×
Моҳи шарифи Рамазон бо Қуръон иртиботи хоссе дорад, чунки Қуръон дар ин моҳ нозил шудааст, чуноне ки Худованд мефармояд: "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръони нозил шудааст" (Бақара 185).

    Рамазон ва Қуръон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи Қисми илмии дор ал-Ватан

    Тарҷумаи Ҳомидов Мисбоҳиддини

    2011 - 1432

    ﴿ رمضان والقرآن ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: القسم العلمي بمدار الوطن

    ترجمة: مصباح الدين حميدوف

    2011 - 1432

    Рамазон ва Қуръон

    Моҳи шарифи Рамазон бо Қуръон иртиботи хоссе дорад, чунки Қуръон дар ин моҳ нозил шудааст, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﭽشَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ ١٨٥ﭼ [البقرة: ١٨٥]

    "Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръони нозил шудааст" (Бақара 185)

    Ба ҳамин хотир тиловати Қуръон, ва гуш доданд ба у, ва тааммулу тафаккур дар маънои оятҳояш аз бузургтарин василаҳои наздик шавии гузаштагони солеҳи мо ба Худованд дар ин моҳ буд.

    Чуноне ки дар Саҳеҳ Бухори ва Саҳеҳ Муслим омадааст, аз ибни Аббос (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) аз хубтарини мардум буд, ва аз ҳама хубтар дар моҳи Рамазон буд, ҳангоме ки бо Ҷабраил (ъ) мулоқот медошт, ва Ҷабраил (ъ) дар ҳар шаби моҳи Рамазон бо Ӯ мулоқот мекард ва Қуръонро барояш дарс медод….

    Ва гузаштагони солеҳ низ дар моҳи Рамазон дар намозҳояшон ва ғайри намозҳояшон Қуръонро зиёдтар тиловат мекарданд, ва ҳар коре ки доштанд як сӯй мегузоштанду вақтро ғанимат дониста тиловати Қуръон мекарданд.

    Ибни Абулҳакам мегуяд: вақто ки моҳи Рамазон медаромад имом Молик дарсҳои ҳадису маҷлисҳои аҳли илмро тарк мегуфту то охири моҳи Рамазон тиловати Қуръонро мекард.

    Ва Абдурразоқ мегуяд: вақто ки моҳи Рамазон медаромад Суфёни Саври ҳамаи намуди ибодатҳои ғайри фарзиро тарк мекарду ба тиловати Қуръон машғул мешуд .

    Ва ҳарвақто ки моҳи Рамазон дохил мешуд, Зуҳри мегуфт: моҳи Рамазон тиловати Қуръону таъом додан аст.

    Дар моҳи Рамазон хонаҳои гузаштагони солеҳ манбаъи нур мегаштанд, Қуръонро бо тамоми қавонинаш тиловат мекарданд, дар ҳар як ояти таъаҷҷубовараш бозмеистоданд, дар назди оятҳои мавъизадораш гиря мекарданд, ва дар назди оятҳои башоратбахшаш хушҳоли мекарданд, ва оятҳое ки дар онҳо амре ба коре буд онро анҷом медоданд, ва дар оятҳое ки дар он аз коре наҳе мешуд аз он кор даст мекашиданд, ва ба оятҳояш бо тадаббуру тааммул хуб гуш медоданд, яъне Қуръонро маънои зиндагии худ месохтанд.

    Тиловати Қуръон одобҳое дорад ки барои ҳар мусулмон лозим онҳоро бидонад ва амали созад

    1) Ихлос ба Худованд ҳангоми тиловати Қуръон.

    2) Қуръонхон бояд чунин эҳсос намояд ки Худовандро хитоб намуда ва муноҷоташ мекунад.

    3) Қуръонхон бояд дар ҳар як ояте ки тиловат мекунад бузургии Худовандро эҳсос намояд.

    4) Қуръонхон бояд Қуръонро бо залили ва хоксори тиловат намояд.

    5) Қуръонхон бояд бо таҳорат бошад.

    6) Қуръонхон дар ҷое Қуръонро тиловат кунад ки поку тоза бошад.

    7) Қуръонхон бояд ҳангоми шуруъ намудани тиловати Қуръон (Аъузу биллоҳро) фаромуш накунад.

    8) Ҳангоми тиловати Қуръон мустаҳаб аст ки қуръонхон руй ба суи қибла бошад.

    9) Ҳангоми тиловати Қуръон мустаҳаб аст ки Қуръонхон кушиш кунад бо садои зебо тиловат намояд.

    10) Ҳангоми тиловати Қуръон, Қуръонхон бояд кушиш кунад ки тиловаташро бо хандаву бози халалдор насозад.

    11) Ҳангоме ки Қуръонхон даҳафоҷа мекунад ё таҳораташ мешиканад бояд аз тиловат бозистад, то ин ки таҳорати нав созад ё инки даҳонашро бипушад.