×
Расули Худо (с) фармуданд: Худованд мегӯяд: "Эй бандагони ман! Ман зулмро бар худ ҳаром сохтаам ва онро дар байни шумо низ ҳаром намудаам, пас шумо ҳамдигарро зулм накунед."

    ШАРҲИ ҲАДИСИ АБУЗАР (р.з)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Шайх Солеҳ ибни Фавзон Ал-Фавзон

    Тарҷума: Дорул-ислом\Тоҷикӣ

    2013 - 1434

    شرح حديث أبي ذر في تحريم الظلم

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن فوزان بن عبدالله الفوزان

    ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    2013 - 1434

    ШАРҲИ ҲАДИСИ АБУЗАР (р.з)

    Эй бандагони Худо! Бишнавед ва он чиро, ки ман бароятон мегӯям, дар ёд дошта бошед, ки баракати дунё ва охират, саодату оромии дил, дар ин гуфтаҳост.

    Ҳамчунин дар ин ҳадис фазилати бузург ва неъматҳои фаровон аст.

    Ҳазрати Абузар (р.з) ривоят мекунад, ки ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки ӯ аз Худованд ривоят мекард: “Эй бандагони ман! Ман зулмро бар худ ҳаром сохтаам ва онро дар байни шумо низ ҳаром намудаам, пас шумо ҳамдигарро зулм накунед.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама гумроҳед, магар он киро, ки ман ҳидоят кунам. Пас аз ман ҳидоят талабед, ҳидоятатон мекунам.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама гуруснаед, магар он касро, ки ман сер кунам. Пас шумо аз ман таом хоҳед, то сератон кунам.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама бараҳна ҳастед, магар онкиро, ки ман пӯшонам. Пас шумо аз ман пӯшиш талаб кунед, то шуморо бипӯшонам.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама шабу рӯз хато мекунед ва ман тамоми гуноҳҳоро мебахшам. Пас аз ман омӯрзиш талабед, то шуморо биёмӯрзам.

    Эй бандагони ман! Шумо на ба зарари ман расида метавонед, то ба ман зарар расонед ва на ба нафъи ман мерасед, то ба ман фоидае диҳед.

    Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо ҳама дар дили муттақитарин (худотарстарин) шахс бошад, дар мулки ман чизе изофа намешавад.

    Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо ҳама дар дили фоҷиртарин шахс бошад, аз мулки ман чизе кам намегардад.

    Эй бандагони ман!Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо ҳама дар як тараф аз ман ҳар чиз бихоҳанд ва ман ба ҳарякашон чизи талаб кардаашро диҳам, аз хазинаҳои ман чизе кам нагардад, магар монанди даровардани сӯзан дар баҳр”.

    (Ривояти Муслим)

    Ин ҳадиси бузург хеле фоидаи бузург ва қадру манзалати баланд дорад.

    Имом Аҳмад мегӯяд: Ин бузургтарин ҳадиси аҳли Шом аст ва Абуидриси Хавлони, ки яке аз ровиёни ҳадис буд, ҳар гоҳ ин ҳадисро ривоят мекард, бар зонуҳои худ менишаст.

    Маънои сухани Худованд, ки мегӯяд: Ман зулмро бархуд ҳаром сохтаам, он аст, ки ман аз зулм кардан пок ҳастам ва ба худ зулмро иҷозат намедиҳам. Маънои зулм як чизро дар ғайри маконаш мондан аст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿مَّنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۗ وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ ٤٦﴾ [فصلت: ٤٦]

    “Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад”

    Сураи Фуссилат, 46

    Боз мефармояд:

    ﴿وَلَا يَظۡلِمُ رَبُّكَ أَحَدٗا ٤٩﴾ [الكهف: ٤٩]

    “Ва Парвардигори ту бакасе зулм намекунад”

    Сураи Каҳф, 49

    Сухани Паёмбар: "Ва онро дар байни шумо низ ҳаром намудам, пас шумо ҳамдигарро зулм накунед". Маънои онро дорад, ки зулм ду намуд мешавад.

    Яке зулми инсон ба худаш, ки бузургтарини он ширк аст ва ширк зулмест хеле гарон.

    Дигаре зулми инсон ба дигарон.

    Паёмбар (с) дар хутбаи вадоъаш гуфта буд:

    “Ҳамоно, хуни шумо ва амволи шумо бар шумо ҳаром аст монанди ҳурмати ҳамин рӯз дар ҳамин моҳ”.

    Ривояти Ибни Моҷа

    Барои инсон ҳаром аст то ба бародари мусалмон дар мол, ҷон, хонадон ва ё ҷисмаш зулм намояд. Ҳамчунин барояш ҳаром аст, то ба худ зулм намояд, ба ин тариқа, ки бар нафси худ чизеро бор кунад, ки тавони онро надорад ваё коре кунад, ки худро гирифтори гуноҳ намуда ба ҳаромҳои мамнуъа даст занад.

    Пас шумо, эй бандагони Худо, аз Худо битарсед ва дониста бошед, ки зулм торикист дар рӯзи қиёмат.

    Паёмбар (с) мефармояд: “Эй бандагони ман! Шумо ҳама гумроҳед, магар он киро, ки ман ҳидоят кунам. Пас аз ман ҳидоят талабед, ҳидоятатон мекунам.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама гуруснаед, магар он касро, ки ман сер кунам. Пас шумо аз ман таом хоҳед, то сератон кунам.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама бараҳна ҳастед, магар онкиро, ки ман пӯшонам. Пас шумо аз ман пӯшиш талаб кунед, то шуморо бипӯшонам.

    Эй бандагони ман! Шумо ҳама шабурӯз хато мекунед ва ман тамоми гуноҳонро мебахшам. Пас аз ман омӯрзиш талабед, то шуморо биёмӯрзам”.

    Аҷаб зебост ин ибораҳо ва чи хуш аст карами Худованд чи қадар воло аст. Инсонро меофарад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад, китобҳо нозил намуда, паёмбарон мефиристад ва ба аҳли тоаташ савобе медиҳад, ки на чашм дидааст ва на гуше шунидааст ва на дар хаёли касе омадааст.

    Тамоми халқ, агар Худованд барояшон тавфиқи ҳидоят надиҳад ва агар онҳо аз Худованд бо ихлосу бо зори ва тавалло ҳидоят талаб накунанд, онҳо ҳама гирифтори хатар мебошанд.

    Бо вуҷуди ин, Худованд ваъда медиҳад, ки ман иҷобати давъвати шуморо мекунам.

    Шумо аз ман ҳидоят талаб кунед, ман шуморо ҳидоят мекунам.

    Ба ҳар ки ҳидоят дода шуд, ӯ роҳро дарёфта, аз палидиҳо пок мегардад ва ҳамсӯҳбати паёмбарон, сиддиқон, шаҳидон ва накӯкорон мегардад.

    Ибни Раҷаб мегӯяд: Бояд ҳар банда талаб намояд то Худованд ӯро барои шинохтани қавонини Ислом ва тафсилоти имон ҳидоят намуда, барои анҷоми он кӯмакаш намояд ва ҳар мӯъмин ба ин эҳтиёҷро дорад.

    Дар ҳадис далел бар он аст, ки Худованд дӯст медорад, то бандагонаш аз ӯ тамоми масолеҳи дунё ва дини худро бипурсанд, монанди таом, шароб, либос, манзил ва монанди инҳо.

    Ҳамин тариқ, аҳли салаф аз Худованд ҳама чизро металабиданд, бо назардошти одоби дуо ва дури аз он чи дар дуо мамнӯъ аст.

    Аммо талаби омӯрзиш аз гуноҳон корест, ки банда ба он хеле эҳтиёҷманд аст, зеро инсон шабу рӯз гуноҳ мекунад ва дар оятҳои зиёди ҳамин Қуръонамон маъмурем, то бештар истиғфор намоем.

    Паёмбар (с) фармудаанд: "Ҳама одамизод хатокор аст ва беҳтарини хатокорон тавба кунандагонанд"

    Ривояти Ибни Моҷа

    Боз мефармояд: "Ман дар як шабонарӯз бештар аз ҳафтод маротиба истиғфор мекунам"

    Ривояти Ибни Моҷа

    Шумо эй бандагони Худо, аз остони дари истиғфор дур нашавед ва аз Паёмбаратон пайрави намоед. Истиғфор гуноҳонро кафорат мекунаду мақоми шахсро баланд мебардорад, дилҳоро мешӯяду чиркро тоза мекунад.

    Ҳар ки ҳамеша машғули истиғфор буда, дар авқоти қабули дуъо онро бештар кунад, вориди биҳиште мегардад, ки аз зери дарахтони он ҷӯйҳо равонанд. Худованд фармудааст:

    ﴿زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ ٱلشَّهَوَٰتِ مِنَ ٱلنِّسَآءِ وَٱلۡبَنِينَ وَٱلۡقَنَٰطِيرِ ٱلۡمُقَنطَرَةِ مِنَ ٱلذَّهَبِ وَٱلۡفِضَّةِ وَٱلۡخَيۡلِ ٱلۡمُسَوَّمَةِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ وَٱلۡحَرۡثِۗ ذَٰلِكَ مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلۡمَ‍َٔابِ ١٤ ۞قُلۡ أَؤُنَبِّئُكُم بِخَيۡرٖ مِّن ذَٰلِكُمۡۖ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَأَزۡوَٰجٞ مُّطَهَّرَةٞ وَرِضۡوَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ ١٥ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ إِنَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ١٦ ٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡمُنفِقِينَ وَٱلۡمُسۡتَغۡفِرِينَ بِٱلۡأَسۡحَارِ ١٧﴾ [ال عمران: ١٤، ١٧]

    "Барои мардум муҳаббати шаҳватҳо ба монанди зан, фарзанд, захираҳои тӯда шудаи тилло ва нуқра, маркабҳои нишонашуда, чорво ва киштзор зинат дода шудаанд.

    Ин ҳама матои ҳаёти дунё буда, дар назди Худованд аст, бозгашти накӯтар.

    Бигӯ оё барои шумо аз ин ҳама беҳтареро бирасонам. Барои касоне, ки тақво варзидаанд, дар назди Парвардигорашон боғҳоест, ки аз зери дарахтони он ҷӯйҳо равон буда, онҳо дар он ҷовидон мемонанд ва ҳамсарони покест ва ризои Худованд аст.

    Ва Худованд бандагони худро мебинад.

    Касоне, ки мегӯянд Парвардигоро, мо имон овардаем, пас гуноҳони моро мағфират намо ва аз азоби дӯзах моро нигоҳ дор.

    Онҳо собирон (сабркунандагон), ростгӯён, обидон, нафақа кунандагон ва талаби мағфират кунандагон дар саҳаргоҳанд"

    Сураи Оли Имрон, 14-17

    "Эй бандагони ман! Шумо на ба зарари ман расида метавонед, то ба ман зарар расонед ва на ба нафъи ман мерасед, то ба ман фоида диҳед".

    Шахси гунаҳкор ҳарчанд гуноҳ содир кунад, ба Худованд зарар расонда наметавонад. Ӯ бениёз аст, аз тоати мутеъ ба ӯ фоидае намерасад. Ҳар ки хуби кунад, барои худ мекунад ва агар бади кунад, бар зарари худ кардааст.

    Ҳар кадоми онҳо дар пешгоҳи Худованд меистанд ва зирак он кас мебошад, ки корҳои хайрро бештар анҷом дода, аз ҳаром парҳез мекунад ва ҳарки бади кунаду камбуди намояд ва тамоми корҳои бадро анҷом диҳад, пас бояд танҳо худашро маломат кунад.

    Худованд фармудааст:

    ﴿فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُۥ ٧ وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ ٨﴾ [الزلزلة: ٧، ٨]

    “Пас ҳар касе, ки ба андозаи як зарра неки карда бошад,онро мебинад. Ва ҳар ки ба андозаи як зарра бади карда бошад, онро мебинад”

    Сураи Залзала, 7-8

    Хулосаи калом ин, ки Худовандро хуш меояд, ки бандагонаш аз ӯ битарсанд ва ӯро итоат намоянд. Барои ҳамин, Худованд барои тавбаи бандааш хурсандтар мешавад аз оне (шахсе), ки шутурашро бо тамоми хӯрокҳояш дар биёбони тафсон гум кард ва баъди он, ки хеле ҷустуҷӯ карда, онро пайдо накард ва ноумед ҳам шуд ва ба хоб рафт. Чун бедор шуд, онро дар пешаш дид.

    Фузайл ибни Аёз мегӯяд: Чун шаб мешавад ва торики курраи заминро фаро гирифта, ҳама ҷоро тира кунад, Худованди азза ва ҷалла садо мекунад, ки кист аз ман каримтар дар ҳоле, ки мардум маро осӣ мешаванд?

    Ман басӯи онҳо назора мекунам ва дар ҳангоме, ки онҳо ба хоб мераванд, ман онҳоро ҳимоя мекунам, гӯё онҳо маро осӣ нашудаанд.

    Ман онҳоро муҳофизат мекунам, гӯё ҳеҷ гуноҳе накарда бошанд.

    Ман фозилам ва фазилат аз ман аст, ман каримам ва карам аз ман аст.

    "Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо ҳама дар дили муттақитаринатон бошад, дар мулки ман чизе изофа намешавад.

    Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо ҳама дар дили фоҷиртарини шумо бошад, аз мулки ман чизе кам нагардад".

    Дар ин ҳадис далели қави бар он аст, ки асли тақво ва асли гуноҳ аз дил сар мезанад.

    Агар дил некӯ ва парҳезгор бошад, тамоми бадан некӯкор мегардад. Агар дил гунаҳкор бошад, соири аъзо низ гунаҳкор мешавад.

    Ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) фармуданд:

    “Тақво дарин ҷост ва ба синаашон ишора карданд”

    Ривояти Муслим

    Пас шумо эй бандагон! Аз Худо битарсед ва дилҳоятонро дуруст намоед ва муроқиби он бошед ва аз бемории шубҳаҳо ва шаҳватҳо парҳез намоед ва ба шубҳаҳо ҳатто наздик машавед. Зеро касе, ки ба шубҳа наздик мешавад аз имкон берун нест, ки гирифтори ҳаром гардад.

    Чизи дигаре, ки дилро ба ислоҳ меорад, ин ростист бо Худованд дар гуфтор, кирдор, ихлос ва рӯй овардан аст ба Ӯ дар ҳама ҳолат ва назар накардан ба ғайри Ӯ.

    Бояд ҳамон тавр, ки шоиста аст ба Худо таваккул намуда, дар байни хавф (тарс) ва раҷо (умед) қарор гирифт.

    Инчунин Қуръонро бояд бо тафаккур ва бо хушӯъ хонд, пайваста истиғфор кард, субҳоналлоҳ, алҳамдулиллоҳ, Аллоҳу акбар ва ло илоҳа иллаллоҳ гуфт.

    Бояд ба қазо ва қадари илоҳӣ рози буда, аҷрро аз Худованд мунтазир шуд.

    "Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо ҳама дар як тараф аз ман ҳар чиз бихоҳанд ва ман ба ҳар якашон чизи талабкардаашро диҳам, аз хазинаҳои ман чизе кам нагардад, магар монанди даровардани сӯзан дар баҳр".

    Дар ин ҳадис эй бандагони Худо, далели қудрати илоҳи ва камоли мулки Ӯст ва ин ки мулки Худо хазинаест нотамом ва он ҳаргиз ба додан кам намегардад.

    Агар тамоми аввалину охирин, чи инс бошад, чи ҷин, дар як водӣ ҷамъ омада, ҳамагон аз Худованд тамоми талаботро кунанд ва ӯ ҳама онро диҳад, аз мулкаш чизе кам намегардад.

    Паёмбар (с) мегӯянд:

    “Дастони Худованд пур аст. Аз нафақа кардан боз намеистад ва шабу рӯз саховат мекунад. Шумо бингаред, ки аз замони офариниши осмонҳо ва замин чи миқдор сарф кардааст, вале ҳанӯз дасташ холи нагаштааст”

    Ривояти Муслим

    Абусаъиди Худри (р) мегӯяд: Чун Худоро дуо кардани шудед, тамоми хоҳишоти худро баён кунед, зеро он чи дар назди ӯст, тамом шудани нест.

    Агар дуо кардани бошед, бидонед, ки касе Ӯро маҷбур карда наметавонад.

    Худованд фармудааст:

    “Аз хазинаҳои пеши ман чизе кам нагардад, магар монанди даровардани сӯзан дар баҳр”.

    Ин далели он аст, ки он чи дарназди Худованд аст, тамом шудани нест.

    Ва ҳамин гуна аст шаъни меваҳои ҷаннат, тамом намешавад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَفَٰكِهَةٖ كَثِيرَةٖ ٣٢ لَّا مَقۡطُوعَةٖ وَلَا مَمۡنُوعَةٖ ٣٣﴾ [الواقعة: 3٢، ٣٣]

    “Ва меваҳои фаровон. На канда мешаванд ва на боздошта мешаванд”

    Сураи Воқеа, 22-23

    Мо ҳоло ҳам атрофи ин ҳадиси бузург ва пурсамар сухан мегӯем.

    Дар идомаи ҳадис Паёмбар (с) мефармояд, ки Худованд гуфт: “Эй бандагони ман! Ин амалҳо азони шумост ва ман онро мешуморам ва баъд пурра онро ба шумо боз мегардонам.

    Агар касе хуби ёфт, бояд Худоро сипос гӯяд ва ҳар ки ғайри хайрро ёфт, пас бояд ба ҷуз хештан касеро маломат накунад”.

    Дар ин ҷо баёни камоли раҳмат ва тамоми адли ӯ ҳувайдост. Ва ҳамин аст маънои он чи Худованд мефармояд:

    ﴿وَوَجَدُواْ مَا عَمِلُواْ حَاضِرٗاۗ وَلَا يَظۡلِمُ رَبُّكَ أَحَدٗا ٤٩﴾ [الكهف: ٤٩]

    “Ва онҳо тамоми амалҳои худро пеши чашм диданд ва Парвардигори ту ба касе зулм намекунад”

    Сураи Каҳф, 49

    Ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿يَوۡمَ يَبۡعَثُهُمُ ٱللَّهُ جَمِيعٗا فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوٓاْۚ أَحۡصَىٰهُ ٱللَّهُ وَنَسُوهُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ٦﴾ [المجادلة: ٦]

    “Рӯзе, ки Худованд ҳамаро зинда созад ва ба амалҳои кардаашон онҳоро огоҳ месозад.

    Онҳо фаромӯш кардаанд ва Худованд навишта буд”.

    Сураи Муҷодала, 6

    Хайр ҳама аз ҷониби Худованд аст, аз фазли Ӯ таъоло, бе ин ки мо онро сазовор бошем.

    Ва бади ҳама аз дасти одамизод ва ба сабаби пайравии ҳавои нафсаш аст.

    Худованд фармудааст:

    ﴿مَّآ أَصَابَكَ مِنۡ حَسَنَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ وَمَآ أَصَابَكَ مِن سَيِّئَةٖ فَمِن نَّفۡسِكَۚ وَأَرۡسَلۡنَٰكَ لِلنَّاسِ رَسُولٗاۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدٗا ٧٩﴾ [النساء : ٧٩]

    “Он чи ба ту аз хубиҳо расидааст, аз ҷониби Худованд аст. Ва он чи аз бадиҳо расидааст, аз дасти худи туст”.

    Сураи Нисо, 79

    Солеҳони гузашта дар анҷом додани корҳои шоиста кӯшиш мекарданд, то ба сабаби кутоҳи кореро тарк накарда бошанд.

    Ба Масруқ гуфтанд:

    Чаро ин қадар дар ибодатҳо худро заҳмат медиҳи? Гуфт: Агар касе аз он ҷо биёяд ва ба ман бигӯяд, ки туро азоб намедиҳанд, албатта ман дар ибодат кӯшиш хоҳам кард. Пурсиданд: Инро чи тавр бояд бифаҳмем? Гуфт: То ин ки ҷонам маро маломат накунад, агар маро дар оташ андозанд.

    Митраф ибни Абдуллоҳ мегуфт:

    Дар корҳо кӯшиш намоед, зеро агар кор ба таври дилхоҳи мо анҷом ёбад, дар ҷаннат бароямон дараҷаи бузургтаре медиҳанд.

    Аммо агар кор ранги дигар гирад, дарон вақт намегӯем. Худоё, моро аз сари нав бозгардон, то дигар намуд кор кунем.

    Балки мегӯем: Мо кӯшиш кардем, вале бароямон фоида набахшид.