Дили софу солим
Дастабандиҳо
Full Description
Дили софу солим
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳия: Ҳомидов Мисбоҳиддин
2011 - 1432
﴿ سلامة الصدر ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: مصباح الدين حاميدوف
2011 - 1432
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Дили софу солим
Уммати исломи дар ибодатҳову эътиқодҳо ва муъомила аз поктарин ва муназзаҳтарини умматҳо мебошад, ҳамоно паёмбари ислом Муҳаммад (с) аз ҳарчизе ки дили инсонро пур аз буғзу кина месозад ва ба суи тафриқа ва ҷангу ҷидол мебарад манъ намудааст, чуноне ки мефармояд:
"Бо ҳамдигар буғзу кинаварзи нанамоед, бо ҳамдигар ҳасадхури нанамоед, бо ҳамдигар рафтуомадро қатъ нанамоед, ва бандагони Худо ва бародари ҳамдигар бошед, ва барои мусулмон ҳалол нест ки бо бародари мусулмонаш аз се руз зиёд қаҳри намояд" (ривояти Муслим)
Ва ба хотири муҳабат ва улфат мефармояд: "Қасам ба зоте ки ҷони ман дар дасти уст, дохили ҷаннат намегардед то ин ки эмон биёред, ва эмон намеоред то ин ки ҳамдигарро дуст бидоред" (Муслим)
Ва ҳангоме ки аз Паёмбар (с) пурсида шуд, кадом инсон беҳтараст? Гуфт: "Ҳар шахсе ки дили у аз буғзу ҳасад пок бошад, забони ростгу дорад…" (Ибни Моҷаҳ)
Солиму соф будани дили инсон аз неъматҳое аст ки Худованд барои аҳли ҷаннат ҳангоми дохил шуданашон дар ҷаннат арзони доштааст, чуноне ки мефармояд:
ﭽ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﭼ الحجر: ٤٧
"Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯбарӯи ҳаманд" (Ҳиҷр 47).
Солиму соф будани дили инсон роҳатест барои инсон дар дунё, ва ғаниматаст барои у дар охират, чунки он аз сабабҳои дохилшавии ҷаннат мебошад.
Ибни Ҳазм яке аз олимони бузург мефармояд, ва аз суханонаш чунин бармеояд, ки воқеъияти инсонҳои ҳасадхуру кинаварз ва инсонҳое ки дилҳои мариз доранд бисёр хуб дарк кардааст: "Бисёр мардумеро дидам, ки дар дунё барои худ бадбахти ва ғамгинию ҳалокатро ихтиёр карданд, ва дар ивазаш ягон фоидае ба нафъи худ намеоранд. Дар тули ҳаёти худ чунон гуноҳони зиёд ҷамъовари кардаанд, ки дар охират сабаби дохил шуданашон дар дузах мегардад, ва аз ниятҳои бадашон ин аст, ки таманнои қаҳтию қимматиеро мекунанд ки сабаби ҳалокати мардуму наврасон мегардад, ва барои касонеро ки бад мебинанд, таманнои бадтарин балоҳоро мекунанд, ва яқинан медонанд ин ниятҳо ва таманноҳояшон фосид мебошад, ва онҳоро ҳеҷгоҳ ба мақсадҳояшон нахоҳад расонд, агар онҳо дар ивази ҳамаи ин бадбиниҳо ва кинаварзиҳо, ниятҳояшонро соф мегирифтанду ба ҷои бадбини, хушбин мешуданд, дилҳояшон каме роҳатро медиду аз паси корҳояшон мешуданд, ва соҳиби аҷру савоби зиёде мегаштанд…."
Бисёре аз мардум имрузҳо аз хурдани ҳаром ва назар ба суи ҳаром парҳез мекунанду дилҳояшонро барои ҳиқду ҳасад ва бадбинию кинаварзи боз мекунанд.
Фатҳи Шахраф мегуяд: Абдуллоҳи Антоки ба ман гуфт: "Эй Хуросони! Ҳамаги чаҳор чизасту бас, дигар чизе вуҷуд надорад: чашми ту, ва забони ту, ва дили ту, ва ҳавову ҳаваси ту, кушиш кун ки чашмат ба суи ҳаром нанигарад, ва кушиш кун ки забонат чизеро нагуяд, ки Худованд бидонад ки дар дилат хилофи он аст, ва кушиш кун ки дар дилат нисбат ба мусулмонон ҳиқду ҳасаде вуҷуд надошта бошад, ва кушиш кун ки ҳавову ҳавасат ба пушти чизе аз бадиҳо нагардад, бубин агар ин чаҳор хислат дар ту набошад пас хокро бар сарат бипош, ва бидон ки аз зумраи бадбахтон гаштаи".
Баъзе мардумон фикр мекунанд ки солиму соф будани дил маънои онро дорад ки чунин инсонро фиреб додан ва сари у хандидан осон аст, локин ин бар хилофи мақсади саломатии дил аст.
Ибни Қайим мегуяд: Фарқ миёни инсоне ки дили солим дорад ва инсоне ки ғофилу ҳафтафаҳм аст, дар он аст, ки инсони софдил бадиро мешиносаду локин уро намепазирад, дар ин сурат дили у ҳам аз иродаи бад ва ният ба суи он дар амон мемонад ва ҳам аз амал кардан ба он, ва ин бар хилофи ғофилу ҳафтафаҳм аст, чунки мушкилоти у дар онаст, ки у аз аввал на бадиро мешиносаду на онро медонад то ин ки худро аз он дур нигоҳ дорад, ва чунин инсонро мадҳу сано гуфта намешавад, чунки шахси мустаҳиқи мадҳу сано касе аст ки бадиро бишиносаду иродаи онро накунад, Умар ибни Хатоб (р) мегуяд: "На фиребгарам ва на фиребро бар худ мепазирам" бе шак Умар (р) оқилтар ва парҳезгортар аз он буд ки касеро фиреб кунад, ё касе уро бифиребад.
Солим будани дили инсон аз сабабҳои дохилшавии у дар ҷаннат аст, аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст ки мефармояд: "Рузе ҳамроҳи Паёмбар (с) нишаста будем, ва Ӯ (с) фармуд: "Ҳозир бар назди шумо марде пайдо мешавад ки аз аҳли ҷаннат аст, сипас марде аз ансор пайдо шуд ки ришашро аз оби таҳорат пок мекарду попушиҳояш дар дасти чапаш овезон буд, сипас рузи дигар Паёмбар (с) ҳамин суханро такрор кард, ва боз ҳамин мард пайдо шуд, вақто ки рузи сеюм шуд Паёмбар (с) боз ҳамин суханашро такрор кард, боз ҳамон мард дар ҳамон ҳайати дирузааш пайдо шуд, ҳангоме ки Паёмбар (с) мунсариф шуд, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос аз пушти он мард равон шуд ва ба у гуфт: Миёни ману падарам каме нофаҳмие руй дод, ва ман қасам ёд кардам ки то се руз ба наздаш наравам, аз ту хоҳиш мекунам ки манро дар хонаат се руз ҷой бидеҳ то ки ин се рузро сипари кунам, он мард гуфт: бале ҷои медиҳам, сипас Анас гуфт: Абдуллоҳ гуфт: ки се шабу рузро бо мард будааст локин надидаст ки он мард шабзиндадори карда бошад, балки ҳарвақто ки болои тахти хобаш қарор мегирифт Худоро ёд мекарду хоб мерафт, ва ҳангоми намози бомдод аз хобаш мехест, Абдуллоҳ боз гуфт: Локин аз даҳони у калимаи бадеро нашунидам, вақто ки ҳамаи амалҳои уро дидам ба назарам бисёр амалҳои ночиз намоён мешуданд, сипас ба он мард гуфтам: Эй бандаи Худо инро бидон ки миёни ману падарам чизе рух надодааст, локин ман аз Паёмбар (с) шунидам ки гуфт: Ҳозир ба ба наздатон марде пайдо мешавад ки аз аҳли ҷаннат аст, ва ин суханро се руз такрор кард ва дар ҳамин се руз ту пайдо шуди, манҳам ба ҳамин хотир меҳмони ту шудам то ки бидонам, ки чи амал аст ки туро ба ин мартаба расонидааст, локин надидам ки амали зиёде анҷом дода боши, пас чи кораст ки туро ба ин мартаба расонидааст? он мард гуфт: Ман кори дигаре надорам ба ҷуз он чизеро ки мушоҳида карди, Абдуллоҳ гуфт: Ҳангоме ки мунсариф шудам, он мард манро садо заду гуфт: Ҳарчиро ки дида буди ҳамон буд, магар ин ки ман дар дилам нисбат ба ягон мусулмон на дуруяги ва на ҳиқду ҳасад надорам, Абдуллоҳ гуфт: Ин амаласт ки туро ба ин мартаба расонидааст, ва ҳамин амаласт ки тоқаташро надорем. ( Аҳмад)
Баъзе аз сабабҳои пайдоиши буғзу кина инҳо мебошанд:
1) Пайрави аз шайтон: чуноне ки Худованд мефармояд:
ﭽ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﭼ الإسراء: ٥٣
"Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин тарз сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмане ошкор аст!" (Исро 53)
Ва паёмбар (с) мефармояд: "Шайтон аз ин ки дар чазираи араб уро намозхонон ибодат кунанд, ноумед шудааст, локин аз буғзу кина андози миёни онҳо на(ноумед нашудааст)" (Муслим)
2) Ғазаб: ғазаб калиди тамоми бадиҳост, ҳамоно Паёмбар (с) мардеро васият намуд ки ғазаб накунад, чуноне ба у гуфт: "Ғазаб накун" ва инро чандин бор такрор намуд. (Бухори)
Ғазаб роҳест ба суи таҳқиру масхара ва ночиз донистани ҳуқуқи мардум, ва дигар амалҳое ки буғзу кина ва тафриқаро ба миён меорад.
3) Суханчини: суханчини низ яке аз сабабҳои пайдоиши буғзу кина ва ҷудоии бадбини мебошад, ва дилҳои суханчинонро чунон валангор месозад, ки дигар бор ислоҳ кардани онҳо хеле мушкил аст, Худованд чунин одамонро дар Қуръон мазаммат кардааст, чуноне ки мефармояд:
ﭽ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﭼ القلم: ١١
"Айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад" (Қалам 11)
Ва паёмбар (с) мефармояд: "Дохили ҷаннат намешавад фитнаангез" маънои фитнаангез дар ин ҳадис суханчин мебошад.
4) Ҳасад: ва он нобудии неъмат аз соҳибаш мебошад, дар ин гуна орзу душмани ва бади нисбати мусалмонон аст, ва Худованду паёмбараш аз он манъ намудаанд, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Огоҳ бошед ба ҳасад наздик нашавед, чуноне ки оташ ҳезумро мехурад, ҳасад савобҳоро ҳамон хел аз байн мебарад" (Абудовуд)
Аз ҳасад ғайбату суханчини ва буҳтон таваллуд мегардад, ки ин зулми бузургест нисбат бар мусалмонон.
5) Дунёпарасти: Хусусан дар ин замон, ин кор чунон интишор ёфтааст ки дилҳоро сиёҳ намудааст, мардум чуноне гаштанд ки ба хотири ин ки ҳамкораш ё рафиқаш соҳиби рутбаи баланде ё вазифае гаштааст, дар дилаш нисбат ба у ҳиқду ҳасад меварзад, ва дугона ба дугонааш ҳиқду ҳасад дорад, ва онҳам ба хотири чи? Ба хотири он ки дугонааш соҳиби шавҳари хубе гаштааст, ҳамсояҳо кушиш мекунанд ки дар хонасози касе аз ҳамсоягон ба онҳо баробар шуда натавонад, ва ин кор дар назарашон чунин вонамуд мешавад ки гуё аз ин корашон фоидае мебурда бошанд.
6) Дуст доштани шуҳрат пайдо кардан ё раис шудан: Ин як намуд марази бузурге аст, Фузайл ибни Иёз мегуяд: "Касе нест ки раёсатро дуст надорад, магар ин ки ҳасад бурдааст ва душманию пайгири айбҳои мардумро кардааст, ва чунин шахс бисёр бад мебинад, ки касе дар наздаш ба неки ёд шавад"
Ва ин манзара аз ҳама зиёд дар миёни мансабдорону коргарон дида мешавад.
7) Шӯхиҳои беандоза:Шӯхии зиёд ба суи ҳиқду кинаварзи мебарад.
Шухи мисли намак аст, ками у кифоят мекунад, ва агар зиёд шуд фосид мекунаду ба ҳалокат мебарад.
Аз ҳар як фарди мусулмон матлуб аст, нафсашро пок нигоҳ дорад, ва аз ҳиқду ҳасад ва кинаварзи дур бошад.
Аз сабабҳое ки дили инсонро солиму соф нигоҳ медорад, инҳо мебошанд:
1) Ихлос: Аз Зайд ибни Собит (р) ривоят шудааст ки паёмбар (с) фармуд: "Се чиз аст ки дили муъмин …. Ихлос дар амал, насиҳати роҳбарон, ҳамроҳии ҷамоати мусулмонон, ҳамоно дуъои онҳо аз пушташон онҳоро дар бар гирифтааст" ( Аҳмад ва ибни Моҷа)
Чуноне маълум аст ҳарки динашро холис барои Худованд пайрави намояд, дар дилаш нисбати бародарони мусулмонаш ба ҷуз аз муҳаббати содиқона чизи дигаре ҷойгир нест, ва ҳар ки чунин бошад, ҳарвақто ки бар мусулмонон хушие биёяд хурсанд хоҳад шуд, ва ҳарвақто ки барояшон мусибате биёяд ғамгин хоҳад шуд,хоҳ дар умури дунё ё охираташон бошад..
2) Розигии банда аз Парвардигораш ва дилпурияш аз У: Ибни Қайим (р.ҳ) дар бораи "Ризо" мегуяд: Ризо дари саломатиро ба руи банда боз мекунад, ва дили уро аз ҳар гуна дуруғгуи ва фиребгариву найрангбози пок месозад.
Аз азоби Худованд касе наҷот намеёбад, магар ин ки бо дили солиму соф ба наздаш биравад, ва ногуфта намонад ки дил имкон надорад ки даряк вақт ҳам солиму соф бошад ва ҳам гирифтори норозоиги ва хашму ғазаб, ҳар чанд ки дили банда розитар бошад ҳамон қадар солиму софтар мебошад, чунки палиди ва фиребгари бо хашм қарини ҳамдигаранд, ва солиму соф будани дил қарини розиги мебошад.
Ин чунин ҳасад яке аз самараҳои хашм мебошад ва солимию софии дил яке аз самараҳои ризо мебошад.
3) Хондани Қуръон ва тадабуру тафаккур дар оятҳояш: Ин амал барои тамоми дардҳо давост, ва касе ки худро бо китоби худо табобат накунад аз ин даво маҳрум аст, Худованд мефармояд:
ﭽ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧﯨ ﯸ ﭼ فصلت: ٤٤
"Бигӯ: «Ин китоб барои онҳое ки имон оварданд, ҳидоят ва шифост" (Фуссилат 44)
Ва боз мефармояд:
ﭽ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﭼ الإسراء: ٨٢
“Ва аз Қуръон, он чи шифо ва раҳмат аст, барои муъминон нозил мекунем ва ситамгаронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд” (Исро 82).
Ибни Қайим мегуяд: маънои (من) дар ин оят ба хотири баён намудани ҷинс аст на табъиз.
Ва боз Худованд мефармояд:
ﭽ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﭼ يونس: ٥٧
"Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад ва шифое барои он беморие, ки дар дил доред ва роҳнамоиву раҳмате барои мӯъминон" (Юнус 57).
Пас Қуръон барои тамоми бемориҳои маънави ва ҷисми, дуняви ва ухравии банда шифои комил аст.
4) Ёдоварии ҳисобу китоб ва ҷазое ки инсон бо сабаби бадиҳояш нисбат ба мусулмонон, мисли ҳиқду ҳасад, ва ғайбату суханчини ва дигар ахлоқҳои бадаш соҳиб мегардад.
5) Дуъо: Банда бояд доимо парвардигорашро дуъо гуяд то ки Худованд дилашро нисбати бародаронаш солиму пок нигоҳ дорад, ва дар айни ҳол нисбати бародаронаш низ бояд дуъогу бошад, чунки ин амал яке аз бузургтарин хислатҳои солеҳон мебошад, чуноне ки Худованд мефармояд:
ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭼ الحشر: ١٠
"Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, бибахшо ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!"( Ҳашр 10)
6) Садақа: Садақа поку соф кунандаи дилу нафси банда мебошад, ба ҳамин хотир Худованд мефармояд:
ﭽ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﮠ ﮬ ﭼ التوبة: ١٠٣
"Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ" (Тавба 103)
Ин чунин Паёмбар (с) мефармояд: "Беморонатонро бо садақа табобат намоед". Ва аз эҳтиёҷмандтарин бемороне ки эҳтиёҷ ба табобат доранд, беморони дил мебошанд, яъне онҳое ки дилҳояшон пур аз буғзу кина ва ҳиқду ҳасад мебошанд, онҳо ба табобат авлотаранд.
Ва аз мустаҳиқтарини дилҳо, дили худат мебошад ки дар синаат ҷойгир аст.
7) Фаромуш накун, касеро ки мехоҳи заҳратро ба у бичакони ва найзаи заҳролудатро ба синааш бизани, бародари мусалмонат мебошад, ва ончи ки туро бо у якҷо сохтааст робитаи исломи аст, пас барои чи ба у бади мехоҳи?.
8) Ифшои салом: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст ки Паёмбар (с) гуфт: "Қасам ба он зоте ки ҷони ман дар дасти уст, дохили ҷаннат намешавед то ин ки имон биёред, ва имон намеоред то ин ки ҳамдигарро дуст бидоред, оё шуморо бар амале далолат накунам ки агар онро анҷом додед ҳамдигарро дуст хоҳед дошт? Саломро миёни ҳамдигар ифшо намоед (яъне интишор намоед)" (Муслим).
Ибни Абдулбар мегуяд: ин ҳадис бар фазлу бузургии таъсири салом далолат мекунад, чунки агар ин кор амали гардад, бадбинию ҳасад аз байн хоҳад рафт.
9) Тарки кардан кунҷкобии зиёд аз пушти мардум: чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Аз зебогии исломи мард он аст, ки тарк бикунад ончиро ки ба у робита алоқаманди надорад". ( Тирмизи)
10) Дуст доштани хайру неки бар мусулмонон: чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Қасам ба он зоте ки ҷони ман дар дасти уст, банда имон намеорад то ин ки дуст бидорад бар бародараш ончиро ки дуст медорад бар худаш" (Бухори ва Муслим)
11) Гуш надодан бар ғайбату суханчини то ки дили инсон солим бимонад:
Паёмбар (с) мефармояд:
"Нарасонад бар ман касе чизеро дар бораи яке аз саҳобаҳоям, ман мехоҳам дар ҳоле ба назди шумо биёям ки дилам солиму соф бошад" (Аҳмад)
Аммо имрузҳо бисёриҳоеро мебини ки бо калимае миёни мардум, ва алалхусус миёни зану шавҳар ҷангу ғавғо меандозад, ва дилҳоро торику сияҳ мегардонад, ва инчиз аз ҳама зиёд миёни занҳо руй медиҳад.
12) Ислоҳ намудани дил, ва доимо дар фикри муолиҷа намуданаш будан:
Паёмбар (с) мефармояд:
"Дар ҷасади инсон гуштпорае аст, агар у ислоҳ гардад тамоми ҷасад ислоҳ мегардад ва агар фосид гардад тамоми ҷасад фосид мегардад , огоҳ бошед! он гуштпора дили инсон мебошад" (Бухори ва Муслим)
13) Кушиш кардан ба хотири ислоҳ намудан миёни ду шахс ё муҷтамаъ: Худованд мефармояд:
ﭽ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞﭟ ﭦ ﭼ الأنفال: ١
"Аз Худо битарсед ва миёни ҳамдигар ислоҳ намоед" (Анфол 1)
Ва Паёмбар (с) мефармояд: "Оё шуморо аз амале хабардор насозам ки дараҷааш аз рузадори ва намозу садақа болотар бошад? Гуфтанд: бале эй расули Худо, гуфт: ислоҳнамои миёни ҳамдигар" (Абудовуд)
Худованд дилҳои ҳамаи моро солиму соф нигоҳ дорад, ва дилҳои моро аз кинаву ҳасад ва ҳиқду бадбини нисбат ба мусулмонон солим нигоҳ дорад, ва салавоту салом бар Паёмбар (с) ва аҳли байту асҳобаш.
Бо умеди дуъои шумо.