×
Ин мақола дар бар мегирад: Қабр аввалин манзил аз манозили охират мебошад, Дамидан дар Сур, Растохез, Ҳашр, Шафоати бузург, Ҳисоб, Парвози номаҳои аъмол, Тарозу, Ҳавз, Озмоиши мўъминон, Оташ, Қантара (пул), Биҳишт ҷойгоҳи мўъминон аст.

    САФАРИ ҶОВИДОНАГИИ МАСИРИ ТУ БА СЎИ БИҲИШТ Ё ҶАҲАННАМ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Гуруҳе аз Олимон

    2011 - 1432

    رحلة الخلود طريقك إلى الجنة أو النار

    «باللغة الطاجيكية»

    جماعة من العلماء

    2011 - 1432

    Қабр аввалин манзил аз манозили охират мебошад, у барои кофир ва мунофиқ чоҳи оташу барои мўъмин бўстон аст. Теъдоде аз амалҳое, ки сазовори азоби қабр мешаванд, онҳо иборатанд аз: пок накардани бадан аз наҷосатҳо, суханчинӣ, тамаъ доштан бар ғаноим, дурўғгўӣ, хобидан дар ҳангоми намоз, тарки Қуръон, зино, лавота, рибо, пардохт накардани амонат ва …

    Амалҳои зерин сазовори наҷоти инсон аз азоби қабр мешаванд: амали солеҳи холисона барои Худо, паноҳ бурдан ба Худо аз азоби қабр, хондани сураи «Мулк» ва инчунин ин амалҳо низ инсонро аз азоби қабр дар амон мемонанд: шаҳид, муҷоҳид, касе, ки дар рўзи ҷумъа аз дунё биравад, касе, ки ба дарди шикам бимирад ва …

    Дамидан дар Сур. Сур мисли шохи бузурге аст, ки Исрофил онро ба даҳон гирифта аст ва мунтазири замоне аст, ки ба ў дастур дода шавад, то дар он бидамад. Дамидани аввалро нафхату-л-фазаъ[1] мегўянд. Худованд мегўяд: “Ва дар сур дамида мешавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳо ва Замин ҳастанд, мемиранд, магар касоне, ки Худо бихоҳад!” (аз-Зумар 68).

    Сипас ҳама дунё хароб ва вайрон мегардад. Пас аз чиҳил (Абўҳурайра ровии ин ҳадис дар таъйини ин чиҳил, ки рўз, ҳафта, моҳ ё сол бошад, чизе нагуфтанд, чунки дар ҳадис ҳамингуна зикр шудааст) дубора дар сур дамида хоҳад шуд, ки ба ин дамидан нафхату-л-баъас[2] мегўянд. Худованд мефармояд: “Сипас бори дигар дар сур дамида мешавад. Ногаҳон ҳамагӣ ба по мехезанд ва менигаранд ва дар интизори ҳисоб ва ҷазо ҳастанд”.(аз-Зумар 48)

    Растохез. Сипас Худованд боронеро фурў мефиристад, ки ба василаи он аҷсоди мурдагон (аз устухоне, ки уҷбу-з-занаб ном дорад, рўида ва зинда) мешаванд ва онон табдил ба махлуқоти ҷадид, урён, побараҳна ва хатнанашуда мешаванд, ки фариштагон ва ҷиниёнро мебинанд. Онон бар асоси аъмолашон барангехта мешаванд: яъне муҳрим (шахси иҳромбаста) лаббайкгўён, шаҳид дар ҳоле, ки хуни ў ҷорӣ аст, инсони ғофил, дар ҳоле ки ба лаҳву лаъаб машғул аст, зинда мешаванд. Зеро Паёмбар (с) мефармояд: Ҳар бандае дар ҳамон ҳоле, ки аз дунё меравад, барангехта мешавад.

    Ҳашр. Сипас Худованд махлуқотро барои ҳисоби (аъмол) ҷамъ мекунад. Онҳо дар рўзи азиме, ки муддати он панҷоҳ ҳазор сол аст, ҳаросон ва ҳаммонанди мастҳо ҳастанд. Мондани онҳо дар дунё ҳаммонанди соате аст. Хуршед ба фосилаи як мил наздик мешавад. Мардум ба мувофиқи аъмолашон ғарқ ба арақ мегарданд. Дар он рўз заифон ва мутакаббирон бо ҳамдигар баҳс ва ҷадал мекунанд. Инсони кофир бо дўсташ шайтон ва аъзои баданаш баҳсу ҷадал мекунад. Гурўҳе гурўҳи дигарро лаънат мекунад. Шахси золим аз шиддати пушаймонӣ дасти худро мегазад ва мегўяд: “Эй кош, ман фалониро ба дўстӣ намегирифтам” (ал-Фурқон 28). яъне касеро ки уро гумроҳ сохтааст.

    Ҷаҳаннам бо ҳафтод ҳазор ресмон кашида мешавад ва ҳар ресмонро ҳафтод ҳазор фаришта мекашад. Замоне ки кофир онро бибинад, орзу мекунад, ки худро фидо кунад (то аз азоби он раҳоӣ ёбад) ё ин ки табдил ба хок шавад. Аммо афроде, ки аз фармони Худо сарпечӣ карданд, иборатанд аз:

    Касоне ки аз молҳояшон закот намедоданд, молҳояшон табдил ба оташ мешавад, ки ба василаи он сузонида мешаванд. Афроди мутакаббир дар ҳоле, ки монанди мўрча ҳастанд, ҳашр мегарданд. Инсони ҳилагар, кинатуз ва таҷовузгар расво мешавад. Дузд ба ҳамроҳии он чи дуздида аст, оварда мешавад. Тамоми ошкорҳову пинҳонҳо ошкор мегарданд. Аммо дар ин рўз парҳезгорон бим ва хавфе надоранд, балки ин рўз ҳаммонанди намози пешин аз сарашон сипарӣ мегардад. “Ҳароси бузург (рўзи растохез) онҳоро ғамгин намесозад” (ал-Анбиё 103)

    Шафоати бузург, ки дар рўзи маҳшар барои дур кардани бало ва мусибат аз мардум ва расидагӣ ба ҳисоб аз миёни махлуқот махсуси Паёмбари мо (с) аст. Шафоатҳои дигар дар ғайр аз рўзи қиёмат миёни паёмбарон ва дигарон тақсим гардидаанд. Ҳаммонанди шафоат барои берун овардани мўъминоне, ки вориди оташ шудаанд аз он, ва боло бурдани дараҷа ва манзилати мўъминон.

    Ҳисоб. Дар рўзи қиёмат мардум гуруҳ гуруҳ ба назди Парвардигорашон мешитобанд. Худованд аъмолашонро ба онҳо нишон медиҳад ва аз онҳо дар бораи он аъмол суол мекунад. Ҳамчунин аз онҳо дар бораи умр, ҷавонӣ, амвол, илм, аҳду паймон, неъматҳо, чашму гўш ва қалб суол мешавад. Кофир ва мунофиқ ба иллати тавбихи махлуқот ва иқомаи ҳуҷҷат бар онон дар баробари дидагони махлуқот муҳосиба мешаванд ва мардум, замин, рўзҳо ва шабҳо, амвол, фариштагон ва аъзои бадан алайҳи онон шаҳодат медиҳанд, то аъмоли онҳо собит шавад ва ба он эътироф кунанд. Худованд бо шахси мўъмин хилват мекунад ва ўро водор ба иқрор ба гуноҳонаш мекунад, то ин ки мебинад, ки ў дар ҳоли ҳалок аст. Дар ин ҳангом ба ў мегўяд: “Ман дар дунё гуноҳони туро пўшонидам ва имрўз ман онҳоро мавриди афв қарор медиҳам”. Аввалин касоне, ки дар ҳисоби онҳо расидагӣ мешавад, уммати Паёмбар (с) ҳастанд. Аввалин амале, ки ба ҳисоби он расидагӣ мешавад, намоз ва хунҳо (куштаҳо) аст.

    Парвози номаҳои аъмол. Сипас номаҳои аъмол ба парвоз дармеоянд. Онҳо номаҳоеро мегиранд, ки “Ҳеҷ аъмоли кўчак ва бузургеро раҳо накарда аст ва ҳамаро баршуморида аст” (ал-Каҳф 49).

    Фарди мўъмин номаро ба дасти рост ва фарди кофир ва мунофиқ онро ба дасти чап ва аз пушти сар мегирад.

    Тарозу. Сипас аъмоли мардум бо тарозуи ҳақиқӣ, ки ду кафа дорад, санҷида мешавад, то Худованд дар асоси он аъмол ба онон подош диҳад. Амалҳои бад бошанд ва ё холисона ҳар як кадоми он боиси сангинии кафаи худ мегардад. Аз амалҳое, ки сабаби сангинии кафаи худ мегардад: (Ло илоҳа илаллоҳ …), ахлоқи нек, зикри Худованд бо мисли дар забон рондани калимаи "Алҳамдулиллоҳ", "Субҳоналлоҳи биҳамдиҳи ва субҳоналлоҳи-л-азим". Мардум дар асоси аъмоли нек ва бадашон мавриди доварӣ қарор мегиранд.

    Ҳавз. Сипас мўъминон вориди ҳавз мешаванд ва касе, ки аз он бинўшад, ҳаргиз ташна намешавад. Ҳар паёмбар як ҳавз дорад, ки ҳавзи Муҳаммад (с) аз ҳамаи онҳо бузургтар аст. Оби он сафедтар аз шир, ширинтар аз асал ва хушбўтар аз мушк аст. Зарфҳои тилло ва нуқра ба теъдоди ситорагон аст. Тўли он аз Айла дар Урдун то Адан дар Яман бештар аст. Оби он аз наҳри Кавсар ҷорӣ аст.

    Озмоиши мўъминон. Дар поёни рўзи қиёмат кофирон ба дунболи худоёне, ки мепарастиданд, ба роҳ меафтанд. (Худоён) онҳоро ҳаммонанди рамаҳои чаҳорпоён бар рўи пойҳояшон ё суратҳояшон ба сўи оташ мебаранд ва ҷуз мунофиқон ва мўъминон касе боқӣ намемонад. Худованд ба сўи онон меояд ва мепурсад: Мунтазири чӣ чизе ҳастед? Онҳо мегўянд: Мунтазири Парвардигорамон ҳастем. Худованд соқи худро ошкор мекунад ва мўъминон Худои худро мешиносанд. Ба ҷуз мунофиқон ҳамагӣ ба саҷда меафтанд. Худованди таъоло мефармояд:“Рўзеро, ки Худованд соқи худро бараҳна мекунад ва даъват ба суҷуд мешаванд, аммо наметавонанд суҷуд кунанд" (ал-Қалам 42) (соқе, ки ба ҷалол ва камоли ў лоиқ аст ва ба ҳеҷ чиз шабоҳате надорад). Сипас ба дунболи Ў ба роҳ меафтанд. Сипас Худованд пули сиротро бар по мекунад ва ба мўъминон нур ато мекунад ва нури мунофиқонро хомўш мекунад.

    Озмоиши мўъминон. Он пуле аст, ки бар рўи ҷаҳаннам кашида шудааст, то мўъминон аз рўи он ба сўи биҳишт убур кунанд. Паёмбар (с) онро чунин тавсиф карда аст: “Суст ва лағжанда аст. Дорои қалобҳо ва ҷангалҳое монанди хори саъдон … аз мўй бориктар ва аз шамшер бурандатар аст”. Ба ривоят аз «Саҳеҳ»-и Муслим: Бар рўи он ба мўъминон ба андозаи аъмолашон нур дода мешавад. Бештарини он ба андозаи равшан кардани кўҳҳо ва камтарин онҳо ҷиҳати равшан кардан то фосилаи ангушти шасти пои шахс аст. Сипас ин нур роҳро барои онҳо равшан мекунад. Онон мутаносиб бо аъмолашон аз рўи он убур мекунанд. Фарди мўъмин дар як чашм ба ҳам задан монанди барқ, бод, паранда, беҳтарини аспҳо аз рўи он убур мекунад. (Аз миёни мардум гурўҳе бетардид наҷот меёбанд. Гурўҳе зарба мебинанд ва овезон мешаванд ва гурўҳе низ ба дохили ҷаҳаннам меафтанд). Аммо мунофиқон, ки ҳеҷ нуре надоранд, бармегарданд. Пас миёни онҳо ва мўъминон деворе кашида мешавад. Сипас талош мекунанд аз рўи пули сирот убур кунанд, аммо наметавонанд ва дар оташ фуру меафтанд.

    Оташ. Аввал кофирон, сипас мўъминони саркаш ва туғёнгар ва дар поён мунофиқон ба дохили он фуру меафтанд. Ҷаҳаннам дорои ҳашт дарвоза аст. Оташи он ҳафтод баробар аз оташи дунё шадидтар аст. Бадани инсони кофир дар он бузург мешавад, то азоби бештареро бичашад. Фосилаи байни ду шонааш роҳи се рўза ва дандонҳояш монанди кўҳи Уҳуд аст. Пўсташ хашин ва дурушт мешавад. Нўшидании онҳо оби доғе аст, ки рўдаҳояшонро тика-тика мекунад. Хўроки онҳо меваи дарахти заққум, зардоба ва хуноба аст.., осонтарин азоби он иборат аст аз ин ки кафи пои гуноҳкорро рўи ду тика ахгар мегузоранд. Шиддати гармои он ба ҳаде аст, ки мағзи ў ба ҷўш меояд, умқи он ба ҳаде аст, ки агар навзоде дар он андохта шавад, қабл аз он ки ба кафи он бирасад, ҳафтод сола мешавад. Маводи сўхтании он кофирон ва сангҳо ҳастанд. Ҳавои он боди гарм ва сўзони (самум) ва сояи он бисёр доғ (яҳмум) аст. Ҳама чизро фуру мебарад ва ҳеҷ чизро боқӣ намегузорад. Пўстҳоро месўзонад ва ба устухон мерасад ва бар қалбҳо чира мешавад ва афродро ба сутўҳ ва шукўҳ водор месозад, аз ҳазор нафар нуҳсаду наваду нуҳ нафар вориди он мешаванд. Пўшиши он аз оташ аст. Намунаҳое аз азоби он иборатанд аз варами пўсти бадан, зуб кардан, сўзондан, кашидан ва куштан аст.

    Қантара (пул). Паёмбар (с) фармуд: Мўъминон аз оташи ҷаҳаннам раҳоӣ меёбанд ва дар пуле (фосилае) байни биҳишт ва ҷаҳаннам нигоҳ дошта мешаванд ва ба хотири баъзе аз зулмҳое, ки дар дунё кардаанд, танбеҳ ва муохаза мешаванд, то ин ки пок ва муҳазаб шаванд. Дар ин ҳангом ба онҳо иҷозаи ворид ба биҳишт дода мешавад. Қасам ба касе, ки ҷони Муҳаммад (с) дар дасти Ўст, ҳар кадоме аз онҳо манзили худашонро дар биҳишт осонтар аз он чи дар дунё ба сўи манозилашон мерафтанд, пайдо мекунанд. (Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят карда аст).

    Биҳишт ҷойгоҳи мўъминон аст. Сохтмони он аз тиллову нуқра ва малоти он аз мушк аст. Шан ва реги он аз ёқут ва марворид ва хоки он аз заъфарон аст. Ҳафт дарвоза дорад, ки арзи ҳар дар масири се рўза роҳи пиёдагард аст, аммо ин дарҳо пур аз ҷамъият ҳастанд. Дар он сад дарича вуҷуд дорад, ки фарқи байни онҳо мисли фарқи замину осмон аст. Болотарин ва беҳтарин қисмати Фирдавс аст, ки наҳрҳои биҳишт аз он сарчашма мегиранд. Сақфи он Арши Парвардигор аст. Ҷўйҳои он бидуни шикоф ҷорӣ мешаванд. Фарди мўъмин ҳар тавре, ки хоҳад, онҳоро ба ҷараён меоварад. Ҷўйҳои он аз асал, шир, шароб ва об пур ҳастанд. Хўрданиҳои он ҳамешагӣ, наздик ва дастрасанд. Дар он замимае сохта шуда аст аз марворид, ки паҳнои он шаст мил аст. Дар ҳар гўшае аз он хонаводае вуҷуд дорад. Сокинони он дорои чашмони сурмакашида ҳастанд. Ҷавонии онон пири надорад. Либосҳои онон низ ҳаргиз нобуд ва хароб намешавад. Дар он пешобу ахлот ва ҳеҷ ифлосие нест. Шонаҳои мўи онон аз ҷинси тилло аст. Арақи онҳо мушк аст. Занҳои онон зеборў, бокира, дорои аслу насаб ва ҳамсон ҳастанд. Аввалин касе, ки вориди он мешавад Паёмбар (с) ва паёмбарони дигаранд. Ҳадди аққали мартаба он аст, ки шахс дархости чизеро кунад, дар муқобил ба ў даҳ баробари дархосташ бидиҳанд. Ходимони биҳишт навҷавонони ҷовидона мисли марвориди пароканда ҳастанд. Бузургтарин неъматҳои он иборатанд аз дидори Худованд, ризоияти Ў ва ҷовидонагӣ дар биҳишт мебошад.

    [1] Дамидани ҳарос

    [2] Дамидан, зинда шудан (растохез)