Қиёмат кай барпо мешавад?
Дастабандиҳо
Full Description
Қиёмат кай барпо мешавад? ] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
www.islamsrgt.net
2012 - 1434
متى الساعة؟
«باللغة الطاجيكية»
www.islamsrgt.net
2012 - 1434
Қиёмат кай барпо мешавад?
Суоле, ки шуд "Мата-с-сааъату?"
Соат кай барпо мешавад, мурод аз он яъне қиёмат кадом вақт барпо мешавад аст? Расулуллоҳ (с) чунин посух дод, ки:
«Пурсидашуда, (яъне ман), ки суолам медиҳи, аз суолдиҳанда, (ки худат Ҷибриил (а) мебоши) дар ин бора донотар нестам».
Ин чунин маъно дорад, ки дар донистани ин мавзӯъ илми ману ту баробар аст, ё ин ки дар надонистани ин суол мо бо ҳам баробар мебошем. Зеро Аллоҳ таъоло илми ин гуна чизҳоро махсуси худаш гардонидааст, ки ҷуз худаш каси дигар онҳоро намедонад, ба далели гуфтаи Расулуллоҳ (с), ки: «Панҷ чизе аст, ки ҷуз Худованд касе онҳоро намедонад».
Имом Қуртубӣ дар ин маврид мегуяд: "Мақсад аз ин суол даст кашидани шунавандаҳо аст, аз суол кардан дар бораи вақти барпошавии қиёмат, зеро онҳо аз ин масъала бисёр пурсон мекарданд, чуноне ки дар оятҳо ва аҳодис ин масъала омадааст. Пас вақте ҷавобашро ба он чи зикр гардид шуниданд, дигар аз донистани ин масъала ноумед шуданд. Ба хилофи масъалаҳои пеш аз ин гузашта, ки мурод аз онҳо баровардани ҷавобҳое буд, то шунавандагони онҳо таълим бигиранд ва ба он амал намоянд. Ва инчунин ба ин суолҳо, бо тафсил ба он чизе, ки донистанаш мумкин аст ва чизҳое, ки донистани он мумкин нест, огоҳӣ медиҳад".
Ва инҷо, чуноне ки Расулуллоҳ (с) зикр кард, Ҷибриил (а) омада буд, то динатонро таълим бидиҳад, аз ҷумлаи умури дин ин аст, ки мо метавонем дар кадом мавзӯъ илм ҳосил кунем ва барои мо ҳамтӣ ва зарур аст ва дар кадом мавзӯъ донистани мо аз фузулиёт ё зиёдатие аст, ки барои мо донистани он шарт нест ва ҳатто ҷое ё мавзуъҳое аст, ки донистан ва суол кардан аз он манъ аст. Мисли оне, ки аз чигунагии истивои Худованди муттаъол бар Аршро аз имом Молик (р) суол карданд гуфт, ки ин суол бидъат аст. Яъне саҳобаи киром (р) ингуна суолҳоро намекарданд. Ва дар ин ҳадис бисёр дигар чизҳои муҳиме зикр гардидааст, ки агар ин ҳадис ба тафсил шарҳ дода шавад бояд ҳама дин дар он зикр гардад, вале ба тарзи мухтасар ба асосиёти он ишора шудааст, ҳатто ба тарз ва шакли ҳозир шудан дар маҷлиси илмӣ, чигуна либос доштан, чигуна сару ру доштан, чигуна нишастан, чигуна суол кардан, аз чӣ чизҳо суол кардан, кадом чизҳо муҳим будааст ва кадомаш не, чигуна посух додан ва амсоли инҳо ибратҳое аст, ки метавон онро ҳамчун одоби таълиму мутаъаллим ва дигар масоили дини истифода бурд.
Пас кай барпо шудани қиёмат аз ҷумлаи илми ғайб аст, ки онро ғайр аз худованд касе намедонад, Вале худованд барои мо ба воситаи паёмбараш (с) аломатҳои наздик шудани қиёматро зикр намудааст, ки иборат аз аломатҳои бузургу хурд мебошанд. Баъзе аз ин аломатҳо аллакай гузаштанд ва баъзеи дигараш то ҳол наомадааст, мисли баромадани Даҷҷол ва нузули Исо (а) ва дигар аломатҳо.
Валлоҳу аълам.