Зиндагиномаи имом Насои
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Зиндагиномаи имом Насои
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Абдуллоҳ Муваҳҳид
Таҳия: Мусъаби Ҳамза
2014 - 1435
سيرة الإمام النسائي -رحمه الله-
«باللغة الطاجيكية»
عبد الله موحد
إعداد وترجمة: مصعب حمزة
2014 - 1435
Зиндагиномаи имом Насои
Имом Насои (215 – 303ҳ)
Ӯ Имом, ҳофиз, шайхулислом Абуабдурраҳмон, Аҳмад ибни Шуъайб ибни Али ибни Синон ибни Баҳри хуросони, насои, соҳиби китоби "Сунани Насои" аст.
Таваллуд ва сафараш барои талаби илм
Ӯ дар Насо (номи макон дар Хуросон) соли 215 ҳиҷри дида ба ҷаҳон кушод, ва барои талаби илм дар кудаки ба сафар баромад.
Ӯ дар навҷавони ва ҳангоме ки ҳамаги 15 сол дошт, дар соли 230 ҳиҷри назди Қутайба ибни Саъиди Бағлони рафт ва зиёда аз як сол назди ӯ дар Бағлон монд ва аз ӯ ривоятҳои зиёд кард.
Баъд аз он сафарашро ба суи Нишопур идома дод ва дар онҷо аз Муҳаммад ибни Иброҳими Ҳанзали маъруф ба ибни Роҳавайҳ ва Ҳусен ибни Мансур ва Муҳаммад ибни Рофеъ ва дигарон ҳадис шунид.
Ӯ баъд аз он ба Марв ва Ироқ ва Ҳиҷозу ҷазиратулараб сафар кард ва дар ниҳоят дар Миср маскан ихтиёр кард. Ва дар онҷо шуҳрати олами ёфт.
Маконати илмии Ӯ
Ӯ баҳре дар илму фаҳм ва итқону нақди риҷол ва таълиф буд.
Дар роҳи талаби илм, дар Хуросону Ҳиҷоз ва Мисру Ироқ ва ҷазиратуларабу Шом ва манотиқи дури ҷаҳони Ислом ба сафар пардохт ва сипас лар Миср сукно ихтиёр намуд.
Ҳофизони ҳадис рӯй ба ӯ оварданд, то ҷое ки дар ин фан ҳамтое наёфт.
Абубашари Дулоби, Абуҷаъфари Таҳови ва Абуалии Нишопури ва мардуми зиёде аз ӯ ҳадис ривоят намудаанд.
Ҳофиз ибни Тоҳир мегуяд: Аз Саъд ибни Алии Занҷони дар бораи шахсе савол кардам, пас вай ӯро сиқа(мавриди итмиънон дар ривояти ҳадис) донист. Ман гуфтам: Насои ӯро заъиф донистааст. Ӯ гуфт: Фарзандам! Абуабдурраҳмон (Насои) дар мавриди риҷоли ҳадис шароите қоил аст, ки аз шарти Бухори ва Муслим низ сахттар аст. Ман гуфтам: Рост гуфти, зеро ӯ гуруҳе аз риҷоли Бухори ва Муслимро заъиф дониста аст.
Ҳокими Нишопури мегуяд: Сухани Насои дар фиқҳи ҳадис бисёр аст ва ҳарки дар Сунани вай назар биандозад аз ҳусни каломи ӯ дар ҳайрат мемонад.
Маҷдудин ибни Асир дар оғози китоби худ Ҷомеъул-усул мегуяд: Ӯ шофеъи буд (дар мазҳаб) ва бар мазҳаби Шофеъи амал мекард ва инсоне аз аҳли вараъ ва тақво буд. Гуфтаанд, ки ӯ ба назди Ҳорис ибни Мискин омад ва либосе пушида буд, ки Ҳорис аз ӯ тарсид ва гумон бурд, ки ҷосуси султон аст ва барои ҳамин аз ҳузураш дар ҳалқаи дарсаш ҷилавгири кард. Насои пушти дар менишаст ва аз вай ҳадис мешунид. Ва барои ҳамин вақте ки дар ривоятҳое ки аз Ҳорис кардааст намегуфт "Ҳорис ба мо чунин ривоят кард" балки мегуфт "Ҳорис чунин гуфт, дар ҳоле ки ман мешунидам".
Боз Ҳоким мегуяд: Шунидам Дориқутни мегуфт: Абуабдурраҳмон (Насои) бар ҳамаи касоне ки дар ин илм (илми ҳадис) дар асри ӯ ёд мешаванд, муқаддам аст.
Маноқиб ва фазоили Ӯ
Муҳаммад ибни Музаффари Ҳофиз мегуяд: Шунидам, ки машоихи мо дар Миср талош ва кушиши шабонарӯзии Насоиро дар ибодат васф мекарданд ва инки ӯ бо ҳамроҳии амири Миср ба суйи фадо хориҷ шуд ва суннатҳои маъсурро дар онҷо барпо дошта аз ҳамнишинии султон ва аз ғизои зиёд парҳез менамуд. Ва ӯ бо ҳамин ҳолат буд, то инки дар Димишқ ба дасти хавориҷ ба шаҳодат расид.
Санои олимон бар Ӯ
Ҳофиз Абуалии Нишопури мегуяд: Абуабдураҳмони Насои бидуни мунозиъ имоми ҳадис аст.
Абулҳасани Дориқутни мегуяд: Ӯ бар ҳамаи касоне ки дар замонаи ӯ дар ин илм ёд мешаванд, муқаддам аст.
Дориқутни боз мегуяд: Абубакри ибни Ҳаддоди Шофеъи ҳадиси бисёр мегуфт ва ҷуз аз Насои ривоят намекард. Ва мегуфт: Ба инки ӯ (Насои) ҳуҷҷат миёни ману худовандам бошад розиям.
Абуабдуллоҳ ибни Мандаҳ мегуяд: Касоне ки саҳеҳро ривоят кардаанд ва собитро аз маълул ва иштибоҳро аз саҳеҳ ташхис додаанд, чаҳор тан ҳастанд: Бухори, Муслим, Абудовуд ва Насои.
Ибни Адий мегуяд: Аз Мансури фақеҳ ва Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салама (Абуҷаъфари Таҳови) шунидам, ки мегуфтанд: Абуабдурраҳмони Насои имоме аз имомони мусулмонон аст.
Ибодат ва шуҷоъати имом Насои
Ӯ инсони шуҷоъ, ибодаткору дорои иззати нафс буд.
Муҳаммад ибни Музаффар мегуяд: Баъзе аз машоихамон дар Миср дар бораи талоши имом Насои дар ибодати шабонарӯзиаш сухан мегуфтанд, Ва инки ӯ бо ҳамроҳии амири Миср ба ҷиҳод хориҷ шуд, ва шаҳомату шуҷоъати ӯро дар ҷиҳод зикр намудаанд. Аммо аз нишастан дар маҷлиси султон парҳез мекард.
Ӯ якрӯз дар миён рӯза мегирифт. Ва нашри суннат ӯро аз ширкат дар ҷиҳод ва талош дар ислоҳи умури мусулмонон боз намедошт.
Ишон дорои китобе аст бо номи Хасоиси Амирулмуънини Али ибни Абитолиб (рз), ки барои дифоъ аз ақидаи аҳли суннат дар бораи Али ибни Абитолиб дар баробари хавориҷ ва душманони он имоми бузургвор ба таҳрир даровард.
Таълифи ин китоб ва хондани он дар Димишқ, ки маркази хавориҷ ва душманони Али ба ҳисоб меомад, нишондиҳандаи шуҷоъат ва шаҳомати имом Насои аст. Ӯ дар ин бора мегуяд: Ба Димишқ ворид шудам дар ҳоле ки ба инҳироф рафтагони дар ҳаққи Али ибни Абитолиб дар он бисёр буданд, Пас китоби Хасоис-ро нигоштам, ба ин умед, ки Худованд онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Ва бар асоси ривояте ҳамин китоб боиси шаҳодати ӯ гардид.
Вафоти Ӯ
Пас аз умри ҷиҳоду ибодат ва талош дар роҳи мубориза бо мунҳарифон, ин имоми бузургвор дар рӯзи душанбе сенздаҳуми моҳи сафар, соли 303 ҳиҷрии қамари дар шаҳри Рамлаи Фаластин дори фониро падруд гуфт.
Дар асоси ривояти дигаре Ӯ пас аз онки дар Димишқ мавриди зарбу шатм қарор гирифт, аз онҷо берун ронда ва ба Макка бурда шуд ва дар онҷо ҷон ба ҷонофарин таслим кард.