Фазилати сабр бар мусибатҳо
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Фазилати сабр дар баробарии мусибатҳо
] طاجيكية - Tajiki - Тоҷикӣ [
Имом хатиби масҷиди ҳаром:
Д. Усома Хайёт
2012 - 1433
﴿ الصبر وثمراته ﴾
« باللغة الطاجيكية »
الشيخ أسامة بن عبد الله خیاط
2012 - 1433
Фазилати сабр дар баробарии мусибатҳо
Ҳамду ситоиш худоеро ки осмонҳоро бе сутун нигоҳ медорад ва неъматҳояшро бароямон арзони доштааст, ва гувоҳи медиҳам ки Муҳаммад банда ва паёмбари уст, ва салому дуруд бар У ва аҳли байту асҳобаш то рузи қиёмат.
Бародарону хоҳарони гироми! Сахтиҳои даврон ва мусибатҳои шабу руз ва ҳар озмоишу балоҳое ки бар сари инсон меояд, дар воқеъ далолат бар имони муъминон ва балоест барои бесаброн, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿وَلَنَبۡلُوَنَّكُمۡ حَتَّىٰ نَعۡلَمَ ٱلۡمُجَٰهِدِينَ مِنكُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَنَبۡلُوَاْ أَخۡبَارَكُمۡ ٣١﴾ [محمد: 31]
«Ва албата шуморо меозмоем то ки муҷоҳидон ва собиронро бозшиносонем ва хабарҳои (марбут бар) шуморо расидаги кунем» (Муҳаммад 31)
Ва ҳамеша имтиҳони шахс ба андозаи имони у хоҳад буд, ва барои ҳамин аст ки шадидтарин имтиҳонҳо барои паёмбарони Худованд аст. Бо вуҷуди он ки мардумашон бар онон озору азият доданду бар онҳо бади карданд локин онҳо бо умеди подоше аз Худованд сабрро пешаи худ сохтанд, ва бо ин кори худ роҳеро барои касоне ки дар роҳи Худо озорҳову шиканҷаҳо мебинанду сабр мекунанд боқи гузоштанд.
Худованд мефармояд:
﴿الٓمٓ ١ أَحَسِبَ ٱلنَّاسُ أَن يُتۡرَكُوٓاْ أَن يَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا وَهُمۡ لَا يُفۡتَنُونَ ٢ وَلَقَدۡ فَتَنَّا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٣﴾ [العنكبوت: 1- 3]
«Алиф лом мим,(1) Оё мардум мепиндоранд, ки «Имон овардаем» мегӯянду, бе имтиҳону санҷиш гузошта мешаванд?(2) Албатта мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, озмудем, то Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад (3)» (Анкабут 1-3)
Озмоиш ва сахтиҳо ва балоҳо гуногун мебошанд, баъзе аз мардум, бо аз даст додани азизон, ҳамчун бародарон ва хоҳарон ва наздикону фарзандон ва дустони хеш озмоиш мешаванд, ва гуруҳи дигаре аз мардум, бо фақру тангдасти, баъд аз он ки бою бо давлат буданд озмоиш мешаванд, ва баъзеҳо бо сахтиву баландиҳои зиндаги ва ба орзуҳо нарасидан озмоиш мешаванд.
Аммо баъзе аз мардум бо ъакси ин озмоиш мешаванд, мисли ин ки фақиру камдаст, ва дар назари мардум чашмнорас буданд, бо молу сарват ва мақоми бузург дар назди мардум ва барояш фароҳам шудани хушиҳои зиндаги ва расидан ба орзуҳояш мавриди омурзиш қарор мегирад, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿وَنَبۡلُوكُم بِٱلشَّرِّ وَٱلۡخَيۡرِ فِتۡنَةٗۖ وَإِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ ٣٥﴾ [الأنبياء: 35]
«Ва шуморо бо роҳи озмоиш бо бад ва неки хоҳем озмуд ва ба суи мо бозгардонида мешавед» (Анбиё 35)
Яъне ба сурати озмоиш ва фурсат додан ба фарде ки агар аз он гуруҳе бошад ки бо истифода аз неъматҳои Худованд даст ба гуноҳ мезанад, дар он сурат ба ҳоли худ раҳо шуда ба гуноҳи худ идома хоҳад дод, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿فَلَمَّا نَسُواْ مَا ذُكِّرُواْ بِهِۦ فَتَحۡنَا عَلَيۡهِمۡ أَبۡوَٰبَ كُلِّ شَيۡءٍ حَتَّىٰٓ إِذَا فَرِحُواْ بِمَآ أُوتُوٓاْ أَخَذۡنَٰهُم بَغۡتَةٗ فَإِذَا هُم مُّبۡلِسُونَ ٤٤﴾ [الأنعام: 44]
«Чун ҳамаи пандҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон ноумед гардиданд».
Беҳтарин коре ки инсони мусулмони содиқ дар ҳангоми рубару шудан бар озмоишҳо анҷом медиҳад, сабр ва интизории аҷр ва подоши илоҳи дар баробари чизе аст ки қазои илоҳи қазоват намудааст, зеро сабр чуноне ки баъзе аз олимон гуфтаанд, гушаи имон ва зинати инсон ва роҳи расидани у ба бузурги аст. Инсон бо сабр оромиш меёбад ва дар сарзамини сабр соҳиби осудаги мегардад, ин мақом яке аз мақомҳои бузурге дар дин аст.
Қурон аз мақоми сабр ба бузурги ёд кардааст, ва барои он аҷри бузурге зикр намуда ва подоши аҳли сабрро чанд баробар донистаст, то ки сабрро дар дилҳо маҳбуб гардонад, ҳеҷ фазилате аз фазоил нест магар ин ки сабр онро асос ва пуштибон аст. Агар сабр дар муқобили шаҳватҳо бошад онро "ъифат" номида мешавад, ва агар барои таҳамули нохушиҳо бошад онро "ризоят ва таслим дар баробари қазову қадари Худованд" меноманд, ва агар барои неъмат ва шукри он бошад онро хуштандори ва ҳикмат номида мешавад, ва агар дар ҷиҳод бошад онро шуҷоъат номида мешавад, ва агар дар баробарии ҳамоқат ва беодобии дигарон бошад онро "ҳилм" номида мешавад, ва агар дар баробарии пушонидани розҳои дигарон бошад онро "амин" номида мешавад.
Барои ҳамин аст ки инсон бидуни сабр дар зиндагии худ нотавон ва ъоҷиз хоҳад шуд, ва дар баробарии ҳеҷ фишоре тавони муқовимат нахоҳад дошт.
Бар ин асос дар сабр пеша намудан дар баробари озмоиш хайри азиме ниҳон аст, ки танҳо махсуси инсони муъмин аст, чуноне ки дар ҳадисе ки имом Муслим дар саҳиҳи худ аз Абуҳурайра ривоят кардааст, омадааст ки Паёмбар (с) фармуд: «Бисёр аҷиб аст ҳоли муъмин, у ҳамеша ёвари хайр аст, ва ин хусусият нест магар барои муъмин … агар хушие ба у расад шукр мегуяд ва ин барои у хайр аст, ва агар зиёне ба у расад сабр мекунад ва ин барои у боиси хайр мегардад».
Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре омадааст ки «Бузургии аҷр бо бузургии бало аст, ва агар Худованд гуруҳеро дуст бидорад онҳоро дучори бало ва озмоиш мекунад, пас ҳарки рози шуд ризоят ва хушнуди ба даст хоҳад овард, ва ҳарки нохуши дар пеш гирифт нохушнуди ба даст хоҳад овард»
Яъне ҳаркасе ки ба қазои илоҳие ки пеш омадааст ва роҳи баргаште надорад рози гардад, дар охир ризояти илоҳиро ба даст хоҳад овард. Аммо ҳарки дар баробари сахти ё балое ки Худованд барои у муқадар намударо нохушнуди ва эътирозҳоеро дар пеш гирад дар баробари гумони бад нисбати Худованд ва ризо набуданаш ба тақдири илоҳи хашми Худовандро ба даст хоҳад овард.
Ва Паёмбар (с) чунин хабар додааст ки: «Ҳарки сабр пеша кунад (ва барои он талош кунад) Худованд уро собир мегардонад».
Ончики инсонро бар талош намудан барои сабр кумак мекунад, чуноне ки аллома ибни Қайим мегуяд: "Дар назар гирифтани хубии подош аст, зеро ба андозаи ин дар назар гирифтани подош ва андешидан ба он, таҳамул барои у ва ба сабаби дидани ончи дар баробари подош ва андешидан бар он, таҳамули бало барои у ба сабаби дидани ончи дар баробари он ба даст хоҳад овард, осон мешавад, ва таҳамули ин мусибат ҳарчи ки бузург бошад бо дидани лаззати оқибат ва ба даст овардани подоши он бар шахс осонтар хоҳад шуд, ва агар инхел набошад бисёри манфиъатҳои дуняви ва охирати аз байн мерафт ва ҳеч кас барои ба даст овардани манфиъате дар оянда ҳозир намешуд заҳмат ва машақат ҳозираро таҳамул кунад зеро нафси инсони чизеро ки зуд ба даст биёяд дуст медорад".
Мақсуд ин аст ки ба назар гирифтани оқибати нек, инсонро бар сабр кардан дар баробари ончи бо ихтиёр ё бидуни ихтиёр таҳамул мекунад, ёри хоҳад дод.
Сипас ибни Қайим ин гуна идома медиҳад:
Хурд намоён гаштани сахти барои инсон бар ду чиз вобастаги дорад:
Аввал инки неъматҳои Худовандро барои худ бишуморад ва ҳангоме ки аз шумурдани он нотавон гардид, ин сахти ва балое ки барояш пеш омадааст низ дар назараш хурд намоён хоҳад шуд, ва онро дар баробари неъматҳои Худованд ба монанди қатрае дар дарё хоҳад ёфт.
Ва дувум ин ки неъматҳоеро ки дар гузашта Худованд ба у ато намуда буд ба ёд биёрад, чунки ин марбут ба гузашта аст ва шумурдани неъматҳои илоҳи ки дар боло зикр шуданд марбут ба ҳоли ҳозир аст"
Аммо аз ҷумла чизҳое ки боиси оромиши ёфтани инсон дар ҳоли сахти мегардад, ва боиси он мегардад ки ҳамаи он дарду балое ки болояш омада буд фурукаш кунад ва ҳамаи ин бо сабаби эътимод доштан ба раҳмати илоҳи ва адолати уст, зеро У бораҳмтарини раҳмкунандагон аст, ва низ аз раҳмати Уст ки сахтиҳоро пай дар пай нозил намекунад, балки пушти ҳар сахти осони ва кушоишиеро арзони медорад, ва дар пайи озмоиш ононро бо раҳмат ва неъмати худ дар бар мегирад чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿فَإِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرًا ٥ إِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرٗا ٦﴾ [الشرح: 5- 6]
«Пас (бидон ки) бо ҳар як душвори осони аст 5. бе шубҳа ки бо ҳар як душвори осони аст» (Шарҳ 5 ва 6)
Бубинед ки дар ин ҷо осони баъд аз сахти ду бор такрор шудааст, ва маълум аст ки як сахти ду осониро шикаст нахоҳад дод, ва ҳарҷо сахти ва мусибат ба ҳар сурате пеш биёяд, дар канори он навъе аз осони ба вуҷуд хоҳад омад, ки нороҳати даруниро аз байн бурда ва дилро ором мегардонад, ва дардро шифо мебахшад ва боиси фаромуш шудани он мешавад, махсусан агар инсони муъмин дар ин гуна шароиту ҳолат ба парвардигори худ паноҳ бубарад ва аз у бихоҳад ки пас аз он сахти барояш осони қарор бидиҳад ва барояш роҳе баромадан аз ин ғамҳоро ба ҷувуд биёрад чуноне ки дар ҳадис омадааст:
«Ҳар бандае ки дучори ғам ё ғусае бишаваду сипас бигуяд: эй Худованд ман бандаи ту ва бандаи банда ва канизи ту ҳастам. Ҳукми ту дар мавриди ман анҷом шудани аст, ва қазовати ту бар ман одилона аст, Худовандо аз ту бо тавасул ба ҳар исме ки худро ба он номидаи, ё дар китоби худ нозил кардаи, ё ба касе аз бандагонат ёд додаи, ё онро дар илми ғайб дар назди худ нигоҳ доштаи, мехоҳам ки Қурони бузургро баҳори дилам ва нури синаам ва аз байн барандаи ғаму ғусаам қарор бидиҳи…. Ҳар банде инро бигуяд ғами уро аз байн бурда ба ҷои у шоди ва хушҳоли қарор медиҳад» (ривояти имом Аҳмад бо санади саҳеҳ)
Пас эй бандагони Худо! Тақвои уро пеша намоед ва аз ноумед шудан аз раҳмати У бипарҳезед кушоиши наздике аз суи Худованди раҳмону раҳим яқин дошта бошед ки ин сахтиҳо ва озмоишҳо боиси он мешаванд ки роҳе ба суи зиндагии осон ва расидан ба орзуҳо, ва дар айни ҳол пок шудан аз гуноҳон ва соҳиб гардидани аҷру савобҳои зиёд мешавад ва ҳамеша ин сухани Худовандро ба ёд дошта бошед ки мефармояд:
﴿فَإِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرًا ٥ إِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرٗا ٦﴾ [الشرح: 5- 6]
«Пас (бидон ки) бо ҳар як душвори осони аст 5. бе шубҳа ки бо ҳар як душвори осони аст» (Шарҳ 5 ва 6)
Ва ин чунин:
﴿إِنَّمَا يُوَفَّى ٱلصَّٰبِرُونَ أَجۡرَهُم بِغَيۡرِ حِسَابٖ ١٠﴾ [الزمر: 10]
«Ҳамоно собирон аҷру савоби худро бе ҳисоб дарёфт хоҳанд кард» (Зумар 10)
Худовандо мо аз заволи неъмат, ва баргаштани офият, ва азоби ногаҳони, ва ҳамаи асбоби хашмат, ба ту паноҳ мебарем, Худовандо мо аз ту анҷоми хубиҳо, ва тарк кардани бадиҳо, ва дуст доштани бенавоёнро хосторем, ва ин ки моро дар мавриди омурзиш ва раҳмати худ қарор диҳи, ва агар хости гуруҳеро дучори фитна сози, моро пеш аз он ки ба фитна олуда гардем ба суи худ боз гардон.