×
Фатво дар бораи нияти рӯзаи моҳи рамазон.

    Нияти рӯза

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Таҳияи: Дорул Ислом\Тоҷикӣ

    “Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1214"

    2014 - 1435

    نية صيام رمضان

    «باللغة الطاجيكية»

    الشيخ محمد بن صالح العثيمين

    إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

    "فتاوى علماء الحرمين 1214هـ"

    2013 - 1435

    Нияти рӯза

    Суол: Оё нияти рӯзаи рамазон ба шакли умуми барои ҳама рӯзҳои рамазон кифоят мекунад?

    Ҷавоб: Маълум аст, ҳар шахс ки дар охири шаб барои саҳархури аз хоб бармехезад қатъан нияти рӯза доштааст. Зеро шахси оқил ҳама корро бо ихтиёри худаш анҷом медиҳад ва анҷоми ҳеҷ коре бидуни ирода мумкин нест, ва ирода ҳамон ният аст. Ва одатан инсон дар вақти саҳар ба нияти рӯза гирифтани фардо таъом мехурад. Вале мақсади шахс танҳо хурдан бошад, ки дар ин вақт одати хурдан надошта бошад, ин ҳам як навъи ният маҳсуб мешавад.

    Аммо суоле ки инҷо матраҳ мешавад ин аст, ки фаразан шахсе дар яке аз рӯзҳои рамазон қал аз ғуруби офтоб хоб меравад ва касе ӯро бедор намекунад, вақте аз хоб бедор мешавад, ки фаҷри содиқ комилан талаъ намудааст. Ҳоло рӯзаи ин шахс, ки аз шаб нияти рӯзаи фардоро надоштааст, саҳеҳ мешавад ё не?

    Дар ҷавоб мегуем: Рӯзааш дуруст аст, зеро тибқи қавли роҷеҳ нияти рӯзаи рамазон барои касе ки дар аввали моҳи рамазон барои рӯза гирифтан ният мекунад, ҳамон ният барояш кофи аст, ва ниёзе ба таҷдиди он надорад. Магар инки узре пеш биёяд ва ифторро барояш мубоҳ гардонад ва дар рамазон як ё чанд рӯзро бихурад, ки дар ин ҳолат барои рӯза гирифтан дар рӯзҳҳои баъд аз тамом шудани узраш аз нав ният карданаш лозим аст.

    Маҷмуъи фатвоҳо ва рисолаҳо 19/176,ф. 131, Шайх Муҳаммад ибни Усаймин.

    Гирифташуда аз “Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1214" Нусхаи форсии сомонаи дорулислом.