×
"Дастҳои Абулаҳаб бурида бод, ва ҳалок бар ӯ бод" аз тафсири " Тайсирул карими-р-раҳмон"

    Тафсири сураи Масад

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: islomhouse/tojiki

    2012 - 1433

    ﴿ تفسير سورة المسد ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

    2012 - 1433

    Тафсири сураи Масад

    بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

    Сураи Масад макки буда дорои панҷ оят аст.

    ﴿تَبَّتۡ يَدَآ أَبِي لَهَبٖ وَتَبَّ ١ مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُ مَالُهُۥ وَمَا كَسَبَ ٢ سَيَصۡلَىٰ نَارٗا ذَاتَ لَهَبٖ ٣ وَٱمۡرَأَتُهُۥ حَمَّالَةَ ٱلۡحَطَبِ ٤ فِي جِيدِهَا حَبۡلٞ مِّن مَّسَدِۢ ٥﴾ [سورة المسد 1- 5]

    ﴿تَبَّتۡ يَدَآ أَبِي لَهَبٖ وَتَبَّ ١﴾

    «Дастҳои Абулаҳаб бурида бод, ва ҳалок бар ӯ бод».

    ﴿مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُ مَالُهُۥ وَمَا كَسَبَ ٢﴾

    «Дороии ӯ ва ончи ба даст оварда буд ба ҳолаш суд ва фоидае накард».

    ﴿سَيَصۡلَىٰ نَارٗا ذَاتَ لَهَبٖ ٣﴾

    «Зудо ки ба оташи шуълавар дар афтад».

    ﴿وَٱمۡرَأَتُهُۥ حَمَّالَةَ ٱلۡحَطَبِ ٤﴾

    «Ва ҳамсараш ҳезумкаш аст».

    ﴿فِي جِيدِهَا حَبۡلٞ مِّن مَّسَدِۢ ٥﴾

    «Бар гардан ресмоне аз лифи хурмо дорад».

    Тафсир

    Абулаҳаб амакии паёмбар (с) буд. Ӯ бисёр душмани сахти паёмбар буд ва ӯро зиёд озору азият медод.

    Абулаҳаб шахсе буд, ки дар ӯ на ҳисси хешованди вуҷуд дошту на дин. Худованд ӯро зишт бигардонад. Пас худованд бо ин мазаммати бузург Абулаҳабро тавбих кард. Мазаммате, ки то рӯзи қиёмат мояи хори ва расвоияш хоҳад буд.

    Пас Худованд фармуд: Ҳалок ва бурида бод дастҳои Абулаҳаб ва ӯ ҳалок бод.

    Молу дороие ки дошт ва ӯро саркаш карда буд, барояш суде намерасонад ва азоби Худоро аз ӯ дур намекунад.

    Оташи дӯзах ӯро аз ҳар тараф иҳота мекунад, ва зани ҳезумкашашро низ иҳота намуда ҳардуро ба коми худ фуру мебарад.

    Зани Абулаҳаб низ бисёр душмани бар паёмбар дошт ва Ӯро азияту озор медод ва шавҳарашро барои анҷоми гуноҳ ва душманои кумак мекард, ва то охирин имконияти худро барои ҷамъоварии маъсияти Худованд ва озор додани Расули худо (с) сарф мекард. Монанди касе , ки ҳезум ҷамъ намуда бо таноби аз лиф бар пушти худ ҳамл менамояд.

    Маънои ﴿وَٱمۡرَأَتُهُۥ حَمَّالَةَ ٱلۡحَطَبِ ٤ فِي جِيدِهَا حَبۡلٞ مِّن مَّسَدِۢ ٥ ин аст, ки ин зан дар ҷаҳаннам барои сухтани шавҳараш ҳезум ҷамъ мекунад ва танобе аз лифи хурмо бар гардан дорад.

    Ба ҳар ҳол ин сура яке аз нишонаҳои ошкори Худованд аст. Худованд ин сураро дар замоне нозил кард, ки ҳанӯз Абулаҳаб ва ҳамсараш ҳалок нашуда буданд ва хабар дод, ки онҳо дар оташи дӯзах азоб дода хоҳанд шуд.

    Ва лозими он ин аст, ки онҳо дар амон нахоҳанд монд ва ҳамонгунае ки Худованди донои пинҳону ошкор хабар дод иттифоқ афтод. (Яъне: онҳо аз дунё кофир рафтанд ва кофир мурдани онҳо маънои онро дорад , ки онҳо аз аҳли дӯзах ҳастанд ва абади дар ҷаҳаннам азоб дода мешаванд).

    Худованд моро аз азоби ҷаҳаннам наҷот диҳад.

    Поёни тафсири сураи Масад.