Ахлоқи салом додан ва ҷавоби саломро гардонидан
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ахлоқи салом додан ва ҷавоби саломро гардонидан
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Ихтисор ва Тарҷума: Абдурраҳмон Абдусаттор
2014 - 1435
خلق السلام ورده
« باللغة الطاجيكية »
تلخيص وترجمة: عبد الرحمن عبد الستار
2014 - 1435
Ахлоқи салом додан ва ҷавоби саломро гардонидан
Салом додан аз ҷумлаи одобу ахлоқи исломи аст, ки Худованд онро барои бандагони мусалмонаш аз вақти ҳазрати Одам (а) то рӯзи қиёмат машруъ гардонида аст. Дар ҳадисе ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) онро ривоят мекунад омада аст:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "لما خلق الله آدم – عليه السلام – قال: اذهب فسلم على أولئك – نفر من الملائكة – فاستمع لما يحيونك فإنها تحيتك وتحية ذريتك, فقال: السلام عليكم. فقالوا: السلام عليك ورحمة الله, فزاده: ورحمة الله" (البخاري (3326), ومسلم (2841))
Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) аз Паёмбари Худо ривоят мекунад ки фармуд: "Ҳангоме ки Худованд Одам (ъ)-ро халқ кард, ба ӯ гуфт: Бирав ва бар онҳо (гуруҳе аз малоикаҳо) салом бигу ва гуш кун чигуна саломатро ҷавоб медиҳанд, зеро он саломи ту ва фарзандонат мешавад. Пас барояшон гуфт: Ас-салому алайкум. Пас гуфтанд: Ас-салому алайка ва раҳматуллоҳ. Пас изофа шуд (ва раҳматуллоҳ)".
(Бухорӣ 3326, Муслим 2841)
Дар ҳадиси дигаре ки онро ҳам ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят мекунад чунин омада аст:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه - أن رسول الله – صلى الله عليه وسلم – قال: "حق المسلم على المسلم خمس: رد السلام, وعيادة المريض, وإتباع الجنائز, وإجابة الدعوة, وتشميت العاطس" (البخاري 1240\ ومسلم 2162)
Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо фармуд: "Ҳаққи мусалмон бар мусалмони дигар панҷ аст: Ҷавоб додани салом, хабар гирифтани бемор, аз пушти ҷаноза рафтан, иҷобат кардани даъват, ва атса кунандаро бо гуфтани (ярҳамукаллоҳ) дуъо кардан".
(Бухорӣ 1240, Муслим 2162 )
Паёмбари Худо дар ин ҳадиси шариф панҷ ҳаққе ки ҳар мусалмон бар бародари мусалмонаш дорад, баён кардааст. Ва яке аз онҳо, ҷавоб гардонидани салом аст, Яъне агар мусалмоне бароят салом дод, пас бар ту лозим мешавад, ки ҷавобашро бигардони. Чун агар ҷавобашро нагардони ҳаққе аз ҳуқуқи бародари мусалмонатро поймол кардаи. Ва ҳаққи дигараш ин аст, ки агар бародари мусалмонат мариз шуд барои ту лозим аст, ки ӯро зиёрат намуда аз аҳволаш бо хабар шави ва аз Аллоҳ таъоло барояш шифо талаб намои. Ва инчунин агар бародари мусалмонат аз дунё гузашт яке аз ҳуқуқҳои бародарияш он аст, ки дар намози ҷанозааш иштирок карда ва аз пушти ҷанозаи вай то қабристон бирави. Ва ҳаққи чаҳоруми мусалмон бар бародари мусалмонаш ин аст, ки агар бар муносабате ё маъракае даъваташ кард, даъвати ӯро бипазирад. Ва ҳаққи панҷумаш ин аст, ки агар бародари мусалмонат атса зад ва алҳамдулиллоҳ гуфт, пас ту барояш бигуй: ярҳамукаллоҳ, (Худованд туро раҳмат кунад).
Салом додан ва ҷавобашро гардонидан савоб ва фазилати бузурге дорад,
Дар ҳадиси дигар омада аст:
عن عبد الله بن عمرو بن العاص – رضي الله عنهما - أن رجلا سأل رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: أي الإسلام خير؟ قال: "تطعم الطعام, وتقرأ السلام على من عرفت ومن لم تعرف".( البخاري ( 12), مسلم (39), أبوداود (5194))
Аз Абдуллоҳ писари Амр писари Ъос (р.з) ривоят аст, ки марде аз расули Худо пурсид: Кадом ислом беҳтар аст? Паёмбари Худо фармуд: "Таъом додан, ва салом додан бар касе ки мешиноси ва касе ки намешиноси".
(Бухорӣ (12), Муслим (39), Абудовуд (5194))
Аз ин ҳадис бар мо чунин маълум мешавад ки салом додан байни мусалмонон аз ахлоқӣ ислом аст, ки дӯсти ва муҳаббатро миёни мусалмонон зиёд мегардонад. Чуноне ки Паёмбари Худо мефармояд:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم -: "لا تدخلوا الجنة حتى تؤمنوا, ولا تؤمنوا حتى تحابوا, أولا أدلكم على شيء إذا فعلتموه تحاببتم؟ أفشوا السلام بينكم" (مسلم (54) \ أبوداود (5193) \ والترمذي (2689))
Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) гуфт: Паёмбари Худо фармуданд: "Дохили биҳишт намешавед то инки имон биёваред, ва имонатон пурра намешавад то инки байни худ муҳаббат ва дӯстиро барпо намоед, пас оё далолат накунам шуморо бар коре ки агар онро анҷом диҳед миёнатон муҳаббат ва дӯсти пайдо шавад? Салом доданро миёнатон паҳн намоед".
(Муслим (54), Абудовуд (5193), Тирмизӣ (2689))
Паёмбари Худо дар ин ҳадис барои мо баён карданд, ки салом додан яке аз сабабҳои пайдо шудани дӯсти ва муҳаббат миёни мусалмонон мебошад.
Дар ҳадиси дигаре омада аст, ки онро Абдуллоҳ писари Салом ривоят мекунад:
عن عبد الله بن سلام – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله - صلى الله عليه وسلم – يقول: "يا أيها الناس, أفشوا السلام, وأطعموا الطعام, وصلوا الأرحام, وصلوا والناس نيام تدخلوا الجنة بسلام" (الترمذي (2487) \ ابن ماجة (1335))
"Эй мардум: Саломро байнатон паҳн ва густариш диҳед, Ва таъом бидиҳед, Ва бо хешу табор силаи раҳмро барпо доред (аз аҳволи хешу табор бохабар шудан, кумак кардан), Ва намозро дар ҳоле хонед, ки мардум хобанд, (намози шаб ё қиёми лайл) Ба саломат дохили биҳишт мешавед".
(Тирмизӣ (2487), Ибни Моҷа (1335))
Барои ҳамин асҳоби киром барои паҳн кардани салом ва барои пайдо кардани дӯсти ва муҳаббат дар роҳҳо ва бозорҳо роҳ мегаштанд танҳо барои салом додан бар дигарон. Аз он ҷумла Абдуллоҳ писари Умар (р.з) ба бозор мерафт ва чизе намехарид, пас аз ӯ пурсиданд ки чаро ба бозор меои дар ҳолеки чизе намехари, Гуфт: Ман ба бозор меоям то инки ба дигарон салом диҳам.
Чигуна салом додан
عن عمران بن حصين – رضي الله عنهم – قال: "جاء رجل إلى النبي – صلى الله عليه وسلم – فقال: السلام عليكم, فرد عليه ثم جلس, فقال النبي (ص): "عشر" ثم جاء آخر فقال: السلام عليكم ورحمة الله, فرد عليه ثم جلس, فقال: "عشرون" ثم جاء آخر فقال:"السلام عليكم ورحمة الله وبركاته, فرد عليه فجلس فقال: "ثلاثون".
وجاء في رواية لأبي داود زيادة "ومغفرته" ولكن إسنادها ضعيف, كما ذكر ذلك المنذري والألباني (أبوداود ( 5195) \ الترمذي (2690) \ الفتح 11\ 5).
Аз Имрон писари Ҳусен (р.з) гуфт: Марде назди Паёмбари Худо омад, ва гуфт: ассалому алайкум, пас ҷавобашро гардонд, ва он мард нишаст. Паёмбари Худо гуфт: "даҳ" (яъне: даҳ савоб гирифт), чанд лаҳза баъд марди дигаре омад ва гуфт: ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ҷавобашро гардонд ва он мард нишаст, Паёмбари Худо фармуд: "бист" (яъне: бист савоб гирифт), ва боз марди дигаре омад ва гуфт: ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, ҷавобашро гардонд ва он мард нишаст, Паёмбари Худо фармуд: "сӣ" (яъне сӣ савоб гирифт).
Ва дар ривояти дигаре аз Абудовуд омада аст, ки дар он лафзи (ва мағфиратуҳу) зиёд аст, аммо иснодаш заъиф аст (Абудовуд (5195), Тирмизӣ (2690))
Аз ин ҳадис чунин фаҳмида мешавад, ки салом додан ба се мартаба мебошад ва ҳар мартаба барои худ савоби хос дорад, Мартабаи аввалаш (ассалому алайкум) ки дар он даҳ савоб мебошад, ва мартабаи дуюумаш (ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ) ки дар он бист савоб мебошад, ва мартабаи сеюмаш (ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу) ки дар он сӣ савоб мебошад.