: Ҳаёи иктисоби (ба даст овардашуда) аст, ки аз шиносои Аллоҳ таъоло ва донистани бузургияш ва бо наздик будан бо Ӯ таъоло ба даст меояд. Ва инҳам бузургтарин хислатҳои имон аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Пёмбари Худо (с) фармуданд:
عن عبد الله بن مسعود قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: "الاستحياء من الله حق الحياء أن تحفظ الرأس وما وعى، والبطن وما حوى، ولتذكر الموت والبلى" رواه الترمذي .
"Шарму ҳаё доштан аз Аллоҳ таъоло чунон аст ки сар ва ончики дар он аст нигоҳдори, шикам ва ончи ки дар шикам аст нигоҳдори, ва инки рузҳои марг ва пусиданиро ба ёд биёри". (Тирмизӣ)
Нигоҳдории сар ба маънои фармонбардори аз Аллоҳ таъоло ва фикру гумони хуб ва шойста дар бораи Аллоҳ таъоло ва амрҳояш мебошад.
Нигоҳ доштани ончики дар сар аст монанди нигоҳ доштани чашм аз муҳаррамот, ва нигоҳдории гуш аз дуруғ ва гуфтори бад ва суханони нораво.
Ва нигоҳдории шикам ва ончи дар он аст, аз хуроки ҳаром ва кори ҳаром, нигоҳдории даҳон аз гуфтори нораво, ва нигоҳдории шармгоҳ аз кори ҳаром ба монанди зино.
Ба ёд овардани марг зеро марг ногаҳон бар сари инсон меояд ва бар касе замонате дар ихтиёри марг нест. Агар инсон яқинан бидонад ки фардо мемирад албатта кори хубро то фардо анҷом медиҳад, Пас марг ҳатми аст ва вақташ номаълум мебошад барои ҳамин инсон бояд ҳамеша барояш омодаги дошта бошад ва омодаги барои марг албатта дар анҷом додани корҳои хайр мебошад.