Имон ба рӯзи Қиёмат
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Имон ба рӯзи Қиёмат
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия: Хонаи ислом тоҷикӣ
www.islamhouse.com
2012 - 1433
﴿ الإيمان بيوم القيامة ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: المكتب التعاوني للدعوة والإرشاد وتوعية الجاليات بالربوة
www.islamhouse.com
2012 - 1433
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Имон ба рӯзи Қиёмат
Имон овардан ба рӯзи қиёмат рукне аз аркони имон ба шумор меояд. Имон ба рӯзи охират ва ончӣ ки дар он рӯз ба вуқуъ мепайвандад ва ҳамчунин нишонаҳои он аз умури ғайб маҳсуб мешавад.
Умуре аст,ки инсон наметавонад бо ақли худаш онҳоро дарк бикунад, балки роҳи шинохти онҳо танҳо аз роҳи ваҳйи (Қуръон ва суннат) мебошад.
Аз сабаби муҳим будани рӯзи охират мебинем,ки худованд дар бештари ҷойҳои Қуръон имони ба худашро рабт медиҳад ба имон доштан ба рӯзи қиёмат.
Чунончӣ худованд мефармояд:
﴿لَّيۡسَ ٱلۡبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ قِبَلَ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلۡكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّۧنَ ١٧٧﴾ [البقرة: ١٧٧].
«Некӣ он нест, ки рӯи худ ба ҷониби Машриқу Мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад» Бақара 177
Боз мефармояд:
﴿ذَٰلِكُمۡ يُوعَظُ بِهِۦ مَن كَانَ يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مَخۡرَجٗا ٢﴾ [الطلاق: ٢]
«Бо ин ҳукм касе ки ба худо ва рӯзи қиёмат имон дорад панд дода мешавад» Талоқ 2
Ва мефармояд:
﴿لَّٰكِنِ ٱلرَّٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ مِنۡهُمۡ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَۚ وَٱلۡمُقِيمِينَ ٱلصَّلَوٰةَۚ وَٱلۡمُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ أُوْلَٰٓئِكَ سَنُؤۡتِيهِمۡ أَجۡرًا عَظِيمًا ١٦٢﴾ [النساء: ١٦٢]
«Вале донишмандонашон ва он мӯъминонеро, ки ба он чӣ бар ту ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, имон доранд ва намозгузорону закотдиҳандагон ва мӯъминон ба Худову рӯзи қиёматро, аҷри бузурге хоҳем дод!» Нисо 162
Ҳамчунин Паёмбари худо(с) дар аҳодиси зиёде имони ба худо ва ба рӯзи қиёматро якҷо зикр мекунад ва ба ҳам рабт медиҳад, ва мефармояд:
«Касе ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад....»
Рӯзи охират дар зиндагии инсон бисёр марҳилаи муҳимме мебошад.
Худованд мефармояд:
«Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад (бо имон овардан ва анҷом додани амали солеҳ), ба сӯи Парвардигораш бозгардад» (Набаъ 39)
Зиндагӣ дар тасаввур ва ҷаҳонбинии исломӣ танҳо зиндагии кутоҳи дуняви нест, зеро зиндагӣ дар ин умри кутоҳи инсон хулоса намешавад, балки инсони мусулмон ин дунёро марҳилае барои расидан ба зиндагии ҷовидони ва саъодати абади талаққи мекунад. Ва аз зиндагии дунё ва умри кутоҳаш барои зоди охираташ тӯша мегирад ва медонад, ки дунё киштзори охират аст ва барои он рӯз зоду тӯша мегирад.