Фазилати масҷидҳо
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Фазилати масҷидҳо
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия: Хонаи ислом тоҷикӣ
2012 - 1433
﴿ فضل المساجد ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: مكتب الربوة للدعوة والإرشاد وتوعية الجاليات
2012 - 1433
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фазилати масҷидҳо
Расули Худо (с) фармуданд: "Намехоҳед шуморо аз чизе огоҳ намоям, ки тавассути он хатоҳои шумо маҳв гашта дараҷоти шумо боло равад? Гуфтанд: Бале, эй Расули Худо. Фармуданд: Таҳорат намудан бо ҳама сахтиҳо, бисёр қадам задан ба тарафи масҷидҳо, ва баъди анҷоми намоз, намози дигарро интизор шудан, ин аст рибот, ин аст рибот, ин аст рибот" ( Муслим).
Аз ҷумлаи чунин фазилатҳо он ваъдаест, ки Худованд фармудааст: "Ҳар ки барои Худованд хонае дар дунё бисозад, Худованд барояш хонае дар Ҷаннат хоҳад сохт".
Ҳазрати Усмон разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармудаанд: "Ҳарки барои Худо масҷиде бисозад, Худованд барояш дар биҳишт монанди он хонае месозад" (ривояти Тирмизи, ва Албони онро саҳеҳ гуфта аст).
Ҳасани Басрӣ мегўяд: "Эй мўъмин, масҷид аз яке, аз ин панҷ фоида холи нест:
Якум: Худованд гуноҳҳои гузаштаро меомурзад. Дуввум: Дар масҷид метавони марди солиҳеро пайдо намои, ки аз барои Худо байни шумо дӯсти ҳосил шавад.
Сеюм: Бо ҳамсоягон аз наздик шинос шуда, аз аҳволи онҳо ва дигар бечорагону беморон бохабар мешави.
Чорум: Чашму гӯшат лаҳзае ҳам бошад аз ҳаром дур мешаванд.
Панҷум: Оятеро мешунави, ки роҳнамоят хоҳад шуд"
Аҳамият ва фазилати бузург доштани масҷид ин аст, ки чун Паёмбар (с) ба Мадина омаданд, ва аввалин коре ки карданд бинои масҷид буд.
Ин далели равшан бар он аст, ки ҷамъияти мусалмонон бояд масҷид дошта бошанд ва ҷойгоҳи баланди масҷид низ аз ин сабаб аст.
Дар ҷомеаҳои мусалмонон масҷид хусусияти умда дорад. Он сарчашмаи нахустин пешрафт барои мусалмонон буд, ки аз он даъвати Ислом оғоз ёфту ҳидояти рабони шурўъ шуд. Дар манораҳои масҷидҳо садои даъват ба сӯйи имон ва амали солеҳ баланд мешавад, дар минбарҳои он имону амали солеҳ омӯзонда мешавад, ва дар замини покаш корҳои накӯ ба анҷом мерасанд. Масҷид меҳварест, ки атрофаш афкору тасаввурот давр мезананд, адабгоҳест, ки дар партави он бузургону родмардоне тарбият меёбанд, ки шамъҳои нуру ҳидоятро бардошта дар шаҳрҳо давр зада, сифати масҷид, таҳорат ва насимашро ба машомҳо мерасонанд.
Родмардони аввал, ки парчамдор буда, ҳамеша даъватро ба сӯйи бузурги лаббайк мегуфтанд, маҳз ҳамонҳо обод кунандагони хонаҳои Худо буданд. Олимону фақиҳону балиғон ва бузургон, ҳама хатмкунандагони ҳамин даргоҳанд.
Шайх Аҳмад Бини Абдусалом (р.ҳ) чунин мегӯяд: "Масҷидҳо макони ҷамъиятии уммат ва ҷойгоҳи имомон буданд. Паёмбар (с) масҷиди худро бар асоси тақво бино намуда, ҳамчунин дар он намоз, қироат, зикр, омӯзиши илм, сиёсат, парчамбанди, аламбарори, таъйини амирон ва шиносондани орифон низ суханрониҳо сурат мегирифт. Мусалмононро ҳар мушкилоти дини ё дуняви пеш меомад, албатта, дар масҷид ҷамъ меомаданд".
Аз ин рӯ, метавон хулоса баровард, ки масҷид вазифаҳои зиёдеро бар душ дорад, ки муҳимтарини онҳоро инҷо ёдовар мешавем:
1. Масҷид мадрасаест, ки нафсҳоро тарбияи руҳи намуда, бо роҳи истодан дар пешорӯйи Худованд алоқаи бандаро бо офаридагораш мустаҳкам менамояд.
2. Масҷид мадрасаест, ки мусалмонон дар он бо умури динияшон ошнои пайдо менамоянд. Паёмбар (с) асҳоби худро дар масҷид ҳам ислом ва ҳам тамоми чизеро, ки дину дунёи онҳоро дуруст мекард меомӯзонид.
3. Масҷид хонаи маҳкама, фатво, даъват, роҳнамои ва таълими мусалмонон буд.
4. Масҷид хонаи машваратие буд, ки дар он корҳои уммат тибқи таълимоти Қуръон ва суннат ҳаллу фасл мешуд.
Ҳуқуқи масҷидҳо
Дар ин ҷо барои мо бисёр ба маврид аст, то баъзе аз ҳуқуқҳои масҷидро ёдрас шавем:
1. Масҷидҳо бояд покиза ва хушбӯй бошанд.
2. Танҳо мардуми пок вориди он гарданд.
3. Садо баланд нагардад, то ба намозхонону қуръонхонон халал нарасад.
4. Хариду фурӯш дар он ҷой надошта бошад.
5. Масҷид танҳо барои ибодат истифода шавад.
Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Чун касеро шунидед, ки дар масҷид мехарад ё мефурӯшад, барояш бигўед, ки Худованд дар савдоят фоида надиҳад" (Тирмизи, ва Албонӣ онро саҳеҳ гуфта аст).
6. Дар масҷид ҷустуҷўи гумшуда ҳаром аст. Дар саҳеҳи Муслим омадааст, ки Паёмбар (с) фармудааст: "Ҳар киро, ки шунидед дар масҷид гумшудаашро меҷӯяд, ба ӯ бигӯед, ки Худо онро ба ту барнагардонад. Масҷид на барои ин сохта шудааст".
7. Ҳадҳои шариат дар онҷо анҷом нагирад. Дар масҷид на арақхуреро, на зониеро дарра мезананд ва на дасти дузде бурида мешавад.
8. Дар зебу зиннат додани он набояд муболаға намуд, балки зиннат додани он бояд бо тариқаи зинда намудани намозхони ва зикру хушўъ сурат гирад.
9. Ду ракаъат намози таҳияи масҷид ҳамеша хонда шавад, зеро Паёмбар (с) фармудаанд: "Чун яке аз Шумоён вориди масҷид шудед, дарҷой нанишинед, то ин ки ду ракаъат таҳияи масҷидро бихонед" (Бухори ва Муслим).